Хабари рӯз

Агар ин бор русҳо иштибоҳ кунанд ва рӯйи корти Толибон ва ҳампаймонони онҳо, ҳисоб боз кунанд, дучори иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад шуд ва амнияташ хоҳ-нохоҳ бо хатароти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад гардид.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, таҳлилгар

Федератсияи Русия бо ду чолиши умда дар Афғонистон мувоҷеҳ аст: аввал, эҳёи назми баҳамрехтаи геополитикии назми навини ҷаҳонӣ ба раҳбари Амрико, ки Афғонистон дар меҳвари он дар Осиё қарор дошт; дувум, зудудани тамоми пояҳои фикрии ин назме, ки Амрико бист соли тамом ба асоси он сиёсатҳои худро дар Осиё устувор дошта буд.

Шумо вақте ба тамоюли Амрико ба ҳузури гарм дар минтақае мутаваҷҷеҳ мешавед, ду мушкили бузург пеши рӯйи шумо муҷассам мешаванд:

Аввал ин, ки назми геополитикии собиқи минтақаиро ин кишвар бо ҳамлаи худ ба ҳам мерезад ва вазъияти геополотикии мавҷудро аз байн бибурд. Дувумин мушкил, аммо мавқее ба вуҷуд меояд, ки Амрико бихоҳад ба ин ҳузури худ дар минтақаи мазкур поён диҳад, ки ин кор мӯҷиби ҳарҷу марҷ ҳатмӣ хоҳад буд. Айни намунаро шумо дар ибтидои ҳузури Амрико дар Афғонистон метавонед мушоҳид кунед.

Назми геополитикие, ки аз таҳнишинҳои ҳузури Шӯравӣ дар минтақа боқӣ монда буд, комилан нобуд шуд. Амрико бо ҳамкории кишварҳои Покистон, баҳри Сиёҳ ва Хазар, моварои Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва ҳатто Русия буд, тавонист ин назмро аз байн бибарад. Илова бар ин, ҳузури низомии ИМА боиси афзоиши нуфузи сиёсӣ ва идеологии ин кишвар дар минтақа шудааст, ки боис шуд, то нигарониҳое дар Русия, Чин ва Эрон баъдҳо ба вуҷуд биёяд. Дар воқеъ, истиқрори нерӯҳо дар Афғонистон ва Ироқ Иёлоти Муттаҳидаро ба қудрати  бартар дар Авруосиё табдил кард. Русия бо дарки ин мавзӯъ, имрӯз дар набуди Амрико дар Афғонистон ва минтақа, нигарониҳое дорад.

Ин нигарониҳо маҳсули ҳузури бистсолаи Амрико дар минтақа аст.

Рушди ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷудоиталабӣ, тундравии мазҳабӣ ва терроризми чандмиллиятӣ, шохисҳои аслии ин нигаронии амниятӣ ва стратегии Русияро дар минтақа рақам мезананд. Афғонистон дар ин миён, ба маркази аслии ин нигарониҳо, баъд аз хурӯҷи Амрико мубаддал шудааст. Ҳузури Толибон дар қудрат ва ҳампаймонии онҳо бо бист гурӯҳи террористони байналмилалӣ, ки амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунанд, атфи таваҷҷуҳи сиёсатҳои амниятии Русия дар Афғонистон аст. Агарчи Русия бо Толибон миёнаи хубе доштааст ва камокон бо иртибототи истихборотӣ, хоста аз манофеъ ва атбои худ дар Афғонистон муҳофизат кунад, аммо воқеиятҳои даруни Афғонистон ва чолишҳои Толибон дар контроли гурӯҳҳои террористии хориҷии ҳампаймонашон, ки мусталзими тазмини қавӣ мабнӣ бар адами таҳдиди манофеи Русия дар Афғонистон ва минтақа бошад, паёми талхи дигаре дорад.

Русия дар ибтидои ҳузури Амрико дар Афғонистон чароғи сабз нишон дод ва камокон ба ин ҳузур заминаҳои ҳимояти лужистикӣ ва амниятиро низ фароҳам овард, аммо бо гузашти замон ва тақобул бо Амрико дар дигар нуқоти ҷаҳон, ин сиёсат тағйири моҳиятӣ ёфт ва нияти русҳо дар баробари амрикоиҳо, тағйир кард.

Русҳо бо таъмиқи равобити худ бо Толибон, хостанд кам-кам аз ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон кам кунанд ва роҳҳое барои хурӯҷи Амрико боз гузоштанд. Амрико аз Афғонистон берун шуд ва русҳо ва чиноиҳо ба ҳадафи стратегии худ расиданд. Ҳоло ҳам чиноиҳо ва ҳам русҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки як Афғонистони орӣ аз Амрико, он ҳам баъд аз бист соли ҳузури низомӣ, боқимондае ҷуз як Афғонистони дар ҳоли фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ нест. Алқоида, ки ҳамалоти 11 сентябрро тартиб дода буд, ба суръат шикаст хӯрд, аммо Толибон, ки ба онҳо паноҳгоҳ дода буд, ҳамчунон қудратмандтарин нерӯ дар кишваранд ва зоҳиран ба зудӣ ба як давлати мавриди ҳимояти Амрико дар Кобул мубаддал хоҳанд шуд.

 Он чӣ ҳатто бештар боиси нигаронӣ аст, ҳузури рӯзафзуни ифротгароён зери номи ДОИШ ва соири гурӯҳҳое аст, ки пас аз хурӯҷи ИМА ва муттаҳидонаш, ҳамсоягони Афғонистонро бо чунин мушкилоте рӯ ба рӯ кардааст, зеро амрикоиҳо назми бавуҷудовардаи геополитикиро, ки худ зомини он буданд, бо хурӯҷи ғайри қобили пешбиниашон, баҳам рехтанд ва омили аслии нобасомонии амниятиро, ки Толибон ва ҳампаймононашон буданд, бо миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомӣ фотеҳи майдон сохтанд.

Русҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки дигар наметавон ҳаммонандии қабл бо Толибон вориди як таомули тактикӣ шуд ва манофеи худро ҳифз кард. Ҳоло Толибон бо дар ихтиёр доштани як қудрати сиёсӣ дар Афғонистон, соҳиби ин кишвар шудаанд. Мебояд ин таомул ба як сиёсати асосии мубтанӣ бар чашмандози стратегӣ бадал кунад, то ҳам битавонад манофеи русҳоро дар дарозмуддат таъмин кунад ва ҳам тазмине бошад барои як Афғонистони орӣ аз хатар барои Русия. Он ҳам дар фазои пас аз ҳузури амрикоиҳо дар минтақа.

Русҳо бо дарки ин талош доранд, ин сиёсатро бештар илмӣ созанд ва тамоми дастури корашон, баррасии ҳамаҷонибаи Афғонистони пасоамрикоӣ, он ҳам дар гарави гурӯҳи ифротие монанди Толибон ва муттаҳидони террористашон аст. Афғонистони пасоамрикоӣ, Афғонистони лонаи амн барои террористоне аст, ки танҳо ҳадафи баъдии онҳо, ба чолиш кашидани амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ на, балки ҷануб ва ғарби Осиё ҳамчунон хоҳад буд.

Ба таври хулоса, акнун Афғонистон дар ҳоли табдил шудан ба як манбаи бесуботӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аст. Бо вуҷуди тамоми ҷанбаҳои дигари он, тайи ду даҳаи гузашта, ҳузури амрикоиҳо неруҳои радикали ифротӣ дар Афғонистонро маҳор карда натавонист ва боис нашуд, то иқтидори мақомот дар Кобул тақвият шавад, аммо ин раванди рӯ ба афзоиши ифротгароӣ дар Афғонистон, пас аз хурӯҷи Амрико аз ин кишвар бисёр сареъ хоҳад шуд. Дар натиҷа, гурӯҳҳои ифротии фаромарзие монанди ДОИШ, ҷунбишҳои исломии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Қафқоз, арабҳо ва чечениҳо, озодона амали бештаре хоҳанд дошт ва ба эҳтимоли зиёд Афғонистонро ба пойгоҳе барои бесубот кардани Осиёи Миёна табдил хоҳанд кард. Ин асли қазия дар хусуси ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон аст. Таҳдиди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муҳити амниятии Русия метавонад занги хатаре барои кулли минтақа бошад.

Русия ин масъаларо дарк кардааст ва талош мекунад аввал аз тариқи таомул бо Толибон, ин мавзӯъро ҳал кунад, аммо ба ҳеҷ сурат аз омодагиҳои лозими низомӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон, ғофил нест ва дар ҷанбаи таомули сиёсӣ бо Толибон, гузинаҳои низомии дифоӣ ва таҳоҷумиро ҷиҳати дафъи ҳар хел хатари ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистонро рӯйи миз дорад ва авзоъро бо диққат зери назар мегирад. Ба илова, бо гузашти солҳо аз ҳузури Амрико, Афғонистон ба як тавлидкунандаи умдаи маводи мухаддир табдил шудааст, ки бо убур аз Осиёи Миёна ба бозори аслии худ, яъне Русия мерасад. Пас аз хурӯҷи Амрико, баид аст тағйире дар ин вазъият эҷод шавад. Маводи мухаддир ҳам монанди терроризм мушкили амниятиро барои муҳити амниятии кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар ҳоле ки Русия солҳо аст дар баробари он мубориза мекунад ва талош мекунад, то аз эътиёди миллионҳо ҷавони рус дар ин талаи хатарнок, ҷилавгирӣ кунад. Толибон ба андозаи кофӣ қудратманд нестанд, ки битавонанд қудрати худро дар саросари кишвар тасбит кунанд ва тазминҳои лозими амниятиро барои Русия ва соири ҳамсоягон бидиҳанд. Яъне Толибон бо вуҷуди моҳияти террористиашон, ба воқеияти талх мубаддал шудаанд, ки наметавон аз ин воқеият ғофил буд.

Аз назари Русия ва Осиёи Миёна Толибон боиси мушкил нахоҳад шуд, модоме, ки дар даруни марзҳои Афғонистон фаъолият кунад, ба ифротгароёни байналмилалӣ паноҳ надиҳанд ва ба қочоқи маводи мухаддир рӯй наёранд. Дар ҳоле ки воқеиятҳои аслӣ чизи дигареро нишон медиҳанд. Бунёди аслии тағзияи иқтисодӣ ва молии Толибон маводи мухаддир аст ва ҳампаймони онҳо бо соири гурӯҳҳои террорист, асоси сохтори ҷангии онҳоро шакл медиҳад. Пас чӣ гуна мумкин аст, Толибон битавонанд барои ризояти хотири Русия ва соири ҳамсоягони Афғонистон, ин ду манбаи иқтисодӣ ва низомии худро аз байн бубаранд, он ҳам дар ҳолате, ки таҳдидҳои зиёди амниятӣ ва низомӣ дар ҷанбаи таҳдидҳои сиёсӣ, ҳокимияти Толибонро зери нишона гирифта ва ҳар дам мумкин аст ин таҳдидҳо ба чолишҳои умдаи фарорӯи режимашон мубаддал гардад.

Аммо русҳо пешбиниҳое дар ин хусус доштаанд. Ҳам Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Миёна манобеи кофӣ барои маҳори таҳдидоти низомӣ ва террористии эҳтимолӣ аз дохили хоки Афғонистонро доранд. Ин манобеъ шомили нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мешаванд, ки ҳарду кишвари мутазаккира ҳаммарз бо Афғонистон ҳастанд. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ва минтақаи низомии марказии Русия, ки мақарри аслии он дар Екатринбург аст, идораи ин минтақаро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳ ва зерсохтҳои Қазоқистонро набояд фаромӯш кард. Ҳамоҳангии ин иқдомот метавонад дар чорчубаи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ, ки шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мешавад ва ё дар сатҳи равобити дуҷониба анҷом шавад, қобили эътибор ва иттикои аслӣ аст. Ҳамчунин, талоше ҷараён дорад, то ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон аст, сурат гирад.

Дар ин миён, сервисҳои иттилоотии Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна, ки марзи муштарак бо Афғонистон доранд ва эҳтимол нуфузи террористон аз хоки онҳо ба тарафи Русия, вуҷуд дорад, бояд нақши муҳимтаре дошта бошанд. Вазифаи онҳо бояд бад-ин тартиб бошад: ҷилавгирӣ аз нуфузи ифротгароён (аз ҷумла касоне, ки вонамуд мекунанд паноҳанда ҳастанд) аз Афғонистон ба Осиёи Миёна ва аз онҷо ба Русия, саркӯби густариши идеологияи ифротгароёна, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки аз тариқи он таъмини молии терроризм сурат мегардад, ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ ва ғайра.

Аҳамияти ҳамоҳангии сервисҳои иттилоотӣ дар чорчуби Созмони паймони амнияти дастҷамӣ камтар аз ҳамоҳангии низомӣ нест. Дабирони Шӯрои амнияти миллии кишварҳои узв ва кормандони онҳо бояд доиман бо якдигар дар тамос бошанд, шояд дар қолаби вежае, ки ба таври вежа ба мушкилот марбут ба Афғонистон ихтисос дорад. Вахомати авзоъ дар Афғонистон табдил ба озмуни ҷиддӣ барои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ хоҳад шуд, ки бояд собит кунад, ин Созмон метавонад зомини амнияти минтақа бошад. Метавон бо тамриноти муштараки ҷадид, ҳамоҳангии амниятии беҳтар ва ба иштирок гузоштани иттилоот ин созмонро эҳё кард. Контроли марзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Афғонистон бисёр муҳим аст. Ба ҳар ҳол, ин аввалин хатти дифоии Осиёи Миёна ва Русия аст.

Муваффақияти сиёсати Русия дар Афғонистон ба дарки сарее аз вазъияти ба суръат дар ҳоли тағйир, бастагӣ хоҳад дошт. Бархе заминаҳо дар ин робита вуҷуд дорад, аммо бояд бештар тавсеа пайдо кунанд. Русҳо сахт талош мекунанд, то дар ҷанбаи иқдомоти сиёсӣ, омодагиҳои низомиро низ мадди назар дошта бошанд. Бинобар ин, русҳо ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки барои кор ниёз аст: иқдомот ва таҳаррукоти низомӣ-амниятӣ ҳамоҳанг бо талошҳои сиёсӣ бошад, зеро барои ин сиёсат, дар воқеъ, асли тавозун дар ҳарду сиёсатро ба вуҷуд оварда ва ба русҳо дасти бозтаре дар хусуси пайгирии қазоёи Афғонистонро хоҳад дод. Аммо агар ин бор русҳо иштибоҳ кунанд ва рӯйи корти Толибон ва ҳампаймонони онҳо, ҳисоб боз кунанд, дучори иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад шуд ва амнияташ хоҳ-нохоҳ бо хатароти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад гардид.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!