ДУРУД БА ХОНАНДАГОН!

Дар 15 августи 2021, «Толибон»* дар Афғонистон ба саҳнаи қудрат оварда шуданд ва фасли навини «Бозии Бузурги Ҷадид» дар Осиёи Марказӣ рақам хӯрдааст.

Манобеъи хабарӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ пайваста гузориш медиҳанд, ки режими «Толибон» дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократик ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз гузошта ва барои пӯёии онҳо бистарсозӣ мекунад.

«Сангар» ҳамон гуна аз номаш пайдост, як сангари иттилоотӣ барои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа аст, сангар ё минбаре барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон ва ҳар фардест, ки барои арзишҳои улёи инсонӣ талош мекунанд.

Ин сомонаи иттилоотиву таҳлилӣ, гомест ба ҷилав, барои эҷоди иттифоқи назар, табодули дидгоҳҳо миёни фарзонагон ва аҳли расона, ки дар гӯшаву канори дунё алайҳи падидаҳои нафратборе, монанди терроризм, ифротгароӣ ва ҷаҳолати асри навин дар сарзаминҳояшон мубориза мекунанд.

Шумо дар сафҳаҳои «Сангар» бо навиштаҳое аз Фарид Юнус, Муҳибуллоҳ Нурӣ (Амрико), Раззоқ Маъмун (Австралия) , Файёз Баҳармон Наҷимӣ, Ҳорун Амирзода, Ҳашмат Родфар (Олмон), Ҳорун Мирсаидӣ (Шведсия), Яъқуб Ясно (Эрон), Абдуллоҳ Раҳнамо, Шералӣ Ризоён (Тоҷикистон) ва даҳҳо қаламронони дигар дар Афғонистону Осиёи Марказӣ ва хориҷ аз он, ки ба далоили амниятӣ наметавонем номи онҳоро зикр кунем, ошно хоҳед шуд. Як гурӯҳи дигар низ - шурӯъ аз кӯҳистоноти Ҳиндукуш то дигар гӯшаву канори дунё - барои шумо ахбор ва матолиб таҳия хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар ин сомона ба пазироӣ аз тамоми онҳое, ки нисбат ба сарнавишти Афғонистон ва Осиёи Марказӣ - хонаи умумии мо бетараф нестанд, боз аст.

Нахустин нигоштаҳоеро, ки ба хониш мегиред, дар воқеъ кӯшише барои фароҳам кардан пешзаминаи вақоеъи иттифоқаи имрӯз ва оянда аст.

Ҳамзамон аз хонандагоне, ки ба инглисӣ ва русӣ мехонанд, қаблан ва қалбан барои камбудиҳои тарҷумаи мавод пӯзиш мехоҳем. Дар оянда тамоми талошҳо барои беҳбуди кайфияти тарҷума ба харҷ дода хоҳад шуд.

Тими “Сангар”

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст