Толибон ҳаргиз Амрикоро шикаст надода ва ҳаргиз Покистонро шикаст нахоҳанд дод.

Нависанда: Абдуннаср Нурзод, таҳлилгар

Баргардон: Фирдавси Низом

Толиб абзоре барои аҳдофи стратегии Покистон аст. Марзи ҷудоӣ миёни онҳо, маъное надорад. Ҷудо кардани Толибон аз Покистон, ба маънои нокомӣ ва шикасти Покистон дар барномаҳои минтақаии он хоҳад буд. Титрсозиҳои расонаӣ дар ин хусус танҳо як бахше аз ҷанги равонӣ ва фиреби азҳони омма аст, ки муваффақияти ба амал расондани ин стратегияро тазмин хоҳад кард.

Ҳомид Мир дар мақолаи таҳлилие дар Вашингтон Пост навиштааст, ки дӯстии Покистон бо Толибон дар маърази фурӯпошӣ қарор гирифтааст. Ин ҳарфро ҳеҷ ақли салиме наметавонад бипазирад. Зеро моҳияти Толибон, танҳо барои муҳаққақ сохтани умқи стратегии Покистон дар минтақа аст, ки ба воситаи он, ин кишвар дар ду ҷабҳа меҷангад. Ҷабҳаи аввалӣ Афғонистон аст, ки Покистон то ҳудуде дар баровардасозии ин умқи стратегӣ, муваффақ амал кардааст. Аммо дар ҷабҳаи дувум бар алайҳи Ҳинд, ҳанӯз ҳам бо чолишҳое мувоҷеҳ аст. Ҳинд бозигари қудратмандест, ки тавоноии манёври бамавқеъро дар баробари ҳар хел таҳарруки Покистон дар меҳвари роҳбурдии минтақаӣ дошта бошад. Ба ин малҳуз аст, ки мегӯем, ки ҳеҷ мантиқе мабнӣ бар ҷудоӣ миёни Толибон ва Покистон вуҷуд надорад ва имкон надорад, то Покистон ба ин зудиҳо, даст аз сари Толибон бардорад.

Он чӣ ба унвони мушт намунаи хирвор ба унвони чолиш дар равобити иморати толибонӣ ва Покистон гуфта мешавад, танҳо як сенариясозӣ аст, то зеҳниятҳоро ба самти дигаре савқ диҳанд, зеро дар ҳоли ҳозир, танҳо ва танҳо масъалаи тақвияти терроризм дар шимоли Афғонистон матраҳи баҳс аст, ки метавонад минҳайси як гови ширӣ, дар ихтиёри Покистон қарор гирад. Ҳатто қарзаи ваъда дода шуда аз сӯи Арабистони Саудӣ, ки болиғ бар чаҳор миллиард доллар мешавад, низ дар ростои татбиқи проекти террористпарварии тафаккури ваҳҳобизм дар Афғонистон аст, ки Покистон мудирияти онро ба ӯҳда гирифтааст.

 Мантиқи ин баҳс ин аст, ки дунё ва зеҳниятҳо набояд мутаваҷҷеҳ шаванд, ки дар шимоли Афғонистон, сангарсозӣ мешавад ва пояҳои терроризми байналмилалӣ, барои солиёни дароз ва барномаҳои дарозмуддат, эъмор мегарданд. Дар иваз бояд дунё масруфи титри хабарии мабнӣ бар даргирӣ миёни марзбонони покистонӣ ва афроди Толибон шавад. Ва ё ҳам мумкин аст ин амали созмондеҳишуда аз ҷониби Покистон бошад, то масъалаи Дюрандро яктарафа кунад, зеро мавқеи беҳтаре аз ҳоли ҳозир дар ихтиёри Покистон қарор нахоҳад дошт. Покистон ба хубӣ дарк мекунад, ки чархиши мавқифи Ғарб ва кишварҳои минтақа барои пазириши Толибон дар қудрати сиёсӣ дар Афғонистон як роҳбурди мақтаӣ ва аз рӯи ночорӣ аст. Бо андак тафовути амал дар дидгоҳҳо нисбат ба минтақа ва ба таври ахас дар мавриди Афғонистон, мумкин ин фурсати тилоӣ аз дасти Покистон биравад.

Бино ба гуфтаи нависандаи ин мақола дар “Вашингтон Пост”, замони он расида, ки Покистон бипазирад сиёсатҳояш дар қиболи Афғонистон шикаст хӯрдааст. Дар ҳоле ки Покистон дар сиёсатҳояш дар қиболи Афғонистон, муваффақ амал кардааст ва ҳақиқатан, қабули ин иштибоҳи стратегии Покистон барои хелеҳо душвор аст ва имкон надорад низомиёни покистонӣ ин шикастро гӯё бипазиранд, зеро низомиён ва давлати Покистон аз эҷоди гурӯҳи Толибон дар даҳаи навади мелодӣ, бар ин бовар буданд, ки бо парвариши неруҳои тарафдори ин кишвар дар Афғонистон "умқи стратегӣ" эҷод мекунанд, аммо акнун ҳамон гурӯҳҳо барои Покистон ба як таҳдиди ҷадид табдил шудаанд.

Ин мақоларо метавон як таҳарруки амалиёти равонӣ дар ҷиҳати эҷоди инҳироф дар самтгирии як андешаи солим дар баробари сиёсатҳои Покистон донист. Ҳукумат, артиш, расонаҳои покистонӣ ва таҳлилгарони он, ҳамвора бар ин ҳадаф мутамаркиз будаанд, то дар ин ҷанги равонӣ алайҳи мардуми Афғонистон, бар иловаи истифодаи абзорӣ аз Толибон минҳайси як нерӯи вобаста ва ниёбатӣ барои пирӯзӣ дар мақосиди стратегиашон, низ пирӯз амал кунанд.

Масалан, дар ҷое ин нависанда менависад, ки чанд рӯз пас аз тасаллути Толибон ҳокимони ҷадиди Кобул аъзои зиндонии Таҳрики Толибони Покистон, ки солҳо дар муқобили Исломобод ҷангида будандро раҳо карданд ва баъд аз ба қудрат расидани Толибон низ ҳамалоти террористӣ дар Покистон 51 дар сад афзоиш ёфтааст. Ҳол агар ба гунаи воқеӣ бар моҳият ва мазмуни аслии ин баҳс тамаркуз кунем, дармеёбем, ки Таҳрики Толибони Покистон ҳаммонанди толибони иморати афғонистонӣ, як андеша, як фикр ва як равиши амалкардӣ дар қиболи минтақа доранд. Ҳардуи ин неруҳои тундрав ва ифротӣ дар талошанд, то барномаҳои минтақаии Покистон татбиқ шавад. Фарқе намекунад кӣ дар куҷо зиндонӣ аст. Аммо он чӣ муҳим аст, ин аст, ки чи тавр Покистон аз ин ду васила барои ноамнсозии минтақа ҷиҳати расидан ба умқи стратегии худ дар баробари ду ҳамсояи душман, ки ҳамвора дар ҷидол бо онҳо қарор дошта, истифода мекунад. 

Таҳрики Толибони Покистон бо идеологияи мазҳабӣ артиш ва ҳукумати мулкии Покистон мабнӣ бар фарҳанги стратегии он ҳамхонии фикрӣ дорад. Покистон ҳамвора аз ҷиҳодизм ва ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа истифода бурдааст. Покистон дар ин арса бисёр муваффақ амал карда ва дар даврони ҷанги сард ин нерӯҳои ифротӣ буданд, ки обишхӯри фикриашон Покистон ва мардумону муҳоҷирони манотиқи Субасарҳад ва манотиқи ҳамҷвори он ҷабаҳоти ҷангӣ бар зидди Артиши сурхро ба лиҳози нафароти ҷангӣ тақвият мекарданд. Ин гузинаи роҳбурдӣ барои давлат ва артиши Покистон натиҷаи хубе дод. Артиши Покистон аз лиҳози таҷҳизот низомӣ имконоти фановарии пешрафта, эҷоди иртибот бо Амрикову Инглис, мубаддал шудан ба як шарики стратегӣ дар барномаҳои ин ду кишвар дар Осиё ва ба таври ахас дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ мубтанӣ бар роҳбурди садди нуфуз дар баробари коммунизм, як зуҳури қобили мулоҳизае дошт. Иқтисодаш ҳамасола тақвият мешуд ва деги ҷӯшони ифротгароӣ дар он ба ҳадди аъло расида буд, то битавонад дар ояндаи минтақа нақши боризе бозӣ кунад. Пошнаи Ахил дар равобити Афғонистону Покистон марзӣ буд аз лиҳоз фикрӣ, ки барои солиёни дароз хунчакон шуда буд.

Покистон ба ин мафкура буд, то ба воситаи гурӯҳҳои ниёбатии худ масъалаи Дюрандро махтума эълон кунад. Ин корро то ҳудуде муваффақона пеш бурд, аммо дар зоҳир Толибон ҳозир нестанд, то бори чунин масъулияти таърихиро бар дӯш бикашанд. Чун идеологияи аслии Толибон тафаккури қавмии паштунмеҳвар аст ва қуввати ин идеология дар иттиҳоди паштунҳо аст, ки тавассути хатти Дюранд аз ҳам ҷудо шудаанд. Як навъ ҳамбастагӣ миёни тафаккури паштунхоҳии Толибон ва паштунҳои он тарафи марз вуҷуд дорад ва Покистон дар ин арса дақиқ амал накардааст. Толибон борҳо аз пазириши хатти Дюранд ба ҳайси марзи расмӣ миёни Афғонистон ва Покистон худдорӣ кардааст. Ин таниш дар равобити Толибон ва Покистон ҳамвора вуҷуд доштааст.

То ин ҷои масъала бо ин истидлол андаке мувофиқ ҳастам, аммо ин, ки ин гурӯҳ дар талош аст, то бо ҷалби назари ҳиндиҳо, Исломободро таҳти фишор қарор диҳад, наметавонад мантиқ дошта бошад. Чун Деҳлии Нав ҳеҷ гоҳ болои Толибон эътимод нахоҳад кард, зеро пешинаи таърихӣ ва моҳияти аслии Толибон ҷорӣ кардани як тафаккури панпокистонизмӣ аст, ки танҳо барои аҳдофи покистонизасозии мардумони минтақа ва фарҳанги стратегии он короӣ дорад.

Бар илова Ҳомид Мир дар ин мақола овардааст, ки Толибон фикр мекунанд, ки ИМА-ро шикаст доданд ва ҳоло метавонанд Покистонро низ шикаст диҳанд. Аммо ҳақиқат таври дигаре аст, бар хилофи чизе, ки ин нависандаи покистонӣ, талош дорад, то дархӯри зеҳниятҳо бидиҳад. Чун Толибон бо тамоми нофаҳмӣ ва ҷаҳолати ниҳодинаи худ ин даркро доранд, то бидонанд, ки Амрикоро шикаст надодаанд ва Покистонро минҳайси як қудрати атомӣ шикаст додан мантиқ надорад. Толиб дастурбигири артиши Покистон аст ва берун баромада аз тафаккур ва фарҳанги стратегии Покистон. 

 Ҳамчунон, ба гуфтаи нависандаи ин мақола, бар асоси додаҳои Бонки ҷаҳонӣ, Афғонистон акнун яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аст ва Толибон бояд фақрро шикаст диҳанд, на Покистонро. Пас ба ин асос, ду фақир ба ҷони ҳам афтидаанд ва ин танишу ҷанги фақр бо фақр хоҳад буд. Дар ҳоле ки Покистон метавонад бар фақр пирӯз ояд ва истеъдоди онро дорад, то бо эҷод ва сохти сенарияҳои ҷадид ва мудирияти барномаҳои калон дар сатҳи минтақа, роҳи даромаде барои иқтисоди варшикастаи худ биёбад, аммо Толибони фақир бидуни чиҳил миллион доллар садақаи Амрико дар моҳ, бо кадом тавоноии иқтисодӣ ва молӣ метавонанд Покистонро шикаст бидиҳанд? Бар илова, Толибонро Амрико ва Инглис иҷоза намедиҳанд, то бар Покистон хами абрӯ кунад, чӣ расад ба душманӣ ва талош барои шикасти низомии Покистон.

Ин мақола пур аз газофагӯиҳо ва чарандиёте аст, ки метавонад як зеҳнияти заиф, фоқиди қудрати таҳлил ва як фикри комилан вобастаро фиреб диҳад, на фаҳме болои мардумонеро, ки дар кӯраҳое аз таҷрибиёти талхи таърихӣ пухта шудаанд ва шинохти хубе аз ҷавониби ин бозӣ доранд. Толиб абзори стратегӣ дар дасти Покистон аст ва ин абзор барои феълан дар хидмати тафаккури "умқи стратегӣ"-и Покистон қарор дошта ва короии хубе доштааст. Ҷудоӣ аз онро наметавон пазируфт.