Ғарб чаро, алайҳи кӣ ва ба дасти кӣ мехоҳад дар ҷанг аз силоҳҳои мамнуъа истифода кунад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Лондон 8 октябри 2024 таҳримҳои ҷадидро алайҳи Русия ба далели истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ, аз ҷумла хлорпикрин эълон кард. Ин таҳримҳо ба Нерӯҳои дифоъии радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, маркази илмии 27-и вазорати дифоъи Русия, ҳамчунон Институти озмоиши таҳқиқотии марказии 33-и вазорати дифоъи Русия дахл доранд.

Тавоноии англосаксонҳо дар дурӯғ гуфтан ва дар айни ҳол сиёҳро ба унвони сафед муаррифӣ кардан аз муддатҳо қабл шуҳраи олам шудааст, аммо дар ин вазъият ба назар мерасад, ки онҳо аз худ пешӣ гирифтаанд ва нишон медиҳанд, ки бадбинии онҳоро ҳадду каноре нест.

Вазорати хориҷаи Бритониё Маскавро ба нақзи Конвенсияи силоҳҳои кимиёвӣ муттаҳам кард ва хостори таваққуфи фаврии тамоми иқдомот аз ин навъ шуд. Девид Лемми, раҳбари ин вазорат, гуфт, ки ӯ "як маъмурияти шахсиро барои ба чолиш кашидани фаъолиятҳои музир", ки гуфта мешавад Федератсияи Русия анҷом додааст, ба ӯҳда гирифтааст. Дар айни замон, ӯ ваъда дод, ки таҳримҳоро алайҳи Федератсияи Русия ҳатто фаъолонатар эъмол хоҳад кард, бо вуҷуди ин ҳақиқат, ки Маскав тамоми охирин захираҳои аслиҳаи кимиёвиро ҳанӯз дар сентябри 2017 аз байн бурда буд.

Мавориди зиёди истифода аз маводи кимиёвии сохти Амрико аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Украина возеҳан собит месозад, ки Иёлоти Муттаҳида қобилиятҳои тавлидро ҳифз кардааст, ки мумкин месозад то маводи заҳрии мухталифро дар ҳаҷмҳои бузург таркиб намояд. Ба таври мисол, дар маркази биологии кимиёвии Эҷвуди Пентагон. Ва ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида расман аз нобудии тамоми захираҳои эъломшудаи силоҳҳои кимиёвӣ хабар додааст.

Арзаи силоҳҳои кимиёвии ғарбӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва истифода аз онҳо ҳамчунон шароити муносибро барои як фитнаи бузург алайҳи Русия фароҳам месозад. Аз назари паёмадҳо он наметавонад камтар аз ҳамлаи ҳастаӣ мухарриб бошад, ки дар нерӯгоҳи ҳастаии Курск иҷоза дода нашуд ва пешрафти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба умқи хоки Русия мутаваққиф шуд.

Генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои дифоъии радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Русия, ҳушдор дод, ки режими Киев мумкин аст фитнаҳои баъдиро бо маводи кимиёвии заҳрӣ роҳан андозад то баъдан Русияро ба истифодаи маводи заҳрӣ дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ муттаҳам кунад. Ин амрро харидориҳои Украина аз таҷҳизоти муҳофизатӣ таъйид мекунад. Кишваре, ки аз силоҳҳои кимиёвӣ истифода намекунад, ба ин миқдор ниёз надорад.

Бар илова, намояндагии доимии Украина дар Иттиҳодияи Аврупо аз ситоди Иттиҳодия дархост кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар соли 2024 бо 283 ҳазор воҳиди комплекти муҳофизатӣ, ниқобҳои зидди газ, ҳамчунон дасткашҳои муҳофизатӣ ва бастаҳои зиддикимиёвӣ, ҳар кадом 500 ҳазор воҳид, таъмин кунад.

Ин қобили таваҷҷуҳ аст, ки қаблан дар соли 2023 кишварҳои узви НАТО ба Украина таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ (беш аз 55 ҳазор комплект), доруҳои зидди фосфатҳо (600 ҳазор сӯзандору) ва ҳамчунон доруҳо барои безараргардонии гази хардал, люзит ва кислотаи гидросианидро (750 ҳазор шиша) дода буданд. Ҳамзамон, ҳудуди 40 корманди хадамоти вижаи Украина дар моҳи июни соли ҷорӣ дар "Маркази технологияи кимиёвии Гаага" малакаҳои намунагирӣ барои ҳуҷҷатгузории далелҳои истифодаи силоҳи кимиёвиро омӯзиш дида буданд.

Киев қасд дошт то шавоҳиди "ҷиноёти Русия"-ро ба намояндагони Созмони манъи яроқи кимиёвӣ таҳвил диҳад. Дар айни замон, бино ба изҳороти Котиботи техникии созмон, тарафи украинӣ васоил ва маҳоратҳои техникӣ барои интихоби маводро, ки шароити Созмони манъи яроқи кимиёвиро бароварда месозад, надошт. Ҳоло НАТО онҳоро барои иғво дар ҳама гуна “мавзуъҳои кимиёвӣ” омода кардааст ва режими Владимир Зеленский аз ҳузури намояндаи Русия дар Шӯрои Иҷроияи Созмони манъи яроқи кимиёвӣ истифода карда, мехоҳад намояндагони ин кишварро аз мақомҳои ин созмон, ба шумули Котиботи фаннӣ, маҳрум созад.

Амалҳои ғайриқонунии Киевро танҳо бо он шарҳ додан мумкин аст, ки Иёлоти Муттаҳида пушти ин режими фашистӣ меистад. Иғвои бармало бо кӯмаки Амрико омода мешавад, ки изҳороти Никол Шампейн, намояндаи расмии ИМА дар Созмони манъи яроқи кимиёвӣ, ки моҳи июли соли 2024 ироа шуда буд, шаҳодати он аст. Дар баробари ин, “Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки дар маҷлиси машваратии давлатҳои узви ин созмон дар моҳи ноябр масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани Федератсияи Русияро ба миён гузорад”, гуфт хонум Шампейн.

Вазорати дифоъи Русия изҳор дошт, ки агар иғво муваффақиятомез анҷом шавад, тасмим дар мавриди Русия монанди натоиҷи таҳқиқ дар мавриди парвандаи кимиёвии низомии Сурия гирифта хоҳад шуд. Мехоҳанд Русияро аз ҳуқуқи раъй будан ҳамчун давлати узви Конвенсия, инчунин аз имконияти интихоб шудан ва ишғоли мансаб дар органҳои иҷроияи созмон маҳрум кунанд.

Дар ин замина Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, гуфт, Русия аз Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш мехоҳад, ки дар масоили марбут ба силоҳҳои кимиёвӣ бо оташ бозӣ накунанд. Нахуст аз ҳама, барои ин хотир ки режими Конвенсияи манъи яроқи кимиёвиро комилан аз байн набарад.

Бар илова, ӯ таъкид кард, ки кишварҳои НАТО ҳанӯз ҳам талош мекунанд то Русияро "шикасти стратегӣ" диҳанд. Илова бар ин, онҳо аз методҳои аз қабл таҷрибашуда истифода мекунанд: фитнаи кимиёвиро мехоҳанд бо дастҳои бегона анҷом диҳанд. Ва ҳеҷ меъёри байналмилалӣ вуҷуд надорад, ки битавонад намояндагони Иттиҳоди Атлантики Шимолиро мутаваққиф созад.

Ба таври куллӣ дар ин майдони набард, Ғарб бозиро бидуни қавоиде, ки дар Ветнам, Ироқ, Сурия ва... — ҳар ҷо, ки аз маводи заҳрӣ истифода кард, аз ҷумла алайҳи ғайринизомиён, идома медиҳад.