Махдуми Олим замоне озод шуд, ки ҳарфи кӯмаки 250 миллион доллари Инглис ба Абдурашид Дӯстум рӯи об баромад.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири сомонаи Сангар

Ин ду иттифоқ ба ҳам чӣ рабте доранд? Мехоҳанд Махдуми Олимро ба ҷони Дӯстум андозанд, ё Дӯстумро ба сари Махдуми Олим мефиристанд? 250 миллион доллари ёдшуда дар куҷо ва барои кадом пружа сарф хоҳад шуд? Боздошти Ҳошим Раис, нафари калидии Дӯстум, аз сӯи истихбороти Эрон ба ин ҳама чӣ рабт дорад?

Хабари 250 миллион долларро нашрияи The Independent – и бритониёӣ аз қавли Антони Кордзман (Anthony Cordesman), коршиноси маъруфи амрикоӣ нашр кард, аммо дар сомонаи он пайдо нашуд.

10 апрел Сэр Адам МакКлюр Томсон як дипломати собиқи бритониёӣ, мудири Шабакаи раҳбарии Аврупо, як андешакадаи панаврупоии мустақар дар Лондон, ки замоне ҳам намояндаи доимии Бритониё дар НАТО (2014-2016) будааст, бар блоги шахсиаш аз қавли Доктор Ҷулиан Луис, раиси Кумитаи амният ва иттилооти парлумони Бритониё аз ин “тасмими стратегии давлати Биритониё барои ҳимоят аз ӯзбекҳо дар Афғонистон” хабар дод.

Ҷулиан Луис гуфтааст: “Давлати Бритониё мӯътақид аст, ки ақвоми мухталиф бояд дар ҳукумати Афғонистон барои табодули қудрати сиёсии солим ширкат кунанд. Ба унвони мисол, ӯзбекҳо дар шимоли Афғонистон ба раҳбарии генерал Дӯстум яке аз ақвоми асил ва таърихӣ дар Афғонистон ҳастанд ва аз ин рӯ, ба расмият шинохтани саҳми машрӯъи онҳо дар ҳар ҳукумати Афғонистон як амри зарурӣ аст. Ба ҳамин далел аст, ки парлумони Бритониё ба MI6 (созмони истихборотии Бритониё) дастур додааст, то тибқи қатъномаи 1453 Шӯрои Амнияти Созмони Милал (ин санад соли 2002 барои ҷумҳурияти собиқ тасвиб шуда буд – Сангар) дар дастури кор ба ӯзбекҳо дар шимоли Афғонистон кӯмак кунад”.

Адам Томсон (дар акс) дар идома боз ҳам аз Ҷулиан Луис нақли қавл мекунад, ки ин тавофуқ 3 марти соли равон дар Форуми дипломатияи Анталия дар Туркия ба даст омада, 250 миллион доллари давлати Биритониё аз тариқи MI6 ба Ҷунбиши миллии Афғонистон ба раҳбарии “генерал Дӯстум” ва таҳти назорати Созмони Милал дода мешавад.

“Генерал Дӯстум яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон ва як ӯзбек аст, ки метавонад бо ҳузури ӯзбекҳо ва соири ақвом ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон кӯмак ва аз контроли комили Толибон* бар кишвар ҷилавгирӣ кунад”, - гуфтааст Ҷулиан Луис.

Антони Кордзман дар сӯҳбат бо The Independent тафсилоти дигаре медиҳад. Вай мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Маршал Дӯстум дар шимоли Афғонистон, ноамнӣ дар кишвар як омили калидӣ хоҳад буд.

“Мақомоти истихборотии Бритониё ва Дӯстум дар шаш моҳи гузашта борҳо барои тавофуқ бар сари ҷузъиёти ҳамкорӣ мулоқот кардаанд. Дар натиҷа суқути давлати Толибон баъид аст, аммо инглисҳо интизор доранд, аз ин тариқ бар Толибон нуфуз кунанд ва то ҳудуде масири онҳоро тағйир диҳанд”, - гуфтааст Антони Кордзман.

Инглистон меъмори Толибон аст. Инро марҳум Беназир Буту, сарвазири Покистон, расман эътироф карда буд. Ҳоло Толибон бо Русияву Чин наздиканд ва “меъмор” – ашон ба ин натиҷа расида, ки онҳоро муҷозот кунад. Аммо чаро интихоби инглисҳо маҳз сари ӯзбекҳо қарор гирифт, на тоҷикҳо, ки бори аслии муқовимат бо толибро мекашанд?

Тоҷикон ба ин далел, ки ҳамзабону ҳамфарҳанги эрониҳоянд ва тайи 40 соли ахир бештар бо Русия қаробатҳои истротежик доштанд, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт аз сӯи Инглис ва маҳсули дигарашон Амрико, ҳамкор арзёбӣ намешуданд ва нахоҳанд шуд. Ҳарфҳои Имронхон, сарвазири қаблии Покистон шояд мавриди зикр аст, ки гуфт, агар Инглис намеомад, забони форсӣ забони муоширати ин минтақа мебуд.

Инак, вақте ҷойгоҳи паштуну тоҷик маълум аст, ҳазораҳо ҳам, ки “никоҳи истротежик” бар пояи мазҳаб бо Эрон доранд, наметавонанд ҳамкор бошанд, мемонад қавми чаҳорум – ӯзбекҳо дар раъси Маршал Дӯстум, ки аз сӯи Туркия, яке аз кишварҳои дӯсти Инглис, пуштибонӣ мешавад. Аммо як рӯз таърих ҳам дар ҳайрат хоҳад уфтод, ки Инглис, оне, ки ду садсола паштунҳоро ба ҷони ӯзбекҳо савқ медод, ин дафъа дар фикри онҳо афтодааст.

 

“Кудатои нокоми Дӯстум - Олим”

Махдуми Олим, маъруф ба “Ҷаллоди Шимол”, пас аз се рӯзи интишори хабари 250 миллион доллар озод шуд. Бидуни ихтиёр дар зеҳни хонанда ин фикр мезанад, ки Толибон ӯро ба хотири муқобила бо Дӯстум раҳо карданд. Як нишонаи ин тақобул тирборон шудани ‏ фармондеҳи горди вижаи Маршал Дӯстум ба номи Гул Ҳасан (дар акс) дар наздикии манзилаш дар Самангон аст. Ин ҳодиса як рӯз баъд аз раҳоии Махдуми Олим иттифоқ афтод.

Мулло Махдум Муҳаммад Олим Раббонӣ, ё Махдуми Олим, аз фармондеҳони ӯзбектабори Толибон дар шимоли Афғонистон, моҳи январ боздошт ва пас аз се моҳ озод шуд. Ӯ яке аз аршадтарин ва золимтарин фармондеҳони толиб аст, ки ба гуфтаи бархе аз фармондеҳони ин гурӯҳ, дар қасоват, куштан, бераҳмӣ ва муҷозоти сангини мардум дар шимол шӯҳра буд.

Иллати боздошти ӯро Толибон одамрабоиву қонуншиканӣ ва мухолифони сиёсии онҳо, ҳамчунин мардуми ом қавмият, нажод, забон ва аҳлияти ӯ гуфтанд. Дар ин миён, омиле, ки ҳеҷ кас зикрашро накард, иртиботи Махдуми Олим бо маршал Дӯстум буд. Нависандаи ин ёддошт, ки иттилоъро дар ихтиёри Сангар гузошт, мегӯяд, мавзӯъро аз чанд фарди наздики Маршал Дӯстум ва раҳбарии Толибон шунидааст. Бар асоси он, агар Толибон ҷилави Махдуми Олимро намегирифтанд, ӯ барнома дошт, ки дар ҳамкории Дӯстум бо як кудато се вилояти шимол, машмули Форёб, Ҷузҷон ва Сарипулро аз тасарруфи Толибон берун кунад ва ба мухолифони сиёсии Толибон биспорад.

 Саранҷом намешавад ҳеҷ як аз авомилро иштибоҳ таъбир кард. Магар он чӣ ба воқеият наздик аст ва ба мавзӯъ сидқ мекунад, масъалаи охирист. Омили раҳоии Махдуми Олим чист ва дар паси ин қазия кист?

 

“Доишсозӣ”

Хабари пружаи 250 миллиондоллараи Инглис дар шимоли Афғонистон мувассақ аст. Огаҳони ҳол бар инанд, ки дар ояндаи начандон дур доишсозии Шимол шурӯъ мешавад ва Махдуми Олим ба ҳамкории созмонҳои истихбороти Инглис (MI6) + Покистон (ISI) + Ҳаққониҳо + Дӯстум аз банд раҳо шудааст, то ҷанги Шимолро мудирият кунад ва ин пружаро пеш бибарад.

Сангар қаблан ба нақли қавл аз манобеъи Толибон гузориш дода буд, ки Махдуми Олим дар асл барои доишсозӣ ва эҷоди мухолифатҳо миёни ДОИШ-у Толибон дар Шимол бо кӯмаки моливу истихборотии ҳукуматҳои Карзаю Ғанӣ ва Амрико боздошт шудааст.

Ҷосуси дутарафа ва хатарнок: рози Махдуми Олим чист?

Ҳоло манобеъ мегӯянд, тарҳи раҳоии ӯ аз сӯи маршал Дӯстум (дар яке аз ҳамон мулоқотҳои пинҳон) ба MI6 дода шуда, ин созмон аз ISI озодии ӯро хостааст. Гурӯҳи Ҳаққонӣ, ки робитаи наздик бо ISI дорад, раҳбарии Толибонро маҷбур ба раҳоии Махдуми Олим кардааст.

Дар акси ҳол, “амирулмуъминин” - Мулло Ҳайбатулло Охундзода ба озодии Махдуми Олим (дар акс) ризоият надода буд. Бино ба иттилои мувассақе, ки Сангар аз манобеъи худ ба даст овард, Толибон Махдуми Олимро на дар зиндон, балки яке аз меҳмонхонаҳои Раёсати амнияти Толибон дар шаҳри Кобул нигоҳ медоштанд ва моҳи гузашта як ҳайати 40-нафараи ӯзбекҳои муътабари Форёб бо дархости Мулло Нуроғо, хусурбураи Махдуми Олим, ки дар набуди вай ҳудуди ду ҳазор нерӯи ӯро фармондеҳӣ мекард, ба Қандаҳор, ба назди “амирулмуъминин” додхоҳӣ рафтанд.

Ровии ин қисса, ки худ дар ин ҷамъ буда, ба Сангар гуфт, мо дар як корвони пурдабдаба дар ҳудуди 10 танку мошини зиреҳӣ ва туҳфаҳои гаронқимат ба назди Мулло Ҳайбатуллоҳ рафтем ва ӯву атрофиёнаш хеле аз мо хуш истиқбол карданд.

“Мо ӯро, “амирулмуъминин”-ро дидем. Зинда аст. Дурӯғ мегӯянд, ки мурда. Чанд рӯз меҳмонаш будем. Вай гуфт, ки Махдуми Олим тибқи қавонини шариат маҳкама мешавад, агар ҷурмаш собит шуд, ҷазояшро мегирад, агар на, онҳое муҷозот мешаванд, ки ӯро боздошт карданд. Аммо дар ин миён ду нафар аз соранволӣ (додситонӣ) ба назди ӯ омада гуфтанд, ки ҷурми Махдуми Олим сад дар сад собит шуда, ӯро аслан намешавад озод кард”, - гуфт ӯ.

Аммо бар хилофи раъйи “амирулмуъминин”, ки ҳеҷ марҷае ҳатто ҳаққи шак сари тасмими ӯро надорад, Махдуми Олим озод шуд. Ин ба он маъност, ки масъалаи бузургу ҷиддитаре дар миён аст, ки ба тахмини огаҳони ҳол, ҳамоно подармиёнии Инглису Покистон ва роҳандозии пружаи дигарест, ки ба ҷуз аз доишсозӣ чизи дигаре наметавонад бошад. Фармондеҳоне, ки метавонанд онҳоро ҳамкорӣ кунанд, афроде мисли Махдуми Олим ва Маршал Дӯстуманд, ки метавонанд ифротиёнро дохили Осиёи Марказӣ созанд, онҳоеро, ки ҳамеша мӯҷиби нигаронии кишварҳои ин минтақа ва Русияву Чин буданду ҳастанд.

Афроде, ки дар ҷараёни ҳаводис қарор доранд, аз ҷумла аз миёни Толибон, бар инанд, ки далели боздошти Ҳошим Райис (дар акс аз чап), яке аз афроди калидии Маршал Дӯстум, аз сӯи истихбороти Эрон низ реша дар ин гуфтугузорҳо дорад. Вай 19 марти соли равон пас аз се рӯзи вурудаш аз Туркия боздошт шуд. Гуфта мешуд, ки маъмурияти ӯ эъзоми размандагони Ҷунбиши миллии Дӯстум ба ҷанги Украина буд, аммо маршал дар як навори сабтӣ, ки дар ихтиёри Сангар қарор дорад, ба як мақоми эронӣ мегӯяд, ки ин ҳама ҳарфҳо дуруст нестанд ва Райис дар ин корҳо дахил нест. Манобеъ мегӯянд, боздошт ба ҳамин 250 миллион доллар ва тарҳи “доишсозӣ” рабт дошт.

 

“Дастамон баста аст”

Бо гузашти қариб як ҳафта ҳеҷ садо аз “маршали Афғонистон” шунида нашуд. Ин ахбори ҳавлнок пинаки расонаҳои Афғонистону минтақаро ҳам напаронд, аммо ба гумони ағлаб, мурғакро дар бадани истихборотҳои минтақа давондааст. Барои муаллифи ин сутур ҷолиб ин буд, ки яке аз афроди Маршал Дӯстум гуфт, ин мавзӯъ (250 миллион доллар) ҳанӯз як гапи возеҳу расмӣ нест, як чизе нест, ки мо онро таъйид кунем.

“Вале дар ин ҳам ҳеҷ шакке нест, ки дастгоҳҳои истихборотӣ талош мекунанд, ки манофеъи кишварҳояшон таъмин бошад. Русияву Чин аз толиб, як гуруҳи ҷоҳилу зиддитамаддун, ки фардо барои худашон мушкилсоз хоҳад шуд, ҳимоят мекунанд, сафорат медиҳанд. Ӯзбекистон, ки як гурӯҳи бузурги террористонаш дар Афғонистон аст, бо Толибон қарордодҳои иқтисодӣ имзо мекунад, аммо як тир ба мухолифини онҳо намедиҳад. Ҳамсояҳо аз мо ҳимоят намекунанд. Танҳо Маршал Дӯстумро икмол кунанд, дар зарфи 15 рӯз дар вазъи шимол тағйири куллӣ меояд. Дастамон баста аст ва аз ин фурсат инглисҳо истифода мекунанд”, - гуфт вай.

Инак, Инглис Дӯстумро ба ҷони Толибон андохтанист ва Толибон Махдум Олимро ба ҷони Дӯстум. Фарзияи ҳамдастии он ду сарбози ниёбатии истихборотҳо дар доишсозӣ низ ҳеҷ ғайримантиқӣ буда наметавонад, зеро барномаи даргир кардани Русия дар марзҳои ҷанубии қаламрави нуфузаш ҳамеша рӯи дасти рақибонаш аст.

Амалан аз ҳар зовия, ки набинем, барномаи ҳифзи ҷанг дар Афғонистон рӯи даст аст, коре, ки Инглис ва дигар қудратҳо хеле хуб анҷом медиҳанд, зеро Дӯстум ва ӯзбекҳо қудрати ба чолиш кашидани Толибонро доранд, аммо ба таври куллӣ наметавонад муҳосибаҳоро тағйир ва ҷангро поён диҳанд.

Муҳосибаро агар диҳанд, тоҷикон тағйир медиҳанд. Ҳазораву ӯзбекҳо ва паштунҳои зиддитолиб ҳамроҳ шаванд, Толибон комилан аз Афғонистон руфта хоҳанд шуд. Ин ба нафъи Инглис нест. 

Аммо он чӣ дар тасаввури инҷониб намегунҷад, ин аст, ки чӣ гуна Маршал Дӯстум, ҳамоне, ки дар хотироти Толибон фоҷиаи Дашти Лайлиро бо хун ҳак кардааст ва душмани қасамхӯрдаи онҳо ба шумор меояд, вориди чунин як қимори хатарноке шавад, ки на фақат худ, балки Афғонистону минтақаро барбод диҳад?

Ҳамоно Афғонистон як сарзамини дасисаҳо аст. Ҳар иттифоқе метавонад дар он биафтад.