Хабари рӯз

Созмони ҷосусии хориҷии Покистон ба номи Inter-Service Intelligence (ISI) ёд мешавад, ки масъули ҷамъоварии маълумоти хориҷӣ ва ҷаҳонӣ барои амнияти Покистон аст. Дар муқобил Афғонистон як созмони истихборотӣ дошт, ки вазифааш гузориш ва ҷосусии ҳамватанон буд

Муаллиф: ФАРИД ЮНУС

Эҳсосоти қавмӣ болои дипломатия чарбӣ кард ва давлатмардони Афғонистон натавонистанд то на ҷаҳонро аз як диду биниши ҷадиди баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум бубинанд ва на мавқифи Афғонистонро минҳайси минтақаи ҳоили байни Шарқу Ғарб дуруст дарк карданд.

Замоне, ки Покистон арзи андом кард (1947), ҳукумати Афғонистон Покистонро ба расмият нашинохт. Ин аввалин зарбае буд, ки Афғонистон на танҳо ба худ зад, балки ба сулҳи минтақа зад, зеро Покистони нав ба по хоста мутаваҷҷеҳ шуд, ки аз як тараф ба хотири масъалаи Кашмир бояд бо Ҳинд тараф шавад ва аз ҷониби дигар ба хотири масъалаи Паштунистон ҳамрои Афғонистон тараф шавад. Ҳар ду - Кашмир ва Паштунистон - як муомилаи истеъморӣ буд, ки Покистон бояд дасту панҷа нарм мекард. Покистон хатарро ҳис кард ва даст ба кор шуд.

Аввал паштунҳои қаламрави худро ба пост (вазифа)-ҳои муҳим гумошт ва мавқеъ дод, то ба қудрат расанд. Баракс дар Афғонистон, ки ақвоми ғайрипаштунро дар сохту бофти сиёсӣ нодида гирифтанд. Генерал Муҳаммад Айюбхон, дувумин раисҷумҳури Покистон, ки дар асари як кудато ба қудрат расид, як паштуни сарҳадӣ буд.

Паштунҳои муқтадири покистонӣ ҳаргиз ин фурсатро муҳайё насохтанд, то ақвоми сарҳадии паштун дар он сӯи хатти Дюранд номи ҷудоӣ ва озодиро бигиранд. Дувум муоҳидоти муҳими низомӣ ва ҳимоявиро бо Амрико ва Инглис мунъақид сохт. Покистон мавқифи худро хуб дарк кард ва дар соли 1954 паймони Тавофуқномаи кӯмаки дифоъии мутақобил (Mutual defense assistance agreement)-ро бо Амрико ба имзо расонд. Ин муоҳида вақте ба имзо расид, ки сардор Муҳаммад Довудхон дар соли 1953 ба ҳайси садри аъзами Афғонистон ба қудрат расид ва меҳвари сиёсати хориҷии ӯро мавзӯъи доияи номниҳоди Паштунистон рақам зада буд.

Баъдан Покистон дар паймони ғарбӣ ба номи SEATO, яъне Созмони Паймони Осиёи Ҷунубиву Шарқӣ (Southeast Asia Treaty Organization), ки шомили кишварҳои Амрико, Инглис, Фаронса, Таиланд, Филипин, Австралия ва Зеландияи Нав буд, шомил гардид.

Баъдан Покистон шомили паймони Бағдод шуд, ки пасон ҳамин паймон ба номи CENTO ёд шуд, яъне Созмони Муоҳидаи Марказӣ (Central Treaty Organization). Ин ҳам як паймони низомӣ ва ҳимоявӣ буд, ки шомили кишварҳои Инглис, Эрон, Ироқ ва Туркия буд. Амрико шомил нашуд ва аммо аз наздик ҳам болобинӣ мекард ва ҳам ғайримустақим муроқиби авзоъ буд. 

Севум, ба кӯмаки мустақими Инглис АйЭсАй (ISI)-ро сохт. Бале, АйЭсАй Покистони ба кӯмаки инглисҳо сохта шуд. Номи созмони ҷосусии Инглис Secret Intelligence Service (SIS), машҳур ба M16 мебошад, ки созмони ҷосусии хориҷии Инглис аст.

 Созмони ҷосусии хориҷии Покистон ба номи Inter-Service Intelligence (ISI) ёд мешавад, ки масъули ҷамъоварии маълумоти хориҷӣ ва ҷаҳонӣ барои амнияти Покистон аст. Дар муқобил Афғонистон як созмони истихборотӣ дошт, ки вазифааш гузориш ва ҷосусии ҳамватанон буд, ки бар алайҳи давлат буданд, на амнияти миллии Афғонистон дар соҳаи байналамилалӣ. Ин буд тафовути куллӣ байни Афғонистон ва Покистон, ки онҳо созмони ҷосусии байналамилалиро барои манофеъи худ сохтанд ва мо як истихборот барои саркӯби мардум доштем.

Кишвари Покистон баъд аз маҳкам кардани равобити худ бо созмонҳое, ки дар боло тазаккур дода шуд ва сохтани як маркази муқтадири ҷосусии байналамилалӣ ҳамеша на танҳо муроқиби Афғонистон буд, балки мехост то Афғонистонро ба чолишҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бикашонад.

Гарчи Афғонистон баъд аз ба вуҷуд омадани Покистон, ки ба расмият нашинохт, пушаймон шуд ва ёддошти адами шинохти худро пас гирифт ва аммо садама ворид шуда буд. Вақте сардор Муҳаммад Довуд бори дувум ба зери унвони раёсатиҷумҳурӣ ба қудрат расид, Покистон, ки аз давраи садорати ӯ дили хуш надошт, даст ба кор шуд ва нооромиҳо дар Афғонистон шурӯъ шуд. Покистон дар садади ашхосе баромад, то ӯро бар алайҳи Довудхон таҳрик кунад ва машҳуртарини он Гулбуддин Ҳикматёр буд.

Ҳукумати Довудхон суқут дода шуд ва сарнахи ҷиҳоди Афғонистон ба дасти Покистон афтод.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!