Чаро минтақа ҳар аз гоҳе хоҳони ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, қариб ҳамаи қудратҳои перомунӣ – аз Эрону Покистон то Русия, Чин, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – дар мавзеъгириҳои худ бар ташкили “ҳукумати фарогир” дар Кобул таъкид мекунанд. Ин хост дар нигоҳи нахуст мумкин аст як тавсияи дипломатӣ ё шиори ахлоқӣ ба назар расад, аммо дарвоқеъ решаҳои амиқи амниятӣ ва геополитикӣ дорад.
Толибон бар хилофи бисёре аз ҷунбишҳои сиёсӣ дар Афғонистон, на бар пояи як барномаи миллӣ, балки бар меҳвари як қироати идеологии тангдомана амал мекунад; қироате, ки гурӯҳро мустайид ба табдил шудан ба абзори ғайри қобили контрол дар муодилоти минтақавӣ месозад ва метавонад таҳти таъсири шабакаҳои фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротӣ ё ҳомиёни молии номаълум қарор гирад. Аз манзари кишварҳои ҳамсоя, идомаи ин моҳияти идеологӣ на танҳо Афғонистонро бетаъсир (бесубот) нигоҳ медорад, балки заминаи сирояти ноамнӣ, ифротгароӣ ва муҳоҷиратро ба марзҳои онҳо фароҳам месозад.
Таҷрибаи ду даҳаи гузашта низ нишон додааст, ки ҷараёнҳои наздик ба Ғарб дар Афғонистон натавонистаанд бо ҳамсоягон равобите бар пояи эътимоди пойдор эҷод кунанд. Проектҳои давлатсозӣ ба услуби ғарбӣ амалан Афғонистонро ба сукуе барои нуфузи низомӣ ва иттилоотии фароминтақавӣ табдил дод. Аз ин манзар, идомаи ҳукумати такгурӯҳии Толибон ҳарчанд пурҳарҷ аст, аммо ивазшавии ногаҳонии он бо як ҷараёни ғарбгаро метавонад ҳамон таҳдидҳоро бо зоҳире дигар бозтавлид кунад. Ба ҳамин далел, минтақа ба дунболи модели саввум аст, ки на “толибонизми холис” бошаду на “ғарбгароии беқайд”, балки як таркиби тавозундори нерӯҳои гуногуни бумии Афғонистон бошад.
Толибон имрӯз бар хилофи даҳаи 1990 сохторе якпорчатар доранд, ҳол он ки дар ботини қазия, ихтилофот миёни ин гурӯҳ рӯйи масоили қудрату сарват ва ихтилофоти қавмӣ башиддат бузургтар мешавад. Ин якпорчагии зоҳирӣ аз манзари худи гурӯҳ як бартарист, аммо барои ҳамсоягон ба маънои вуҷуди унсурест, ки ба осонӣ қобили чоназанӣ ё татмеъ нест.
Дар чунин шароит ҳар тавофуқи амниятӣ ё иқтисодӣ метавонад басуръат таҳти таъсири тасмимҳои як маркази қудрат баста қарор гирад ва манофеи минтақаро ба хатар андозад. Ин ҳамон ҳаросест, ки кишварҳоро ба сӯи мутолибаи “ҳукумати фарогир” савқ медиҳад, то бо эҷоди тавозуни даруни қудрат, дастрасии онҳо ба каналҳои мутаъаддиди музокира ҳифз шавад.
Аз нигоҳи қудратҳои перомунӣ, Афғонистони таксадои Толибон як фурсат барои бозигарони фароминтақавист: кишваре, ки танҳо як маркази тасмимгирӣ дорад, дар сурати бурузи ихтилоф бо ҳамсоягон метавонад ба осонӣ ба абзори фишори қудратҳои дурдаст табдил шавад. Дарвоқеъ, ҳар қадар сохтори қудрат дар Кобул мутааддидтар бошад, нуфузи инҳисории берунӣ душвортар ва хароҷоти бесуботсозӣ бештар хоҳад шуд.
Кишварҳои минтақа ба хубӣ медонанд, ки ҳукумати мушорикатӣ дар Афғонистон – ҳарчанд печида ва замонбар – метавонад таъодул миёни нерӯҳои мухталифи дохилиро тақвият кунад ва масири нуфузи фароминтақавиро душвортар созад. Чунин сохторе аз манзари геополитикӣ ба минтақа иҷоза медиҳад, ки дар муомила бо Кобул, ба ҷойи рӯ ба рӯ шудан бо як бозигари баста ва ғайри қобили пешбинӣ, бо маҷмӯае аз нерӯҳои мутаъаддид ва қобили музокира кор кунад.
Таҷрибаи чанд даҳаи ахир нишон додааст, ки ҳаргоҳ Афғонистон ба майдони инҳисори як гурӯҳ ё эътилофи маҳдуд табдил шуда, бесуботӣ ва рақобати ниёбатӣ афзоиш ёфтааст ва баръакс ҳар замон ки сохтори қудрат дар Кобул мутакассир будааст, имкони ҳамкориҳои минтақавӣ бештар шудааст.
Бинобар ин, “танаввуи дастандаркорони қудрат” на як шиор, балки заруратест амниятӣ барои ҳамсоягони Афғонистон. Ин танаввуъ ба онҳо итминон медиҳад, ки Кобул ба абзори таҳдиди геополитикӣ алайҳи манофеашон табдил нахоҳад шуд.
Минтақа на аз сари дилсӯзӣ барои мардуми Афғонистон, балки аз зовияи амнияти миллӣ ва манофеи геополитикии худ хоҳони ҳукумати фарогир аст. Онҳо медонанд, ки Толибони якдаст абзори ғайри қобили контрол ва мустаиди истифодаи фароминтақавист ва ҷараёнҳои ғарбгаро низ дар гузашта ба ҳамин андоза таҳдид талаққӣ шудаанд. Танҳо роҳи миёна эҷоди як сохтори қудрати чандлоя ва мушорикатиест, ки дар он тавозуни дохилӣ ба нафъи суботи минтақавӣ амал кунад.
Бо ин ҳол, таҳаққуқи ин модел осон нест. Толибон ҳанӯз машрӯияти инҳисории худро манбаи қудрат медонанд ва ҳозир ба тақсими воқеии қудрат нестанд. Аз сӯи дигар, нерӯҳои мухолифи Толибон низ пароканда ва бесозмон ҳастанд. Бидуни фишори ҳамоҳангии минтақавӣ ва тарроҳии як нақшаи роҳи муштарак, шиори “ҳукумати фарогир” дар ҳадди тавсияи дипломатӣ боқӣ хоҳад монд.
Ояндаи Афғонистон дар гарави он аст, ки ҳамсоягон аз ҳолати тамошобин хориҷ шаванд ва бо таркибе аз фишор, ташвиқ ва ибтикор амалан сохтори қудратро ба сӯи мушорикати воқеӣ савқ диҳанд. Дар ғайри ин сурат “барҳути геополитикӣ", ки имрӯз дар ҳоли шаклгирист, фардо на танҳо Афғонистон, балки кулли минтақаро дар худ хоҳад фурӯ бурд.