Дастгоҳҳои истихборотии ҷаҳон аз заъфи Толибон чӣ гуна истифода мекунанд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Ончи имрӯз дар Бадахшон ҷараён дорад, сирфан як муноқишаи маҳаллӣ бар сари истихроҷи тилло ва манобеи зеризаминӣ нест; балки нишонае аз печидатар шудани рақобатҳои дарунии Толибон ва талоқии манофеи бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар шимолу шарқи Афғонистон аст. Бадахшон акнун ба яке аз ҳассостарин нуқоти геополитикии Афғонистон бадал шудааст; минтақае, ки хутути гусели стратегӣ, камарбандҳои амниятӣ ва рақобатҳои чандқабатаи қудрат дар он ба ҳам мерасанд.

Асосан, манотиқи шимол ва шимолу шарқ монанди Бадахшон, як парвандаи таҳмил бар Толибони ҷануб аст. Парвандае ки бояд тамоми равандҳои амниятии минтақаро таҳти таъсир дошта бошад. Ҳатто бақои Толибон дар қудрат, бастагӣ ба ин парвандаи амниятӣ дорад. Агар Толибон дар татбиқи аҳдофи аз қабл таъйиншуда дар ин минтақа, ки ҳамоно эҷоди ноамнии музмин, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва эҷоди шоҳроҳи тадорукот барои судури терроризм бар ду ҳадафи умда, яъне Осиёи Марказӣ ва Чин, муваффақ нашаванд, пружаи эшон бо муҳри инқизо, рӯ ба ихтитом хоҳад буд. Ба ин асос, дар ин минтақа танҳо бозигари воҳид наметавонад давом биёварад. Чандин раванди ҳамзамон, муталоқӣ, бо зарфиятҳои мухталифи тахрибӣ, дар ҳоли ҷон гирифтан ҳастанд.

Лозим аст то бидонем, ки агар буҳрони ҷорӣ дар Бадахшон танҳо ба ихтилофоти дохилии Толибон ё кашмакашҳои иқтисодӣ тақлил дода шавад, таҳлил ноқис ва сатҳӣ хоҳад буд. Ин минтақа маҳалли ҳузур ва тақотеъи бозигарони мутааддиде аст; аз Толибони бумӣ ва ҳалқаи Қандаҳор гирифта то ДОИШ-и Хуросон, Алқоида ва гурӯҳҳои тундгарои вобаста ба Осиёи Марказӣ ва ҳатто аносури муртабит бо манофеи амниятии Чин. Ҳар як аз ин бозигарон бо аҳдофи мутафовит, дар талошанд то бар манобеи зеризаминӣ, мавқеияти савқулҷайшӣ ва масирҳои нуфузи ин минтақа тасаллут пайдо кунанд.

Бадахшон аз манзари геополитикӣ оғози девори амниятии Ҳиндукуш ба шумор меравад; камарбанде, ки на танҳо марзи табиӣ миёни блоки Шарқ ва Ғарб аст, балки ба майдони рақобати қудратҳои минтақаӣ низ табдил шудааст. Чин, Ҳинд, Покистон, Эрон ва Русия ҳар кадом ин минтақаро бахше аз муҳосиботи амниятӣ ва роҳбурдии худ медонанд. Аз ҳамин рӯ, Бадахшон бори дигар ба конуни кашмакаши қудрат дар минтақа табдил шудааст.

Дар ҳамин бистари таҳлил, чунин бардошт мешавад, ки боздошти фармондеҳони маҳаллӣ, тахриби коргоҳҳои истихроҷ ва ҳузури ширкатҳо ва атбои чинӣ дар маъодин, буҳрони кунуниро аз як таниши иқтисодии сода фаротар бурдааст. Дар паси ин таҳаввулот, нишонаҳое аз рақобати қавмӣ, тасфияи сиёсӣ ва ҷанги пинҳон бар сари манобеъ ва масирҳои нуфуз дида мешавад. Бидуни дар назар гирифтани рақобатҳои минтақаӣ ва сохтори чандқабатаи қудрат дар Толибон, ироаи тасвири комил аз буҳрони Бадахшон мумкин нахоҳад буд.

Яке аз абъоди муҳими ин буҳрон, талоши ҳалқаи Қандаҳор барои ҷилавгирӣ аз қудратгирии толибони бумӣ дар Бадахшон аст. Раҳбарии марказии Толибон ба хубӣ медонад, ки тақвияти фармондеҳони маҳаллӣ ва дастрасии онон ба манобеи молии густарда, метавонад заминаи бағоват ва шаклгирии қутбҳои мустақилли қудратро фароҳам созад. Ба ҳамин далел, ҳалқаи Қандаҳор ҳамвора дар пайи маҳдуд сохтани салоҳиятҳо, имконот ва дастрасии осони Толибони бумӣ ба манобеи иқтисодии ин вилоят будааст.

Омили муҳими дигар, нақши мафияи маҳаллӣ ва шабакаҳои иқтисодии ғайрирасмӣ дар Бадахшон аст. Ин шабакаҳо, чӣ дар даврони ҷумҳурият ва чӣ дар ҳокимияти Толибон, манофеи густардае дар истихроҷи маъодин, қочоқи маводи мухаддир ва интиқоли аслиҳа доштаанд. Ришвадиҳӣ ва эҷоди равобит бо ҳалқаҳои қудрат дар Қандаҳор, бахше аз талоши ин мафия барои ҳифзи нуфуз ва дастрасӣ ба сарватҳои зеризаминии Бадахшон аст. Ҳамин манофеи иқтисодӣ, Бадахшонро ба яке аз печидатарин майдонҳои рақобати дохилӣ табдил кардааст.

Вуруди шабакаҳои қочоқи фаромарзӣ низ бар печидагии буҳрон дар Бадахшон афзудааст. Мавқеияти ҷуғрофиёии Бадахшон, ин вилоятро ба ҳалқаи иттисоли Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон табдил кардааст; масире, ки метавонад то Русия ва Урупои Шарқӣ имтидод пайдо кунад. Аҳамияти ин масирҳо, рақобат миёни толибони бумӣ, шабакаи Ҳаққонӣ, ҳалқаи Қандаҳор ва соири гурӯҳҳои зинуфузро ташдид кардааст. Ҳар ҷиноҳ талош мекунад контроли ин шоҳроҳҳои қочоқ ва транзитро дар ихтиёр бигирад; зеро тасаллут бар ин масирҳо ба маънои дастрасӣ ба манобеи молӣ ва нуфузи амниятии бештар аст.

Дар чунин шароит, ҳар шикофи дохилӣ дар миёни Толибон ба фурсате барои созмонҳои истихборотии минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил мешавад. Ин ниҳодҳо ба хубӣ медонанд, ки афзоиши ихтилофоти даруни Толибон, заминаи сарбозгирӣ, нуфуз ва мудирияти буҳронро фароҳам мекунад. Аз ҳамин рӯ, Бадахшон танҳо майдони рақобати Толибон нест; балки саҳнаи ҷанги хомӯши дастгоҳҳои иттилоотӣ низ ба шумор меравад.

Дар буъди хориҷӣ, ҳузури Чин дар маъодини Бадахшон, яке аз муҳимтарин авомили ҳассосияти бозигарони минтақаӣ аст. Ҳамалоти мукаррар алайҳи атбоъ ва пружаҳои чинӣ дар Афғонистон, танҳо рӯйдодҳои амниятии пароканда нестанд; балки паёмҳое рӯшан дар мухолифат бо густариши нуфузи Пекин дар ин ҷуғрофиё маҳсуб мешаванд. Бар хилофи тасаввури роиҷ, мухолифат бо ҳузури Чин сирфан ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд намешавад; балки Ҳинд, Эрон, Русия ва ҳатто Покистон низ нисбат ба тавсеаи нуфузи иқтисодӣ ва амниятии Чин дар Бадахшон ҳассосанд ва талош мекунанд мувозанаи қудрат дар ин минтақа ба суди Пекин тағйир накунад.

Биноан, буҳрони Бадахшонро наметавон сирфан як муноқишаи маҳаллӣ бар сари истихроҷи маъодин ё ихтилофоти дохилии Толибон донист. Ин вилоят имрӯз ба нуқтаи талоқии рақобатҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ табдил шудааст; ҷое ки манофеи Толибон, шабакаҳои қочоқ, қудратҳои минтақаӣ ва бозигарони фароминтақаӣ дар ҳам танидаанд. То замоне ки Бадахшон чунин ҷойгоҳи роҳбурдӣ дар муодилоти амниятӣ ва иқтисодии минтақа дошта бошад, ин вилоят ҳамчунон яке аз муҳимтарин конунҳои таниш ва рақобат дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.