Хабари рӯз

Созмон Милали Муттаҳид гузориш дар мавриди ҳуқуқи башар дар Афғонистонро мунташир кард, ки ба кушторҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва ғасби манзилу заминҳои ақвоми ғайрипаштун таваҷҷӯҳе накардааст

Кобул, 20 июл – Сангар, Фарзом Козимӣ. Ҳайати муованати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) имрӯз гузоришеро таҳти унвони “Ҳуқуқи башар дар Афғонистон: 15 аавгуст 2021 - 15 июн 2022” - ро, ки дар он вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон тай 10 моҳ пас аз тасаллути Толибон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, мунташир кард.

Дар муаррифии ин гузориш омадааст, ки он аз ёфтаҳои худи ЮНАМО дар робита ба муҳофизат аз афроди мулкӣ, кушторҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ, дастгириҳо ва боздоштҳои худсарона, ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистон, озодиҳои асосӣ ва вазъият дар маҳалҳои боздошт тартиб шудааст.

Инак, ёфтаҳои калидӣ аз 15 августи 2021 то 15 июни соли 2022, ки ЮНАМО мустанад кардааст:

- 2106 талафоти афроди мулкӣ (700 кушта, 1406 захмӣ), ки умдатан ношӣ аз ҳамалоти муҳиммоти мунфаҷираи ҷосозишуда (IED) мансуб ба ДОЪИШ ва муҳиммоти мунфаҷирношуда (UXO) аст.

- 160 қатли фаро(ғайри)қонунӣ, 178 дастгирӣ ва боздошти худсарона, 23 мавриди боздошти ғайриқонунӣ ва 56 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ бо мақомоти пешини нерӯҳои амниятиву дифоӣ ва давлатӣ тавассути мақомоти ҳоким анҷом шудааст.

  • 59 қатли фароқонунӣ, 22 дастгирӣ ва боздошти худсрона ва 7 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ тавассути мақомот ҳоким бо афроди муттаҳам ба иртибот бо ”давлати худхонда дар Ироқу Шом – вилояти Хуросон“.

- 18 қатли фароқонунӣ, 54 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ ва 113 мавриди дастгирӣ ва боздошти худсрона ва 23 мавриди боздошти ғайриқонунии афроди муттаҳам ба вобастагӣ ба "Ҷабҳаи худхондаи муқовимати миллӣ".

- 217 мавриди муҷозоти золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиромез тавассути мақомоти ҳоким, ки аз 15 август ба ин сӯ иттифоқ афтодааст.

- 118 мавриди истифодаи беш аз ҳадд аз зӯр тавассути мақомоти феълӣ байни 15 август ва 15 июни 2022.

- нақзи ҳуқуқи башари 173 рӯзноманигор ва корманди расона, ки 163 мавриди он ба мақомоти ҳоким нисбат дода шудааст. Дар ин миён 122 мавриди дастгирӣ ва боздошти худсарона, 58 мавриди бадрафторӣ, 33 мавриди таҳдиду ироб ва 12 маврид боздошти ғайримуҷоз буд. Шаш рӯзноманигор низ дар ин давра кушта шуданд (панҷ нафар тавассути ДОЪИШ ва яки тавассути афроди ношинос).

- нақзи ҳуқуқи башари 65 мудофеъи ҳуқуқи башар, ки 64 маврид аз онҳо ба мақомҳои ҳоким нисбат дода шудааст. Дар ин миён 47 мавриди дастгирии худсарона, 17 мавриди тавқифи бидуни иртибот, 10 мавриди бадрафторӣ ва 17 маврид таҳдид ва ироб будааст.

Дар ҳамин ҳол, гузориши ҳуқуқи башар, ки аз сӯи Ҳайати муованати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) таҳия шудааст, мавориди зиёди ҷиноятҳои ҷангӣ ва башарии Толибонро нодида гирифтааст. Кушторҳои қавмӣ дар Панҷшеру Андароб ва Балхоб, кӯчи иҷборӣ ва ба зӯрӣ ғасб кардани манозил ва заминҳои тоҷикон, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо, дар кул мардуми ғайрипаштун дар саросари Афғонистонро сабт накардааст. Ин ҷиноёт аз сӯи афроди алоҳида ва расонаҳои ҷамъӣ дар аксу видеоҳо мустанад шудааст.

ЮНАМО яке аз созмонҳои машкук дар Афғонистон аст, ки чеҳраи пинҳони худро дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Афғонистон дар соли 2018 фош кард. Ин созмон дар он интихобот аланӣ аз номзадии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, яке аз сабабгорони фоҷиаи имрӯзи мардуми Афғонистон пуштибонӣ карда буд.

Дар ҳамин гузориш ҳам ҳеҷ номе аз Толибон бурда намешавад, балки талош шудааст ДОЪИШ-ро барҷастатар созад ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки аланӣ аҳдофи муборизаи худро озодии инсонҳо, бахусус, занон, адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризм эълон кардааст, ба забони Толибон “ҷабҳаи худхонда” ёд мешавад. Ҳатто аз Толибон, ки муртакиби тамоми ҷиноёт дар Афғонистон аст ва садҳо мавориди ҷиноёти ин гурӯҳ дар аксу видеоҳо дарҷ шуда, ҳамчун “мақомоти ҳоким” ном бурда мешавад, дар ҳоле ки дар тамоми гузоришҳои СММ номи кишварҳо ва дигар мушаххасоти онҳо равшан зикр мешавад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!