
Дар ҷангҳои ахири шаҳристони Балхоби вилояти Сарипули Афғонистон дар сафи Толибон* аъзои созмонҳои байнулмилалии террористӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд.
МАЗОРИ ШАРИФ, 26 июн - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Қаблан гузоришҳои мутааддиде аз ҳузури ҷангиёни созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон гузоришҳо пахш шуда буданд.
Дар акс: ҷангиёни бадахшии Қорӣ Фасеҳуддин. Дар пойи худ чаплӣ (сланси) доранд. Беҳуда як муқовиматгари ҳазора нагуфта буд, ки майдони ҷангро чаплиҳои толибони фирорӣ пур кардааст
Довуд Нодирӣ (номи мустаор), аз наздикони Мавлавӣ Маҳдии Муҷоҳид, раҳбари муқовимати Балхоб, ба вебсайти Сангар гуфт, дар ҷангҳои ахир бо Толибон интиҳориёну ҷангиёни ДОИШ* низ кушта шуданд.
“Дар ҷангҳое, ки дар остонаи маркази Балхоб – рустои Тархуҷ дирӯз (25 июн) иттифоқ афтод, 11 интиҳорӣ аз сӯи нерӯҳои мо кушта шуд, аммо яке аз онҳо моро дар ғафлат гузошт ва худро ба нерӯҳои мо расонда, 8 нафари моро кушт ва 3 нафари дигарро захмӣ кард”, - гуфт Нодирӣ.
Ин манбаъ афзуд, қисме аз ҷангиёни хориҷӣ бо Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши Толибон, ки фармондеҳии ин гуруҳ дар ҷанги Балхобро ба уҳда дорад, ва қисмати дигар аз пойгоҳҳои “Ал-қоида”* – ву ДОИШ дар шаҳристонҳои Куҳистоноти Сарипул ва Дарзобу Қӯштеппаи вилояти Форёб омадаанд.
“Яке аз боздоштшудагон, ки аз толибони Бадахшон ва афроди Қорӣ Фасеҳуддин худро муаррифӣ кард, ҳангоми бозпурсӣ ба ҳузури террористони хориҷӣ эътироф намуд. Вай гуфт, ки Қорӣ Фасеҳуддин ҳамроҳи худ афроди “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* ва ДОИШ-ро овардааст, ки дар Бадахшон ва Қундуз буданд. Як қисмати дигар аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* ва қазоқу арабу покистониҳо низ ҳастанд. Онҳо аз Дарзобу Қӯштеппа оварда шудаанд”, - гуфт Нодирӣ.
Ҷанг миёни Толибон ва Мавлавӣ Маҳдии Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазораи ин гуруҳ, ки роҳи худро аз он ҷудо кард ва дуҳли муқовиматро зад, се рӯзи пеш шурӯъ шуд. Мавлавӣ Маҳдӣ шаҳристони Балхобро, ки пойгоҳи асосии ӯ ба шумор меравад, таҳти назорат дошт. Толибон бо эъзоми ҳудуди 6 ҳазор нерӯ, ба шумули нерӯҳои хоси “Бадрӣ”, “Қитъаи сурх” ва гуруҳи лазерӣ маркази вулусволии Балхоб – рустои Тархуҷро тасарруф карданд, аммо ҷанг дар атрофи вулусволӣ идома дорад.
Довуд Нодирӣ мегӯяд, нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ ҳудуди се то чаҳор ҳазор нерӯ дорад ва дар ҷангҳо ҳудуди 12 сарбозашро аз даст додааст.
“Аксари кушташудаҳо ҳам дар ҳамон ҳамлаи интиҳории як террористи хориҷӣ, узви ДОИШ буд. Мо дар мавқеияти беҳтар қарор дорем. Аммо дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Толибон мардуми мулкӣ низ зиёд талаф шуданд, ки шумораш ба мо маълум нест”, - гуфт Нодирӣ.
Ба гуфтаи вай, толибон дар ҷанги Балхоб теъдоди зиёде аз ҷангҷуёни худро аз даст доданд ба тавре, ки дар шифохонаҳои Сарипул ҷое барои захмиёнашон боқӣ намонда ва ба шифохонаҳои вилоёти Ҷузҷону Форёб мунтақил шуданд.
"Онҳо куштаҳои худро бо чархбол ба Кобул ва Мазори Шариф кашонданд. Бештари нерӯҳо аз вилоёти ҳамҷавор ва Кобул ба Балхоб мунтақил шудаанд", - гуфт Нодирӣ.
Манобеъи Толибон аз 14 кушта, аз ҷумла Муҳаммад Муҷоҳид, собиқ фармондеҳи амнияи Балхоб, 12 захмӣ ва асорати 6 муқовиматгар хабар дода, гуфтаанд, ки як Humvee и 1 Toyota Hilux-и нерӯҳои муқовимати Мавлавӣ Маҳдиро ғанимат гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати Афғонистон, гуфтааст, дар Балхоб ҳудуди 8 ҳазор нерӯи Толибон, ба шумули нерӯҳои хоси "Бадрӣ" ва қитъаи интиҳории "Мансурӣ" ҳузур доранд. Ба қавли ӯ, Толибон муваффақ ба гирифтани маркази Балхоб ва 8 русто аз 128 рустои шаҳристонро тасарруф кардаанд.
“Дар рустоҳои Таҳшар ва Таҳруҷ толибон се сокини мулкӣ ба номҳои Сайид Азим Шарифӣ (75 сола), Сайид Алӣ Оғо, Сейид Воҳидӣ, дар кӯтали Хом 2 чӯпон ва 3 деҳқон ва дар шаҳристони Сарҷангали вилояти Ғур аз муҷоҳидини собиқ Муҳаммад Муродиро бо 2 духтар ва хоҳарзодааш ба шаҳодат расондаанд”, - гуфтааст Муҳаққиқ.
Балхоб аввалин ҷабҳа дар шимоли Афғонистон аст, ки дар канори Панҷшеру Андаробҳо алайҳи Толибон* истодагарӣ мекунад. Бино ба иттилооте, ки дар ихтиёри Сангар қарор гирифтааст, сарбозони гуруҳҳои марбут ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмади Масъуд, Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, Ҷунбиши миллии Абдурашид Дӯстум ва дигар фармондеҳони собиқ ҷумҳурият ҳузур доранд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.