Чӣ чизе Амрикоро ба сӯи Афғонистон мекашонад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Трамп борҳо аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар таҳти идораи раисҷумҳур Байден, интиқод карда ва онро дар аксар суханрониҳои интихоботиаш, дастовезе барои нокомии демократҳо қаламдод мекард. Шароит тавре пеш омад, ки Амрико барои пайгирии роҳбурди бесуботсозии Осиё ва эҷоди шикоф дар меҳвари Осиё, ба думболи интихоби стратегияи бозмувозина, Афғонистонро ба гунаи ғайримунтазира, тарк кард. Ба думболи он, давлати таҳти ҳимояти Амрико, фурӯ пошид ва гурӯҳи Толибон, баъд аз бист соли ҷанг ва хунрезӣ ба асоси дастурномаи Давҳа, ба қудрат расиданд.
Ҳоло баъд аз шикасти демократҳо дар интихоботи Амрико, Трампи ҷумҳурихоҳ, ба истинод ба амалкардҳои ғайримутаориф ва шитобзада, ба думболи ин аст то парвандаи Афғонистонро бозгушоӣ кунад. Чӣ чизе боис шуда то Афғонистон, як бори дигар дар миҳроқи таваҷҷуҳи Амрико баъд аз тарки ин кишвар, қарор гирад? Чаро Трамп мехоҳад ин парвандаи басташударо дубора бозгушоӣ карда ва дар дастури кори сиёсати хориҷии Амрико, қарор диҳад? Оё идораи вай тамаъбозии хунбор дар меҳвари Афғонистонро бо пешшарти таваҷҷуҳ ба ин кишвар, дорад? Ва билохира, чӣ чизе Трампро ба сӯи Афғонистон мекашонад? Дар ин набишта ба ин пурсишҳо посух медиҳам.
АВВАЛ - нахустин далели баргашти Трамп ба сӯи парвандаи хунбори ҳузур дар Афғонистон, тармими ваҷҳаи тахарришшудаи Амрико дар хурӯҷи фоҷиабор аз Афғонистон аст. Ин хурӯҷ ба қадре сареъ, шитобзада ва ғайри қобили мунтазира буд, ки ҳатто руқабои Амрико дар меҳвари Осиё, аз он шигифтзада шуданд ва фавран бо Толибон, дохили як таомули ғайримутаориф ва тактикӣ шуданд. Ин масъала барои Амрико, ки интизор надошт, меҳвар Осиё ба ин содагӣ бо Толибон таомули тактикӣ кунад; Дар иваз муҳосибаи амрикоиҳо аз хурӯҷ аз Афғонистон, эҷоди музоҳиматҳои амниятӣ барои ин меҳвар буд, ки бояд дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, иҷроӣ мешуд, шоккунанда буд. Аммо дастрасии Толибон ба таслиҳоти баҷомонда аз ҷумҳурияти махлуъ, пампожи беравияи пул дар зарфи се сол, ки болиғ ба беш аз бист миллиард долр мешавад, Толибонро қадре ҷасур сохт, ки омӯхтанд бо як равиши мувозинамеҳвар, ҳам бо минтақа ва ҳам бо фароминтақа барои бақояшон дар қудрат, дохили таомул шаванд. Ҳоло Амрико аз идомаи бозии амниятӣ дар Афғонистон, нигарони ин аст, ки мабодо меҳвари осиёӣ контроли бозиро дар даст гирад ва онро ба самти манофеъи матлуби худаш, ҳидоят намояд. Ин масъала барои Амрикое, ки Чинро душмани аслӣ ва таҳдиди шумора як барои амнияти миллии худаш, талаққӣ мекунад, ғайри қобили қабул ва озордиҳанда аст. Махсусан, ҳузури пурранги чиноиҳо ва истифода аз Афғонистон барои тасҳили масири транзити колои чиноӣ ва ҳам дастрасии ин кишвар ба манобеъи зеризаминии Афғонистонро метавон далели дараҷаи яки алоқамандии Трамп барои баргашт ба Афғонистон, талаққӣ кард;
ДУВУМ – ҳамон туре ки ки гуфта шуд, сиёсати мувозинамеҳвари Толибон дар таомул бо минтақа ва наздикии ғайриқобили интизор ба меҳвари осиёӣ, барои Амрико, шоккунанда аст. Ин ҳаракати моҳиронаи Толибон дар ҳаракат ба самти манофеъ аъзами худашон, барои Амрико ғайри қобили қабул аст. Ин масъала дар муҳосибаи бозӣ барои амрикоиҳо, ғайри қобили пешбинӣ буд. Ҳоло Трамп мехоҳад ин бозиро бо нигоҳи баргашт ба Афғонистон, ба самти матлуби манофеъи Амрико, савқ диҳад;
СЕВУМ - эҳтимолан, Трамп қабл аз расидагӣ ба масоили Украина, Ховари Миёна ва Эрон, дар қиболи Афғонистони таҳти контроли Толибон барои ҳидояти беҳтари бозии хунбори амниятӣ дар таҳти ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, роҳбурди ҷадидеро дар хусуси ҳамсоягии ин кишвар, матраҳ кунад, ки бидуни шак, наметавон мункири таваҷҷуҳи ғайри қобили васфи Амрико ба масъалаи Афғонистон шуд;
ЧАҲОРУМ - Трамп ба масъалаи Афғонистон, минҳайси як парвандае бо арзиши болои ҳайсиятӣ ва дорои аҳамияти фаровон мебинад. Трамп ҳаммонанди Наполеон нест, ки монанди як сардори ҷангӣ, дар майдони ҷанг файсала кунад ва тақсими манфиату нуқс намояд. Вай монанди як тоҷири сиёсӣ, дар ҳошияҳои бозиҳои бузург ба манофеъи аъзами кишвараш меандешад. Ин масъала дар хусуси дигар раҳбарони Амрико, содиқ нест. Пас ба ин ҳисоб, файсала дар мавриди масоили муҳим ва ҳаётие, ки рабт ба амнияти миллии Амрико мегирад, вай бидуни шак вориди як муомилаи сиёсии судовар дар Афғонистон хоҳад шуд;
ПАНҶУМ - Трамп бо дарки вазъияти ногувору ҷадиди Афғонистон таҳти контроли Толибон, ночории ин гурӯҳ дар таъмини ҳазинаҳои режимашон, абзори муассире дар ҷиҳати ҳидояти беҳтари ин гурӯҳ барои ҳаракат ба самти масири матлуб дар ҷиҳати таъмини манофеъи ҳаётии Амрико, дар даст дорад. Ин абзор ҳамонанди кӯмакҳои молӣ ва ҳимоятҳои сиёсиест, ки метавонад Толибонро нотавон аз ҳар хел тамарруд дар баробари Амрико намояд. Ин корти барандаи барои Амрико, боис мешавад то Трамп нигоҳе дубора ба Афғонистони таҳти контроли Толибон дошта бошад;
ШАШУМ - бо ҷиддият дар таъқиби аҳдофи ҳаётии Амрико дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, ҳамсоягони Афғонистон мумкин дар наҳваи таомул бо Толибон, таҷдиди назар кунанд. Ин масъала боис мешавад то Толибон аз рӯи ночорӣ ба хостҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Амрикои таҳти раҳбарии Трамп, тамкини мазлумона кунанд. Ба назар мерасад бо таъқиби ин сиёсат, Трамп фурсатҳои бештаре барои эҷоди музоҳимат дар меҳвари осиёӣ хоҳад дошт. Биноан, ин фурсати пешомадаро ғанимат мешуморад ва ба Афғонистон дубора таваҷҷуҳ хоҳад кард;
ҲАФТУМ - Трамп ба масоили намодин ва арзишмеҳвар дар сиёсатҳои қаблии Амрико, ҳамонанди демократия, ҳуқуқи башар ва занон, ҳаққи таҳсилу кор ва таҳмили арзишҳои амрикоӣ, таваҷҷуҳе надорад. Манофеъи ҳаётии Амрико дар муҳосиботи Трамп ва тимаш, дар қадами нахуст қарор дорад, бидуни ин ки баргаште дар масири таъқиби сиёсатҳои умдаи Амрико дар қиболи масъалаи Афғонистон ва роҳбурди бесуботсозии Осиё тавассути Амрико, воқеъ шавад, Трамп хубтар ва беҳтар метавонад бо Толибон вориди як муомилаи судовари сиёсӣ шавад ва майдони тиҳии Афғонистонро тавассути Амрико дубора пур намояд. Ин масъала ба ҳеҷ унвон ба таъбири баргашти дубораи низомиёни амрикоӣ ба Афғонистон нест. Бал ҳадафи аслӣ, истифода аз корти толибонизм барои таъмини манофеъи ҳаётии Амрико дар минтақа аст. Дар ин хусус, масъалаи таҳти контрол доштани пойгоҳи Багром аз тарафи Амрико метавонад яке аз ҳадафҳои аслии ин кишвар, дар таъқиби ин роҳбурд бошад;
ҲАШТУМ - барои як абарқудрате монанди Амрико, на танҳо масоили дохилӣ муҳим аст, бал ҳузур дар манотиқи стратегӣ ва дорои аҳамияти геополитикӣ, монанди Афғонистон, метавонад мавриди назар бошад. Аз ин манзар Афғонистон дар ин муҳосиботи Амрико барои идомаи пайкори ҷаҳонӣ бо руқабояш, як масъалаи муҳим ва ғайри қобили инкор талаққӣ мешавад;
НУҲУМ - ирсоли паём ба руқабои Амрико дар меҳвари Осиё ва изъони ин масъала, ки манишан дар дидгоҳҳои бунёдгароёна ,фалсафаи вуҷудӣ ва империалистии Амрико дорад, ин ҳадафро ба даст медиҳад, ки манотиқи дорои аҳамияти фаровони стратегӣ ва геополитикие, ки гоҳе мутааллиқ ба Амрико буда, касе наметавонад чашми тамаъ ба он дошта бошад. Афғонистон низ аз ҷумлаи манотиқест, ки барои идомаи пайкори ҷаҳонии Амрико дар баробари руқабояш, як мавзӯъи муҳим ва ғайри қобили иғмос тасаввур мешавад. Ҷанг бо меҳвари осиёӣ, мусталзими нуфуз ва ҳузури нарм дар Афғонистон аст;
ДАҲУМ - тими Трамп, ки шомили вазири дифоъ, мушовири амнияти миллӣ, раиси Сӣ Ай Эй, аъзои аршади ҳукуматаш мешаванд, аксаран ба навъе бо ҷанги Афғонистон, рабт доштаанд. Тими вай ҳамчунон борҳо аз сиёсатҳои се соли ахири раисҷумҳур Байден дар қиболи Афғонистон, интиқод кардаанд. Биноан, тасаввур мешавад, ки тасмими ҷамъии тими вай, нигоҳҳои Амрико ба тарафи Афғонистонро ҷиддӣ созад. Трамп наметавонад ҷудо аз тимаш фикр кунад. Агар қарор бошад чунин кунад ва ҳамонанди давраи қабл, шоҳиди канорагирии мақомҳои тимаш бошем, тафовути вай бо Байден чизе нахоҳад буд ва интиқодоти вай танҳо ҷанбаи намодин доштааст. Биноан Трамп намехоҳад ҳамонанди Байден, мероси нокомӣ аз худ ба ҷой монад.
Ба ҳар сурат, Афғонистон ба иллати мавқеияти ҳассосаш, марҳалаи ҷадиде аз бозии қудратҳои ҷаҳонӣ, набарди миёни Шарқу Ғарб ва таҳаввули низоми байналмилал ба сӯи як низоми пасоқутбӣ ва тамаъи кишварҳо барои дастрасӣ ба захоири дастнохӯрдаи Осиёи Марказӣ, ки дар қолаби Бозии Бузурги ҷадид дар ҷараён аст, ҳама боис мешаванд то Трампу тимаш назари дубора ба ин кишвар намоянд. Бидуни шак, ки ин баргашти Амрико ба Афғонистон, ба ҳеҷ сурат ба хайри мардуми Афғонистон нест. Танҳо қишре аз технократҳо, Толибон ва қудратҳои минтақа, Амрико ва муттаҳидонаш аз ин бозӣ нафъ хоҳанд бурд. Бозии хунин дар меҳвари манофеъи қудратҳои бузург, майдони муносибе ҳамонанди Афғонистон дошта ва камокон дар меҳвари ин ҳадаф, идома хоҳад ёфт. Мардуми бепаноҳи Афғонистон, ҳамвора қурбонии нохостаи сиёсатҳои қудратҳои бузург ва мутахосим будаанд.