Толибон ба Афғонистон муттаҳид мутааҳҳид нестанд.

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мо дар Афғонистон ҳамеша бо се сенарияи аслӣ мувоҷеҳем:

1 - Ҳокимияти мутлақи як қавм бар соири ақвом; Бо зӯру зулму хушунату аслиҳа ва зиндон.

2 - Ташкили давлати мушорикатӣ мубтанӣ бар Қонуни Асосӣ ва мушорикати ақвому таъмини адолати иҷтимоӣ; Бо тафоҳум, ризоят, раъй, интихобот, шӯроӣ, ирфоқ, ваҳдат ва ҳамгироӣ.

3 - Ҷангу нобасомонӣ ва нафрату тафриқаву фақру бадбахтӣ ва муҳоҷирату мудохилаи беравияи хориҷӣ.

Ҳолати севумӣ натиҷаи адами тавфиқ дар иҷрои комили сенарияҳои аввалӣ ва дувумӣ аст. Далоилу авомили адами тавфиқ дар иҷрои сенарияҳои аввалӣ ва дувумӣ зиёданд, ки маҷоли тарҳ он ин ҷо нест.

Толибон муҷрии сенарияи аввалианд ва нишонаҳои адами тавфиқашон зуҳур кардааст. Бинобарин, агар тарафҳои ғайритолиб, бавежа ғайрипаштунҳо дар ин шароит битавонанд авзоъро дуруст мудирият кунанд, метавонем ба сенарияи дувумӣ биравем. Аммо баид аст, ки чунин шавад. Таҳаққуқи сенарияи дувум, ба тавоноӣ ва зарфияти чандҷониба ниёз дорад.

Дар ниҳоят вақте ҳолати аввалӣ номумкин мешавад ва ҳолати дувумӣ дур аз дастрасу ниёзманди тадбир ва тааққули бештар аст ва фикр мешавад, ки барои расидан ба он ба замони зиёд ниёз аст, ҳама ба сенарияи тасаннӯъӣ ва сурии ҳолати дувумӣ тан медиҳанд.

Ин бад-он маъност, ки ҳолатт дувумӣ қобилияти ҷаълро дорад. Метавон вазъияте халқ кард, ки шабеҳи вазъияти дувумӣ бошад, аммо худаш набошад. Даъво бар сари аслу бадали ҳолати дувумӣ аст. Аҷулон, фурсатталабон, бедидгоҳон, бедоъияҳо, кӯтоҳандешон, сатҳинигарон ва сиёсиёни тасодуфие, ки масалан, фаротар аз даҳ соли баъдро дида наметавонанд, таҳти номи воқеъгароӣ ва истифода аз фурсатҳо вориди маърака шуда ва бо ҷаъли ҳолати дувумӣ, ба як тағйири истеъҷолӣ тан медиҳанд.

Инҳо абзорҳои зиёди таблиғотӣ дар ихтиёр доранд ва далели умдаашон ин аст, ки мардум гуруснаву дарбадар аст ва фурсати маътал кардани равандҳо нест ва биёед, ки як коре кунем то вазъияти феълӣ тағйир кунад. Инҳо мухолифонро ба ҷангталабӣ ва нафратпароканӣ муттаҳам мекунанд ва пешқаровули тағйире мешаванд, ки чандсабоҳӣ аст.

Дар рӯзҳои ахир ин ҷараён бо мулоҳизаи заъфҳо ва гусастҳои гурӯҳи ҳоким вориди майдон шудаанд. Оқибат ба хайр. Росташ вазъият ба гунаест, ки сахт аст таъҷили инҳоро бар таъҷили усулгароёна арҷаҳият надод. Ин шояд бидон сабаб бошад, ки ҳанӯз Афғонистон аз ҷомеаи сиёсӣ ва мадании дурандеш ва моландеш маҳрум аст ва тақдираш ба дасти дигарон навишта мешавад. Дигарон корҳои бунёдӣ ба мо намекунанд.