Хабари рӯз

Доктринаи пинҳони НАТО дар бозии Толибону Покистон

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар фазои кунунии амнияти байниалмилал, минтақаи ҷанубу марказии Осиё ба озмоишгоҳе аз муҳандисии сиёсиву амниятии ғарбӣ бадал шудааст, озмоишгоҳе, ки дар он, Амрико бо истифода аз муттаҳидони бумию минтақаиаш – бавижа Покистону Туркия – пружаи чандлояиро зери номи “ҷангу сулҳ” миёни Толибону Исломобод мудирият мекунад. Дар зоҳир, ин раванд талош барои маҳори хушунат, таъмини субот ва гуфтугӯ бо нерӯҳои шибҳинизомӣ ҷилва мекунад, аммо дар ботин, бахше аз як доктринаи васеътар аст, ки метавон онро “нозизми осиёӣ” номид: шакле аз бозтавлиди идеологияҳои нажодгарову инҳисорталаб дар қолаби дин, қавмияту ҷуғрофиё барои таҳкими гегемонияи Ғарб дар минтақа.

Покистон бидуни чароғи сабзи Вашингтон, ҳатто қодир ба ҳаракати тактикӣ дар марзҳои худ нест. Сохтори истихборотиву низомии он, бозуи иҷроии Амрико дар ҷануби Осиё аст. Толибон низ бо ҳидояти ғайримустақими Амрико мудирият мешавад. Унсури Ҳаққониву шабакаи махуфи он, намунаи боризи ин мудирияти таркибианд. Шабакае, ки аз дили созмони CIA ва ISI пуштибонии молии арабӣ сар бароварду имрӯз ба унвони бозуи амниятии НАТО дар марзҳои Чин, Русияву Эрон амал мекунад.

Дар ин миён, гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) нақши калидӣ дорад. Ин гурӯҳ на душмани воқеии Исломобод аст ва на таҳдиди мустақили амниятӣ барои Кобул, балки “унсури музоҳими амниятии тарроҳишуда” аст, то баҳонае барои эҷоди бесуботии контролшуда дар минтақа фароҳам кунад. Ин модел, аз доктринаи “мудирияти буҳрон аз роҳи дур“ пайравӣ мекунад. Ҳамон мантиқе, ки Вашингтон пас аз “ҷанги сард” барои ҳифзи ҳузури худ дар манотиқи буҳронӣ ибдоъ кард. Эҷоди буҳронҳои мавзеъӣ, ҳифзи оташ дар сатҳи поин ва ҷилавгирӣ аз зуҳури ҳар гуна назми бумӣ.

Дар муомилаи ахири Толибону Покистон, ки бо ҳамоҳангии Иёлоти Муттаҳидаву назорати Қатар сурат гирифт, ҳадафи воқеӣ на сулҳ, балки бозозмоии зарфияти тахрибии Толибон, санҷиши тавони амалиётии онону бозтаърифи нақшаи ҷадиди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Ин таъомулоти низомиву истихборотӣ, марз миёни ҷангу сулҳро амдан маҳв кард, то ҳам Толибон ба расмият шинохта шавад, ҳам мошини амниятии НАТО дар қолаби давлатҳои дастнишондаву гурӯҳҳои ниёбатӣ бозсозӣ гардад.

Нақши Туркия дар ин сенария барҷаста аст. Анқара бо ваъдаи саҳм дар бозсозии ҷуғрофиёи нуфуз вориди майдони Афғонистону Осиёи Марказӣ шудааст. Пружаи пантуркизм, ки замоне руёи фарҳангӣ буд, анкун ба пружаи амниятӣ табдил шудааст. Густариши нуфуз аз Анталия то Қафқоз, Осиёи Миёнаву шимоли Афғонистон барои эҷоди камарбанди эҳтиётӣ перомуни ҳавзаи Ҳартланд. Ин меҳвари туркӣ – покистонӣ бо пуштибонии Амрико, маъмурият дорад, то камарбанди шарқии тамаддуни Авруосиёро муҳосира кунад ва аз нуфузи тамаддуни чинӣ, эрониву русӣ ҷилавгирӣ намояд.

Дар ин чорчӯб, Толибону муттаҳидонашон ба абзори иҷроии доктринаи ҷадиди НАТО дар Осиё табдил шудаанд.

Доктринаи нави “нозизми осиёӣ”. Ин доктрина бар се муаллифа устувор аст:

1 - Ифротгароии ақидатӣ ба унвони абзори басиҷи тӯдаҳо;

2 - Қавмгароии сиёсӣ барои эҷоди марзҳои маснӯъиву мунозиъоти дохилӣ;

3 - Бартарии нажодиву ҳувиятӣ барои машрӯъсозӣ султаи ниёбатӣ.

Ба ҳамин далел, толибони имрӯзӣ ҳамон нақшеро бозӣ мекунанд, ки нозиҳои аврупоӣ дар даҳаи 1930 бар уҳда доштанд: маҳори норизоятии умумӣ аз тариқи идеологияи хушунат. Онон дар қолаби режими паштунӣ, бо ҳимояти мустақими Покистону чароғи сабзи Вашингтон, дар ҳоли иҷрои мантиқи “нажоди бартари исломӣ” ҳастанд. Дар зоҳир шиори динӣ медиҳанд, аммо дар амал абзори иҷрои геополитикии НАТО дар баробари Шарқанд.

Модели нави нозизми осиёӣ дар Афғонистон бо модели нави нозизми аврупоӣ дар Украин мушобеҳ аст. Ҳамон гуна, ки Вашингтон дар Аврупо ҷараёнҳои рости ифротӣ ва нерӯҳои шибҳинизомии украиниро ба номи демократия таҷҳиз мекунад, дар Осиё низ Толибону гурӯҳҳои паштунмеҳварро ба номи ислому муқовимат тағзия мекунад. Дар ҳар ду ҷабҳа, ҳадаф яксон аст: маҳори қудрати Шарқ, тазъифи Чину Русия ва муҳосираи Ҳартланди авруосиёӣ аз тариқи Римланди бесубот.

Шарқ, бавижа Русия, Чину Эрон, бо огоҳӣ аз ин муҳандисии печида, ҳанӯз даргири авлавиятҳои дигаранд. Ин диранг фурсатро барои Амрико фароҳам карда, то аз шикофҳои қавмиву ақидатӣ дар Афғонистон баҳрабардорӣ кунад. Туркия, бо истифода аз мафҳуми “тамаддуни турк” ва Покистон бо абзори “паштунизм”, дарвоқеъ пружаҳои мукаммали як ҷанги ниёбатиро иҷро мекунанд. Ҷанге, ки ҳадафаш тазъифи тамаддуни форсӣ, тахриби зерсохтҳои фарҳангии тоҷикҳову эҷоди як камарбанди ифротгароӣ дар ҳошияи шимолии Афғонистон аст .

Ҷуғрофиёи тамаддунии форсӣ, ки замоне пуле миёни шарқу ғарби Осиё буд, акнун ба бистари муҳандисии ифротгароӣ бадал шудааст. Минтақаи тоҷикнишин, ки рӯзгоре конуни таъодулу хиради сиёсӣ дар ҷаҳони Хуросон буд, имрӯз ба озмоишгоҳи теорияҳои амниятии НАТО-ву майдони озмуни пантуркизму паштунизм табдил шудааст. Ин дигаргунӣ танҳо ҷуғрофиёро на, балки равоншиносии сиёсии минтақаро ҳадаф гирифтааст.

Он чӣ акнун дар Афғонистон ҷараён дорад, сирфан буҳрони давлат ё идеология нест, балки таҷассуми майдонии бархӯрди ду доктринаи бузург аст: “доктринаи нави нозизми НАТО-ӣ“ дар баробари “доктринаи тамаддунии авруосиёӣ“. Амрико бо зоҳире аз гуфтугӯ, демократияву тавсеа, дар ҳоли сохтани камарбанди ошӯб аст. Толибону ТТП абзорҳои ин ошӯбанд, Туркияву Покистон бозигарони миёни парда ва НАТО коргардони пушти саҳна.

Дар натиҷа, ояндаи минтақа на бо гуфтугӯҳои Давҳа ва нишастҳои зоҳирии сулҳ, балки бо тағйири тавозуни қудрат миёни ин ду доктрина таъйин хоҳад шуд. Агар Шарқ натавонад дар баробари нусхаи осиёии нозизми НАТО, модели бумии амнияти тамаддунии худро бисозад, ҷуғрофиёи Хуросон барои даҳаҳо ба майдони сӯзондани орзуҳои тамаддунӣ бадал хоҳад шуд.

Дар ин миён нақши тоҷик бо ҷуғрофиёи ҳассосаш, нақши бисёр ҳоизи аҳамият аст. Геополитикаи тоҷик дар ниҳоят достони миллатест, ки миёни ду санги осиёби қудратҳои ҷаҳонӣ истода, аммо ҳанӯз метавонад осиёбро ба нафъи худ бичархонад. Ин геополитика илм нест — имон аст: имон ба ин ки ҳувият, агар ба огоҳӣ бадал шавад, метавонад аз ҷуғрофиё қудрат бисозад.

Тоҷикҳо бояд бифаҳманд куҷои нақшаи дунё истодаанд, чаро дигарон бар сари сарзаминашон меҷанганд ва ёд бигиранд, ки чӣ гуна метавонанд худ тарроҳи ин нақша бошанд, ки аз тавони фарҳангӣ, ҷуғрофиёи ҳассос ва тавони билқувва барои тавлиди ривояти бумиву мустақил, барои эҷоди занҷирае аз ҳамгароӣ бо қудратҳои осиёӣ баҳрае бибаранд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!