Нақши Михаил Горбачёв дар тасмимгирӣ барои хурӯҷи неруҳои маҳдуд аз Афғонистон
Манбаъ: Sputnik Афғонистон
САНГАР: Горбачёв як ҷосуси Ғарб буд, ки маъмурияти суқути Шӯравиро барояш супурда буданд. Ӯ ба подоши ин хизматаш ҷоизаи Нобел ва садҳо ҳазор доллар туҳфа гирифт. Аммо он чӣ дар Афғонистон кард, палидтарин коре буд, ки номи ӯро ҳамчун як дастнишонда, хойин ва аҳдшикан дар таърих сабти ном кардааст. Ӯ на фақат коммунистҳои Афғонистонро фурӯӯхт, балки аҳди ба Аҳмадшоҳ Масъуд бастаашро низ шикаст. Дар пайи ин хиёнат ҳудуди 600 мулкиву муҷоҳиди тоҷик аз қаламрави нуфузи Масъуд кушта шуданд.
Тасмими ниҳоӣ дар ин маврид барои аввалин бор ба дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби демократики халқи Афғонистон (PDPA) Бабрак Кормал дар октябри 1985 эълом шуд ва ӯ бо асабоният посух дод, ки дафъаи баъд Маскав маҷбур мешавад як миллион сарбоз ба Афғонистон фиристад, на сад ҳазор. Горбачёв ин қасдро дар гузорише дар Анҷумани XXVII Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ эълом кард.
Дар моҳи майи 1986, Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, Кормалро мутақоид сохт, ки аз қудрат канорагирӣ кунад ва Муҳаммад Наҷибуллоҳро, ки раҳбари қавитаре ба ҳисоб меомад, ҷойгузин намуд. Вазифа ин буд, ки Ҷумҳурии демократики Афғонистон (DRA)-ро тақвият кунад то худро дифоъ карда тавонад ва танҳо бо иттико ба таъмини силоҳ, сӯхт ва муҳиммоти Шӯравӣ бар по бошад. Дар ҳамон замон, сиёсатмадорони афғон ба лузуми тақсими қудрат бо опозисиони исломӣ, ки бо онҳо ҷангида буданд, мутақоид шуданд ва ҳатто пешниҳоди тарки сотсиалисм ва бозгашт ба арзишҳои мазҳабиро доданд.
Дар соли 1987, Горбачёв бо раисҷумҳури Иёлот Муттаҳида Рейган барои поён додан ба кӯмаки низомӣ ба мухолифони исломӣ ба тавофуқ расид. Дар апрели 1988, вузарои хориҷаи Афғонистон ва Покистон дар Женева тавофуқномаеро дар мавриди ҳаллу фасли муноқиша имзо карданд, ки зомини он Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико буд.
Хурӯҷи комили Гурӯҳи маҳдуди нерӯҳои Шӯравӣ (ОКСВА) аз Афғонистон аз таърихи 15/05/1988 то 15/02/1989 анҷом шуд. Дар тӯли кулли ҷанги Афғонистон, 15 ҳазору 051 сарбози Шӯравӣ кушта шуданд.
Михаил Горбачёв дар 23 то 26 январи 1989 иҷозаи иҷрои амалиёти “Тайфун”-ро дар вилоёти Парвон, Бағлон ва Қундуз содир кард ва фармондеҳии Шӯравиро маҷбур сохт, ки тавофуқот бо Аҳмадшоҳ Масъуд дар мавриди таълиқи амалиёти низомиро дар ҳоле, ки нерӯҳои Шӯравӣ ақибнишинӣ мекарданд, нақз кунад. Ин амалиёт ба сурати ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ҳавоии густурда сурат гирифт, ки хисороти сангине ба масъудиҳо ворид кард ва талафоти қобили таваҷҷуҳеро дар байни мардуми ғайринизомӣ ба думбол дошт.
Пас аз хурӯҷи Гурӯҳи маҳдуди нерӯҳои Шӯравӣ (ОКСВА), артиши Ҷумҳурии демократики Афғонистон тавонист чандин шикасти дарднокро ба мухолифон ворид кунад, аммо то соли 1991 танҳо 10% аз хоки кишварро таҳти контрол дошт. Дар 27 апрели 1992, Абдурашид Дӯстум, ки фармондеҳи ташкилоти нимамуназзами ӯзбекҳоро бар ӯҳда дошт, дар Кобул кудато кард ва роҳро барои мухолифони исломӣ ба пойтахт боз намуд.