Ҳимояти сиёсии Русия аз Эрон ва мухолифати он бо ташдиди низомӣ, дар шаклдеҳӣ ба ин даргирӣ таъсиргузортар аз кӯмакҳои низомӣ будааст.

Нависанда: Иван Тимофеев, мудири Шӯрои умури байналмилалии Русия

Манбаъ: Алҷазира

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон, Аббос Ироқчӣ, ба Русия бори дигар пурсишҳое дар бораи мавқеи Маскав дар қиболи даргирии миёни Эрон аз як сӯ ва Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз сӯи дигар матраҳ мекунад.

Ин сафар набояд мӯҷиби шигифтӣ шавад. Русия як қудрати бузург ва узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст. Эрон ва Русия ҳамчунин кишварҳои дӯст ҳастанд, ҳамон гуна ки дар паймони соли 2025 миёни онҳо тасреҳ шудааст. Бино бар ин, роҳбурди қобили такя, тарвиҷи сулҳ аст, ҳатто агар ташдиди низомӣ дар кӯтоҳмуддат судҳое ба ҳамроҳ дошта бошад.

Чунин судҳо барои Маскав вуҷуд дорад, аз ҷумла афзоиши қимати нафт ва мунҳариф шудани таваҷҷуҳ аз даргирӣ дар Украина.

Бо ин ҳол, Русия ба хубӣ огоҳ аст, ки беҳбуди муваққат дар бозори нафт, ниёз ба бозсозии иқтисоди худро дар баробари таҳримҳои Ғарб аз байн намебарад.

Ҳамчунин рӯшан аст, ки шароити хориҷӣ ба танҳоӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи он дар Украина кофӣ нест.

Бар ин асос, Маскав бар манофеи кӯтоҳмуддат тамаркуз намекунад, балки таъкиди бештаре бар ҳаллуфасли даргирӣ ва коҳиши пайомадҳои манфии он дорад. Ин пайомадҳо шомили як буҳрони инсонии билқувва дар Эрон, коҳиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели қиматҳои бисёр баланди энержӣ ва коҳиши тақозои ношӣ аз он, хатари бурузи буҳрони молӣ ба далели ихтилол дар марказҳои молии минтақаӣ ва таҳдидоте барои ширкатҳои русӣ аст, ки дар солҳои ахир ҳузури худро дар минтақа ба таври қобили таваҷҷуҳ густариш додаанд.

Ба назар мерасад Теҳрон мавқеи Маскавро ҳамсӯ бо манофеи худ медонад. Эрон тавонистааст дар баробари як ҳамлаи низомии қудратманд аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил муқовимат кунад, ки ағлаб ба унвони як пирӯзии тактикии муҳим талаққӣ мешавад.

Эрон ҳамчунин муваффақ шудааст ба як мавқеияти дипломатии матлуб даст ёбад, зеро Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бо камбуди ҳимояти маънодор аз сӯи дигар қудратҳои бузург мувоҷеҳ шудаанд.

Муттаҳидони аврупоии НАТО тамоюли каме барои мушорикат дар амалиёти минарӯбӣ дар тангаи Ҳурмуз ва соири фаъолиятҳо нишон доданд. Онҳо манфиати андаке дар даргир шудан дар ин буҳрон мебинанд, бавижа аз он ҷо ки ҳамла ба Эрон бо онҳо ҳамоҳанг нашуда буд.

Муттаҳидони Амрико дар минтақа низ ба шиддат аз ин даргирӣ осеб дидаанд, зеро иқдомоти низомӣ ба ҷойи тақвияти амнияти онҳо, онро тазъиф кардааст.

Чин башиддат бо ҳар гуна иқдоми низомӣ мухолиф аст. Ҳамон гуна ки ағлаб иттифоқ меафтад, Пекин аз ташдиди таниш иҷтиноб мекунад, аммо мавқеи он рӯшан ва муҳим аст, бавижа бо таваҷҷуҳ ба равобити иқтисодии наздики он бо Эрон.

Дар мавриди Ҳинд, ин кишвар низ иштиёқи чандоне барои ҷанг нишон надодааст, бавижа бо таваҷҷуҳ ба теъдоди зиёди шаҳрвандонаш, ки дар минтақа кор мекунанд.

Эрон ин даргириро дар ҳоле оғоз кард, ки аз назари дипломатӣ мунзавӣ буд ва муттаҳидони низомияш мулзам ба ироаи кумаки фаврӣ набуданд. Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва Исроил низ худро дар вазъияти инзивои дипломатӣ мебинанд. Вашингтон муттаҳидони зиёде дорад, аммо мизони ҳимояти муассири онҳо ҳамчунон номушаххас аст.

Мавқеи Русия ба шикастани ин инзивои дипломатии кунунӣ кумак мекунад, ки бо сафари Ироқчӣ ба Русия тақвият шудааст. Бо ин вуҷуд, вазъият ҳамчунон бисёр шиканда ва хатарнок боқӣ мемонад, бавижа барои Эрон.

Бо вуҷуди заъфи эътилофи зиддиэронӣ, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон доманаи густардае барои анҷоми ҳамалоти низомӣ ба дилхоҳи худ дар ихтиёр дорад.

Дуруст аст, ки Иёлоти Муттаҳида мумкин аст бо маҳдудиятҳои муваққатии манобеъ мувоҷеҳ шавад. Ин ҷанг бархе костиҳо дар созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи онро дар муқобила бо як қудрати бузурги минтақаӣ ошкор кардааст, бавижа ниёз ба тақвияти новгони дарёӣ. Бо ин ҳол, Вашингтон то ҳадди зиёде аз ҳар гуна посухи талофиҷӯёнаи Эрон масун мондааст.

Амрикоиҳо мумкин аст барои ислоҳи иштибоҳоти худ ба замон ниёз дошта бошанд, аммо барои ин манобеъ ва имконоти вофире дар ихтиёр доранд. Ҳамчунин наметавон Иёлоти Муттаҳидаро гаравгони масдудияти тангаи Ҳурмуз донист; ин кишвар алъон ба бузургтарин тавлидкунандаи нафти ҷаҳон табдил шуда ва ҳамроҳ бо Канада ва Мексика мавқеияти пештози худро тақвият мекунад.

Агарчи баъид аст Русия таъсири мустақиме бар натиҷаи ин даргирӣ дошта бошад, аммо мавқеи сиёсӣ ва иқдомоти амалии он ҳамчунон омили муҳиме дар муодилаест, ки буҳрони ояндаи Ховари Миёнаро шакл медиҳад.

Русия дидгоҳи худро дар бораи ин даргирӣ ба сурати рӯшан ва беибҳом баён мекунад: Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон таҷовуз кардаанд ва пайомадҳои он аз Эрон ва Ховар Миёна фаротар меравад.

Ин даргирӣ хатароти ҷиддӣ ба ҳамроҳ дорад, аз ҷумла афзоиши эҳтимоли як фоҷиаи инсонӣ ва олудагии ҳастаӣ дар сурати осеб дидани таъсисоти ҳастаӣ. Ҳеч роҳи ҳалли низомӣ барои ин буҳрон вуҷуд надорад; ин буҳрон ниёзманди талошҳои дипломатии мудаввом ва пайваста аст.

Табиатан Русия аз ҳеч гуна маҳдудияти иқтисодӣ алайҳи Теҳрон ҳимоят намекунад, ҳамон гуна ки дар тавофуқи 2025 миёни Русия ва Эрон ба вузуҳ мунъакис шудааст. Ин амр бо мавқеи қотеъи Маскав мабнӣ бар ғайри қобили қабул будани ҳаргуна таҳрими хориҷ аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамхонӣ дорад.

Ҳамин мавзуъ дар мавриди ҳаргуна иқдоми хасмонаи дигар алайҳи Эрон, аз ҷумла муҳосираи дарёӣ низ сидқ мекунад. Дар айни ҳол, мавқеи Русия ба вузуҳ бар аҳамияти дастёбӣ ба як роҳи ҳалли сиёсӣ таъкид дорад.

Тавоноии Маскав барои ироаи ҳимояти низомии мустақим ба Теҳрон маҳдуд аст. Ин мавзуъ муддатҳо пеш аз оғози даргирӣ низ ошкор буд ва дар тавофуқи 2025 низ мунъакис шудааст; тавофуқе, ки агарчи равобити дӯстонаро тарсим мекунад, аммо як иттиҳоди низомӣ маҳсуб намешавад.

Илова бар ин, Русия равобити худро бо дигар кишварҳои Халиҷи Форс ҳифз ва тақвият мекунад ва дар ростои манофеи худ талош дорад аз ташдиди даргирӣ миёни Эрон ва ҳамсоягонаш ҷилавгирӣ кунад. Ин минтақа чунон печида аст, ки пайомадҳои ҷанг дар он ғайриқобили пешбинӣ аст. Тағйири эҳтимолӣ дар давлати Иёлоти Муттаҳида низ баъид аст ин масъаларо ҳал кунад. Аз соли 1979, Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди навасонот дар сиёсатҳояш, ҳамчунон як рақиби пойдори Ҷумҳурии Исломӣ боқӣ мондааст.

Вашингтон мумкин аст имрӯз бо Теҳрон ба тавофуқ бирасад, аммо метавонад ба роҳатӣ аз он хориҷ шавад, агар онро зарурӣ бидонад ё фурсате барои ҳазфи Эрон фароҳам шавад.

Дар айни ҳол, ҳамалоти низомӣ алайҳи Эрон маҳдудиятҳои худро нишон додаанд. Барои нахустин бор дар муддати тулонӣ, як амалиёти низомии густардаи Амрико аз ин навъ натавониста ба натоиҷи сиёсии сареъ ва қотеъ даст ёбад. Дар иваз, пӯёиҳои ҷадиде дар тавозуни қудрат барои Вашингтон эҷод кардааст. Пеш аз ҷанг, мавқеияти он таъйинкунанда буд ва сирф таҳдид ба истифода аз зӯр кофӣ буд.

Ин таҳдид ҳамчунон вазни худро дорад, аммо короии он акнун мавриди тардид қарор гирифтааст. Маҳдудияти абзорҳои низомӣ эҳтимолан душманони Эронро ба истифодаи муассиртар аз “ҷанги таркибӣ” ташвиқ хоҳад кард, дар ҳоле ки ҳамзамон ба дунболи роҳҳои ҷадид барои афзоиши короии тавонмандиҳои низомии худ хоҳанд буд.

Барои Эрон, эҷоди як улгӯи пойдори иқтисодӣ ва тавсеавӣ ҳамчунон як чолиши бузург боқӣ мемонад. Ин кишвар тавоноии худро дар муқовимат дар баробари фишори шадиди низомӣ нишон додааст, аммо баъид аст битавонад як модели тавсеаи баландмуддатро сирфан бар асоси иқдомоти мудирияти буҳрон бино кунад.

Теҳрон ба дунболи як давраи зарурии танаффус хоҳад буд то тавонмандиҳои иқтисодии худро бозсозӣ кунад. Маҳдудиятҳои модели иқтисодии Эрон муддатҳо пеш аз ин даргирӣ ошкор будааст ва мумкин аст дар оянда нақши манфӣ ифо кунад.

Иван Тимофеев мудири кулли Шӯрои умури байналмилалии Русия аст. Ӯ аз соли 2015 ҳамчунин узви Маҳфили гуфтугӯи Валдай аст ва барномаи иқтисоди сиёсиро раҳбарӣ мекунад. Ӯ аз соли 2009 дотсенти донишгоҳи MGIMO аст. Вай дар соли 2006 мадраки докторӣ дар риштаи улуми сиёсиро аз донишгоҳи MGIMO дарёфт кардааст. Доктор Тимофеев нависанда ва ҳамнависандаи беш аз 100 асари илмӣ аст, ки дар нашрияҳои донишгоҳии русӣ ва байналмилалӣ мунташир шудаанд.