Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст мо аз сиёсатҳои Ғарб дифоъ мекунем. Мо на сармоя дорему на саноат ва инҳо ҳаргиз намехоҳанд, ки мо соҳиби сармоя шавем ва ё соҳиби саноат шавем
Нависанда: Фарид Юнус
нависандаи китоби “Демократияи исломӣ”
Миллигароӣ, миллигароӣ ё миллиятгароӣ мероси Ғарб аст. Ғарб баъд аз ҷангҳои хунин ба nation state расид ва ҳар кишвар аз юғи императориҳо баромад ва ҳар кадом як миллат шуд. Миллигароӣ дар Ғарб се асли асосӣ дошт:
Аввал, ваҷҳи муштараки миллӣ;
Дувум, сармоя;
Севум, саноат;
Ин кишварҳо дар садади истеъмори кишварҳои мусулмон баромаданд ва барои истеъмору истисмори беҳтар кишварҳои мусулмон, мусулмононро ба номи этносентризм (қавмиятпарастӣ) ба ҷони ҳам андохтанд, зеро дар кишварҳои исломӣ на аз нигоҳи асосоти миллигароӣ ва на аз нигоҳи иқтисодӣ, миллигароӣ вуҷуд надорад. Кишварҳои исломӣ вақте зери юғи кишварҳои ғарбӣ рафтанд, чун миллигароӣ надоштанд руҷуъ карданд ба қавмгароӣ. Ва аз ин қавмгароӣ душманони ислом ба нафъи худ баҳрабардорӣ карданд ва ақвомро ба ҷони ҳам андохтанд ва ҳатто аз ҳам ҷудо карданд ва сиёсати "тафриқа андозу ҳукумат кун"-ро бо ҳама шоху барги он пиёда карданд. Имрӯз дар кишварҳои мо ба ҷой ин ки мо бигӯем, мусулмон ҳастем, мегӯем афғон ҳастем, покистонӣ ҳастем, эронӣ ҳастем, ироқӣ ҳастем ва ғайра.
Дар кишварҳои исломӣ миллигароӣ натавонист арзи андом кунад, зеро кишварҳои исломӣ дар замони истеъмор на сармоя доштанд ва на саноат, ду моддаи асосии миллигароӣ. Ваҷҳи муштарак, ки ислом буд ва Ғарб онро ба этносентризм ё қавмиятгароӣ табдил кард ва то имрӯз мо ба ҳол намеоем ва моро тикка-тикка сохт.
Миллигароӣ ва мазҳабгароӣ боиси ҷангҳои хунин дар Аврупо шуд, ки ҳатто сӣ сол давом кард. Ҷанги аввал ва дувуми ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани миллиюнҳо инсон шуд ва шояд ҷанги ҷаҳонии севум ҳам дар роҳ бошад.
Этносентризми қавмӣ, ки Ғарб моро ба ҷони ҳам андохт, роҳро барои нифоқу шиқоқ дар кишварҳои мо, ки ҳама мусулмон ҳастем, хуб боз кард. Мардуми Курдистон мехоҳанд, ки сарзамини худро дошта бошанд ва суннимазҳаб ҳастанд. Мардуми паштун мехоҳанд сарзамини худро дошта бошанд бо ин ки мусулмон ҳастанд ва дигар мардумони мусулмонро на мехоҳанд то дар қудрати сиёсӣ саҳим бошанд. Истеъмор чунон этносентризмро дар хуну рагашон тазриқ кардааст, ки кишварҳоро ғарқи ақибмондагиву таассуб ва табъиз карданд ва ҳама ба ҷон ҳам афтодаанд. Яке аз таҷзия сухан мегӯяд ва яке аз демократия сухан мегӯяд ва яке аз исломи ҳизбӣ сухан мегӯяд ва яке аз исломи ваҳҳобӣ сухан мегӯяд ва яке ҳар рӯз ҷаҳр мезанад, ки Алӣ бояд халифа мешуд ва шумо ҳар рӯз дар видеоҳо ин нифоқро мебинед.
Ин нифоқро миллигароии аврупоӣ зери унвони этносентризм доман зад, ки мо ба номи мазҳаб ва қавм ҳаргиз як миллат нашавем ва ин Аврупо буд, ки бо ҳамдастии хиёнати ваҳҳобӣ Туркияи Усмониро тикка-тикка карданд. Ин хиёнати англисҳо буд, ки Алӣ Ҷиноҳ хоини ҳиндиро заими Покистон сохтанд. Ин хиёнати Англис буд, ки қавми паштунро дар ду тарафи сарҳад, ки ҳама мусулмон ҳастанд, ду тикка кард. Ин хиёнати Ғарб буд, ки Покистонро аз баданаи Ҳинд ҷудо кард ва ҳазорон инсон ба номи ҳинду ва мусулмон ба хун ғалтид.
Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст мо аз сиёсатҳои Ғарб дифоъ мекунем. Мо на сармоя дорем ва на саноат ва инҳо ҳаргиз намхоҳанд, ки мо соҳиби сармоя шавем ва ё соҳиби саноат шавем, зеро дар он сурат мо ҳам соҳиби миллигароӣ ба ростӣ хоҳем шуд ва ин ҷост, ки қудратҳои истикбориву истеъморӣ ва истисморӣ зиндагиашон ба шумора хоҳад афтод.
Дар ислом на насионализм аст ва на этносентризм.