Нишасти севуми Доҳа нотавониҳои Гуттереш ва даступочагии хонум Роза Отунбаеваро бармало кард.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Нишастҳои аввалу дувуми Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба Афғонистон ба рағми интизороту умедҳои зиёд, бенатиҷа поён ёфт. Он нишастҳо натавонист ҳеҷ таҳаввулу тағйири мусбат дар умури Афғонистон ба вуҷуд оварад. Бо ин вуҷуд, Созмони Милали Муттаҳид ҳоло камар бастааст то нишасти севумро дар рӯзҳои пеши рӯ баргузор намояд.

 Ба ақидаи ман, Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли ҳозир таҳти унвони “ҳайат муовинати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (ЮНАМО) дар ин кишвар кореро анҷом диҳад, ки ҳам лаъл ба даст ояд ва ҳам дили ёр наранҷад, яъне на Толибон озурда шаванд ва на ҳам кишварҳои минтақаву фароминтақа.

Бо ин ҳол Амрико ва Ғарб дар канори Созмони Милали Муттаҳид таъкиду исрор доранд то намояндаи вежа дар умури Афғонистон таъйин гардад, аммо Толибон Эрон, Русия, Чин бо таъйини намояндаи хос дар умури Афғонистон тавофуқ надоранд ва мегӯянд, ки бояд муъзалаи Афғонистон аз тариқи кишварҳои минтақа ҳаллу фасл шавад, на аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид, вале Амрико бо тамоми қуввату нуфус, ки дар Милали Муттаҳид дорад, мехоҳад гиреҳи ин мушкилро тавассути Созмони Милали Муттаҳид боз кунад, на кишварҳои минтақа...

Бо ҳама ҳол акнун, ки дар остонаи баргузории нишасти севуми Доҳа ҳастем, пурсишҳои зиёде вуҷуд дорад, аз ҷумла ин ки оё таъйини намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ҳамчунон маҳалли баҳс аст, зоҳиран ба назар мерасад, ки на хайр, аммо пушти парда бале мавриди баҳс аст, оё Русия, Чину Эрон аз намояндаи ҷадид, ки дар умури Афғонистон таъйин мегардад, тавофуқ хоҳанд кард? Аз ҳамин лаҳза медонам, ки на ҳаргиз тавофуқ нахоҳанд кард.

Ҳоло аз нигоҳи ҳуқуқӣ мехоҳам мавриди баҳс қарор диҳам, ки оё таъйини намояндаи вежа дар нишасти севуми Доҳа ҳамчунон матраҳ аст?

Ба гуфтаи хонум Роза Отунбаева, раиси ЮНАМО, “дар нишасти севуми Доҳа вежагиҳо ва вазоифи намояндаи вежа дар умури Афғонистон, баррасӣ мешавад”. Ин гуфтаҳо нишон медиҳад, ки масъалаи таъйини намояндаи вежа, ҳамчунон маҳалли баҳсу гуфтугӯ аст ва зоҳиран пофишориҳои Амрикову кишварҳои ғарбӣ дар робита ба таъйини намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Аз сӯи дигар, чаро Созмони Милали Муттаҳид исрор бар таъйини намояндаи вежа дар умури Афғонистонро дорад?

Ба ақидаи ман, ки алифбои сиёсатро медонам, намояндаи вежа дар се ҳолат барои як кишвар таъйин мешавад.

1 – Ин ки ҷангу мунозиъа аз контроли давлати ҳоким дар як сарзамин хориҷ шавад;

2 - сониян замоне, ки буҳрони дохилии як кишвар аз тариқи сохторҳо ва ниҳодҳои расмӣ, ҳаллу фасл нагардад ва эҳтимоли густариши буҳрон ба кишварҳои минтақа ва байнулмилал ба вуҷуд ояд;

3 - замоне, ки масъалаи хосе дар як сарзамини мавриди таҳоҷум воқеъ шавад, Созмони Милали Муттаҳид иқдом ба таъйини намояндаи вежа дар умури он кишвар менамояд.

Аммо Толибон ва ҳомиёни онҳо мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз мавориду шароити фавқуззикр дар Афғонистон вуҷуд надорад, дар Афғонистон амният барқарор аст, ҳокимияти мутлақ вуҷуд дорад, ҷанг аз контрол хориҷ нашудааст. Биноан ҳеҷ зарурате ба таъйини намояндаи вежа дар умури ин кишвар дида намешавад.

Аммо Ғарб дар раъси Амрико бо тамоми тавон талош мекунад, то намояндаи вежаеро дар умури Афғонистон таъйин кунад.

Аз тарафи дигар, ногуфта намонад заъфи Созмони Милал натанҳо дар умури Афғонистон, комилан қобили мушоҳида аст, балки нотавонии ин созмон дар ҳифозату ҳаросат аз кӯдакону занон ва ғайринизомиёни Ғазза – Фаластин низ комилан мушаххас аст. Ба ҳамин далел, исрори Созмони Милали Муттаҳид бар таъйин намояндаи вежа дар умури Афғонистон, ба наҳве пайравӣ аз сиёсатҳову ҳатто метавон гуфт, дастуроти раҳбарони Кохи Сафед аст.

Гарчи зоҳиран Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар нишасти севуми Доҳа аз занону мухолифини Толибон даъват нашудааст, вале дар рӯзи баъдӣ бо онҳо нишасте хоҳем дошт, аммо дар ҳақиқат чунин нест. Қатъан аз занону ҷомеаи маданӣ дар ин нишаст даъват нашудааст ва шахси оқои Гуттереш ҳам дар ин нишаст иштирок намекунад ва мақомоти амрикоӣ низ гуфтаанд, ки то ҳанӯз тасмим гирифта нашудааст, ки оқои Том Вест ва хонум Рино Амирӣ, намояндаи Амрико дар нишасти севуми Доҳа ширкат кунанд ё накунанд.

Аммо даъват нашудани занон дар нишасти севуми Доҳа хиёнат ба демократия, хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба арзишҳои инсонӣ аст. Нодида гирифтани занони Афғонистон натанҳо тавҳину таҳқир ба занони Афғонистон, балки ба тамоми занони дунё аст.

Созмони Милали Муттаҳид ба наҳве нишон дод, ки чӣ қадар муздур, чӣ қадар бечораву нӯкар аст. Ногуфта намонад, ки зоҳиран Созмони Милали Муттаҳид шароити Толибонро пазируфтааст, аммо ин ки баъд Толибон ҳам шароити Созмони Милалро мепазирад ё хайр, бояд интизор кашид.

Қобили зикр аст, барномаеро, ки дар ҳоли ҳозири Созмони Милал рӯи даст гирифтааст, муҳити зист, маводи мухаддир ва кӯмакҳои башарӣ дар Афғонистон аст ва аз таъйини намояндаи хос тазаккур ба амал наовардааст, аммо он чиро, ки ман аз пушти парда медонам, аҳдофи умда таъйини намояндаи хос аст, ин ки дар ин нишаст ё нишастҳои баъдӣ, вале бояд таъйин шавад, чун ҳидояти Ғарб аст ва бояд амалӣ гардад.

Бино бар ин, бо таваҷҷуҳ ба он чи, ки гуфта шуд, метавон натиҷа гирифт, ки нишасти севуми Доҳа ҳамчунон бо таъкиду исрори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ғарб мабнӣ бар таъйини намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон баргузор мегардад ва аз мухолифати Толибон бо таъйини намояндаи вежа, Чин, Эрон ва Русия низ ҳимоят менамоянд. Дар чунин вазъияте эҳтимоли бенатиҷа поён ёфтани севумин давр аз нишастҳои Доҳа, вуҷуд дорад ва ин созмон ҳамчунон дар умури Афғонистон сардаргум ва мунфаил хоҳад буд.