Олмон рӯзи сешанбе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то ба таври ҷамъӣ ба ҳокимони исломгарои Афғонистон бигӯяд, ки онҳо "дар масири иштибоҳе ҳаракат мекунанд" ва хостори ирсоли ҳар гуна кӯмаки иқтисодӣ ба ин кишвари ҷангзада шуд.
Манбаъ: afghanistan.ru
Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон нигаронии ҷиддии худро дар мавриди вазъияти Афғонистон иброз кард. Ӯ ба буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ишора карда, гуфт, ки Толибон "кишварро ба самти фурӯпошӣ мекашонанд".
“Духтарон аз ҳаққи таҳсил маҳрум ҳастанд. Занон тақрибан аз мушорикат дар зиндагии умумӣ маҳруманд. Садоҳои мухолиф ба тарзи ваҳшиёнае саркӯб мешаванд. Иқтисод дар ҳоли таваққуф аст”, - гуфт Бербок пас аз дидор бо Биловал Буту Зардорӣ, ҳамтои покистонии худ.
Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард, ки то замоне, ки шароити "ваҳшатнок" дар Афғонистон вуҷуд дошта бошад, Олмон давлати Толибонро ба расмият нахоҳад шинохт. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то бар Толибон барои тағйири вазъият дар кишвар фишор биоварад.
Вазир умури хориҷа афзуд, ки Берлин ба ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва кӯмак ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, идома хоҳад дод. Ӯ аз Исломобод барои кӯмак ба интиқоли паноҳҷӯёни афғон ба Олмон изҳори ташаккур кард. Ба гуфтаи вай, дар чанд моҳи гузашта, 14 ҳазор афғон вориди кишвар шудаанд.
Пеш аз ин вазорати хориҷаи Олмон гуфта буд, ки ҳар ҳафта ҳудуди 200 паноҳҷӯи афғон аз Покистон вориди Олмон мешаванд.