Ду вулусволии вилояти Форёби Афғонистон алайҳи истибдоди Толибон ба по хостанд.
МАЗОРИ ШАРИФ, 24 апрел – “Сангар”, Қорӣ Аҳмад. Толибон мехостанд бо як “ҳилаи шаръӣ” сокинони паштуни вилоятҳои ҷанубиву Покистонро ба унвони шаҳрванд сабт карда ва барои онҳо замин тавзеъ кунанд.
Манбаи “Сангар” дар Форёб мегӯяд, раҳбарони паштунтабори Толибон бо зӯри силоҳ, вулусволиҳои Андхӯй ва Қарамқулро маҷбур кардаанд, ки барои паштунҳои ғайрибумӣ ва кӯчиҳои ҷанубӣ шиносномаи Афғонистон содир кунанд.
“Тибқи ин барнома, ибтидо ба онҳо шаҳрвандӣ дода мешавад ва сипас аз ҳисоби чарогоҳҳо ва манотиқи сарсабз барои онҳо замин дода хоҳад шуд. Ҳар кас ин ду вулусволиро дида бошад, медонад ки ба далели наздикӣ ба дарёи Ому, дорои чарогоҳҳои сарсабз ва заминҳои ҳосилхез ҳастанд”, гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, замоне, ки кормандони сабти асноди вулусволиҳо, ки умдатан ӯзбектабор ҳастанд, аз иҷрои ин дастур сар боз мезананд, тавассути пулиси Толибон боздошт ва латукӯб мешаванд.
“Мудири сабти аҳволи Қарамқул шахсан ба дастури волии Толибон, Мулло Абдулҳад Фазлӣ, ки худ аз вилояти Ҳилманд аст, ба Маймана даъват шуда, латукӯб ва боздошт шуд. Дар ин режим, ҳар касе дар баробари қавмгароӣ истодагӣ кунад, ҷои ӯ дар зиндон аст”, гуфт манбаъ.
Вай афзуд, хонаводаҳои мавриди ҳимояти Толибони паштун дар системаи сабти нуфуси вулусволии Қарамқул сабт нестанд ва талош барои судури тазкира барои онон, нақзи қавонини сабти нуфуси Афғонистон талаққӣ мешавад. Вай гуфт, дар пайи ин таҳаввулот, мардуми Андхӯй ва Қарамқул ба по хеста, ба мақари вулусволӣ рафта ва эътироз карданд.
“Ин нахустин бор аст, ки сабри мардум аз зулми қавмии Толибон ба поён мерасад. Онҳо хостор шуданд, ки агар ҳукумат замини изофӣ дорад, онро ба худи мардуми маҳал диҳад, ки ниёзманд ҳастанд, на афроди бегона.”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи “Сангар” афзуд, бархе қабоили кӯчӣ, аз ҷумла адузайиҳо ва ачакзайиҳо, ки солҳои ахир аз ҷанубу Покистон омада, дар чарогоҳҳо ва ҷангалҳои Қарамқул сокин шудаанд, бо вуҷуди доштани тазкираҳои қаблӣ, дар талош барои дарёфти асноди ҷадид дар ин вулусволӣ ҳастанд.
“Эътирозоти густурда дар баробари сохтмони идораи вулусволии Қарамқул идома дорад. Муътаризон аз мақомоти Толибон мехоҳанд ин равандро мутаваққиф карда, ҳокимияти қонунро риоят намуда ва таҳқиқоти шаффоф дар ин замина анҷом диҳанд”, - гуфт манбаъ.
Огоҳони умур мегӯянд, хезиши густардаи мардуми ӯзбектабори Андхӯй ва Қарамқул нишон медиҳад, ки шикоф миёни мардуми Шимол, ба вижа ӯзбекҳо ва Толибон, амиқтар аз ҳамеша шудааст.
Пештар Нидомуҳаммади Надим, вазири таҳсилоти Толибон, ҳангоми боздид аз донишгоҳи Кобул, як донишҷӯи ӯзбекро ба далели пӯшидани тоқии ӯзбекӣ силӣ зада буд. Ин иқдоми ӯ боиси норизоиятии мардуми ӯзбек ва соири ақвом шуда буд.
Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, Толибон баъд аз даргирӣ бо Покистон, ба вилоятҳои ғайрипаштун дар Шимол омада ва шиори бародарӣ ва афғоният медиҳанд, аммо дар амал “ҳилаи шаръӣ” ё тарҳе хатарнок барои ғасби ҳувият ва тағйири бофти ҷамъиятии Шимолро оғоз кардаанд ва рӯйдодҳои 23 апрели 2026 дар Форёб парда аз ин фиреби бузург бардоштааст.
Онҳо мегӯянд, Толибон на як ҳукумат, балки як нерӯи ишғолгари қавмӣ ҳастанд, ки мехоҳанд бо шиносномаҳои ҷаълӣ, решаи ақвоми бумии шимолро бизананд. Аммо Форёб нишон дод, ки Шимол бедор аст ва ин эътирозот, ҷарақаи ногузир барои муқовимати мусаллаҳона хоҳад буд.
Толибон то ба ҳол дар бораи ин таҳаввулоти ҷой назар надодаанд.