Мардуми Афғонистон бо ояндаашон чӣ мекунанд?!
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар
Баргардон: Фирдавси Низом
Манзури мо аз мардум ба ҳадафе, ки барои пешбурди ин баҳс дорем, ҳама касонеанд, ки толиб нестанд, муқовиматӣ нестанд ва дар кадом гурӯҳи хоси давлатӣ ва зиддидавлатӣ фаъолияти мустақим надоранд. Касоне, ки ба истилоҳ, беғаразу бетараф ҳастанд ва худро мутааллиқ ба ҳеҷ созмони сиёсӣ ва низомӣ намедонанд. Равшан аст, ки теъдоди онон зиёд аст. Агар ҷамъияти Афғонистонро чиҳил миллион дар назар бигирем, теъдоди касоне, ки метавон ба унвони мардум аз онон ёд кард, 38 миллион нафар бошад. Аз 38 миллион нафар, 8 миллиони онро дар феҳристи муҳоҷирин қарор диҳем, 30 миллион нафар боқӣ мемонад. Инҳо чӣ тарҳ ва барномае барои ояндаи худ ва кишварашон доранд? Таҳлили онон аз вазъияти кунунӣ ва масири ҳаракати кишвар ба сӯйи оянда чист?
Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки фикр ва назари мардум дар низомҳои истибдодӣ муҳим нест ва бинобар ин муҳим нест, ки бидонем онон чӣ фикр мекунанд. Ин бовар нодуруст аст. Ҳеҷ ҳукумате дар рӯйи замин ба райъ ва назари мардум беэътино нест. Тафовути ҳукуматҳо дар он аст, ки баъзе аз онон райъ ва назари мардумро ба равишҳои илмӣ ва пазируфташуда ҷамъоварӣ, таҷзия ва таҳлил мекунанду худро дар баробари он посухгӯ ва масъул мешуморанд, аммо баъзе аз онон ба равишҳо ва меъёрҳои ғайриилмӣ ва бештар аз тариқи истинботҳои рафторӣ ба фаҳме аз хосту фикри мардумӣ мерасанд ва сиёсатҳои худро бо дар назардошти он танзим мекунанд.
Дастаи дувум аз ҳукуматҳо бар асоси иродаи мардумӣ тасмим намегиранд, аммо иродаи мардумиро дар тасмимгириҳо нодида намегиранд. Ҳатто агар идораи мардумиро нодида бигиранд, мутаваҷҷеҳи ин нукта ҳастанд, ки ин нодида гирифтан чӣ авоқибе хоҳад дошт ва бобати он чӣ ҳазинаҳое пардохт хоҳад шуд. Рафтори мардумӣ ба рафтори ин гуна ҳукуматҳо дарвоқеъ таъсири ғайримустақим мегузорад. Ин гуна ҳукуматҳо тасаввуре аз мардум, боварҳо ва хостҳояш дар зеҳни худ доранд, ки сиёсатҳои худро бо дар назардошти он самту сӯ медиҳанд.
Ҳамин Толибон, ки худро бисёр беэътино ба хосту назари мардум нишон медиҳанд, бисёре аз амалкардҳояшон таҳти таъсири он чизе аст, ки хости мардум талаққӣ мешавад. Онон дар манотиқе, ки фикр мекунанд, мардум бештар рӯҳияи зиддитолибонӣ доранд, тадобири бештари амниятӣ дар назар мегиранд, нерӯи бештар мустақар мекунанд ва рафтори мутафовите дар пеш мегиранд. Онон бисёре аз корҳо, аз ҷумла, эъдомҳо ва муҳокимоти саҳроиро бо ин тасаввур анҷом медиҳанд, ки бар мардум аз ин ҷиҳат таъсир бигузоранд, ки гӯё Толибон инфозкунандаи шариати ислом аст. Ё ба гунаи дигар бо ин корҳо онон мардумро таҳти таъсири тарсу ҳарос қарор медиҳанд, то ҷуръати истодагиро аз онон бигиранд. Чунки онон аз ҳаракати мардумӣ дар тарсу ҳаросанд. Инҳо ҳама дар чорчӯби робитаи толиб ва мардум қобили таҳлил аст. Яъне Толибон ҳарчанд шаҳомати пазириши мустақими хости мардумиро надоранд, аммо ғайримустақим дағдағаи инро доранд, ки мардум дар бораи амалкардашон чӣ фикр мекунад.
Ҳадафи мо аз ин муқаддима ин буд, ки инро гуфта бошем, ки мардум зӯри худро бидонанд ва онро нодида нагиранд. Ҳоло бармегардем ба пурсиши аслӣ, ки мардум дар бораи Толибон ва оянда чӣ фикр мекунанд ва чӣ коре мехоҳанд анҷом диҳанд. Гуфтем, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон абзори санҷиши назари мардум вуҷуд надорад. Толибон ба унвони ҳокимон аз ҷойгоҳи ҳокимият фаҳму бардоште аз фикру хости мардум метавонанд ҳосил кунанд. Дарвоқеъ шинохти Толибон аз мардум ҳамон шинохти билмувоҷиҳа аст. Онон чун идораву ҳукуматро ба даст доранд, фурсате низ дар ихтиёр доранд, ки ба тариқаҳои мухталиф мардумро бишносанд, аммо ҳар гоҳ бихоҳем, нигоҳи берунӣ ба мардумӣ дошта бошем, хост ва барномаи онон чист?
Агар милоки доварӣ расонаҳои иҷтимоӣ бошад, метавон гуфт, ки мардум аз Толибон мутанаффир аст. Дар расонаҳои иҷтимоӣ ба дидгоҳҳои зиддитолибонии зиёде бар мехӯрем. Ин расонаҳо пур аст аз мутун ва тасовире, ки нишондиҳандаи нафрат рӯзафзӯни мардуми нисбат ба Толибон аст. Аммо аксарияти мардуми Афғонистон ба расонаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ надоранд ва Толибон низ ҳар гуна интиқод аз худашонро дар расонаҳои иҷтимоӣ мамнуъ қарор дода ва муҷозотҳои саҳроии ваҳшатнокеро болои мунтақидин эъмол мекунанд.
Ба назар мерасад, ки Толибон бо таваҷҷуҳ ба ин ки тарҳи ҳар гуна хостеро пеш аз пеш мамнуъ қарор додаанд, дар мувоҷаҳаашон бо мардум ва санҷиши мизони ризоияту адами ризоияти онон фақат ба ду гузина фикр мекунанду бас. Гузинаи мухолифати мусаллаҳона ва ҷанг дар баробари Толибон ва гузинаи сукут. Дарвоқеъ, онон вақте мебинанд, ки мардум дар баробарашон туфанг барнадошта ва вориди ҷанг намешаванд, онро сукут таъбир карда ва сукутро низ барои худ ризоият таъриф мекунанд. Яъне ин ки ҳар кас бо мо наҷангид, аз мо розӣ аст. Ин гурӯҳ борҳои дигар хостҳои мардумиро ба Худо ва Расул ирҷоъ дода ва эълом кардаанд, ки мо дар баробари он масъул нестем. Пас, вақте чунин аст, мардум бидонанд, ки сукуташон дар баробари толиб, яъне наҷангиданашон дар баробари ин гурӯҳ ба маънои ризоият талаққӣ мешавад. Аз назари мардумӣ мумкин ин сукут ношӣ аз тарс ё ночорӣ бошад, аммо таъбири толиб ҳамон аст, ки гуфтем: ризоият. Аз талаққӣ аз сукут дарвоқеъ талаққии як нерӯи ишғолгар аз сукут аст. Вақте як нерӯи ишғолӣ сарзаминеро ишғол мекунад, фақат як саволро дар баробари худ қарор медиҳад: оё мардум бо ман меҷанганд? Агар посухи манфӣ бошад, муддаӣ мешавад, ки мардум аз мо ризоият дорад.
Мардуми Афғонистони имрӯза дар баробари толиб сукут кардаанд. Ин сукут аз назари мардум ҳар далеле дошта бошад, аз назари толиб ризоият талаққӣ мешавад. Мақомҳои Толибон дар берун аз кишвар ин мавзӯъро борҳо ёдовар шудаанд. Мегӯянд, ки мо дар тамоми нуқоти кишвар ҳастем ва ҳеҷ кас алайҳи мо ҷанг намекунад ва ин яъне, ки мардум тарафдори мост. Толибон муқовимати мусаллаҳона дар баъзе аз нуқоти кишварро инкор мекунанд ё онро тамарруди чанд фард ва чанд гурӯҳи кӯчаки низомӣ медонанд, ки ба гуфтаи Толибон, ба ҳар ҳол ҳар низоме як миқдор мухолиф ва норозӣ медошта бошад. Тоза муқовимати мусаллаҳона ҳар чӣ қадар ҳам, ки нерӯманд ва бузург бошад, Толибон онро аз мардум ҷудо месанҷанд. Ҳамин тавр низ аст. Эътироз ва ҷанги мардум як чиз аст ва ҷанги як созмони низомӣ чизи дигар.
Мардуми Афғонистон дар баробари артиши то ба дандон мусаллаҳи Шӯравии вақт, ки дар канори он ҳукуматҳои қудратманди коммунистӣ дар Кобул низ ба гунаи муштарак ба саркӯби мухолифин мепардохтанд, рӯйкарди мутафовите дар пеш гирифтанд. Мардум он замон сукут накарданд. Мардум ба шеваҳои мухталиф ва бо дасти холӣ алайҳи Шӯравӣ ҷангиданд. Ин дар ҳоле буд, ки шӯравиҳо хеле ба иқтисоди мардуми Афғонистон таваҷҷуҳ доштанд. Онон мисли толиб ба ҳама чизи мардум мутаарриз набуданд. Онон ҳурмати зан ва кӯдаку мӯсафедро доштанд. Онон ба фарҳангу русуми мардум ва ба эътиқодоти мардум ҳурмат мегузоштанд. Онон барномаи калоне барои ободонии Афғонистон ва қарор додани ин кишвар дар зумраи кишварҳои тавсеаёфта доштанд. Дар айни ҳол онон васоилу нерӯи зиёд ва ҳушманде дар шиносоии мухолифини мусаллаҳ ва зарба задан ба онон дар ихтиёр доштанд. Аммо мардум аз онон наметарсид ва алайҳи онон меҷангид.
Дуруст аст, ки бахше аз ангезаҳои ҷангии мардуми Афғонистон дар баробари шӯравиҳо динӣ буд. Ин идда мӯътақид буданд, ки ҳузури низомии шӯравиҳо дин ва имонашонро ба мухотира мувоҷеҳ карда ва агар наҷанганд наслҳои баъдиашон мусулмон намемонад. Дар бораи дуруст будани ин ақида ин ҷо доварӣ намекунем. Аммо бетардид ангезаҳои миллӣ ҳам дахил буд. Бисёриҳо, ки алайҳи шӯравиҳо меҷангиданд, мӯътақид буданд, ки таҳти ишғол будани кишварашон монеи пешрафт, тараққӣ ва тавсеа аст. Агар кишвари худро озод кунанд, метавонанд дар зумраи милали озод ва тавсеаёфта қарор гиранд.
Ҳоло магар он ҳама ангеза барои ҷанг чӣ шуд? Магар кадом ақли салим аст, ки инро дарк накунад, ки давоми ҳокимияти Толибон, бадтар аз давоми ҳузури низомии Шӯравиҳо дар Афғонистон аст ва давоми ҳузури ҳокимияти ин гурӯҳи террористӣ ба мардум, иқтисод, дин, фарҳанг ва ваҳдати мардуми мо ба маротиб хатарноктар ва зиёнбортар аз ҳузури низомии Шӯравӣ аст?! Ба эътиқоди ман, ҳар кӣ инро надонад, бояд дар ақлу шуураш шакки бузург кард.
Ҳоло шояд баъзеҳо бигӯянд, ки мардум дар баробари Толибон сукут накардаанд. Дар ақиби ин гуфта далоили маҳкам вуҷуд надорад. Эътирозоте, ки шуморе аз занони шуҷоъ барои ҳуқуқи занон карданд, дарвоқеъ эътироз алайҳи ҳокимияти Толибон набуд. Эътироз ба хотири маҳрум шудан аз ҳаққу ҳуқуқ буд ва онон аз Толибон чизе мехостанд, на ин ки ин гурӯҳро нахоҳанд. Нахостани толиб низ як маъно дорад. Ин ки туфанг бардоред ва ҳар, ки дар ҳадди тавони худ як нафар толибро нобуд кунад. Ин ягона маънои нахостан дар қомуси толиб аст. Бақияи эътирозот ва сарусадоҳо беш аз он ки ба зиёни Толибон бошад, навъе машрӯъияти ғайримустақим барои ин гурӯҳ тадорук мебинед. Яъне шумо асли ҳокимияти толибро қабул доред, аммо мехоҳед, ки тибқи майли шумо баъзе аз умурро танзим кунад. Ин чизе шабеҳи тарҳи хостҳои мардум аз як ҳукумати машрӯъ ва мардумӣ дар як низоми демократӣ аст. Ин ки толиб то ин ҳад фоқиди шуур аст, ки мардумро аз тарҳи ҳар гуна мутолибае манъ мекунад, баҳси ҷудост.
Бозгардем дубора ба саволи қаблӣ. Мардум чӣ мехоҳанд анҷом диҳанд? Оё ба сукути худ дар баробари толиб идома медиҳанд? Ҳазинаи давоми ин сукутро медонанд?
Метавон сукути мардуми Афғонистон дар баробари толибро ба сукути як фарзанди аз як падари золим ва ситамгар ташбеҳ кард. Сукуте, ки таркибе аз танаффур ва эҳтироми бархоста аз тақдиси падар аст. Мумкин дар нохудогоҳи зеҳни як фарзанд, танаффуре нисбат ба падари ситамгар вуҷуд дошта бошад, аммо ҳеҷ гоҳ ин танаффур мунҷар ба ин нашуд, ки фарзанд дар баробари падар истода шуда ва гулӯлаеро ба синааш ҳавола кунад.
Ба эҳтимол зиёд, хонандагони ин навишта вақте ба ин сутур бирасанд, ба ин истидлоли қадимӣ ва такрорӣ рӯй биоваранд, ки нависанда аз ҷойи орому беғам нусхаи ҷанг алайҳи толиб менависад, дар ҳоле, ки дар амал ҷанг бо толиб дили шер мехоҳад ва бинобар ин бояд ночорӣ ва тарсу мушкилоти мардумро дарк кунем ва аз нусханависӣ бипарҳезем. Арз кунам, ки пеш аз навиштан, ин истидлолро дар зеҳн доштам ва алорағми он ин матнро навиштам. Медонам, ки ҷанг дар баробари ваҳшитарину ноинсонтарин ва номусулмонтарин гурӯҳи рӯйи замин дили шер мехоҳад, шаҳомату шуҷоат, дарку шуур ва бисёр чизҳои дигар мехоҳад, аммо бояд гуфт, ки барои доштани як ояндаи хуб ва дурахшону боиззат роҳи дигаре вуҷуд надорад. Бояд иддае шаҳомати ин корро пайдо кунанд.
Мардум набояд мунтазир бинишинанд, ки масалан, Ҷабҳаи муқовимат чӣ мекунад, Ҷабҳаи озодӣ чӣ мекунад, ҷабҳаи ин ва ҷабҳаи он чӣ мекунад, Амрико чӣ мекунад, Русия чӣ мекунад, Чин чӣ мекунад, Эрону Покистон ва Ҳинду Қатар ва... чӣ мекунанд. Онҳо корҳои худро мекунанд. Ҳар кӣ манофеи худро санҷида, коре хоҳад кард. Аммо ин ки мардум чӣ мекунанд ва чӣ бояд бикунанд, рабт ба ин надорад, ки кишварҳо, ниҳодҳо ва созмонҳои фавқулзикр чӣ мекунанд. Сухани мо дар бораи мардум аст. Мардум бояд зудтар ба ин дарк бирасанд, ки бо толиб ояндаашон торику ваҳшатнок аст ва ин масъулияти фардӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ ва ҳатто динӣ ва имонии як инсони бошуур аст, ки алайҳи толиб коре анҷом диҳад.
Ман мешунавам ва мехонам, ки бисёриҳо шабу рӯз масруфи қазоват, масалан, дар мавриди амалкарди Ҷабҳаи муқовимат, Русия, Амрико ва... ҳастанд. Ё дар бораи гузашта, ҳоло ва ояндаи раҳбарони сиёсӣ ва низомии шинохташуда доварӣ мекунанд. Дар ин ҷо низ рафтори мардум мутаноқиз аст. Аз як тараф аз ҳама шахсиятҳо ва раҳбарони низомӣ ва сиёсии гузашта норозанд ва ононро дар азҳонашон ҳар рӯз маҳкамаи саҳроӣ мекунанд, аммо дар айни ҳол чашм ба роҳи ин ҳастанд, ки онон дар баробари толиб чӣ мекунанд. Гӯё мардум бар асоси як қарордод бо ин раҳбарон ононро мукаллаф ба мубориза бо толиб кардаанд ва ҳоло худашон ба нозири амалкарди онон мубаддал шуда, мунтазиранд, ки онон чӣ мекунанд. Хуб, агар раҳбарони сиёсӣ ва низомии гузашта ба ҳар далеле нахостанд ё натавонистанд бо толиб биҷанганд, ё ин, ки самараи ҷанги худ бо толибро бо доллар муовиза карданд, ин чизе аз қабоҳати толиб ва масъулияти мардум кам мекунад? На хайр.
Ба унвони як инсони масъул ва огоҳ хуб аст инро бидонем, ки дигарон чӣ мекунанд, аммо ин огоҳӣ набояд монеи амали худи мо шавад ва дар тавҷеҳи сукут, инфиол ва беҳимматии худи мо ба кор гирифта шавад. Ночориҳо, тарсҳо, мушкилот ва.. ҳама қобили дарк аст. Қарор нест, ҳама зану мардум даст ба кор шаванд. Агар аз ҳар даҳ ҳазор нафар як нафар алайҳи толиб туфанг бардорад, аз 30 миллион нафар 30 ҳазор нафар мешавад, ки як лашкари бузург аст. Ин лашкар агар ҳар рӯз танҳо сӣ иқдоми мусаллаҳона алайҳи толиб намояд (ҳар ҳазор нафар як иқдом) тасмимгирандагони ақиби дарҳои бастаи толиб ба ларза дар меоянд. Онон шояд тавре вонамуд кунанд, ки қодир ба саркӯби ҳар иқдоме ҳастанд, аммо дар дарозмуддат тарсашон ва ваҳшаташон ошкор хоҳад шуд. Ҳарфи мо ин аст ва таваққӯи мо аз мардуме, ки муддаии озодагиву сарбаландӣ ва таърихмандӣ аст, ҳамин аст. Ғайр аз ин ҳар чӣ бошад, барои толиб қобили эътино нест ва дар зумраи дашноми ғоибонаи зеризабонӣ қобили муҳосиба аст. Ин масъулияти таърихии мардум дар қиболи кишвар ва наслҳои оянда бо ҳеҷ тавҷеҳ ва далеле марфӯъ шуданӣ нест. Мо ҳама дар баробари наслҳои оянда ва ояндаи кишвар мо масъулем. Набояд иҷоза диҳем, ки сенарияҳои нигошташудаи мудириятҳои бахши Афғонистони созмонҳои истихборотии ҷаҳон дар кишвари мо чапу рост амалӣ шаванд ва мо масруфи дашном додани ину он бошем ва аз масъулияти худ шона холӣ кунем. Афғонистон бо як “инқилоби манфӣ”-и бузург мувоҷеҳ шуда, ин инқилобу растохез бояд мардон ва муборизони ростин ва мардумии худро пайдо кунад, то масири инҳирофи таърих рост шавад!