Чаро кишварҳои турктабор ба Исроил наздиктар мешаванд?
Нависанда: Уғул Туна, таърихнигор, нависанда ва таҳлилгари сиёсати хориҷӣ, мутахассис дар фарҳанги сиёсии Туркия, Авруосиё ва Ховари Миёна (Туркия).
Аз яҳудиёни бухороӣ то ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ ва фанноварӣ; колбадшикофии равобити Исроил бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ
Равобите, ки Исроил бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ барқарор кардааст, аз ҷомеаҳои яҳудиёни бухороӣ гирифта то ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ ва фанновариҳои пешрафта ва аз нигаронӣ нисбат ба вазъияти Эрон то дипломатияи чандҷониба, дар Туркия маъмулан аз ду манзари асосӣ баррасӣ мешаванд: маҳори Эрон ва масъалаи Фаластин.
Бо вуҷуди ин, ин равобит бисёр қадимитар ва печидатар аз онанд, ки танҳо бо ҷангҳои муосир ё мулоҳизаҳои амниятӣ тавзеҳ дода шаванд. Ҷомеаҳои таърихии яҳудиён дар минтақа, ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ, кишоварзӣ ва фанновариҳои обёрӣ, нигаронии муштарак аз исломи сиёсӣ, пайвандҳои диаспора ва ҳамчунин талоши ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои пеш бурдани сиёсати хориҷии мутавозин ва чандсамта, ҳамагӣ бахшҳои як манзараи воҳидро ташкил медиҳанд.
Аз ин рӯ, сухан дар бораи наздикшавии сирф идеологӣ ё иттиҳоди пинҳонӣ, ки аз як маркази воҳид идора шавад, нест. Балки мо бо шабакаи амалгароёнаи равобит рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар он манфиатҳои гуногун дар баъзе соҳаҳо бо ҳамдигар ҳампӯшонӣ пайдо мекунанд. Ҳамчунин шоистаи таваҷҷуҳ аст, ки равобити Исроил бо ин минтақа маҳз дар ҳамон давра тақвият ёфт, ки дигар бозигарони “ғарбӣ”, бахусус Туркия, ҳузур ва ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври чашмгир густариш доданд.
Ин равобит аз соли 1991 оғоз нашудааст
Таърихи равобити Исроил бо Осиёи Марказӣ хеле пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд.
Яҳудиёни бухороӣ, ки дар Бухоро, Самарқанд, Марв ва манотиқи атрофи он зиндагӣ мекарданд, аз муҳимтарин ҷомеаҳое буданд, ки дар ҳаёти таърихӣ, фарҳангӣ ва бозаргонии Осиёи Марказӣ нақши барҷаста доштанд. Ривоятҳо дар бораи пайдоиши онҳо ба даврони бостон бармегарданд. Марказҳои тиҷоратии Роҳи Абрешим, кӯчҳои иҷборие, ки дар Танах ва Аҳди Ҷадид аз онҳо ёд шудааст, инчунин пайвандҳои дерина бо ҷаҳони эронизабон, ҳамагӣ дар шаклгирӣ ва идомаи ҳузури ин ҷомеа дар минтақа нақш доштаанд.
Ҷомеаи куҳани дигари бумии минтақа яҳудиёни кӯҳистонии Озарбойҷон ва Қафқози Шимолӣ мебошанд. Забони онҳо — Ҷӯҳурӣ (Juhuri), ки бо номи яҳудӣ-тотӣ низ шинохта мешавад, ба шохаи эронии забонҳо тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, нисбат додани мустақими пайдоиши ин ҷомеаҳо ба яҳудӣ шудани Хоқонии Хазар ё ба гурӯҳҳои яҳудии туркзабон, аз нигоҳи таърихӣ дуруст нест.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, бахши зиёди яҳудиёни бухороӣ ва яҳудиёни кӯҳистонӣ ба Исроил, Иёлоти Муттаҳида ва Русия муҳоҷират карданд. Бо вуҷуди ин, қабристонҳо, кунисаҳо, пайвандҳои хонаводагӣ ва мероси ғании фарҳангии онҳо ҳамоно дар Осиёи Марказӣ боқӣ монд. Имрӯз ҳамин ҳофизаи таърихӣ яке аз муҳимтарин пояҳои дипломатияи фарҳангӣ ва гардишгарии Исроил дар ин минтақа ба шумор меравад.
Нуқоти иштирок дар ҳавзаи амният
Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки ба наздик шудани Исроил ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷомидааст, ҳамгароии дидгоҳҳои онҳо дар бораи масоили амниятӣ будааст; ба вижа дар фосилаи даҳаи 1990 то оғози даҳаи 2020.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои турктабори Осиёи Марказӣ дар пайи ҳазфи комили дин аз зиндагии умумӣ набуданд, аммо ба таври пайваста талош карданд, то фаъолиятҳои динӣ таҳти назорат ва контроли сахтгиронаи давлат боқӣ бимонад. Талошҳои Эрон барои судури Инқилоби Исломӣ дар даҳаи 1990, фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон ва Сурия, пайвастани шуморе аз атбои Осиёи Марказӣ ба сафҳои ДОИШ* ва инчунин фаъолияти ҷараёнҳои гуногуни ифротгаро дар минтақа аз даҳаи 1990 ба ин сӯ, таъсири амиқе бар шаклгирии сиёсатҳои амниятии ин кишварҳо гузошт.
Аз сӯи дигар, Исроил — ба истиснои ДОИШ — тақрибан ҳамаи шаклҳои исломи сиёсӣ ва ҳамчунин нуфузи минтақавии Эронро аз муҳимтарин таҳдидҳои амнияти миллии худ медонад.
Бо вуҷуди ин, ин ба он маъно нест, ки дидгоҳҳои ду тараф дар ҳамаи масъалаҳо яксон аст. Бо ин вуҷуд, бардошти муштарак аз бархе таҳдидҳо заминаи ҳамкориро дар ҳавзаҳое чун пешгирӣ аз ифротгароӣ, ҳифозат аз марзҳои давлатӣ, ҳамкории иттилоотӣ, амнияти киберӣ ва сиёнат аз ниҳодҳои давлатӣ фароҳам кардааст.
Исроил чӣ манофее ба даст меоварад?
Барои Исроил, яке аз муҳимтарин омилҳо, энержӣ аст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қазоқистон дар таъмини нафти Исроил нақши муҳим мебозанд. Интиқоли нафти Озарбойҷон ба Баҳри Миёназамин тавассути хатти лӯлаи Боку – Тифлис – Ҷайҳон имкон додааст, ки ҳамкориҳои энержӣ ҳатто дар давраҳои таниши сиёсӣ миёни Анқара ва Тел-Авив низ идома ёбад.
Дар ин замина, ёдоварии сухани Илбар Уртойли, таърихнигори марҳуми Туркия, ҷолиби таваҷҷуҳ аст:
«Туркия ду вазорати корҳои хориҷӣ дорад; яке дар Анқара ва дигаре дар Боку.»
Дувумин омили муҳим, Эрон аст. Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар шимоли Эрон ҷойгир аст, наздиктарин шарики Исроил дар миёни кишварҳои турктабор ба шумор меравад. Туркманистон низ бо Эрон марзи тӯлонии заминӣ дорад. Аз нигоҳи Исроил, ин мавқеи ҷуғрофиёӣ ба таври табиӣ бахше аз муҳосибаҳои иттилоотӣ ва роҳбурдии он маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди ин, аз диди худи кишварҳои турктабор, коҳиш додани тамоми абъоди ин равобит ба роҳбурде бо номи “муҳосираи Эрон” дуруст нахоҳад буд. Гарчанде омили Эрон, бешубҳа, аҳамияти зиёде дорад, аммо ягона омили таъйинкунанда нест.
Севумин омил, машрӯъияти дипломатӣ мебошад. Исроил бо густариши равобити худ бо кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳо мусулмонанд, доманаи манёври дипломатии худро фаротар аз ҷаҳони араб ва инчунин фаротар аз чаҳорчӯби сирф ғарбӣ густариш медиҳад.
Пайвастани Қазоқистон ба чаҳорчӯби “Тавофуқномаҳои Иброҳим” дар поёни соли 2025 ва инчунин сафари Исҳоқ Ҳертсог, раисиҷумҳури Исроил, ба Остона дар соли 2026 нишон медиҳад, ки ин равобит акнун вориди марҳилае бо абъоди сиёсии ошкортар шудааст.
Дар айни ҳол, давлати Қазоқистон бо дарназардошти афкори умумии дохилӣ, ҳамчунон бар ҳимояти худ аз роҳи ҳалли ду кишвар барои ҳалли низои Фаластину Исроил ва низ бар ҳимояти ҳуқуқи мардуми Фаластин таъкид мекунад.
Кишварҳои турктабор чӣ манофее ба даст меоваранд?
Барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, муҳимтарин ҷозибаи Исроил дар дастовардҳои фанноваронаи он нуҳуфтааст.
Дар минтақае, ки бо хушксолии музмин ва камбуди захираҳои об рӯ ба рӯ аст, таҷрибаи Исроил дар заминаи обёрии қатраӣ, афзоиши баҳрабардории кишоварзӣ, мудирияти захираҳои об ва фанновариҳои тавлиди мутобиқ ба иқлими хушк, арзиши бисёр дорад. Ин ҳамкорӣ инчунин бо ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амнияти киберӣ, сомонаҳои гумрукии рақамӣ, фанновариҳои пизишкӣ ва саноати дифоӣ такмил мешавад.
Дувумин омили муҳим он аст, ки Исроил ба таври табиӣ дар роҳбурди сиёсати хориҷии чандсамта ва мутавозини кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷой мегирад.
Ин кишварҳо намехоҳанд танҳо ба Русия, Чин, Туркия ё кишварҳои Ғарб вобаста шаванд. Баръакс, онҳо мекӯшанд бо густариши ҳамкорӣ бо ҳар яке аз ин бозигарон дар соҳаҳои гуногун, миёни марказҳои мухталифи қудрат тавозун барқарор намоянд.
Дар ин чаҳорчӯб, Туркия дар соҳаи фарҳанг, омӯзиш ва ҳамкориҳои забонӣ мавқеи пешсаф дорад; Чин дар умури молӣ ва тарҳҳои зербиноӣ; Русия дар бахши энержӣ, амният ва пайвандҳои таърихӣ; ва Исроил дар арсаи фанновариҳои пешрафта ва бархе самтҳои ҳамкории амниятӣ.
Буъди севум: диаспораҳо ва шабакаҳои дипломатияи умумӣ
Севумин буъди муҳим, диаспораҳо ва шабакаҳои дипломатияи умумӣ мебошанд. Ба вижа, яҳудиёни бухороие, ки дар Исроил ва Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд, пайвандҳои фарҳангӣ ва иқтисодии худро бо сарзамини аҷдодиашон ба таври комил аз даст надодаанд. Ин иртиботҳо метавонад ба рушди гардишгарӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва афзоиши шинохта шудани шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ кумак кунад.
Дар ин чаҳорчӯб, намунаҳои дигаре низ шоистаи таваҷҷуҳ мебошанд; аз ҷумла таъсири нисбатан маҳдуди корзорҳое, ки пас аз Ҷанги дувуми Қарабоғ аз ҷониби диаспораи арманӣ дар кишварҳои ғарбӣ созмон дода шуданд, инчунин афзоиши чашмгири муаррифии зарфиятҳои гардишгарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои охир.
Ҳар кишвар вижагиҳои хоси худро дар равобит бо Исроил дорад
Дуруст нест, ки аз «сиёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қиболи Исроил» ҳамчун як роҳбурди воҳид, ҳамгун ва тағйирнопазир сухан гуфта шавад. Бо вуҷуди ин, густариши ҳамкории Исроил бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба яке аз барҷастатарин таҳаввулоти геополитикии минтақа табдил ёфтааст.
Барои Ҷумҳурии Озарбойҷон, энержӣ, ҳамкориҳои дифоӣ, омили Эрон ва низои Қарабоғ муҳимтарин омилҳои таъйинкунандаи ин равобит ба шумор мераванд. Дар айни ҳол, равобити миёни Боку ва Тел-Авив пеш аз давраи ҳукмронии хонадони Алиев шакл гирифта буд. Пояҳои ин равобит дар солҳои аввали истиқлоли Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дар давраи раёсати ҷумҳури Абулфазл Элчибег гузошта шуд. Бар асоси хотироти Орйе Левин, сафири вақти Исроил дар Маскав, Элчибег рӯзе гуфта буд: «Ман саҳюнист ҳастам.» Ӯ бо ин сухан, ба бовари худ, бар шабоҳати миёни ду тарҳи мухталифи миллатгароёна таъкид мекард.
Қазоқистон ба сабаби захираҳои энержӣ, ҳамкорӣ дар интиқоли фанноварӣ ва нақши фаъоли худ дар дипломатияи байналмилалӣ мавқеи вижа дорад. Остона дар айни густариши равобит бо Исроил, ҳамчунон аз ҳалли масъалаи Фаластин бар асоси усули ду давлат ҳимоят мекунад. Ҳарчанд шумораи яҳудиён дар Қазоқистон имрӯз кам аст, аммо ба вижа яҳудиёни ашкенозӣ ҳамоно пайвандҳои таърихии худро бо ин кишвар ҳифз кардаанд. Падари Менахем Мендел Шнеерсон, ки бисёре аз пайравони ҷунбиши Ҳабад — бузургтарин ҷараёни ҳасидии ҷаҳон — ӯро Масеҳи мавъуд медонанд, бо фармони Сталин ба Олмотӣ табъид шуд ва баъдан низ дар ҳамон ҷо даргузашт.
Барои Ӯзбекистон, мероси яҳудиёни Бухоро ва Самарқанд аҳамияти махсус дорад. Ҳарчанд равобити иқтисодии ин кишвар бо Исроил ба густардагии равобити Қазоқистон нест, аммо кишоварзӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва фанноварӣ ҳамчунон аз муҳимтарин самтҳои ҳамкорӣ ба шумор мераванд.
Туркманистон намунаи дигар ва бастатар аст. Дар ин кишвар, равобит бо Исроил камтар бар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва бештар бар мулоҳизаҳои марбут ба марз бо Эрон, ҳузури дипломатӣ ва масъалаҳои амниятӣ устувор аст.
Қирғизистон ва Тоҷикистон низ равобити маҳдудтаре бо Исроил доранд. Бо вуҷуди ин, онҳо дар бахшҳое чун кишоварзӣ, беҳдошт ва тандурустӣ, омӯзиш ва бархе масъалаҳои амниятӣ бо Исроил ҳамкорӣ мекунанд.
Давлатҳо ва ҷомеаҳо ба ин равобит яксон нигоҳ намекунанд
Равобити наздики давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Исроил ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин маъно нест, ки мардумони ин минтақа нисбат ба масъалаи Фаластин бетафовут ҳастанд.
Нухбагони ҳоким маъмулан ҳамкорӣ бо Исроилро пеш аз ҳама аз манзари энержӣ, фанноварӣ ва амният арзёбӣ мекунанд. Аммо дар сатҳи ҷомеа, дар солҳои охир гароишҳои мазҳабӣ тақвият ёфта, ҳамзамон нуфузи фарҳангии Туркия низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст; раванде, ки боиси ҳамдилӣ ва ҳимояти ошкортар аз мардуми Фаластин шудааст.
Аз ҳамин рӯ, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран зарур медонанд, ки густариши равобит бо Исроилро бо изҳороти расмӣ дар ҳимояти таъсиси давлати Фаластин ва ҳаллу фасли низоъ бар асоси усули «ду давлат» ҳамроҳ созанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳудуд ва маҳдудиятҳои ин ҳамкорӣ низ ошкор мегардад.
Оё Осиёи Марказӣ ба саҳнаи нави рақобати миёни Туркия ва Исроил табдил хоҳад шуд?
Дар шароити кунунӣ, эҳтимоли он кам аст, ки Осиёи Марказӣ ба майдони мустақими рақобати геополитикии миёни Туркия ва Исроил табдил ёбад.
Сабаби асосӣ он аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ равобит бо ин ду кишварро ҳамчун интихобҳои мутақобилан истиснокунанда намебинанд, балки онҳоро самтҳои мукаммалкунандаи сиёсати хориҷии худ медонанд. Хариди фанновариҳои исроилӣ дар бахши кишоварзӣ ё амнияти киберӣ ба ҳеҷ ваҷҳ талаб намекунад, ки ҳамкорӣ бо Туркия дар соҳаҳои омӯзиш, фарҳанг, тиҷорат ё дифоъ коҳиш дода шавад.
Туркия дар муқоиса бо Исроил аз нуфузи бисёр густардатар дар ҳавзаҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ бархӯрдор аст. Дар муқобил, Исроил фаъолияти худро бар ҳавзаҳое маҳдудтар, аммо дорои аҳамияти баланди фанноварона ва роҳбурдӣ, мутамарказ кардааст.
Набояд нуктаи муҳими дигареро низ аз назар дур дошт. Ҳарчанд Туркия аз даҳаи 1990 дар пайи таҳкими равобити худ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буд, аммо танҳо аз миёнаи даҳаи 2010 тавонист ба сатҳи наздике даст ёбад, ки солҳои дароз дар пайи он буд. Ҳамзамон, ҳамин давра бо оғози марҳилаи тозаи фаъолтар шудани сиёсати Исроил, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳ гардид.
На як иттиҳоди идеологӣ, балки як ҳамгароии амалгароёна
Дар ниҳоят, барои он ки чаро кишварҳои турктабор рӯз ба рӯз бештар ба Исроил наздик мешаванд, тавзеҳи ягона вуҷуд надорад.
Мероси таърихии ҷомеаҳои яҳудӣ пояи фарҳангии ин равобитро ташкил медиҳад. Тиҷорати захираҳои энержӣ манфиатҳои муштарак ва вобастагии мутақобилро ба вуҷуд меорад. Ҷумҳурииҳои Осиёи Марказӣ барои посух додан ба ниёзҳои амалии худ аз фанновариҳо ва таҷрибаи Исроил дар бахши амният истифода мекунанд. Ҳамчунин, чолишҳои муштараке, ки аз Эрон ва Афғонистон сарчашма мегиранд, ду тарафро дар як қатор самтҳо ба ҳам наздиктар месозанд.
Дар айни ҳол, сиёсати хориҷии чандсамта ва мутавозин боис мегардад, ки ин равобит бахше аз як низоми фарохтари тавозуни роҳбурдӣ бошад; низоме, ки Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои Ғарб низ дар он ҷойгоҳи муҳим доранд.
* ДОИШ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун як созмони террористӣ шинохта шуда, мамнуъ мебошад.