Худаш даҳҳо шифохонаро ба оташ кашид, ҳол аз Толибон интиқод мекунад, ки шифохонаи меъёрӣ бунёд намекунанд

Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон

Яке аз аҳли Ироқ аз Абу Ҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, суол кард: “Оё куштани пашша гуноҳ дорад?” Абу Ҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, дар ҷавоб гуфт: “Шумо, ки набераи Паёмбари Худоро куштед, гунаҳкор нашудед, ҳоло аз гуноҳи куштани пашша суол мекунед?!»

Оқои Гулбиддин Ҳикматёр, тибқи одати ҳамешагии худ, аз ҳар ҳодиса ба нафъи худ хабарсозӣ мекунад ва дар тӯфон мавҷсаворӣ мекунад, бе он ки дар назар дошта бошад, ки ин кор ба нафъи ӯ тамом мешавад ё ба зарараш.

Ҳикматёр бар хилофи урфу анъанот, дар паёми таслияти худ ба муносибати вафоти Шопур Задрон ин ибораро ҷойгузин кард: “Масъулин миллионҳо долларро ба айёшӣ масраф мекунанд, вале як шифохонаи меъёрӣ насохтанд”.

Аммо мушаххас насохт, ки мақсудаш аз “масъулин”-и кадом низом аст — низомҳои гузашта ё низоми кунунӣ!?

Дар ҷавоби оқои Ҳикматёр бояд гуфт: “Агар шумо шифохонаҳо, муассисаҳои таҳсилӣ ва зербиноҳоро бо рокетҳои кӯри худ тахриб намекардед, шояд имрӯз даҳҳо шифохона медоштем ва ҳазорҳо доктори мутахассис!”.

Оқои Ҳикматёр, оё аз худ суол кардед, ки дар тӯли панҷоҳ соли фаъолияти сиёсиатон ва ҷамъоварии миллионҳо доллар аз амволи ҷиҳод ва истихборот дар ин арса чӣ иқдом кардед?

Баръакс, ҳамон доштаҳоро ҳам тахриб кардед.

Оқои Ҳикматёр, агар шумо ин қадар дилсӯзии қаҳрамон Шопурро доштед, монанди дигар шахсиятҳои шариф барои тадовии Шопур кӯмаки молӣ мекардед.

Шумо, ки миллионҳо долларро дар форми мурғдорӣ ва гов сармоягузорӣ ва тиҷорат мекунед, ним фоизи онро барои тадовии беморон тахсис медодед.

Шумо, ки ҳазорҳо Шопур, балки миллионҳо Шопурҳоро дар ҷангҳои Кобул ва дигар вилоёт ба қатл расондед, оё маъқул аст, ки ин қадар аз марги Шопур мутаассир шудед?

Ду ҷумла барои хонаводаи ӯ таслият гуфтед ва даҳ ҷумлаи дигарро дар зимн алайҳи рақибони сиёсии зинда ва мурдаи худ навиштед, яъне заҳрро дар асал махлут кардед!

Дар натиҷа метавон гуфт, оқои Ҳикматёр хост, ки бо истифода аз маҳбубияти Шопур Задрон мавҷсаворӣ карда, барои рақибони сиёсии худ паёмрасонӣ кунад. Ҳамон қавли Абу Ҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, бар ӯ сидқ мекунад.

Оқои Ҳикматёр танҳо 60 ҳазор нафарро дар Кобул кушт ва ҳоло аз марги Шопур таассуф мехӯрад, ки чаро дар Афғонистон шифохонаи меъёрӣ насохтанд, дар ҳоле ки шифохонаҳоро худи ӯ тахриб кардааст ва докторонро худи ӯ террор ва қатл кардааст.

Бо ишора ба ин ки ду ҳафта пеш шахсияти маъруфи ҷиҳодӣ доктор Басир Анвар, раиси Кумитаи сиҳии ҷиҳод, вафот кард, ки солҳо бо ӯ дар як сангари мубориза ва ҷиҳод қарор дошт, аммо ба хотири он ки дар солҳои ахир бо ӯ мухолифат дошт, ин ноҷавонмард ва бемурувват ҳатто як паёми тасаллият ҳам ирсол накард.