Тазъифи нуфузи Пекин бар Кобул ба нафъи ҷиҳодиҳои уйғур ва Амрико аст.
Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори хоси “Независимая газета”
ДАР АКС: Бархе манобеъ ин шахсро, ки дар самти чапи Ҳоҷӣ Иброҳим Ҳаққонӣ нишастааст, Ли Ҷу Дунг, масъули бахши истихбороти Чин дар умури Афғонистон муаррифӣ карданд. Аммо дақиқ нест, ки ӯ дар асл кист.
Чин як “омили нуфуз”-и бисёр муҳиммро дар Афғонистон аз даст дод. Қатли Ҳоҷӣ Халилурраҳмон Ҳаққонӣ дар Кобул, ки ҳудуди ду ҳафта пеш иттифоқ афтод, мавзеъи Пекинро дар иморати исломии таҳти контроли Толибон (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) – ро шадидан заиф хоҳад кард. Дар остонаи фаъолшавии мунтазираи Амрико дар Афғонистон ва дар кул минтақа, аз дасти Чин рафтани бархе мавқеиятҳо дар бозии Афғонистон метавонад таҳдидоти амниятиро барои Пекин ташдид кунад.
Ҳоҷӣ Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба таърихи 11 декабр дар Кобул кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо “Вилояти Хуросон” (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия), як шохаи афғонии Давлати исломӣ (ДОИШ, як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) ба ӯҳда гирифт. Бо ин ҳол, интиҳории ДОИШ фақат омили ин қатл буд, ки ба ҳар ҳол гумном монд: дар гузориши расонаҳое аз “Вилояти Хуросон”, номи террористе, ки амаки Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи қудратманди Толибонро ба қатл расондааст, бар хилофи шеваҳои қаблӣ фош нашудааст. Дар акси расмии Давлати исломӣ, омили ҳамлаи террористии ёздаҳуми декабр чеҳраи худро комилан пӯшондааст, ки ин низ комилан суолангез аст ва бо суннати ҷиҳодӣ мутобиқат надорад: интиҳорӣ ба ҳар ҳол мурдааст, аз чӣ касе бояд битарсад?
Ҳамаи инҳо заминаро барои коршиносони босалоҳияти афғон аз миёни афсарони аршади истихборотии режими ҷумҳурӣ фароҳам кард то иддао кунанд, ки ба эҳтимоли зиёд "Вилояти Хуросон" ё фақат дастури ҷониби дигареро барои қатли Халилурраҳмон Ҳаққонӣ иҷро кардааст, ё ба содагӣ мувофиқат кардааст, ки ҷурми шахси дигареро барои як подоши муайян ба гардан бигирад.
Он чӣ манобеъи огоҳи афғон ҳам аз тарафи Толибон ва ҳам аз тарафи мухолифонашон сараш иттифоқи назар доранд, ин аст, ки чаро дақиқан вазири умури муҳоҷирини ҳукумат Толибон кушта шудааст. Ва ин ҷо "изи чиноӣ" возеҳан қобили дид аст.
Воқеият ин аст, ки Ҳоҷӣ Халилурраҳмон Ҳаққонӣ бо истихбороти вазорати амнияти давлати Ҷумҳурии халқи Чин муддатҳо ва мусмир ҳамкорӣ доштааст. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ аз авзоъ, мавзӯъи мушорикати онҳо гурӯҳҳои ҷиҳодии уйғур буд, ки тавассути муҳоҷирин аз минтақаи худмухтори Шинҷони Ӯйғури Чин эҷод шуда ва дар қаламрави Толибони Афғонистон мустақаранд. Пекин беҳуда шабҳи низомиёни уйғурро таҳдиде барои амният худ намедонад. Аз ин рӯ, аз солҳои мутамодӣ ба ин тараф, сервисҳои истихбороти Чин натанҳо дар мавриди гурӯҳҳои мусаллаҳи уйғурҳо дар Афғонистон маълумот ҷамъоварӣ мекунанд, балки алайҳи "мушкилтарин аносир"-и он низ иқдомоти қавӣ анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи манобеъи мӯътабар, Ҳоҷӣ Халилурраҳмон Ҳаққонӣ ба таври муназзам ва бо музди хуб, иттилооти марбут ба ҷиҳодиҳои уйғур ва хонаводаҳои ононро дар ихтиёри созмонҳои истихборотии Чин қарор медод. Барои ин кор ӯ аз қобилиятҳои идории вазорати худ истифода мекард, ки дар канори мавориди дигар бо сабти шахсии муҳоҷирони кишварҳои дигар дар иморати Толибон, аз ҷумла уйғурҳои Чин сарукор дорад. Ба лутфи ин, истихбороти Чин дар мавриди ашхоси мушаххаси дахил, кормандони сиёсӣ ва фармондеҳони "ҷиҳоди уйғур", ки эҳсосот ва планҳои зиддичинии худро пинҳон намекарданд, ҳама чизро ҳам набошад, аммо чизҳои зиёдеро медонист.
Илова бар ин, ба гуфтаи манобеъи афғонӣ, Ҳоҷӣ Халилурраҳмон Ҳаққонӣ на танҳо Пекинро бо маълумот таъмин мекард, балки амалиётҳои зарифи ҳадафмандро барои аз байн бурдани манфуртарин ва хатарноктарин ҷиҳодиҳои уйғур дар бадали як ҳаққузаҳмаи изофӣ анҷом медод. Ба таври хос, яке аз ин амалиётҳо дар ҳамон оғози моҳи ноябр дар ҳумаи шаҳри Кобул сурат гирифт, ки яке аз фармондеҳони ҷангии ӯйғурро ашхоси номаълум аз миён бурданд. Андаке пас аз он, ҷиҳодиҳои уйғур ҳамлаи талофиҷӯёнаеро дар вилояти Хатлони Тоҷикистон анҷом доданд, ки дар натиҷа чандин шаҳрванд чиние, ки дар як маъдани тило кор мекарданд, куштаву захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ ахиран як шӯҳрати нафратангезе ба унвони як омили нуфузии бисёр хатарноки чиноӣ касб карда буд ва ҳадафмандона алайҳи "мҷоҳдин" уйғур кор мекард: "Ин шӯҳрат шурӯъ ба эҷоди осеб задан ба шӯҳрати бародарзодаи ӯ, вазири дохилаи Толибон Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва дар умум тамоми раҳбарии Толибон, аз ҷумла "гуруҳи Қандаҳор" ба раҳбарии амир Ҳайбатуллоҳ Охундзода кард. Дар ниҳоят ҳирс ва вобастагии беш аз ҳадди вазири муҳоҷирати Толибон ба дӯстони чинӣ ва ҳаққуззаҳмаи онҳо мунҷар ба марги ӯ шуд.”
Бо таваҷҷуҳ ба теъдоди зиёди гурӯҳҳои уйғур дар Афғонистон (ба гуфтаи намояндагони Толибон, ҳамроҳ бо аъзои хонавода аз 300 ҳазор нафар таҷовуз мекард), пархошгарии онҳо, таҳдиди убур аз контроли Толибон ва муттаҳидашон Алқоида (як созмон террористи мамнуъ дар Федератсияи Русия) таҳти парчами ДОИШ, ҳазфи Халилурраҳмон Ҳаққонӣ иҷтинобнопазир буд. Илова бар ин, андаке пеш аз маргаш, марҳум шурӯъ ба тадвини тарҳе барои эҷоди навъе “урдугоҳи хос” дар қаламрави Афғонистон кард, ки қасд дошт барои "тасфия"-и бонуфузтарин ва ҷоҳталабтарин фармондеҳон ва кормандони сиёсии ҷиҳоди уйғурро бо хонаводҳишон ускони муҷаддад кунад. Баъд чӣ иттифоқе барои ин мардум дар ин "урдугоҳи кори иҷборӣ" иттифоқ меафтад, фақат метавон ҳадс зад. Манобеъи афғон мӯътақиданд, ки ба унвони мисол метавонист дар ҷараёни ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини номаълум аз ҳаво нобуд шавад.
Бо ин ҳол, ин барномаҳо муқаддар набуд, ки таҳаққуқ ёбад: як муҳоҷими интиҳории ДОИШ фаъолиятҳои хушунатомези Халилурраҳмон Ҳаққонӣро мутаваққиф ва истихбороти Чинро аз як шарики бисёр арзишманд дар раҳбарии режими Толибон дар Афғонистон маҳрум кард.
Албатта, тазъифи мавозеъи Пекин дар Афғонистон натанҳо ба нафъи "муҷоҳидин"-и уйғур хоҳад буд, балки ба нафъи Иёлоти Муттаҳида низ хоҳад буд: дар соли ҷадиди 2025, интизор меравад, ки фаъолияти Вашингтон дар ҷиҳати Афғонистон афзоиш ёбад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки созмонҳои истихборотии Амрико алоқамандии қобили мулоҳизае ба кор бо фаъолони уйғур дар саросари ҷаҳон нишон додаанд, ин имкон вуҷуд дорад, ки онҳо барои барқарории ҳамкорӣ бо онон дар Афғонистон талош кунанд. Бо тамоми паёмадҳое, ки Чинро дар пайи он интизор аст.