Бархе кишварҳои арабӣ аз ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон истиқбол хоҳанд кард ва мумкин аст бахше аз ҳазинаҳои ин ҷангро бипардозанд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Баъд аз ҳамлаи Исроил ба намояндагии дипломатии Эрон дар Сурия навишта будам, ки Исроил дар талош аст, то Эронро ба тарафи як ҷанги тамомаёр бикашонад, аммо Эрон шона холӣ мекунад.
Дар ҳоле, ки ҳамла ба намояндагиҳои дипломатӣ мутобиқи конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамла ба хоки он кишвар аст, вақте бар намояндагии дипломатии Эрон ҳамла шуда, ба ин маънӣ, ки амалан ба хоки Эрон ҳамла шудааст.
Аммо дар аксуламал ба ҳамлаи Исроил ба намояндагии дипломатии Эрон дар Сурия баъд аз ин манофеи Амрикову Исроил низ дар нуқоти мухталифи кишвар ба чолишҳои бузурге мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад, ки Эрон дар нуқоте, ки манофеъи Исроилу Амрико мутасаввир бошад, онҳоро мутазаррир насозаду ҳамла накунад ва баъд аз ин намояндагиҳои Амрикову Исроил масъун нахоҳад буд.
Ба ҳар ҳол, Исроил медонад, ки шумулияти Эрон дар ҷанги фарогир ба нафъи Исроил аст, ҳатто шояд теъдоде аз кишварҳо бо мухолифатҳое, ки бо Эрон доранд, ба ҳимоят аз Исроилу Амрико дасту остин барзананд.
Теъдоде аз дӯстон аз ман пурсидаанд, вақте мегӯед, ки Исроил мехоҳад пойи Эронро ба ҷанг бикашонад, аҳдофи дарозмуддату кӯтоҳмуддат чӣ хоҳад буд?
Мехоҳам ба ҷавоби азизон ин тур арз намоям:
1 - Ба ақидаи ман, ҳама кӯшишҳо бар ин аст, то Эрон дар қадами нахуст вориди ҷангу маърака гардад. Ин плони кишварҳои ғарбӣ дар раъси Амрико аст, чун Эрон дар ҳоли ҳозир барои Амрикову Исроил ба як мушкил табдил шудааст, ки ҳама, аз ҷумла теъдоде аз кишварҳои арабӣ ва Ғарб фикр мекунанд, ки мо аз тарафи Эрон таҳдид мешавем.
2 - Пешбинии ман чунин аст, ки иттиҳоди низомӣ зидди кишварҳои ғарбӣ дар раъси Амрико байни Эрон, Чин, Русия бо бархе дигар аз кишварҳо ба зудӣ шакл бигирад, дар ин сурат Осиёи Миёна, Қафқоз, Сурия ва ҳатто Ироқ мумкин шомили ҳарими ин иттиҳоди низомӣ шаванд, ки авоқиби он хеле хатарнок аст.
3 - Дар Африқову Амрикои Лотин довталабони зиёде, бахусус, аз кишварҳои исломӣ барои пайвастан ба он иттиҳод ҳатман пайдо мешаванд.
Акнун талош доранд, то Эрону Чин Афғонистонро хатти восили худ ва камарбанде ба даври Осиёи Миёна ва роҳ ба самти Шарқи Миёна бисозанд ва аз ин вазъият истифодаи мусмиреро ба даст оваранд.
Лизо Ғарб дар раъс Амрико кӯшиш мекунад, ки давлати Эронро аз васати роҳ бардорад ва агар битавонад, режим демократҳо ва сикулорро дар Эрон ҳоким бисозад, ки ҳадафи он шоҳзодаи собиқи Эрон аст. Дар ин ҳолат як зилъи муҳими иттиҳоди мухолифон агар анҷом шавад аз байни меравад.
4 - Бо омадани эҳтимолии Трамп дар раёсатиҷумҳурии Амрико, ки ҳатман ин кор хоҳад шуд, ҷанги Украинаро Трамп ба нафъи Русия хатм ва Русияро ташвиқ ба наздикӣ бо Амрико ва кишварҳои арабӣ менамояд, то муҳраи дувумро низ аз худ ва ё ҳадди ақалл аз иттиҳоди низомӣ бо Чину Эрон мунсариф бисозад, ки чунин кореро хоҳад кард.
5 - Аз тарафи дигар натанҳо дар Қафқоз ва кишварҳои Осиёи Миёна, балки Покистону Эрон ҳам бо чолишҳои бузурге дучор хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир агар дунёи Ғарб дар раъси Амрикову Исроил бо Эрон ҷанги қотеъро оғоз намояд, баъзе кишварҳо хеле хурсанд хоҳад шуд ва ҳатто шояд масорифи ҷангро низ ба нафъ Амрикову Исроил ба ӯҳда бигиранд.
Ҳамчунон иттиҳоди аъроб ва Исроил низ мустаҳкамтар хоҳад шуд, дар канори он мумкин масъалаи Фаластинро низ дар он ҳолат ҳаллу фасл намоянд.
Ҳамчунон Покистон низ дар интизори як давраи даргириҳо бо танишҳои бепоён дасту панҷа нарм хоҳад кард ва дар моҳҳои оянда Покистон шоҳиди идомаи буҳрони иқтисодӣ ва ҳамчунон шоҳиди идомаи ошуфтагиҳои сиёсӣ хоҳад буд.
Ба ҳар ҳол, ин як бозии печида аст ва ман бовар дорам, ки ҷанг танҳо дар Исроилу Фаластин таваққуф нахоҳад кард, балки ба Қафқоз низ кашонда хоҳад шуд ва вазъияти Афғонистон низ аз гузашта бадтар хоҳад буд.