Хабари рӯз

"Радикализми ҷадиди амрикоӣ" ба Ховари Миёна ва Афғонистон мебарад.

Нависанда: Дмитрий Евстафев, профессори Институти расонаҳои Донишгоҳи олии иқтисоди Донишгоҳ таҳқиқоти миллӣ, номзади улуми сиёсӣ

Муҳиммтарин нукта дар ҳамалоти охирини террористии Иёлоти Муттаҳида – ҳамлаи интиҳорие, ки мардумро дар як кӯчаи Ню Орлеан ҳадаф гирифт ва инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар “Бурҷи Трамп” дар Лас Вегас (тирандозӣ дар клуби шабонаи Квинз дар Ню-Йорк бояд дар ҳоли ҳозир дар қатори ҳаводиси ҷиноӣ арзёбӣ шавад) - ба се ҳолат рабт дорад.

Нахуст, баъд аз солҳои зиёд, "дарки масун", ки ба як шеваи номаълум Амрикоро аз террористҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ҳифз мекард, дар Иёлоти Муттаҳида аз миён рафт. Охирин ҳамлаи бузурги террористии дохилӣ (дар ҳар сурат, омили хориҷии он қобили тасбит набуд) дар октябри 2017 дар Лос Анҷелес ба вуқуъ пайваст, ки 58 кушта ба ҷой гузошт.

Дувум, миқёси ҳамалоти террористии барномарезишуда қобили таваҷҷуҳ аст. Ҳатто ҳамлаи номувафақи террористӣ дар Лас Вегас дар 1 январи 2025 зоҳиран ба унвони ҳамлаи бисёр муҳим барномарезӣ шуда буд, ки мебоист теъдоди билқувваи зиёде аз қурбониёнро дар пай медошт.

Севум, ва ин шояд муҳиммтарин нукта бошад, мақомоти амрикоӣ ҳатто талош накарданд то ҳар ду амали террористиро ба унвони аъмоли афроди танҳои девона ироа кунанд, агарчи ин сенарияро хадамоти истихбороти Амрико ахиран ҳангоми кор рӯи сӯиқасдҳо ба ҷони Трамп ба кор бурданд.

Маълум мешавад, ки вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба шакли ҷиддӣ тағйир кардааст ва мақомот дар кул шурӯъ ба дарки авзоъ ба унвони як таҳдид на танҳо барои "мардуди сиёсӣ" Трамп, балки барои системи сиёсӣ дар кул кардаанд. Ин беҳуда нест, ки Ҷо Байден, касе ки аз назари Қонуни Асосӣ ҳанӯз раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аст, ба суръат "аз соҳил" ба Кохи Сафед баргардонда шуд ва ӯро маҷбур карданд то як суханронии вежа дар телевизион дошта бошад.

Рафтори низоми ҳукуматии Амрико мантиқӣ аст ва нишон медиҳад, ки ҳанӯз як миқдори қобили таваҷҷуҳе аз ақли салимро ҳифз кардааст: таҳдиди террористӣ ба унвони як таҳдид барои низоми мавҷуд пиндошта мешавад, бидуни ин ки талош кунад, бо истифода аз "сарнахҳо"-и алоҳида ("Бурҷи Трамп", мошини Тесла, Луизиана – як аёлати тарафдори Трамп ва ғайра), аз назари иттилоотӣ авзоъро "фақат" ба самти як эътирози ифротӣ алайҳи Трамп табдил мекунад. Ҳеҷ аҷобат надорад, ки "давлати амиқ" вазъиятро ба унвони як таҳдид барои қудрати мавҷуд ва барои худ ба унвони асоси ин қудрат дарк кард. Ва далоили бисёр ҷиддӣ барои ин иддао вуҷуд дорад:

— ҳар ду ҳамлаи террористӣ нишон дод, ки системи ҳушдордиҳандаи қаблан бисёр муассир, ки ба таври қобили таваҷҷуҳе доманаи ҳуқуқи маданиро, ки мардум дӯст доранд дар мавриди он дар Иёлоти Муттаҳида сӯҳбат кунанд, таъмин мекард, рӯ ба харобӣ овардааст. Магар то чӣ ҳад системи феълии қудрат дар Иёлоти Муттаҳида, ки қаблан дар яку ним соли гузаштаи ҳукумати "Байдени ҷамъӣ" ба шакли муназзам фаротар аз сиёсатҳои дохилии муҷоз номутаодил шуда буд, қодир ба тақвияти кофии иқдомоти амниятӣ, он ҳам бидуни тағйир ба саркӯби мустақими сиёсии гурӯҳӣ, аст? Хуб, тақрибан ҳеҷ шак вуҷуд надорад, ки онҳо талош хоҳанд кард то аз як афзоиши шадиди фаъолияти террористӣ барои мухтал кардани маросими таҳлифи Трамп истифода кунанд. Албатта, ба назар мерасад, ки кор ба эъломи ҳолати изтирорӣ нахоҳад расид, зеро идораи феълӣ хеле "барчида" менамояд;

- ҳар ду ҳамлаи террористиро афроди берун омада аз муҳити низомӣ анҷом доданд, ки эҳтимолан барои аввалин бор аз замони ҷанги Куриё (1950-1953) ба тадриҷ шурӯъ ба табдил шудан ба манбаъи на танҳо хатароти ҷиноӣ, балки хатароти сиёсӣ барои ҳукумати Амрико мекунад. Ин навъ занги хатарҳо аз дер боз шунида мешуд, магар ҳоло комилан номумкин аст, ки онҳо нодида гирифта шаванд;

— дар нахустин ҳамлаи террористӣ, радди ифротияти исломӣ ошкор аст, илова бар ин, ин комилан табиӣ ба назар мерасад (дар замони навиштани матлаб чунин маълумот дар мавриди ҳамлаи террористӣ дар Лос Анҷелес вуҷуд надошт). Нишонаҳои зиёде аз "радикализми ҷадиди амрикоӣ" ба Ховари Миёна ва Афғонистон, ҷоҳое, ки ҳам Трамп дар давраи нахусташ ва ҳам Байден тарк карданд, мебаранд.

Магар ҳоло "бумеранги Ховари Миёна" ба Иёлоти Муттаҳида бармегардад, ва ин пурсиши иҷтинобнопазир матраҳ мешавад, ки агар Вашингтон бо як мавҷи воқеан бузурги радикализми исломӣ рӯбарӯ шавад, чӣ хоҳад кард? Гузинаи Ҷорҷ Даблю Буш дар соли 2001 (вай "ҷанг алайҳи терроризм"-ро эълом кард, ки дар ҷараёни он нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон ҳамла ва Ироқро бомбаборон карданд) акнун ба сахтӣ соддаву маъқул ба назар мерасад.

Албатта, иртибот додани мавҷи феълии радикализм бо "синдроми Ветнам" як васвасаи бузург аст, ки дар замони худ мӯҷиби мавҷи бузурги ҷурм ва ҷолибтар аз ин, нахустин мавҷи ҷиддии алоқаи амрикоиҳо ба ислом ба унвони як идеологияи сиёсӣ шуд. Махсусан бо дарназардошти ин ки вазъияти парокандагии идеологӣ дар ҷомеаи модерни Амрико эҳтимолан ҳоло амиқтар аз солҳои 1960-1970 аст. Дар айни замон, бо таваҷҷуҳ ба теъдоди нерӯҳои амниятии Амрико, ки дар амалиётҳои Амрико дар Ховари Наздику Миёна аз 2001 то 2020 - аз ҳамла ба Афғонистон гирифта то амалиёт алайҳи давлати Асад дар Сурия – ширкат карда буданд, "синдроми Ховари Миёна"- и ҷадид метавонад паёмадҳои бузурге барои вазъияти дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида дошта бошад.

Магар як тафовути зарифи ҷадид ҳамчунон зоҳир шудааст: ман борҳо ишора мекардам, ки дар дохили, ба истилоҳ, "нухбагони ғарбӣ" як ихтилофи мушаххас миёни ҳомиёни "назм", ҳатто агар гумоназанӣ ва бар асоси "қоидаҳо"-и худсарона ҳам бошад, ва онҳое, ки метавонанд "ҳизби ошӯб" номида шаванд, ки барои он шарти бақои сиёсӣ ба ошӯб кашидани фазоҳои муҳим ва тавтиасозӣ алайҳи давлатҳову ширкатҳо аст, вуҷуд доштааст.

Аз ин рӯ, дер ё зуд, худи Амрико бояд ба унвони як шайъ барои “тавтиа аз роҳи ошӯб” дар назар гирифта шавад, бахусус ки авзоъи сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида барои ин мусоид шудааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!