Хабари рӯз

Толибон барои Пекин на як муттаҳиди роҳбурдӣ, балки як “воқеияти ҳоким” аст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Ҳузури Чин дар Афғонистонро наметавон бо як ривояти такбӯъдӣ тавзеҳ дод. Ин ҳузур, дар тақотуъи ду мантиқи мутафовит аммо мукаммил шакл мегирад: нахуст, мантиқи роҳбурдӣ бо уфуқи геополитикии буландмуддат, ки ба дунболи тасбит ва густариши нуфузи Чин дар муҳити перомунӣ ва фаротар аз он аст; ва дуввум, мантиқи тактикӣ-амниятӣ, ки бар маҳори таҳдидоти фаврӣ, пешгирӣ аз бесуботӣ ва сиёнат аз манофеъи иқтисодӣ мутамаркиз аст. Фаҳми дақиқи рафтори Чин дар Афғонистон, мусталзими дарки ҳамзамони ин ду лоя ва нисбати миёни онҳо дар чорчӯби таҳаввулоти пас аз хурӯҷи Иёлоти Муттаҳида ва тағйири мавозинаи қудрат дар минтақа аст.

Чин ба унвони ҳамсояи Афғонистон, ногузир дар муодилоти ин кишвар нақшофарин аст; аммо ин нақшофаринӣ, бар хилофи қудратҳои мудохилагари классик, фоқиди абъоди ошкори низомӣ ва идеологӣ аст. Пекин ҳамвора бар асли “адами мудохила” таъкид карда ва тарҷеҳ додааст, ки бо абзорҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ, ҳузури худро мудирият кунад. Бо ин ҳол, ин рӯйкарди нарм, лозиман ба маънои фақдони аҳдофи жарф ва муҳосибашуда нест, балки бозтоби навъе ақлонияти роҳбурдӣ аст, ки ҳазинаи фоидаро дар баландмуддат таъриф мекунад.

Дар сатҳи тактикӣ, нигаронии аслии Чин ба таҳдидоти амниятӣ бозмегардад; бавижа ҳузур ва фаолияти гурӯҳҳои террористии фаромиллӣ, ки метавонанд ба бесуботӣ дар Син-Киёнг доман бизананд. Аз ин манзар, таъомул бо Толибонро метавон навъе “муомилаи амниятии машрут” донист; муомилае ки дар он, Чин дар қаболи дарёфти тазминҳои амниятӣ, ҳозир ба ироаи мушаввиқҳои иқтисодӣ ва сармоягузориҳои маҳдуд мешавад. Ин рӯйкард, на аз сари эътимод, балки мубтанӣ бар мудирияти риск ва хариди замон аст. Чин талош дорад таҳдидро дар мабдаъ маҳор кунад, бидуни он ки худро даргири як тааҳҳуди амниятии пурҳазина созад.

Аммо дар сатҳи роҳбурдӣ, Афғонистон барои Чин сирфан як таҳдиди амниятӣ нест, балки бахше аз як пазли бузургтари геополитикӣ аст. Ин кишвар метавонад ба унвони ҳалқае дар занҷираи иттисоли минтақавӣ, дар чорчӯби тарҳҳои калоне чун “Камарбанду Роҳ”, нақш ифо кунад. Дар ин чорчӯб, Афғонистон на ба унвони як ҳадафи мустақил, балки ба унвони як “фазои восит” барои таъмиқи нуфузи геоэкономики Чин дар Осиёи Марказӣ, Ҷануби Осиё ва ҳатто Ховари Миёна аҳамият меёбад. Ба баёни дигар, Чин аз абзори иқтисод барои халқи як назми тадриҷӣ ва камҳазина истифода мекунад ки дар он, вобастагиҳои мутақобил ҷойгузини султаи мустақим мешавад.

Бо ин ҳол, таҳаққуқи ин чашмандоз бо мавонеъи ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Афғонистон ҳамчунон саҳнаи рақобати бозигарони мутааддиди минтақавӣ ва фароминтақавӣ аст, ки ҳар як дорои таҷриба, шабака ва абзорҳои нуфузи хоси худ ҳастанд. Афзун бар он, бесуботии сохторӣ, фақдони машруъияти сиёсӣ ва тадовуми таҳдидоти амниятӣ, муҳите пурриск барои сармоягузорӣ ва ҳузури буландмуддат эҷод кардааст. Чин, ба унвони бозигаре муҳтот, ба хубӣ аз ин маҳдудиятҳо огоҳ аст ва аз ҳамин рӯ, аз вуруди шитобзада ва пурхазина парҳез мекунад.

Вижагии боризи сиёсати хориҷии Чин, тақаддуми замон бар шитоб аст. Ин кишвар ба ҷойи он ки аз тариқи тақобули мустақим, ба дунболи тағйири сареъи мавозинаҳо бошад, роҳбурди “анбошти тадриҷии қудрат”-ро дунбол мекунад. Дар ин чорчӯб, Афғонистон бештар ба унвони як майдони интизор таъриф мешавад то як арса барои иқдоми қотеъ. Чин талош мекунад бидуни даргир шудан дар таъорузоти дохилӣ, ҳузури ҳаддиақалӣ аммо муассири худро ҳифз кунад ва дар сурати фароҳам шудани шароит, доманаи нуфузашро густариш диҳад.

Дар ин миён, нисбати Чин бо Толибон низ дар чорчӯбие комилан амалгароёна қобили таҳлил аст. Барои Пекин, моҳияти идеологии бозигарон аҳамияти сонавия дорад; он чи таъйинкунанда аст, мизони тавоноии онҳо дар таъмини ҳаддиақалҳои амниятӣ ва эҷоди бистари қобили пешбинӣ барои фаъолиятҳои иқтисодӣ аст. Толибон, дар ин нигоҳ, на як муттаҳиди роҳбурдӣ, балки як “воқеияти ҳоким” аст, ки бояд бо он кор кард. Ин робита, моҳияти абзорӣ ва муваққатӣ дорад ва то замоне идома меёбад ки ҳазинаҳои он аз манофеъаш фаротар наравад.

Дар сатҳи калонтар, сиёсати Чин дар Афғонистон бозтоби се нигарони бунёдини ин кишвар аст: осебпазирӣ дар баробари муҳосираи дарёӣ, вобастагӣ ба масирҳои энержӣ ва иттикои шадид ба содирот. Афғонистон, ҳарчанд ба танҳоӣ посухгӯйи ин дағдағаҳо нест, аммо метавонад дар таркиб бо соири масирҳои заминӣ, ба коҳиши ин осебпазириҳо кӯмак кунад. Аз ин рӯ, пайванди Чин бо Афғонистон, бештар аз он ки ношӣ аз ҷаззобиятҳои дохилии ин кишвар бошад, реша дар муҳосиботи калони амниятӣ ва иқтисодии Пекин дорад.

Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки Чин дар Афғонистон на ба дунболи тасаллути сареъ, балки дар пайи “нуфузи бeсадо” аст; нуфузе, ки аз тариқи иқтисод, замон ва мудирияти ҳушмандонаи рискҳо шакл мегирад. Ин кишвар тарҷеҳ медиҳад дигарон ҳазинаи бесуботиро бипардозанд, дар ҳоле ки худ, дар лаҳзаи муносиб, аз фурсатҳо баҳрабардорӣ кунад. Афғонистон дар ин муодила, на як авлавияти мутлақ, балки бахше аз як бозии бузургтар аст, ки қавоиди он, бештар аз ҳар чиз, бо сабр, эҳтиёт ва муҳосибаи дақиқ таъриф мешавад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!