Толибон* ва созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* дар даргирии рӯзи 18 май дар шаҳристони Рӯшони вилояти Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон даст доштанд
ҚУНДУЗ, 24 май – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як иттилоия ба “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ” ишора карда, дар ин маврид тафсилоте ироа накардааст.
Дар акс: Қорӣ Фасеҳуддин
Дасти кам чаҳор манбаъи мухталиф аз Бадахшони Афғонистон ва афроди наздик ба Толибон ба хабарнигори вебсойти Сангар таъйид карданд, ки дар ин даргирӣ “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар машвара бо раҳбарони раддаи болои ҳаракати Толибон барои як гуруҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳристони Рӯшон силоҳҳои мухталифуннавъ дастрас намудаанд.
Яке аз афроди наздик ба Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии гурӯҳи Толибон бо ҳамоҳангии Мулло Салоҳуддин “Солор”, муовини кашфи вазорати дифоъи ин гурӯҳ рӯзи 13 саври 1401 (3 майи 2022) ду “ренҷер” муҳимот, аз қабили 3 мил рокетандоз, 6 мил пико, 13 мил силоҳи m4, 22 адад бами дастиро тавассути Шамсуллоҳ Холид, маскуни вулусволии Ҷурми Бадахшон, қумондони кандаки гурӯҳи Толибон, аз вулусволии Баҳораки Бадахшон ба вулусволии Шуғнони Бадахшон интиқол дода, ба афроди Муҳаммад Шарифов, мулаққаб ба “Маҳдӣ Арсалон”, атбоъи хориҷӣ ва яке аз фармондеҳони аршади низомии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” таслим намудааст.
“7 рӯзи қабл аз даргирӣ дар дохили кишвари Тоҷикистон, “Маҳдӣ Арсалон” бо Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, раиси Ситоди артиши давлати Толибон ва Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи қувваҳои ҳавоии Толибон дар манзили шахсии Қорӣ Фасеҳуддин дар минтақаи Кортаи Парвони шаҳри Кобул мулоқоти махфии яксоата дошт. “Маҳдӣ Арсалон” дар ин мулоқот аз Қорӣ Фасеҳуддин дархости нерӯҳои муҷаҳҳаз барои анҷоми амалиёти муштарак дар хоки Тоҷикистон кард, ки аз тарафи Фасеҳуддин ва Амонуддин пазируфта шуд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, ду рӯз баъд аз ин мулоқот як гуруҳи 18-нафарӣ аз афроди вафодор ба Мавлавӣ Амонуддин аз вулусволии Вардуҷи Бадахшон озими вулусволии Шуғнони ин вилоят гардида ва шабро дар рустои Шидуҷи он вулусволӣ сипарӣ карданд.
Дар акс: Мавлавӣ Амонуддин
“Шаби 24 савр (14 май) онҳо аз қисмати соҳоти Рӯшони вулусволии Шуғнон бо истифода аз торикии шаб дохили хоки Тоҷикистон шуданд ва баъд аз анҷоми амалиёт, ки дар ихтиёри ҳамдастони худ вогузор кардани силоҳ буд, чанд соат он ҷо ҳузур доштанд ва наздикии субҳ дубора дохили хоки Афғонистон гардиданд ва акнун низ дар он минтақа ҳузур доранд”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи дигар низ дар таъйиди чунин иттифоқот гуфт, толибони бадахшии Афғонистон ба манзури таҳияи ин амалиёт ҷаласае дар вулусволии Баҳорак ташкил дода, теъдодеро бо иттифоқи гурӯҳи “Ансоруллоҳ” барои иҷрои он ба Тоҷикистон фиристодаанд.
“Шахсе ба номи мустаори Соҳибназар аз аҳолии Рӯшони Тоҷикистон бо Толибони Афғонистон иртиботи ҳамешагӣ дорад ва роҳнамои террористҳои толиб буда”, - гуфт манбаъ.
Як ҳамсӯҳбати дигари Сангар гуфт, аксари террористони хориҷӣ дар қароргоҳҳои низомӣ дар вулусволии Баҳорак ва Ишкошим ҳузур доранд ва бо ҳамоҳангии Мавлавӣ Маҳбубуллоҳ Ҳомид, мулаққаб ба Мавлавӣ Маҳбуб, раиси аркони фирқаи солиса дар Бадахшон омодагӣ гирифтаанд ва қарор аст дар хоки Тоҷикистон муттасил ба шаҳристонҳои Ишкошим ва Шуғнони Тоҷикистон ҳамалоти чирикӣ ва таҳоҷумӣ анҷом диҳанд.
Дар акс: Мавлавӣ Маҳбуб
(“Сангар” ҳанӯз моҳи марти соли равон хабар дода буд, ки Мавлавӣ Маҳбуб, як фармондеҳи толиб дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурм аст, ки террористони хориҷиро паноҳгоҳ додааст).
“Умари солис” - дивизияи нави “Толибон” дар Бадахшон
Фарди дигаре, ки ҳамоҳангии Толибон ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” – ро пиёда мекунад, Қорӣ Муҳибуллоҳ, мулаққаб ба Қорӣ Муҳиби Дарвозӣ, дастёри аслӣ ва омири молии Қорӣ Фасеҳуддин аст, ки худ зодаи рустои Ҷомарчи вулусволии Нусайи Дарвозҳои Афғонистон аст.
“Қорӣ Муҳиб хоҳарзодаи Гулоғо, фармондеҳи Толибон дар Шуғнон аст. Вай бо дастури Фасеҳуддин барои террористони хориҷӣ тазкира (шиноснома) – ҳои афғонӣ дода, онҳоро дар вулусволиҳои Ҷурму Баҳорак маскун кардааст. Тоҷикистониҳо ҳудуди 80 хонавода дар дашти Фароҷи Баҳорак зиндагӣ мекунанд. “Маҳдӣ Арсалон” ҳам ду моҳи пеш хонаводаашро аз рустои Хуғази вулусволии Нусай ба Баҳорак интиқол дод”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, Фасеҳуддин “Маҳдӣ Арсалон” - ро бо иттифоқи ду тоҷикистонии дигар дар Ливои сарҳадии Бадахшон вазифа дода, барои онҳо дар минтақаи Роғҳо ва Ишкошим ду қароргоҳ эҷод кардааст.
“Террористони тоҷикистониро Фасеҳуддин ба ду бахш тақсим кардааст. Як қисмро бо худаш мегардонад ва бодигордҳои асосиаш тоҷикистониянд. Як қисми дигарро дар ин қароргоҳҳо ҷобаҷо карда, тамрин медиҳад. Онҳо аз марзи Вахону Ишкошим аслиҳа ва доллари ҷаълӣ мегузаронанд, чун аслиҳаи вофире аз ҷангҳо бо ҷумҳурият ба дасташон омада ва ба дунболи эҷоди роҳҳои амн ба Тоҷикистон ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Ин гузоришҳо дар ҳоле дастрас мешаванд, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 18 май, замони даргирӣ дар Рӯшони Тоҷикистон бо пахши ахбори расмӣ аз як “амалиёти зиддитеррористӣ” ва саркӯби “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ” ва ба даст омадани миқдори қобили мулоҳизаи силоҳ хабар дода буд. Дар ин даргириҳо аз кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар низ гузориш шуд.
Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи “созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ” тафсилоте ироа накарданд, аммо дар як қатор матолибе, ки эҳтимолан аз сӯи афроди наздик ба ҳукумати ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, ишора ба Наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ эълоншуда ва ҷиноҳи низомии он – “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мустақим ишора мешавад. Дар ин қабил гузоришҳо омадааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фавқуззикр, тариқи онлайн бо раҳбарони “Ансоруллоҳ” тамос гирифта, ҳимояти худро аз онҳо баён доштааст.
Мавсуф қаблан дар мусоҳиба бо радиои “Озодӣ” аз муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат карда буд. Ин дуруст замоне буд, ки Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз сиёсатмадорони тундгаро ва миллатгарои Афғонистон, ки аксаран ба пуштибонӣ ва аз мавқеъи Толибон ҳимоят ва суҳбат мекунад, ба кишвари Тоҷикистон таҳдиди низомӣ карда буд.
Сангар гузоришҳои мувассақе аз наҳваи иртиботи ҳамаи ин рӯйдодҳо бо якдигар ва ин ки кадом созмонҳои иттилоотии хориҷӣ алоқаманд ба ташдиди авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон ҳастанд ва ҳамчунин бархе ҷузъиёти такондиҳандаи дигар дорад, ки сомона аз интишори онҳо худдорӣ мекунад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.