Хабари рӯз

Cаҳро Каримӣ, собиқ раиси “Афғонфилм”, аз амалкарди Амрико дар мавриди раҳо кардани мардуми Афғонистон ба дасти Толибон шадидан интиқод кард. Мухотаби ӯ Карен Деккер, масъули умур ва сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон буд.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон

Саҳро Каримӣ, ки дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, мо ба Амрико бовар надорем, зеро Амрико мо – мардуми Афғонистонро ба дасти душманон ва қотилони мо раҳо кард.

“Вақте Шумо дар чунин ҷаласаҳо пайдо мешавед ва мегӯед, ки мо занони афғонро фаромӯш накардаем, аммо беш аз як сол мешавад, ки шумо занони афғонро фвромӯш кардаед. Ҳоло духтари афғон мактаб намеравад, зани афғон кор намекунад. Мутаассифам. Раисҷумҳури шумо ҳамеша мегӯяд, ки Афғонистонро бад мебинад. Шумо аслан дар қиссаи мо нестед”, - гуфт собиқ раиси “Афғонфилм”.

Вай афзуд, Афғонистон дигар пружаҳои кӯтоҳмуддату миёнамуддат ва дарозмуддат нест ва занони афғону насли ҷавони Афғонистон ҳоло ҳамаро хуб мефаҳманд ва андешаи худро баён карда метавонанд.

“Аммо имрӯз ЮНИСЕФ шармандавор дар Афғонистон курсҳои пӯхтани нонро эҷод кардааст. Духтарони мо ҳайвони хонагӣ нестанд. Модарони мо хеле хуб нонпазиро метавонанд ва ҳоҷат ба ин нест, ки як нафар аз Амрико ё Инглис биёяд ва ба мо нонпазиро омӯзад”, - гуфт Заҳро Каримӣ.

Собиқ раиси “Афғонфилм” афзуд, ҳоло ҳудуди 500 ҳазор духтани Афғонистон наметавонанд мактаб раванд ва илм омӯзанд, аммо шумо талош доред, ки ҳамин режими мухолифи мактабро ба мо қабулонед.

“Лутфан беҳуда моро бовар накунонед, ки қотилони мо тағйир кардаанд. Аммо мо мехоҳем бо онҳо музокира кунем, ҳарф занем, зеро мо ватани худро дӯст медорем ва дӯст дорем дар ватани худ зиндагӣ кунем. Агар шумо минҳайси як кишвари абарқудрат ба мо кӯмак мекунед, бикунед, агар на, ваъдаи беҳуда надиҳед. 20 сол пеш ҳам чунин ваъда дода будед”, - гуфт вай.

Саҳро Каримӣ, аввалин зане буд, ки дар замони ҷумҳурият ба раҳбарии “Афғонфилм” расид ва баъди ба қудрат расидани Толибон Афғонистон ба қасди Украина тарк кард.

Мухотаби ӯ Карен Деккер, масъули умур ё сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон буд, ки ҳанӯз дар Кобул ба фаъолият шурӯъ накардааст. Вай дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки 29 – 30 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, тааҳҳуди кишвараш барои ҳимоят аз занони Афғонистонро баён дошт.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!