Хабари рӯз

Он чӣ имрӯз дар Афғонистон мегузарад, асоси он 155 сол пеш дар рустои Девбанд гузошта шуд

Нависанда: Муродӣ

Рӯзи равшан шудани оташе, ки Афғонистонро сӯхт.

Саду панҷоҳу панҷ сол пеш, даҳуми ҷавзои 1246 хуршедӣ, ки бо 31 майи 1867 милодӣ баробарӣ мекард, Мавлоно Муҳаммадқосим Нонутавӣ ва руфақояш дар рустое ба номи Девбанд аз тавобеъи шаҳри Саҳаранпур дар 150-километрии шимолу шарқии Деҳлии Нав, даври ҳам ҷамъ шуданд ва “Дорулулуми Девбанд”-ро таъсис карданд. Ин, ки ангезаи онон аз ифтитоҳи ин  чӣ буд, коре надорем, вале ҳамин қадар медонем, ки он чи имрӯз дар Афғонистон мегузарад, асоси он 155 сол пеш дар рустои Девбанд гузошта шуд.

Рӯзе, ки Дорулулуми Девбанд оғоз ба кор кард, Афғонистон ба далели хонаҷангӣ байни фарзандони амир Дӯстмуҳаммадхон, бо мушкилоти мутааддиде рӯбарӯ буд, аммо як мушкилро, ки модари мушкилот аст, надошт. Ин мушкил ифротгароии динӣ аст, ки акнун Афғонистон бо он дучор шудааст ва реша дар мактаби девбандӣ дорад. Мактабе, ки дидгоҳҳо ва идеяҳои хашин, хушк, тунд ва ҷазмандешаш аз он таъсис то кунун, хуни садҳо ҳазор инсони бегуноҳро дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Ҳинд, Покистон ва Афғонистон ба замин рехтааст.

Моҷарои гирифтории Афғонистон ва балки минтақа дар шӯълаҳои оташи мактаби девбандӣ аз он ҷо оғоз шуд, ки 40 рӯз аз ҷудоии Покистону Ҳинд мегузашт. Таърих 23 сентябри соли 1947 – и милодӣ баробари 31 сунбулаи 1326 хуршедиро нишон медод, ки Мавлоно Абдулҳақ аз шогирдони мактаби девбандӣ бо ҳимояти генералҳои покистонӣ, Дорулулуми Ҳаққония, шӯъбаи покистонии мактаби девбандиро дар минтақаи Акура Хатаг дар аёлати Хайбар Паштунхвои Покистон ифтитоҳ кард (тасвири боло марбут ба ҳамин мадраса аст, ки чаҳор соли пеш гирифта шудааст).

Дорулулуми Ҳаққония аз он замон то кунун, то ҷое, ки маҳалли омӯзиши улуми динӣ бошад, ҳамвора ақабаи фикрии артиши Покистон дар ҷангҳои ниёбатии ин кишвар, монанди мунозиъаи Кашмир ва сипас ҷангҳои Афғонистон будааст. Дарвоқеъ, камтар ҷанге дар таърихи муосир дар кишварҳои исломӣ рух дода, ки дар он раддипойе аз шогирдони мадрасаи Дорулулуми Ҳаққония дида нашавад.

Бо таваҷҷуҳ ба мӯҳтаво ва равиши омӯзиш дар ин ҳавза ва ҳамчунин савобиқи Толибони он, ба мадраса Дорулулуми Ҳаққонӣ, лақаби “донишгоҳи ҷангу ҷиҳод” додаанд. Ба ҳамин хотир, «Шабакаи Ҳаққонӣ” , ки шохаи низомии Дорулулуми Ҳаққония аст, ба унвони яке аз хатарноктарин ва ботаҷрибатарин гурӯҳҳои ҷангӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад. Тибқи гуфтаи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари феълии ин шабака, танҳо вай 1050 омили интиҳориро дар ҷанги ду даҳаи ахир дар Афғонистон ба кор гирифт.

Робитаи Шабакаи Ҳаққонӣ бо Дорулулуми Ҳаққония чунон ошкор ва аланӣ аст, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ аз фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ ва бунёнгузори Шабакаи Ҳаққонӣ, пасванди худро аз мадрасаи Ҳаққонӣ гирифта ва дар ҳоли ҳозир низ бисёре аз аъзои Толибон бо доштани пасванди Ҳаққонӣ, ба робита бо Дорулулуми Ҳаққонӣ ифтихор мекунанд. Тибқи эътирофи ахири Мавлоно Юсуфшоҳ, сухангӯи мадрасаи Дорулулуми Ҳаққонӣ, дар ҳоли ҳозир ҳадди ақал ҳашт узви кобинаи Толибон аз аъзои мадрасаи Ҳаққония ҳастанд, ҳамон мадрасае, ки шӯъбаи покистонии мактаби девбандӣ аст.

 Хулосаи калом ин, ки имрӯз, солрӯзи равшан шудани оташе дар минтақаи девбанд аст, ки баъдан ба манотиқи қабоилии Покистон кашида шуд ва саранҷом шӯълаҳои он домони Афғонистонро ҳам фаро гирифт ва ин кишварро сӯзонд ва ҳасту нести миллаташро ба бод дод.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!