Чӣ сенарияҳоеро метавон барои ҷанги Эрону Амрико пешбинӣ кард?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Ҷанг миёни Эрон, Амрико ва Исроил акнун вориди савумин ҳафтаи худ шудааст. Ҳамзамон бо идомаи ин даргирӣ, нигарониҳои ҷаҳонӣ дар бораи густариши доманаи ҷанг ба саросари Ховари Миёна ва паёмадҳои он барои иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст. Бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки идомаи ин буҳрон метавонад шокҳои ҷиддӣ дар бозорҳои энержӣ, тиҷорати байналмилал ва низоми молии ҷаҳонӣ эҷод кунад ва суботи иқтисодии ҷаҳонро бо чолишҳои тозае рӯ ба рӯ созад.

Дар сатҳи геополитикӣ низ нишонаҳое аз шаклгирии навъе тақобули ғайримустақим миёни блоки Ғарб ба раҳбарии Амрико ва қудратҳои шарқӣ монанди Чину Русия дида мешавад. Агарчи ин кишварҳо ба таври расмӣ дар ҷанг дахолати мустақим надоранд, аммо дар фазои рақобатҳои роҳбурдии ҷаҳонӣ, эҳтимоли ҳимоятҳои иттилоотӣ, фанноварӣ ё сиёсӣ аз бозигарони минтақавӣ вуҷуд дорад. Чунин раванде метавонад ба печидатар шудани муодилоти амниятӣ ва тӯлонитар шудани буҳрон кӯмак кунад.

Дар чунин шароите, барои дарки беҳтари ояндаи ин ҷанг бояд ба баррасии сенарияҳои муҳтамал дар сурати тадовум ё густариши он пардохт. Нахустин ва дар айни ҳол хатарноктарин сенария, густариши ҷанг ба сатҳе фарогир дар минтақа аст. Дар ин ҳолат, пои бозигарони минтақавӣ ва нерӯҳои ниёбатӣ низ ба таври мустақимтар ба майдони даргирӣ боз мешавад. Амрико ва Исроил дар минтақа аз муттаҳидоне бархӯрдоранд, ки бо афзоиши нуфузи геополитикии Эрон мухолифати ҷиддӣ доранд. Дар муқобил, шабакае аз гурӯҳҳои ҳамсӯ бо Эрон шомили Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, гурӯҳҳои наздик ба Эрон дар Ироқ ва Сурия ва Ҳусиҳо дар Яман метавонанд дар чунин шароите вориди майдон шаванд. Фаъол шудани комили ин бозигарон метавонад Ховари Миёнаро вориди як ҷанги чандҷабҳаӣ ва густарда кунад; ҷанге, ки паёмадҳои он на танҳо минтақа, балки амнияти ҷаҳонӣ ва бозори энержиро низ башиддат таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Сенарияи дувум, ҳаракати ҷанг ба самти як даргирии фарсоишӣ ва тӯлонимуддат аст. Дар чунин вазъияте, ҷанг на ба пирӯзии сареъи яке аз тарафҳо меанҷомад ва на ба тавофуқи фаврӣ хатм мешавад. Натиҷаи чунин раванде метавонад фарсоиши тадриҷии зарфиятҳои иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсии минтақа бошад. Зерсохтҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ осеб мебинанд, сармоягузории хориҷӣ коҳиш меёбад ва ноамнии музмин ба бахше аз воқеияти сохтории Ховари Миёна табдил мешавад. Дар ин чаҳорчуб, Амрико ва Исроил мумкин аст стратегияи фишори мудовим аммо маҳдудро дунбол кунанд; яъне тазъифи тадриҷии тавони низомии Эрон аз тариқи ҳамалоти ҳавоӣ, амалиёти сайберӣ ва иқдомоти ҳадафманд, бидуни он ки вориди як ҷанги заминии густарда шаванд. Аз сӯи дигар, бархе таҳлилҳо ҳокӣ аз он аст, ки Чин ва Русия мумкин аст ба шакли ғайримустақим ва дар қолаби ҳамкориҳои иттилоотӣ ё фанноварӣ, ба Эрон кӯмак кунанд то мувозинаи қудрат дар баробари Ғарб ҳифз шавад ва ҳузури роҳбурдии Амрико дар минтақа бо чолиш мувоҷеҳ гардад.

Дар канори ин сенарияҳо, эҳтимоли маҳори буҳрон аз тариқи як тавофуқи муваққат низ вуҷуд дорад. Фишорҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ихтилол дар масирҳои тиҷорати байналмилалӣ ва афзоиши ҳазинаҳои ҷанг мумкин аст тарафҳоро ба самти навъе оташбас ё тавофуқи маҳдуд савқ диҳад. Чунин тавофуқе эҳтимолан бо миёнҷигарии бархе қудратҳои минтақавӣ ё бозигарони байналмилалӣ шакл хоҳад гирифт. Бо ин ҳол, таҷрибаи таърихӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки ин навъ тавофуқҳо ағлаб бештар ҷанбаи мудирияти буҳрон доранд то эҷоди сулҳи пойдор. Бинобар ин ҳатто дар сурати дастёбӣ ба тавофуқ, имкони бозгашти танишҳо дар оянда ҳамчунон вуҷуд хоҳад дошт.

Сенарияи дигаре, ки метавон тасаввур кард, идомаи даргириҳо дар қолаби як тақобули маҳдуд ва контролшуда аст. Дар ин ҳолат, ҷанг ба шакли ҳамалоти ҳавоӣ, амалиёти дифои мушакӣ ва зарботи низомии маҳдуд идома пайдо мекунад, аммо ҳеҷ яке аз тарафҳо тамоюл ё тавони вуруд ба як ҷанги тамомайёрро надоранд. Ин улгу дар Ховари Миёна собиқаи зиёде дорад ва аз ин рӯ эҳтимоли вуқуъи он низ нисбатан боло арзёбӣ мешавад. Дар чунин шароите, минтақа вориди марҳалае аз беcуботии мудириятшуда мешавад, ки метавонад барои муддати тӯлонӣ идома ёбад.

Дар сатҳе амиқтар, бархе таҳлилгарон эҳтимоли бурузи тағйироти бунёдини сиёсӣ дар минтақаро низ матраҳ мекунанд. Дар сурати ташдиди буҳрон, имкон дорад бархе эътилофҳои амниятии мавҷуд фурӯ бипошанд ё ҳатто тағйироте дар сохтори қудрат дар бархе кишварҳо рух диҳад. Агар чунин раванде шакл бигирад, Ховари Миёна мумкин аст вориди марҳалае аз бозороии геополитикӣ шавад, ки дар он назми амниятии ҷадиде бар асоси эътилофҳои тоза ва рақобатҳои мутафовит шакл мегирад. Бо ин ҳол, чунин сенарияе бо хатароти ҷиддӣ низ ҳамроҳ аст, аз ҷумла беcуботии густардаи дохилӣ, афзоиши қудрати гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайридавлатӣ ва ташдиди рақобатҳои минтақавӣ.

Аз манзари иқтисодӣ, яке аз муҳимтарин паёмадҳои идомаи ин ҷанг метавонад таъсири он бар бозори энержии ҷаҳонӣ бошад. Тангаи Ҳурмуз, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз нафт ва гази ҷаҳон аз он убур мекунад, яке аз нуқоти ҳассоси ин буҳрон аст. Ҳар гуна ихтилол дар ин масир метавонад арзаи ҷаҳонии энержиро бо мушкил мувоҷеҳ кунад ва қимати нафтро ба шакли қобили таваҷҷуҳе афзоиш диҳад. Дар чунин вазъияте, иқтисоди ҷаҳонӣ мумкин аст бо мавҷи ҷадиде аз таваррум ва рукуд рӯ ба рӯ шавад; шароите мушобеҳи ончи ҷаҳон дар буҳрони молии соли 2008, ҳамагирии корона ва ҷанги Украин таҷриба кард. Афзоиши қимати энержӣ ба таври мустақим бар ҳазинаи тавлиди корхонаҳо, бахши ҳамлу нақл ва қимати маводи ғизоӣ таъсир хоҳад гузошт.

Дар маҷмӯъ, агарчи эҳтимоли вуқуъи як ҷанги тамомайёри минтақавӣ вуҷуд дорад, аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сенарияҳои ҷанги маҳдуд, ҷанги фарсоишӣ ё маҳори нисбии таниш воқеъбинонатар ҳастанд, зеро ҳазинаҳои як ҷанги густарда барои ҳамаи тарафҳо бисёр сангин хоҳад буд. Бо ин ҳол, ҳатто дар сурати ҷилавгирӣ аз як ҷанги бузург, идомаи танишҳо метавонад таодули суннатии қудрат дар Ховари Миёнаро дигаргун кунад ва минтақаро вориди марҳалае тулонӣ аз рақобатҳои геополитикӣ ва беcуботии сохторӣ созад; вазъияте, ки мудирияти он барои бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ осон нахоҳад буд.