Хабарномаи тавофуқ миёни Покистону Толибон барои “дилхушии Толибон” таъдил шуд.

Нависанда: Пӯёни Маликзода, таҳлилгар (Афғонистон)

Имзои тавофуқномаи оташбас ва тааҳҳуди амниятиву ҳамкории марзӣ миёни Покистону гуруҳи ҳокими Афғонистон (Толибон) дар Давҳа, пойтахти Қатар, вокунишҳои густардае дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барангехт.

Бо ин ҳол, он чи тавваҷуҳи коршиносонро ба худ ҷалб кард, таъдили хабарномаи расмии давлати Қатар пас аз интишори аввалия буд; ба гунае, ки вожаи “марз” ё ҳар ишорае ба “хати Дюранд” аз матни он ҳазф ё таъдил шуд.

Ин иқдом, ҳарчанд дар зоҳир фаннӣ ва расонаӣ ба назар мерасад, дар ботин, бозтобдиҳандаи таодулёбии зарифи дипломатӣ, чолишҳои ҳуқуқиву танишҳои ҳувиятии миллӣ дар мавриди сарнавишти Афғонистону ояндаи сиёсии он аст.

Дар ин таҳлил бо баррасии ҷомеъ аз абъоди ҳуқуқӣ, сиёсӣ, стратегиву миллии ин мавзӯ, ба воковии амиқтаре аз нақши Қатар, машрӯъияти Толибон ва ояндаи равобити Афғонистону Покистон мепардозем.

1 - Буъди ҳуқуқи байналмилалӣ: хабарномаҳо наметавонанд муоҳидотро тағйир диҳанд.

Бар асоси Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуқи муоҳидот (1969), танҳо асноди расмӣ, ки бо риояти шароити инъиқод (салоҳияти намояндагон, ризояти озодона, адами вуҷуди таҳдид ё фиреб) ва бо фароянди тасвиби қонунӣ имзо шаванд, дорои илзомоварии ҳуқуқӣ ҳастанд.

Дар муқобил, изҳороти шифоҳӣ, мусоҳибаҳо ва хабарномаҳои давлатӣ — ҳатто агар тавассути кишвари мизбон ё миёнҷӣ содир шаванд — ҷузъи манобеъи тафсирии сонавия (модаи 32, Конвенсияи Вена) маҳсуб мешаванд ва ҳеҷ асари илзомоваре бар муҳтавои муоҳида надоранд.

Бино бар ин, таъдили хабарномаи давлати Қатар — ҳарчанд амдӣ ва сиёсӣ бошад — аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ беасар аст. Танҳо роҳи тағйир ё лағви тавофуқнома, фароянди расмӣ миёни тарафайни аслӣ (Покистону Толибон) аст, на иқдомоти як кишвари солис. Ин нукта, ҳамон тавр ки бисёре аз коршиносони ҳуқуқии афғон таъкид кардаанд, нишон медиҳад, ки эътимод ба хабарномаҳо барои тафсири ҳуқуқии муоҳидот гумроҳкунанда аст.

2 - Буъди сиёсӣ: Қатар дар ҷустуҷӯи таодул миёни ду тараф аст.

Қатар дар тӯли даҳаи гузашта худро ба унвони миёнҷии муътабар ва бетараф дар парвандаи Афғонистон муаррифӣ кардааст. Аз мизбонии дафтари сиёсии Толибон то тасҳили музокироти Давҳа бо Амрико, нақши Қатар ҳамвора бар пояи ҳифзи иртибот бо ҳамаи бозигарон бидуни тарафгирии ошкор устувор вонамуд шудааст. Аммо ҳеҷ ҳаракати сиёсӣ бидуни ҳадафу манофеъи кишвари хос ба ризои Худо намебошад.

Дар ин замина, ишора ба “марз” ё “хати Дюранд” дар хабарномаи расмии Қатар, метавонист тафсир шавад ба унвони:

- эътирофи зимнӣ ба машрӯъияти хати Дюранд,

- ҳимоят аз мавозеъи Покистон,

- ва нақзи мавозеъи миллии Афғонистон, ки хати Дюрандро марзи истеъморӣ ва ғайриқонунӣ медонад.

Албатта, ин иддаои Афғонистон мебошад чун Афғонистон марзи шимолии ҳамзамон хати фарзии Дюранд будааст ва Покистон ин марзро сарҳади байналмилалии худ медонад.

Бо ҳазфи ин вожа, Қатар:

Эътимоди Толибонро ҳифз мекунад (чаро ки Толибон, ҳарчанд дар амал бо Покистон ҳамкорӣ мекунанд, аммо дар сатҳи идеологиву миллӣ, хати Дюрандро рад мекунанд),

- аз даргирӣ дар муноқишаи ҳассоси марзӣ иҷтиноб меварзад,

- ва фазои лозим барои идомаи нақши миёнҷигарии худро боз нигаҳ медорад.

Ин ҳаракат, пас аз ҳама, як тасмими тактикӣ ва ҳушмандона аст, ки ҳадафи он ҳифзи сармояи сиёсии Қатар дар минтақа аст, на таъсиргузорӣ бар муҳтавои тавофуқ.

3 - Машрӯъияти Толибон ва дугонагии Покистон

Яке аз нукоти калидӣ, ки дар расонаҳои покистонӣ гузориш шуда, ин аст, ки тавофуқнома миёни “Покистон” ва “Афғонистон” имзо шуда, на “Иморати исломии Афғонистон”. Ин амр ду паём пинҳон дорад:

Аввалан, Покистон Толибонро ба унвони давлати қонунӣ нашинохтааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ҳатто ҳомии аслии Толибон низ аз эътирофи расмӣ ба онҳо худдорӣ мекунад, эҳтимолан ба далели фишорҳои байналмилалӣ ё нигаронӣ аз пайомадҳои ҳуқуқии чунин эътирофе метавонад бошад.

Сониян, ин рӯйкарди ноҳамоҳангӣ дар сиёсати хориҷии Покистонро ошкор месозад: аз як сӯ, Покистон Толибонро тақвият мекунад ва ба қудрат дар Афғонистон мерасонад; аз сӯи дигар, аз шиносоии расмии онҳо иҷтиноб меварзад.

Дар ин фазо, Қатар бо таъдили хабарнома, аз вуруд ба ин дугонагии сиёсӣ худдорӣ карда ва худро аз ҳар гуна тааҳҳуди зимнӣ ба машрӯъият ё адами машрӯъияти Толибон дур нигаҳ медорад.

4 - Ҳокимияти миллӣ ва нақзи аслии тасовии забонӣ

Яке аз муҳимтарин нукоте, ки дар таҳлилҳои дохилии Афғонистони мавриди таъкид қарор гирифта, адами вуҷуди нусхаи расмии тавофуқнома ба забонҳои миллии Афғонистон (форсӣ ва пашту) аст.

Танзими санад танҳо ба забони англисӣ дар ҳоле, ки англисӣ забони расмии ҳеҷ як аз тарафайн нест, нақзи асли тасовии ҳуқуқии кишварҳо дар ҳуқуқи байналмилал маҳсуб мешавад.

Ин амр на танҳо шафофияти ҳуқуқиро коҳиш медиҳад, балки ҳокимияти фарҳангӣ ва забонии Афғонистонро нодида мегирад, ҳаққи мақомоти афғон бар дарки комили мафоди санадро зери савол мебарад ва табаъияти Афғонистон аз Покистонро дар фазои дипломатӣ нишон медиҳад.

Ин мавзӯ, ҳамон тавр, ки бисёре аз таҳлилгарони афғон ҳушдор додаанд, истиқлоли сиёсии Афғонистонро дар баробари Покистон тазъиф мукунад ва нишон медиҳад, ки тавофуқи бештар таҳти нуфузи Покистон шакл гирифтааст.

5 - Шафофият ва ҳаққи мардуми Афғонистон

Дар ниҳоят, масаълае, ки фаротар аз ҳуқуқу сиёсат аст, ҳаққи мардуми Афғонистон ба шафофият аст. Муоҳидоте, ки сарнавишти як миллат, бавижа дар мавриди марзҳои миллӣ, амнияту ҳокимиятро рақам мезананд, набояд маҳрамона боқӣ бимонанд. Маҳрамона нигаҳ доштани ин санад:

- Масъулиятпазирии ҳукумати худхондаи Толибонро зери савол мебарад,

- Ҳаққи умумии мардум ба огоҳӣ аз тасмимоти миллӣ дар бораи Афғонистону хисорати ҳамлаи ҳавоӣ бар шаҳрҳо ва хоки Афғонистону талафоти инсониро нақз мекунад,

- Ва пояҳои машрӯъияти ҳар ҳукумате, ҳатто як ҳукумате, ки машрӯъияти миллӣ ва байналмилалӣ ҳам надошта бошадро бештар тазъиф менамояд.

Дар ин замина, таъдили хабарномаи Қатар, ҳарчанд барои “дилхушии Толибон” анҷом шуда бошад, ҳеҷ ҷойгузине барои интишори комилу шаффофи матни тавофуқнома нест. Ва ҳар банде, ки дар асли тавофуқнома бошад, дар назди тарафайни муоҳида қобили иҷро ва бори амалӣ дорад.

Дар натиҷагирӣ бояд гуфт, ки таъдили хабарномаи давлати Қатар дар паи имзои тавофуқномаи Покистон-Толибон, дар зоҳир як иқдоми расонаӣ, аммо дар ботин намодӣ аз дипломатия муҳосиба шудааст.

Аз назари ҳуқуқӣ, ин кор ҳеҷ асаре бар муҳтавои муоҳида надорад; аммо аз манзари сиёсӣ, нишондиҳандаи талоши Қатар барои ҳифзи таъодул миёни Покистону Толибон ва иҷтиноб аз тарафгирӣ дар муноқишаи ҳассоси Дюранд аст.

Бо ин ҳол, чолишҳои бунёдине ҳамчунон побарҷост:

- Адами шафофият дар матни тавофуқ,

- Маҳрумияти мардуми Афғонистон аз ҳаққи огоҳӣ,

- Нақзи ҳокимияти забон, фарҳанг ва дугонагӣ дар машрӯъияти Толибон ва Афғонистон.

Дар ниҳоят, ояндаи ин тавофуқ на ба хабарномаҳои Қатар, балки ба иродаи миллии Афғонистон, шафофияти Толибону таъаҳҳуди Покистон ба эҳтиром ба ҳокимияти ҳамсояаш бастагӣ хоҳад дошт. То он замон, ҳар гуна муомила дар соя, ин тавофуқнома на пойдор хоҳад буд, на машрӯъияти ҳуқуқӣ ва на иҷроӣ хоҳад дошт, зеро аз рӯзи аввал абъоди мухталифи ин тавофуқ таҳти нақди густардаи сартосарӣ ва вокунишҳои расонаҳои мухталиф буда ва эҳтимоли ин ки ин оташбас шикананда бошад, бештар мутасаввир аст.