Бо онҳое, ки сиёсатро дар 45 соли гузашта инҳисор кардаанд, намешавад ояндаи Афғонистонро сохт!

Нависанда: Малик Ситез, пажӯҳишгари равобити байналмилал ва устоди донишгоҳ

Ҳукуматҳо дар табъид таҳти шароити вежаи сиёсӣ шакл мегиранд. Вақте давлати аслӣ ё мабдаъ тавассути гурӯҳҳои сиёсӣ аз тариқи ғайримашрӯъ мусодира мешавад, гурӯҳҳои сиёсӣ ва фаъолони иҷтимоӣ ва шахсиятҳои тахассусӣ ва барозанда ҳукумат дар табъидро созмондеҳӣ мекунанд. Ҳукумат дар табъид бояд дорои понздаҳ корбурди асосӣ бошад.

1 - Таъмини иртибот дар дохили кишвар аз тариқи гуфтушунуди фаъолу созанда ва эҷоди фазои ҳамдигарпазирӣ.

2 - Эҷоди гурӯҳи фаъоли сиёсие, ки аз шахсиятҳои барозанда ва мӯътамид шакл гирифта бошад ва аз миёни онҳо шиносоии раҳбари ҷаззоб ва амалгаро, ки зарфияти болое дар ҳамоҳангӣ, мудирият ва раҳбарӣ дошта бошад.

3 - Касби эътимод миёни мардум барои ҳусули машрӯъияти миллӣ.

4 - Касби эътимоди байналмилал барои ҳусули машрӯъияти ҷаҳонӣ.

5 - Танзими стратегияи миллӣ барои наҷоти кишвар дар ҳамкории мутахассисини миллӣ ва байналмилалӣ ва бар бунёди дарсҳои таърихӣ дар сатҳи милливу ҷаҳонӣ.

6 - Эҷод кобинаи тахассусӣ-сиёсие, ки воқеиятҳои ҷомеаро шиносоӣ ва роҳҳои бурунрафт аз буҳронро ба барномаи сиёсии худ табдил битавонад.

7 - Эҷоди барномаи амали созанда дар ҳамоҳангӣ бо бозигарони миллӣ ва байналмилалӣ ва заминасозӣ барои фурсатҳои мушорикати шаҳрвандон, бавежа ҷавонон, дар татбиқи он.

8 - Таъмини манобеъи молӣ ва тахассусӣ барои ҳазинаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бар бунёди асли шаффофият.

9 - Эҷоди як механизми қобили дастрас ва содда барои арзёбӣ, гузоришдиҳӣ аз фаъолият барои мардум бар бунёди асли ҳокимияти қонун ва асли ҳисобдиҳӣ.

10 - Таомул ва эҷоди заминаҳои мушорикати фаъолу созанда бо шаҳрвандоне, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

11 - Лобигарии тахассусӣ ва додхоҳии арзишҳо барои армонҳои миллӣ, ки дар стратегияи сиёсӣ зикр ёфтаанд.

12 - Басиҷ нерӯҳои мухолиф аз диди сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дар ҳимояти мардум ва эҷоди иҷмоъи мардумӣ.

13 - Ҳамгароӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва расонаӣ барои ташрики масоии иҷтимоӣ ва арзишӣ.

14 - Эҷоди ниҳоди фаъол ва пӯёи таблиғотӣ бар татбиқи барномаҳои сиёсӣ.

15 - Эҷоди утоқи фикри сиёсӣ дар ҳамоҳангӣ бо шахсиятҳои илмӣ, тахассусӣ ва фаҳими кишвар.

Ман тарафдори эҷоди ҳукумат дар табъид ҳастам ва онро муҳим мепиндорам дар сурате, ки ин усул дар он риоят шавад. Таҷориби ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ҳукумат дар табъид ба маънои як сохтори сиёсии ҷогузин аст, ки бояд нишон диҳад ва ба исбот расонад, ки корои беҳтаре аз давлати мабодо дорад.

Аммо пурсишҳои ман инҳо ҳастанд:

Оё бо ҳамин оқоёне, ки дод аз ҳукумат дар табъид мезананд, ин усул бароварда мешавад? Посух равшан аст.

Оё ин оқоёне, ки сиёсатро дар 45 соли гузашта аз сару гардан муҳосира кардаанд, дар ҳукумати табъид, канор мераванд ва ҷоро барои насли ҷадид боз мекунанд? Ин посух ҳам равшан аст.

Оё ин оқоён эътимоди мардумро барои ин кори бузург, яъне эҷоди ҳукумат дар табъид, бо худ доранд? Пурсиш равшан аст.

Оё ин оқоён корномаҳои пок дар таҷриба доранд? Ин пурсиш ҳам равшан аст.

Ҳукумат дар табъид набояд истифодаи суъи сиёсӣ шавад. Ба боварам ҳоло фурсати он расидааст, ки мо як ҳукумати тахассусӣ барои ҷойгузини ояндаи Афғонистон тарҳрезӣ кунем. Табиист, ки сиёсатмадорон метавонанд дар он саҳим шаванд. Аммо сиёсатмадороне, ки бо фикри бикр ва тозаву шахсиятҳои хабир, ки ба дарди ояндаи кишвар мехӯранд, дар он ҷо дошта бошанд. Дар он сурат мардум ба онҳо дил хоҳанд баст.