Хабари рӯз

Гурӯҳҳои исломгарои ҷиҳодӣ фақат абзори қудратҳо алайҳи рақибанд.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар мавриди таҳаввулоти Сурия чанд рӯз аст, ки кунҷковӣ дорам то як тасвири равшан битавонам ба даст орам, аммо то ҳанӯз ин тасвир ба даст наомадааст.

Далели ин ки қиссаи Сурия ба мо муҳим аст, ин аст, ки таҳаввулоти он ҷо ҳам аз бӯъди дохилӣ ва ҳам аз бӯъди хориҷӣ шабеҳи таҳаввулоти Афғонистон аст. Як давлати секулори мустабид бо ҳомиёни шарқӣ сарнагун шуда ва гурӯҳҳои чандгонаи тундрави исломгарои суннӣ ва аз назари сиёсӣ хому вобаста ба қудратҳои ғарбиву арабӣ ҷои онро гирифтаанд. Мисли суқути ҳукумати коммунистӣ дар Афғонистон ва рӯи кор омадани гурӯҳҳои муҷоҳидин, ки ба ҷанги дохилӣ мунҷар шуд.

Як сенарияи ҷанги дохилӣ аст. Як сенарияи таҷзия аст. Як сенарияи эҳтимолан ғайриамалӣ, эҷоди давлати мутазалзил ва заиф аз сӯи гурӯҳҳои ҳоким, ки барои солиёни дарозе дар вобастагии шадид ва кашмакаш миёни Шарқу Ғарб қарор хоҳанд дошт.

То ҷое, ки расонаҳо аз Ҷавлонӣ гузориш додаанд, гуфта мешавад, ки ӯ талош дорад, ки бо собиқаи террористии худ видоъ кунад ва барои ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухталиф аз сиёсати тасоҳул кор бигирад. Талош дорад худро як чеҳраи ҳомии демократия ва озодиҳои маданӣ муаррифӣ кунад, ки эҳтимолан ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб аст. Аммо нармишу нотавонии ӯ дар ҷилавгирӣ аз таҷовузҳои хориҷии Туркияву Исроил ва Амрико ваҷҳаи ӯро ба шиддат зарба зада ва як чеҳраи муздуру бетафовут ба дифоъ аз тамомияти арзӣ ба тасвир кашидааст.

Кишварҳои зинафъ низ бо истифода аз фурсат, то по гирифтани давлати ҷадиди ҷиҳодӣ, талош доранд, ки аҳдофи худро бароварда сохта ва аз назари тавоноиҳои низомии Сурияро дар ҳадде заиф бисозанд, ки то ним қарни дигар, агар таҷзия ҳам нашавад, натавонад барои ҳамсояҳо хатаре эҷод кунад.

Гузоришҳои мунташиршуда дар бораи ҷиноёти Асад низ такондиҳанда аст. Сухан аз пайдо шудани гӯрҳои дастҷамъии садҳазорнафарӣ дар байн аст. Ин ҳаҷм аз ҷинояти давлати сарнагуншуда, бидуни шак, мардуми Сурияро дучори ин эҳсос мекунад, ки аз чанги ҳаюлои ваҳшатноке раҳоӣ ёфта ва оянда ҳар чӣ бодо бод.

Ман, аммо ба ин фикр мекунам, ки миллатҳои шарқии ақибмонда бо се сенарияи номатлуб рӯбарӯянд. Ё истибдоди дохилӣ, ё вобастагии амиқи хориҷӣ дар сатҳи муздурӣ ва ё ҷангу ҳарҷу марҷи доимӣ. Ҳамин, ки истибдод дафъ мешавад, ҳарҷу марҷ ҷояшро мегирад. Дар ниҳоят як қудрати хориҷӣ бояд ҳарҷу марҷро саркӯб кунад ва кишвари мустаъмараи як қудрати ҷаҳонӣ шавад.

Ва ин ки гурӯҳҳои исломгарои ҷиҳодӣ ҳар чӣ ҳам бихоҳанд миллӣ ва мардумӣ шаванд, иҷозаи ин кор барояшон дода намешавад. Онон ба кӯмаки хориҷиҳо тавони сарнагунии режими ҳокимро пайдо кардаанд. Хориҷиён ба ризои Худо кӯмак накарда ва бо пирӯзии гурӯҳҳои мавриди ҳимоят, нақшаҳои геополитикии худро пеши рӯи “фотиҳин” меандозанд ва аз онон мехоҳанд, ки нақшаҳоро амалӣ кунанд. Амалӣ кунанд, муздури хориҷӣ мешаванд ва истиқлол надоранд, анҷом надиҳанд кушта мешаванд ва гурӯҳҳои дигаре алайҳашон сохта хоҳад шуд.

Мисле, ки Инглису Амрико ва Покистону Арабистон Толибонро алайҳи муҷоҳидин сохтанд. Муҷоҳидине, ки фикр мекарданд Шӯравиро шикаст доданд ва маҷбур ба амалӣ кардани нақшаҳои Амрикову Инглис нестанд. Толибон сохта шуд то муздурӣ ба хориҷиён ниҳодина шавад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!