Хабари рӯз

Толибон як шаҳрванди Афғонистонро ба далели дидораш бо дипломатҳои русӣ дар Кобул зиндонӣ карданд.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Мақомоту сиёсатмадорони русӣ ахиран омодагии худро барои ҳамкорӣ бо режими Толибон дар Афғонистон нишон доданд. Агар шумо ба баъзе аз онҳо гӯш диҳед, Толибон аз назари Маскав дӯстону муттаҳидини Кремл ба назар мерасанд ва на фақат "мардони бокифоят", он гуна ки яке аз дипломатҳои рус як бор онҳоро дар як ҷунуни пуршӯр таъриф карда буд.

Аммо дар асл воқеият чист? Оё худи Толибон Русияро муттаҳиди худ талаққӣ мекунанд?

Ба назари мо, посухи инро як санади ҷолиб, ки дар ихтиёри мо буд, ироа мекунад.

Ин санад ба таърихи 18 ноябри 2024 аз Раёсати умумии истихбороти Толибон берун омад ва ба идораи зиндони асосии Афғонистон - Пули Чархӣ - ирсол шуд. Дар он номи шаш шаҳрванди Афғонистон, ки ба ҷароими мухталиф маҳкум шуда ва акнун барои сипарӣ кардани ҳабсашон ба зиндони Пули Чархӣ фиристода шудаанд, омадааст.

Фарди шумораи “4” дар ин санад Хон Муҳаммад, фарзанди Бахт Муҳаммад аст, ки тибқи тавзеҳоти мактуби раиси раёсати 089 Раёсати истихбороти умумии Толибон Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ, ба 10 соли ҳабс «ба далели ҳамкорӣ бо хадамоти вежаи Федератсияи Русия” маҳкум шудааст.

Ҷолиб ин аст, ки Хон Муҳаммад - агенти Русия дар муқоиса бо дигар маҳкумине, ки номашон дар хидматномаи Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ омадааст, тӯлонитарин муддати зиндонро сипарӣ хоҳад кард. Масалан, Нурмуҳаммад, писари Мулҳам, Наҷибуллоҳ, писари Бисмиллоҳ ва Мирзод Ҳоҷӣ писари Ширинзуй, ки маҳкум ба ихтитоф буданд ва ҳамроҳ бо Хон Муҳаммад ба зиндони Пули Чархӣ фиристода шуда буданд, 7 ва 8 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Тавре ки аз номаи Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ бармеояд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Хон Муҳаммади муттаҳам ба ҷосусӣ барои Русия комилан такмил шудааст ва маҳкама низ тасмими ниҳоӣ гирифтааст. Ҳоло масъулияти ӯ ба зиммаи идораи зиндони Пули Чархӣ афтодааст, ки тавассути Раёсати истихбороти умумии Толибон муваззаф шудааст, то иҷрои ҳукмро тазмин кунад.

Мо намедонем, ки оё вазорати хориҷаи Русия ё хадамоти вежаи Русия аз ин достон огоҳӣ доранд ё хайр. Дар сурати лузум, мо омода ҳастем то ба намояндагони Хадамоти амнияти федерал (ФСБ), Хадамоти истихбороти хориҷь (СВР) ё Раёсати асосии истихъборот (ГРУ) – и  Федератсияи Русия, як фотокопия аз ин санади Раёсати умумии истихбороти Толибон аз таърихи 18 ноябри 2024-ро ироа кунем. Зеро мо мӯътақидем, ки агар Хон Муҳаммад воқеан агенти Русия буд, пас хадамоти марбутаи Федератсияи Русия бояд нигарони сарнавишти ӯ бошанд.

Маҳкумияти як шаҳрванди Афғонистон аз сӯи Толибон ба ҷурми ҷосусӣ барои Маскав, ба назари мо, ба беҳтарин ваҷҳ нигариши воқеии Толибонро ба ҳамкорӣ бо Русия нишон медиҳад. Ба гуфтаи манобеъи мо, Хон Муҳаммад фақат чанд бор бо намояндагони сафорати Русия дар Кобул мулоқот кардааст. Ва ӯ 10 соли зиндонро барои ин кор дарёфт кард. Ҳатто одамрабоён дар иморати Толибон камтар муҷозот мешаванд...

Аз ин ба баъд чун аз забони як сиёсатмадор, мақом, дипломат, мутахассис, рӯзноманигори русӣ мешунавед, ки “Толибон дӯсту муттаҳиди Русия ҳастанд”, достони агенти Русия Хон Муҳаммадро ба ёд биоваред. Ӯ аз зиндони Пули Чархӣ ба ҳамаи ин хаёлпардозон саломҳои гарм мерасонад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!