Хабари рӯз

Чаро Афғонистон дигарбора ба конуне аз мунозеъа табдил хоҳад шуд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Дар дунёи кунунӣ, бештари мунозиот, алорағми рухдодҳои низомӣ ва бистарҳои дипломатии онҳо, дар чаҳорчӯби манофеи иқтисодӣ ва санҷишҳои геополитикӣ қобили тафсиранд. Ин тафсирҳои мутафовит ва гоҳ мутазоди геополитикӣ, дар қолаби назарияҳои геополитикӣ, рамзгушоӣ шуда ва маъно меёбанд.

Агар ҷаҳонро ба ду бахши калон тақсим кунем, нахуст бо Ҳартленд ё “қалби замин” рӯбарӯ мешавем; ҳавзае шомили Русия ва Осиёи Марказӣ, ки саршор аз манобеъ аст, аммо дастрасии мустақим ва муассир ба обҳои озод надорад. Ин сарзамини муҳот ба хушкӣ, дар як чархиши таърихӣ, борҳо истиҳолаҳои сиёсиро таҷриба кардааст.

Дар муқобил, Римленд ё “сарзаминҳои ҳошия” қарор дорад; кишварҳо ва савоҳиле, ки ба обҳои озод муттасиланд ва контроли бахши бузурге аз тиҷорати ҷаҳониро дар ихтиёр доранд ва ба гунаи қобили таваҷҷӯҳ, Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳавзаҳо нуфуз ва тасаллут дорад.

Дар ин миён, хатти геополитикии дигаре таҳти унвони Кроссланд дар ҳоли шаклгирӣ аст; мафҳуме, ки ба масобаи нуқтаи тақотуъ миёни Ҳартленд ва Римленд амал карда ва метавонад ба масири тозае аз ҳамкорӣ ё тақобул бадал шавад.

Иёлоти Муттаҳида дар ҳамин чаҳорчӯб талош дорад то перомуни Русия ва Чин навъе “девор”-и геополитикӣ эҷод кунад то ин ду қудрат натавонанд ба роҳатӣ танаффус карда ва ба қудрате биламоназеъ табдил шаванд.

Дар ин таҳлил, ҳатто танишҳо ва даргириҳои муртабит бо Эрон низ дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст. Эрон, дар ин нигоҳ, ба масобаи як девор ё гулӯгоҳ амал мекунад, ки метавонад масири иртиботӣ миёни Ҳартленд ва дастрасӣ ба обҳои озодро масдуд ё тасҳил кунад.

Агар Эрон дар тақобул бо Амрико шикаст бихӯрад, пружаи муҳосираи Ҳартленд вориди марҳалае ҷиддитар хоҳад шуд. Дар муқобил, агар муқовимат кунад, ин девор дучори шикоф шуда ва Русия ва Чин фурсат хоҳанд ёфт то нақши фаъолтаре дар муодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ифо кунанд; ба гунае ки Русия битавонад ба обҳои гарм дастрасӣ пайдо кунад ва Чин низ манобеи энержии худро бо суҳулати бештаре таъмин намояд.

Дар сурате ки Иёлоти Муттаҳида битавонад Эронро таҳти контрол дароварад, ҳалқаи муҳосираи Чин ва Русия такмил шуда ва ин ду қудрат дар маҳдудияти хушкии ҳартлендӣ маҳсур хоҳанд шуд; вазъияте, ки метавонад калиди қудрати ҷаҳониро бори дигар дар ихтиёри Амрико қарор диҳад.

Дар бистари ин рақобати фишурда миёни қудратҳои бузург, тарҳҳое дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки ба таври мустақим бо ҷуғрофиёи Афғонистон пайванд мехӯранд. Вокуниши кишварҳои минтақа ба ин вазъиятро метавон дар қолаби парадигмаи “минтақагароӣ дар баробари глобализм” таҳлил кард. Дар ин чаҳорчӯб, ду тарҳи умда перомуни Афғонистон дар ҳоли таквин аст.

Нахуст, тарҳи Осиёи Марказӣ ба ҳамроҳи ҳавзаи Қафқози Ҷанубӣ ва Шимолӣ, ки таҳти роҳбурди авруосиёгароии Русия ва дар имтидоди доктринаи калони ин кишвар дар ҳоли такмил аст. Ин тарҳ вокунише ба бесуботии музмин, нопойдории сиёсӣ ва улгӯҳои мудохилагароёнаи Ғарб дар камарбанди ҳартлендӣ маҳсуб мешавад.

Русия ва кишварҳои минтақа, дар баробари ин вазъият, бо навъе танзимгарии бӯҳрон ва эҷоди танишҳои мудириятшуда мувоҷеҳанд; раванде, ки радди пои он ба нақшофаринии Амрико, Исроил, Британия ва бархе кишварҳои арабӣ дар қолаби Паймони Иброҳим низ мерасад.

Ҳадафи ниҳоии ин тарҳҳо, контрол бар ҳавзаи нуфузи суннатии Русия, эҷоди ихтилол дар сохторҳои амниятии бумии минтақа ва фароҳамсозии заминаи дастрасии Амрико ба ин ҳавзаҳо, ва дар ниҳоят такмили ҳалқаи муҳосираи Чин аст. Дар муқобил, камарбанди авруосиёӣ ба унвони як нерӯи муқовим, дар баробари ин раванд истода ва талош дорад тавозуни ҷадидеро дар минтақа эҷод кунад. Пас аз бӯҳронҳои Ховари Миёна, ин рӯйкард дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо ҷиддияти бештаре дунбол мешавад.

Тарҳи дувум ба меҳвари кишварҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Покистон ва ҳатто эҳтимолан Эрон марбут мешавад; маҷмуае, ки дар вокуниш ба тарҳҳое чун “Исроили бузург” ва “Ҳинди бузург” ва дар тақобул бо назмҳои зиддиминтақаӣ, ба дунболи шаклдеҳии навъе ҳамгароии амниятӣ дар қолаби “НАТО-и исломӣ” аст.

Бо ин ҳол, ин тарҳ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст; аз ҷумла набуди сохтори ҳамоҳанги амниятӣ, мухолифати қудратҳое чун Амрико, Исроил ва Ҳинд, фуқдони пайвастагии ҷуғрофиёӣ, густардагии ҷуғрофиё ҳамроҳ бо таҳдидоти амниятӣ, паёмадҳои ҷанги эҳтимолии Эрон ва Амрико ва тазодҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва идеологӣ, ки раванди шаклгирии чунин назмеро бо истикокҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад.

Дар як арзёбии калон, бӯҳрони ношӣ аз тақобули эҳтимолии Эрон ва Амрико метавонад тавони боздорандагии минтақаро ба шиддат тазъиф карда ва ҷойгузинии он бо як назми амниятии ҷадидро ба амре печида ва душвор табдил кунад.

Ҷойгоҳи Эрон дар ин миён, ба унвони бахше аз як фароянди шаклгирии сохтори геополитикии минтақаӣ, ба ду омили калидӣ вобаста аст: нахуст, ин ки оё сохтори сиёсии кунунии Эрон қодир ба бақо дар баробари роҳбурдҳои ҷадиди Амрико хоҳад буд ё ин ки дучори дигаргунии сохторӣ шуда ва вориди марҳалае аз бесуботӣ ва саргардонӣ хоҳад шуд. Дувум, дар сурати ҳифзи сохтори феълӣ, Эрон ба сӯи кадом манзумаи геополитикӣ гароиш хоҳад ёфт; блоки авруосиёӣ ё эътилофи мавсум ба НАТО-и исломӣ. Ин дар ҳоле аст ки Чин низ мумкин аст аз чунин ҳамгароиҳо ҳимоят кунад, зеро манофеи роҳбурдӣ, иқтисодӣ ва амниятии он дар чаҳорчӯби чунин эътилофҳо беҳтар таъмин мешавад.

Дар ин миён, Афғонистон ҳамчунон дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад. Кишваре, ки таҳти контроли як гурӯҳи хос қарор дорад, аз машрӯъияти миллӣ ва байналмилалии кофӣ бархӯрдор нест ва ба унвони як омили билқувва таҳдидзо, метавонад заминасози истикокҳои бештар миёни қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ шавад.

Афғонистон дар вазъияти кунунӣ, дар зумраи давлатҳои ҳоили фоқиди инсичом ва шумулият дар сохторҳои амниятӣ ва геополитикӣ қарор гирифтааст; на бахше аз як камарбанди амниятии минтақаӣ аст ва на узве аз эътилофҳои дар ҳоли шаклгирӣ.

Аз ин рӯ, нигоҳи қудратҳои ҳамсоя, минтақаӣ ва фароминтақаӣ ба Афғонистон, ниёзманди тафсир дар як чаҳорчӯби калонтар геополитикӣ аст. Агар ин кишвар хориҷ аз ин тарҳҳо боқӣ бимонад, эҳтимоли фурӯ рафтан дар як бӯҳрони амиқтари амниятӣ ва геополитикӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоле ки бозигарони ғайри бумӣ ҳамвора Афғонистонро ба унвони майдони рақобат ва таъмини манофеи худ талаққӣ кардаанд, таҳаввулоти ҷадид метавонад ду масири мутафовитро пеши рӯи ин кишвар қарор диҳад: ё табдил шудан ба конуне аз мунозиъа ва як ботлоқи амниятӣ, ки дар он равандҳои мутазод ба сурати мутақобил амал мекунанд, ё ҳаракат ба сӯи ҳамгароии минтақаӣ, ки метавонад заминасози беҳбуди амният, тавсеаи иқтисодӣ ва шаклгирии низомҳои сиёсии босуботтар шавад.

Бо ин ҳол, тафовут дар аҳдофи бозигарон, тазод дар рӯйкардҳо ва тақобул миёни сатҳи минтақаӣ ва фароминтақаӣ, печидагии вазъиятро дучандон кардааст. Бӯҳрони Украина, чолиши энержӣ дар Аврупо, танишҳои миёни Эрон ва Амрико, ва тазъифи зарфиятҳои иқтисодии ҳавзаи Халиҷи Форс, ҳамагӣ бар ин равандҳо таъсири мустақим доранд ва ҷиҳатгирии бозигарон дар қиболи Афғонистонро ба сӯи тақобул ё тафоҳум савқ медиҳанд.

Дар чунин шароите, Афғонистон ба унвони як нуқтаи кроссландӣ, яъне маҳалли тақотуъ ва тазод миёни Ҳартленд ва Римленд, ба яке аз ҳассостарин ва мунозиа-барангезтарин ҷуғрофиёҳои ҷаҳон табдил шуда аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!