Хабари рӯз

Зало Зозай, собиқ афсари вазорати корҳои дохилии Афғонистон, аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ кард

МАСКАВ, 4 март - Сангар, Толиб Алиев. Вай марбути яке аз се шохаи бузурги қабоили паштун аст, ки раҳбарони Шабакаи Ҳаққонӣ низ онро намояндагӣ мекунанд.

Зало Зозай дар сафҳаи Твитери худ навишт:

“Ман Зало Зозай, афсар пешини вазорати умури дохилаи Афғонистон имрӯз (26 март) расман ҳимоят ва узвияти худро аз Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон эълом медорам. Бо иброз ташаккур аз ҷаноби Аҳмад Масъуд, ки бароям ифтихор будан дар канори қаҳрамонони ватанро бахшиданд. Мо ҳама бо ҳам дар муқобил душман воҳид”.

Зало Зозай мутаваллиди соли 1998 ва аз паштунҳои қавми зозайи Хуст, вилояте дар ҷануби Афғонистон аст. Қавми Зозай, дар баробари ақвоми задрон, афридӣ, масъуд, муҳманд ва ғайра, ба гуруҳи карлониҳои паштун дохил мешавад.

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузори Шабакаи Ҳаққонӣ, аз қавми задрон аст. Писари ӯ Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳоло вазири корҳои дохила ва бино ба бархе ҳисобҳо, бонуфузтарин чеҳраи ҳаракати Толибон аст.

Зало Зозай моҳи июни соли 2020  ба унвони мудири идораи мубориза бо ҷароими ҷиноии вилояти Хуст таъйин шуда буд. Вай нахустин зане буд, ки дар чунин мақом ва дар яке аз вилоёти ноороми Афғонистон чунин масъулияти муҳимро пазируфт. Ин идора дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба раёсатҳои ҷароими созмонёфта ё ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП) баробар аст.

Вай 8 марти соли равон дар рӯзи ҷаҳонии зан ҷоизаи “Зани сол – 2022” - ро аз созмони Ҷумҳурии занон дарёфт кард.

Зало Зозай пас аз суқути Кобул ба шаҳри Варшаваи Лаҳистон рафта, ҳоло он ҷо зиндагӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз эъломи ҷонибдории хонум Зозай истиқбол карда, гуфтанд, ки ҳеҷ мушкиле бо занон надоранд ва дарҳои Ҷабҳа ба рӯи онҳое, ки арзишҳои онро қабул доранд, боз аст.

Ин аввалин мавриди ҷонибдорӣ ва эъломи узвияти як афсари зан ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки дар қиёс бо Толибон ба ҳуқуқи занон бархӯрди мутамаддин дорад. Аҳмади Масъуд, раҳбари ҷабҳа, дар паёми ахири худ аз низомиёни пешини Афғонистон даъват кард, ки барои таҷдиди зарфиятҳои низомии кишвар талош кунанд.

 * Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!