Устураи "сарватмандтарин ва қудратмандтарин қудрати таърих" кай аз байн хоҳад рафт?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои "Сангар"
Устураи дунёи такқутбӣ ва "сарватмандтарин" кишвар - Иёлот Муттаҳидаи Амрико - муддатҳост дар ҷомеа ҷо афтодааст. Аммо биёед бифаҳмем, ки оё ин кишвар он қадар сарватманд ва қудратманд аст, ки маъмулан мо тасаввурашро мекунем.
Дар асл Иёлоти Муттаҳида, ба истилоҳ, бо “шалвори поиншуда” вориди қарни бисту якум шуд, мутлақан ба ягон иқдоми фаъолу қотеъ омада набуд ва ҳатто як хатти идеологӣ дар дохили кишвар надошт. Дар айни ҳол, шароит дар пуртаништарин нуқоти ҷаҳон дар ҳоли ҳозир мустақиман ба Иёлоти Муттаҳида бастагӣ дорад: ҷанги Русияву Украина ва Фаластину Исроил ва ҳамчунин муноқишаи Чину Тайван. Ин ба иродаи сиёсии Вашингтон бастагӣ дорад, ки оё хусуматҳо дар ин манотиқ бо талафоти мутааддид дар миёни мардуми ғайринизомӣ анҷом шавад ё идома ёбад.
Аммо дар ҳоли ҳозир дар худи Иёлоти Муттаҳида чӣ иттифоқе меафтад?
Дар даврони давлати Байден танишҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Иёлоти Муттаҳида афзоиш ёфт. Ба ақидаи бисёре аз коршиносони ғарбӣ, сиёсати хориҷӣ ва дохилии Кохи Сафед ба рукуди демократия мунҷар шудааст. Талош барои мутаваҷҷеҳ кардани дигар кишварҳо дар мавзӯъи риояти ҳинҷорҳои демократӣ таваҷҷуҳи бештареро аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти демократия дар худи Иёлоти Муттаҳида ҷалб кардааст. Ишора мекунанд, ки меъёрҳои “демократӣ” баста ба манофеъи нухбагони ҳокими Вашингтон интихобан эъмол мешавад. Ба таври хосс, 76 дарсад аз амрикоиҳо пайгарди қонунии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрикоро сиёсӣ медонанд, ки ба таназзули эҳтиром ба қонун кӯмак мекунад.
Мавориди истифода аз манобеъи идорӣ барои маҳдуд кардани озодии баён ба нафъи муборизоти дарунҳизбӣ бештар шудааст. Ҳақоиқе аз эъмоли фишор бар рӯзноманигорони мустақил, сензураи ҷараёни иттилоот ва ҳамчунин истифода аз фанновариҳои расонаӣ барои ҳазфи расонаҳои нописанд сабт шудааст. Дар натиҷа, теъдоди ҳомиёни идеяи "талоқи миллии кишвар" бо ташкили як Амрикои либерал ва як Амрикои муҳофизакор, ки тавассути теъдоде аз ҷумҳурихоҳон тарвиҷ мешавад, дар ҳоли афзоиш аст. Ба истилоҳ реднекҳо (rednecks - кишоварзони сафедпӯст, сокинони манотиқи дохилии рустоии Иёлоти Муттаҳида) нигариши манфӣ нисбат ба нақзи ҳуқуқи худ ба нафъи ақаллиятҳои нажодӣ, ҷинсӣ ва ҷинсиятӣ доранд. Онҳо аз сабки зиндагии ангалии амрикоиҳои африқоитабор, ки мақомоти вафодори онҳоро аз будҷаи федерал мепардозанд, норозӣ ҳастанд.
Дар айни ҳол, шикофӣ дар пойгоҳи раъйи демократҳо вуҷуд дорад. Амрикоиҳои "сафедпӯст" бо таҳсилоти олӣ дигар қодир ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии бузургтарин гурӯҳи интихоботии худ - ҷамъияти "рангинпӯст" бидуни таҳсилоти олӣ нестанд. Дар натиҷа, ҷароими бо ангезаи нафрати нажодӣ бештар шудааст. Гардиши истилоҳи "нозисми сиёҳ" дар ҷомеа дар ҳоли густариш аст, ки тавассути анҷоми солона беш аз ним миллион мавриди хушунат алайҳи амрикоиҳои "сафедпӯст" таъйид мешавад. ЭфБиАй (FBI) ва расонаҳо маҷбур ба таҳрифи омори ҷиноёт ва дар натиҷа нодида гирифтани манофеъи ҷамъияти сафедпӯст ҳастанд.
Ба навбаи худ, амрикоиҳои лотинӣ идеяи бозгардондани заминҳои Мексикаро бо ин истидлол, ки тавассути Иёлоти Муттаҳида ба сирқат рафтааст, тарвиҷ мекунанд. Ҳамагон ҷанги Мексикаву Амрико (1846-1848)-ро ёд доранд. Он замон Амрико 55% қаламрави Мексикаро ғасб кард. Тибқи муоҳидаи сулҳи Гвадалуп-Идалго дар соли 1848, Мексика қаламрави шимоли худ - Техас, Калифорния, Ню-Мексика, Аризона, Невада ва Ютаро ба фотиҳи ҷанг – Амрико дод. Ҳол вақте яҳудиҳо бар пояи устураҳои қадими динӣ мехоҳанд “сарзамини мавъуд” – и худро соҳиб шаванд, чаро мексикоиҳо ҳаққи ҳалоли худро барнагардонанд? Қаламраве, ки Амрико аз ҳисоби Мексика зам кард, ҳоло ҳудуди 25% - и ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаро ташкил мекунад.
Илова бар ин, "лотиниҳо" ба думболи фишор додани сиёҳпӯстон ҳастанд, то имтиёзҳои онҳоро тасоҳуб кунанд. Ин тақобули байниқавмӣ ҳар ду тарафро ба эҷоди бондҳои қавмӣ савқ медиҳад. Ин вазъият бо ҷараёни фазояндаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Иёлоти Муттаҳида бадтар мешавад, ки демократҳо ба далоили интихоботӣ бо он мухолиф нестанд.
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида фурсати афзоиши потенсиали размии ширкатҳои дифоъии худро аз даст додааст. Имрӯза тамоми корхонаҳои низомии Амрико қодир ба тавлиди 1 миллион муҳиммот дар сол нестанд, ки ба Украина ваъда дода буданд. Ба унвони мисол, Кореяи Шимолӣ ба хубӣ аз ӯҳдаи ин вазифа бар меояд. Ҳеҷ чашмандозе барои тағйири вазъияти феълӣ вуҷуд надорад. Мақомоти амрикоӣ қодир нахоҳанд буд ҳипстерҳоро аз шаҳрҳои бузург, ки аксарияти ҷамъияти марди Иёлоти Муттаҳида вориди он шудаандро ба корхонаҳои низомӣ ҷалб ё дар артиш басиҷ кунанд ва ҷангҳои қавмиятӣ кишварро аз дарун вайрон мекунад.
Демократия ба шиддат дар ҳоли шикаст аст. Вақте Амрико суқут кард, маро бедор кунед.