Фармондеҳ Басир Андаробӣ яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамон насле аз ватанпарастони Афғонистон буд, ки қурбонии манофеъи Амрико шуд...

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Дар як задухӯрде, ки 10 апрел дар Соланги Ҷанубӣ миёни Толибон ва размандагони Ҷабҳаи Озодӣ иттифоқ афтод, Абдулбасири Андаробӣ, маъруф ба Басири Андаробӣ, яке аз фармондеҳони калидии ин ҷабҳа бо иттифоқи панҷ ҳамроҳаш ба шаҳодат расиданд.

Вақте барои ин матлаб мавод ҷамъ меовардам, ба як воқеияти бисёр талхе пай бурдам, ки ҷомеаи Афғонистони хаста, ҳатто аз қаҳрамонони худ хаста шудааст. Ним асри ҷанг он қадар дар ин сарзамин қаҳрамон офарида, ки теъдодашонро касе ҳисоб накардааст ва ҳатто рӯзноманигорон барои таҳқиқи зиндагиномаи онҳо вақт намеёбанд. Зоҳиран, як кишвари қаҳрамонзо набояд ин сарнавиштро дошта бошад, ки Афғонистон дорад. Воқеияти талхи дигар ин аст, ки қаҳрамонони Афғонистон ҳамеша барои ватан меразманд, аммо қурбонии манфиатҳои қудратҳои хориҷӣ мешаванд. Ҳузури хориҷӣ онҳоро ба саҳна меорад ва ҳам аз он ҳазф мекунад.

Аммо корномаи ин қаҳрамонон бояд навишта шавад ва ин танҳо корест, ки барои поси хотир ва ҷовидон сохтани номи онҳо метавон анҷом дод. Ҳамин кофист, ки сарнавишт ҷони ҷавони онҳоро ба бозӣ гирифт, аммо таърих чунин як бозигари золим нест.

Ҳоло достони Басири Андаробӣ, яке аз садҳо қаҳрамоне, ки барои Афғонистон ба шаҳодат расиданд ва мерасанд...

 

“ҒӮРАДУЗД”

Фармондеҳ Абдулбасир Андаробӣ, фарзанди Абдусамадхон, 10 феврали 1988 дар рустои Рашидии дараи Қосони шаҳристони Деҳcалоҳи Андароби вилояти Бағлон дида ба ҷаҳон гушуда, ҳанӯз дар овони бачагӣ аз меҳру навозиши модар маҳрум шуд. Баъд аз такмили синни ҳафтсолагӣ шомили синфи аввали мактаби зодгоҳаш гардид ва то синфи панҷум он ҷо дарс хонд.

Сиддиқ Андаробӣ, аз ҳамсинфон ва дӯстони бачагии ӯ, ҳоло фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, мегӯяд, хотираҳои хуше аз ӯ дорад, бахусус, аз замони мактабӣ, ки Муқовимати Аввал алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ идома дошт ва вазъи иҷтимоии мардум хеле вазнин буд.

“Ману Басир ба боғи мардум медаромадем ва ғӯраи зардолуҳоро мечидем. Вақте соҳиби боғ хабар мешуду ба сари Басир меомад, вай мегуфт, ин корро Сиддиқ карда, агар ба сари ман меомад, мегуфтам, ин корро Басир кард”, - ба ёд меорад вай.

Сиддиқи Андаробӣ мегӯяд, бидуни муболиға, Абдулбасир дар мактаб аз ҷумлаи шогирдони зираку лоиқ ва тезҳуш буд ва баъд аз хатми давраи мутавассита шомили мактаби лисаи Қосон шуда, соли 1387 (2009) онро хатм кард.

“Аз синфи шаш мо ҷудо шудем. Басирхон, ки вазъи хонаводагиашон хуб буд, ба лисаи Қосон рафт ва то синфи 12 таҳсил кард. Ман машғули кори ғарибиву деҳқонӣ шудам. Аммо ҳар гоҳ аз лиса меомад, мешиштем, қисса мекардем ва ғарқа дар олами руъёҳои бачагӣ орзу доштем, як шахсе шавем, ки ба ҷомиа муфид бошем”, - ба ёд меорад ӯ.

Азбаски Басир шавқу алоқамандии зиёде ба низомигарӣ дошт, шомили давраи шонздаҳуми мактаби мунтахаби афсарони ҷавони вазорати дифоъи Афғонистон гардид. Вай дар даврони донишҷӯӣ як ҷавони боназму дисиплини хос буд.

Басир давраи омӯзишҳои низомиро бо санади олӣ хатм кард. Ҳамзамон шомили курси маслакии қули урдуи кумонду – сипоҳи нерӯҳои хос - шуд, ки бо ҷиддият ва саршорӣ дар он таҳсил намуд. Сипас вай ба майдонҳои доғи набарди Афғонистон рафт ва то суқути ҷумҳурӣ дар хидмати низом буд.

 

“ШЕРИ КУМОНДУ”

Аввалин тақаррурии вай дар қулли урдуи 215 – и “Майванд” сурат гирифт. Ин як оғози роҳи тӯлоние буд, ки дар Ҳилманд (2013 – 2016), ин вилояти нооромтарину толибхез ва ҷавлонгоҳи мафиёи маводи мухаддир ва дар сахттарин шароит алайҳи Толибон – “душманони оромиши Афғонистон” – сипарӣ кард. Дар Ҳилманд вай аввал фармондеҳи блок (взвод) таъин шуд ва то охир ба фармондеҳии тулай (рота, 100 нафар) расид.

Генерал Ҷалолуддин Яфталӣ, маъруф ба Ҷалоли Яфталӣ, собиқ фармондеҳи қули урдуи 203-и “Тундар”, ки бо Басири Андаробӣ аз оғози кораш дар Урдуи миллӣ ошноӣ дошт, мегӯяд, овозаи ӯ ҳамон замон дар Ҳилманд афтода, душман аз номи ӯ дар тарсу ҳарос буд.

“Ҳамразмоне, ки аз Кобул барои амалиёти муштарак ба Ҳилманд рафта меомаданд, аз қавли Толибони асир қиссаҳои ҷолибе мекарданд. Толибон ҳамин ки номи ӯро мегирифтанд, ҳамаро тарс мегирифт ва ё вақте мефаҳмиданд, ки бо Басирхон тараф ҳастанд, рӯ ба фирор меоварданд”, - мегӯяд ӯ.

Вай дар шаҳри Лашкаргоҳ, марказ ва вулусволиҳои Наҳри Сироҷу Нодалӣ ва Сангин шадидтарин набардҳоро раҳбарӣ кард. Яке аз сафҳаҳои дурахшони он рӯзҳо озодии Нодалӣ ва як қисмати шаҳри Лашкаргоҳ буд, ки чанд рӯз дар тасаллути Толибон қарор доштанд.

Аз ӯ ба унвони Абдулбасир Муҷоҳид ёдоварӣ мешуд. Он замон лақаби “Шери кумонду”-ро низ барои худ камоӣ кард. Моҳи августи соли 2016 вай дар яке аз набардҳо бо Толибон шадидан захм бардошт ва ӯро ба шифохонаи Сардор Довудхони Кобул интиқол доданд. Як моҳ пас дигарбора ба майдони набард баргашт.

4 сентябри соли 2016 вай дар сафҳаи фейсбукаш навишт: “Худованди мутаъолро сипосгузорам, ки дубора худро дар миёни дӯстону ҳамразмонам дида, бисёр эҳсоси хушӣ мекунам. Аҳд бастем то охирин рамақи ҳаёт аз ваҷаб-ваҷаби ин сарзамин шуҷоъона дифоъ хоҳем кард”.

 

“ЧӢ ДАР ШИМОЛ БОШАД, ЧӢ ДАР ҶАНУБ...”

Овозаи корнамоиву давтовардҳои ҷангии фармондеҳ Басири Андаробӣ ба вазорати дифоъ низ расида буд. Аз ин хотир, 16 июни соли 2017 раиси аркони кандак (баталён, 500 нафар)-и панҷуми амалиётҳои хоси “Зулфиқор” - и қули урдуи 209-и “Шоҳин” бо марказияти Мазори Шариф таъйин гардид. Ин қули урду масъулияти амалиётҳои нерӯҳои кумонду дар вилоятҳои шимол – Форёб, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон, Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшонро ба зимма дошт.

Ин дурахшонтарин даврони зиндагӣ ва корномаҳои фармондеҳ Басир буд.

Беш аз як моҳ пас аз тақаррураш ба ӯ фармон доданд, ки шаҳраки Лулош, маркази вулусволии Кӯҳистони вилояти Форёбро Толибон ва террористони хориҷӣ тасарруф кардаанд ва он бояд озод шавад.

Яке аз ҳамразмонаш, ки дар он ҷанг ширкат дошт ва ҳоло дар Мазори Шариф зиндагӣ мекунад ва мо ба далоили амниятӣ аз ӯ ном намебарем, мегӯяд, мо фармонро ҳамон рӯзе гирифтем, ки вулусволӣ суқут карда буд.

“Ҳудуди 60 тан аз нерӯҳои пулису артиш дар муҳосираи Толибон афтода, теъдоди Толибон ва террористони хориҷӣ 200 нафар тахмин мешуд. 130 тан аз нерӯҳои хезиши мардумӣ низ бо ҷангафзорҳояшон ба онҳо пайваста, фармондеҳашон ба номи Носир ба вилояти Ғур фирор карда буд. Мо ҳудуди 200 нафар бо фармондеҳии Басирхон ба минтақаи ҷанг десант шудем ва дар тайи се рӯз маркази вулусволиро озод кардем”, - гуфт ӯ.

Зоҳиран, ба ин зудӣ озод шудани Кӯҳистонро касе интизор надошт. Он солҳо вулусволии дигари Форёб – Ғурмоч миёни Толибон ва давлат даст ба даст мешуд. Моҳи августи ҳамон сол Толибон дигарбора ин вулусволиро тасарруф карданд. Дар қули урдуи “Шоҳин” як амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ барои озодсозии онро кашиданд ва ин вазифаро низ ба фармондеҳ Басири Андаробӣ супурданд. 29 сентябри соли 2017 ин вулусволӣ бо талафоти шадиди Толибон озод шуд.

Он замон дар расонаҳо аз фармондеҳ Басир ба унвони “Уқоби кумонду” ёдоварӣ мекарданд ва яке ҳам навишт: “Шер шер аст, чӣ дар Шимол бошад, чӣ дар Ҷануб”.

 

ТАВТИАИ ҒАНӢ-ТОЛИБОН

Вилояти Форёб он замон (ва то кунун) ба яке аз марокизи таҷаммуъи Толибон ва созмонҳои террористии хориҷӣ, назири “Ал-қоида” ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон табдил ёфта буд. Баъдҳо маълум шуд, ки истиқрори ҷангиёни хориҷӣ дар ин минтақа бо мувофиқати ҳукумати Ҳомид Карзай ва Амрико сурат гирифта, ноамниҳои ин минтақа барномаи муштараки онҳо ба манзури таъмини ҳузури амн ва омодагиҳои ҷангии террористон барои ҷангҳои оянда будааст.

Гузориши истихборотӣ: давлати Алқоида куҷост?

Зоҳиран, Басири Андаробӣ, ки ба ин барнома халал мерасонд, на фақат ба хори чашми террористон, балки пуштибонҳои онҳо дар ҳукумати Афғонистон ва Амрико табдил ёфта буд. Моҳи марти соли 2018 дар яке амалиётҳо дар қарибии рустои Яккатути минтақаи Сари Ҳавзи вулусволии Паштункути Форёб вай бо ҳудуди 40 сарбозаш дар муҳосира афтоданд.

Ҳамразми ӯ мегӯяд, беш аз 20 рӯз душман онҳоро аз чаҳор тараф муҳосира карда, шахсе ба номи Раҳмонӣ, фармондеҳи хезишҳои мардумии маҳал бо нерӯҳояш низ бо онҳо буд.

“Вақте душман рустои Яккатутро тасарруф кард, мо дар ду пӯста дар баландӣ сангар гирифтем. Ҳамлаварон бо забонҳои хориҷӣ, зоҳиран, русиву арабӣ низ суҳбат мекарданд. Ин чӯчаҳои халафу нохалафи ISI юниформи низомӣ доштанд ва бо дурбини шаб муҷаҳҳаз буданд. Аз маркази фармондеҳӣ кӯмак мехостем, аммо касе моро намешунид. Ҳоло фикр мекунам, ки ин як тавтиа ва ҳадафаш аз байн бурдани Басирхон буд”, - гуфт ӯ.

Аммо Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифоъ, он замон ба расонаҳо мегуфт, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар  минтақа машғули амалиёти ҷангӣ ҳастанд. Дар асл касе дар Кобул ва Мазори Шариф дар фикри кумондуҳо набуд, балки ҳама интизори онро доштанд, ки чӣ вақт ҳамаи онҳо кушта мешаванд.

Дар вилояти Бағлон, зодгоҳи Басири Андаробӣ, аз ин тавтиа пай бурданд ва тариқи расонаҳо фарохон дода шуд, ки мардум таҷаммуъ кунанд, то ҳукумат барои раҳоии Басир ва ҳамразмонаш иқдом кунад, дар акси ҳол, онҳо таҳдид карданд, ки шоҳроҳи Ҳайратон – Кобулро масдуд хоҳанд кард.

Аммо ҳукумат даст ба иқдоме назад ва мардуми Бағлон бо раҳбарии вакили парлумон Муҳаммадзариф Зариф дар минтақаи Шомархи шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилоят чанд соат масири шоҳроҳро банд карданд. Ин вазъ ҳукумати Кобулро нороҳат сохт ва маҷбур кард, ки барои наҷоти нерӯҳои кумонду тайёра фиристад ва онҳоро наҷот диҳад.

Аммо Басирхон ин мағлубиятро ба худ набахшид ва аз фармондеҳии қули урдуи “Шоҳин” тақозо кард, ки ӯро дигарбора ба Сари Ҳавз фиристад. 30 апрел вай баргашт ва нерӯҳои кумонду тайи як рӯз бидуни талафот 11 террористро кушта, 17 нафари дигарро захмӣ ба ҷой гузоштанд ва фармондеҳи маҳаллии Толибон шахсе ба номи Мулло Пирмуҳаммад ва саргурӯҳаш Мулло Валимуҳаммадро аз байн бурданд.

Ин охирин амалиёти Басири Андаробӣ дар Форёб набуд. Моҳи августи ҳамон сол истихбороти қули урдуи “Шоҳин” хабар дод, ки Толибон ва террористони хориҷӣ қасди анҷоми як ҳамлаи бузург бо ҳадафи тасарруфи шаҳраки Сарчакон, маркази вулусволии Гурзивонро доранд. Ин ҳамла шаби 8 август сурат гирифт, ки аз сӯи нерӯҳои кумонду ба раҳбарии Басири Андаробӣ ва ба ҳимояти ҳавоии нерӯҳои байнулмилалии “Маъмурияти Қотеъ” бо кушта шудани 12 ва захмӣ шудани 11 террорист анҷом ёфта, теъдоди бузурги силоҳу муҳимот низ ба дасти кумондуҳо афтид.

 

“ФАРИШТАИ НАҶОТ”

Моҳи майи соли 2019, бино ба нақли Сиддиқи Андаробӣ, фармондеҳ Басир дар зодгоҳаш рустои Рашидии Андаробҳо дар рухсатӣ қарор дошт, ки як ҷанги шадид дар шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон дар гирифт. 4 май Толибон бо нерӯву интиҳории зиёд сари фармондеҳии амнияи Бағлон дар шаҳри Пули Хумрӣ ҳамла оварда, онро тасарруф карданд.

“Фармондеҳ Басир бидуни ин ки мақомоти давлатиро дар ҷараён бигзорад, бо афроде, ки ҳамроҳаш буданд, даст ба кор шуд. 5 май фармондеҳӣ озод ва Толибон аз шаҳр ронда шуданд. Ҳамон замон ӯ ба “Басири Кумонду” шуҳрат ёфт”, - афзуд Сиддиқ Андаробӣ.

Касе дар расонаҳо ҳам дар тавсифи ӯ навишт: “Фариштаи наҷот”. Ин воқеан як ҳақиқате буд, ки дар ду калима баён шуда буд.

Генерал Ҷалоли Яфталӣ мегӯяд, замоне, ки фармондеҳи ливо (полк)-и Мазори Шариф буд, ҳафт амалиёти хос бо ширкати Басири Андаробӣ анҷом дода буданд.

“Ин амалиётҳоро мо аксаран шабона роҳандозӣ мекардем. Он замони вазъияти ҷангӣ тағйир ёфта буд. Мо на фақат бо Толибон, балки террористони Ал-қоидаву Ҳаркати исломии Ӯзбекистон ва хориҷиҳои дигар, ки касе намефаҳмид, киву аз кадом кишвар ҳастанд, меҷангидем. Аммо ин амалиётҳо хеле сангин буданд. Душман он душмани қаблӣ набуд. Гуруҳҳои лайзериву “Қитъаи сурх” – и Толибон вориди майдон шуда, дурбини шаб доштанд ва ҳамалоти онҳо шиддат мегирифт. Басирхон як ҷавони боғайрату хунсард буд ва дар амалиётҳо нақши калидӣ дошт”, - гуфт генерал Яфталӣ.

Ҳодисаи фармондеҳии Бағлон, ба бовари Сиддиқ Андаробӣ, мӯҷиби тақаррурии ҷадиди ҷагран – майор Басир шуд. 14 майи 2019 ӯро раиси аркони Ливои саввуми қули урдуи 207 – и Зафар дар Бодғис таъйин карданд.

Дар мавриди фаъолиятҳои Басир Андаробӣ дар Бодғис маълумоти зиёд вуҷуд надорад. Он чӣ маълум аст, дар ҷангҳои Боло Мурғоб, як вулусволии дигаре, ки ҳамеша миёни ҳукумат ва Толибону террористони хориҷӣ даст ба даст мешуд, ӯ ширкат кардааст. Вай таассуроти худро аз ин набардҳо дар сафҳаи фейсбукаш хеле муассир, аммо дар як ҷумла баён кард:  “Боло Мурғоб пирамон сохт!”

Як сол нагузашта, 5 апрели 2020 вай дар як маҳфили бошукӯҳе расман ба сифати раиси аркони ливои дувуми қули урдуи 207-и “Зафар” - и муқими вилояти Фароҳ муаррифӣ шуд. Азбаски ин севумин раёсати ӯ дар ҷузву томҳои қули урдуҳои вазорати дифоъи Афғонисто буд, ӯро акнун “Раис Басир” низ ном мебурданд.

Дар ахбори дафтари матбуоти қули урдуи “Зафар” аз ин давраи фаъолиятҳои ӯ хабару аксҳои мондагоре нашр шудаанд. Бино ба онҳо, дагарман (подполковник) Абдулбасири Андаробӣ бо нерӯҳои таҳти амраш, бахусус, дар вулусволиҳои Боло Блок ва Пуштруди вилояти Фароҳ амалиётҳои сангине анҷом дода, авоили моҳи январи соли 2021 вулусволии Анордараро, ки моҳҳо ба ин сӯи таҳти тасарруфи Толибон буд, озод карданд.

 

БИСМИЛЛОҲХОН ВА “ТОЛИБКУШҲО”

Тақаррурии ахири Басир Андаробиро имрӯзҳо низомиёни Афғонистон ба гунаи дигар тафсир мекунанд. Ҳукумати Ғанӣ ва Амрико, ки тарҳи ноамнсозии Шимол, марзҳои Осиёи Марказиро доштанд, ин қабил фармондеҳони зубдаро, ки “хуб толибкуширо балад буданд”, аз шимол ба вилоятҳои ҷанубу ғарб табдил мекарданд. Ба истиснои Басири Андаробӣ, Ҷалол Яфталӣ ба фармондеҳии қули урдуи “Тундар”, Ҳамид Сайфӣ ба Майдон Вардак ва чандеи дигар низ ба вилоёти ҷанубу ғарб, ки ҳарчанд паштуннишин ва толибхез буданд, аммо ба барномаи толибсозӣ ва ноамнсозии Шимол халал эҷод мекарданд, табдил шуданд.

Зоҳиран, ин охирин барнома сари ин “толибкушҳо” набуд. Раисҷумҳур моҳи майи соли 2021 Бисмиллоҳ Муҳаммадиро, ки зоҳиран як чеҳраи барҷастаи зиддиТолибонӣ шинохта мешуд, вазири дифоъ таъин кард. Зоҳиран, дар он айём, ки оғози пешравиҳо ва футӯҳоти Толибон буд, ин таъйинот паёми хуб дошт, аммо Бисмиллоҳхон на фақат коре алайҳи Толибон накард, балки ба бовари бархе, омили аслии ба қудрат расидани онҳо шуд.

Вай дар қатори даҳҳо генералу фармондеҳ, ҳашт чеҳраи маъруфу муваффақи ҷангӣ ва зиддитолиб, назири Басир Андаробӣ, Ҳомид Сайфӣ, Муниб Амирӣ (бародари Холид Амирӣ), Эҳсон Файз, Ҳамидуллоҳ Тӯфон ва дигаронро аз вазифа сабукдӯш кард. Ҷолиб ин буд, ки ба ҷои онҳо афроди комилан нолоиқ ва бемасъулият, ҳатто пиртарро таъйин намуд.

Ҳомид Сайфӣ, ки фармондеҳи ливои панҷуми қули урдуи 203-и “Тундар” дар вилояти Майдон Вардак буд, дар як сӯҳбат бо нависандаи ин сутур гуфт, Бисмиллоҳ дар ҳафтаи аввали кориаш ӯро бидуни кадом далели муваҷҷаҳ аз вазифа барканор кард.

“Шахсеро ба ҳайси фармондеҳи ливо ба ҷоям таъйин кард, ки ду сол қабл назар ба такмили давраи хидмат ва кибри син ба тақоуд савқ гардида буд ва дар тамоми давраи хидматаш ҳатто як бор ҳам қумондони як ҷузву томи хурдро ҳам накарда буд”, - гуфт Ҳомид Сайфӣ.

Басири Андаробӣ бо иттифоқи Ҳамидуллоҳ Тӯфон, фармондеҳи ливои дувуми қули урдуи 207-и “Зафар”, дар як рӯз, 5 июли 2021, барканор шуданд. Вай дар сафҳаи фейсбукаш чунин вокуниш кард: “Тағйиру табдил ва барканорӣ дар низом як асл аст, аммо ин, ки одилона бошад, мутаассифона, нест. Ба ҳар ҳол ба тасмими раҳбарии мӯҳтарами вазорати дифоъи миллӣ эҳтиром қоил будем ва ҳастем, ҳар чӣ ба хайри мо ҳамсангарон ва ҳамватанони мо бошад. Ман як сарбози содиқ ба мардуми Афғонистон боқӣ хоҳам монд. Бо рӯҳияи баланди миллӣ дар муқобили душманони мардуми Афғонистон ба муборизаи худ идома хоҳам дод. Феълан ман ва фармондеҳ Тӯфон бидуни далели мантиқӣ барканорем!”

Аммо Бисмиллоҳхон вақте дидаву дониста, чунин тасмим гирифт, чӣ далел дошт? Ин ки ӯро бо иттифоқи Ғанӣ, балки танҳо ӯро омили аслии суқути Афғонистон ба дасти Толибону созмонҳои террористӣ меноманд, ҳарфи нав нест. Чандин фармондеҳ ба банда низ иқрор карданд, ки бо фармони Бисмиллоҳхон сангарро бидуни ҷанг ба Толибон раҳо кардаанд.

Талоши нависандаи ин сатрҳо барои пайдо кардани посух ба ин суол аз худи Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ натиҷа надод, аммо аз забони афроди наздик ба ӯ шунидам, ки вай дар як маҳфили хос гуфтааст: “Агар ман онҳоро берун намекардам, ҳамаро мекуштанд!”

 

“ГУҶУР ХОҶААТОН МЕШАВАД”

Аз ҳушдору пешгӯиҳои Басир Андаробӣ дар сафҳаи фейсбукаш:

10 июни 2021, хитоб ба раҳбарони низомие, ки Афғонистонро дар ҳоли фурӯхтан ба Толибон буданд ва ба мушкили артиш расидагӣ намекарданд, навишт: “Шароит ва вазъият аз ин бадтар намешавад. Дар ҳавои соф санги ватандӯстӣ ва шуҷоатро ҳама бар сина мезаданд. Куҷостанд имрӯз ҳамон шуҷоъон ва ватандӯстон? Рӯзи мабодои дигар аз ин рӯз бадтар намеояд. Савқу идора аз пушти мухобира, ватсап ва тилфон дигар ба сарбоз таъсиргузор нест. Дар саҳнаи амалу набард ворид шавед. Ба сарбозонатон рӯҳия ва ангезаи ҷангиданро бидиҳед. Дар канори сарбозон қарор бигиред, ҷабҳаи ҳаққу ботилро ба онҳо бифаҳмонед! Дар ин сурат ҳеҷ гоҳе душман пирӯз нахоҳад шуд ва ҳол ҳам душман чизе нест, агар ирода бошад! Аз хиёнатҳо ва дуздиҳоятон дар як фурсати дигар”.

ВИДЕО

14 июни 2021, дар баробари таблиғоти бархе сиёсиён ва расонаҳое, ки бо пули Ғарб фаъолият ва ба нафъи Толибон таблиғ мекарданд, навишт: “Лутфан! Агар ҳимоят наметавонед, ба нафъи душман ҳам таблиғ накунед. Мушкилатонро бо Арг ҳал кунед. Душмани нерӯҳои амниятиатон нашавед. Онҳо посбонони иззати шумоянд”.

21 июни 2021, замоне, ки нерӯҳои артиш ба фирор оварда буданд, навишт: “То куҷо фирор мекунед? Агар дар пойгоҳу пустаатон ҷанг накунед, боз покистонӣ дар паҳлуи зану фарзандатон бисёр ба беиззатӣ аз байн мебарадатон! Дар силоҳат мармӣ (тир) пур аст, на об”.

24 июни 2021, пас аз суқути вулусволии Бурка ва ташдиди ҷангҳо дар Бағлон, навишт: “Ватандорҳои азизи Андароб, агар басиҷ нашавед, аз Андаробҳову Хинҷон дифоъ накунед боз гуҷур – чӯпони имрӯзатон бодор (хоҷа) ва ҳокими фардоятон хоҳанд шуд”.

ТАВЗЕҲ: гуҷурҳо як қавме аз Покистонанд, ки аз сӯи ҳокимони паштуни Афғонистон ба Бағлон тайи 100 соли ахир интиқол ёфтаанд. Ҳоло онҳо воқеан як гуруҳи зарбатии Толибон дар ин вилоятанд ва дар саркӯби нерӯҳои зиддитолиб нақши умда доранд.

25 июни 2021, пас аз суқути даҳҳо вулусволӣ дар Афғонистон: “Шикаст ва рӯҳияшиканӣ дар ҷабҳаи ҷанг бисёр авоқиби баде дар пай дорад. Пойи муқовимтаринҳоро меларзонад”.

 

ТАРКИ ВАТАН

ДАР АКС: Басири Андаробӣ бо шаҳид Имоми Нурзод дар ҷанги Кӯтали Мурғ. Ҳамон рӯз фармондеҳ Басир чашми чапашро аз даст дод.

Пас аз барканорӣ Басири Андаробӣ ба зодгоҳаш Андароб баргашт ва хонанишин шуд. Аммо ин замоне буд, ки вулусволиҳо дар саросари Афғонистон як – як ба дасти Толибон суқут мекарданд ва ҷангҳо дар Бағлон низ шиддат гирифта, чанд вулусволӣ суқут карданд.

Сиддиқи Андаробӣ мегӯяд, замоне, ки Толибон ба Кӯтали Мурғ, минтақаи миёни Андароб ва Хинҷон ҳамла карданд, тамоми фармондеҳони Андароб ҷамъ омаданд.

“Басирхон ба ман занг зад, ки агар худро бори дигар дар таърих собит накунем, худро набояд мард ҳисоб кунем. Ӯ як теъдод ҷавононеро, ки ангезаи ватандӯстӣ доштанд, гирифта, ба Кӯтали Мурғ рафт. Мо ҳам бо афродамон ба онҳо пайвастем”, - гуфт ӯ.

Аммо дар ҷанги Кӯтали Мурғ Басири Андаробӣ аз як чарраи ҳовон аз чашми чапаш маҳрум шуд. Ба қавли Сиддиқ, бадхоҳони ӯ дар Андароб талош мекарданд, ки Басир кушта шавад. Ӯро нахуст ба бемористони Чаҳорсадбистари Кобул интиқол доданд. Чун он ҷо тадовӣ мушкил шуд ва ҳам эҳтимол дошт, ки Кобул низ ба зудӣ суқут кунад, Ёсин Зиё, собиқ сардори ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон, бо маблағи шахсиаш фармондеҳ Басирро ба Ҳиндустон барои тадовӣ фиристод.

“Замоне, ки Басири Андаробӣ дар Ҳинд буд, Афғонистон ба дасти Толибон суқут кард. Он вақт мо Андаробҳоро аз Толибон озод кардем. Вай ба ман занг зада, гирист, ки шумо ҷанг кунед ва мо дар ҷамъи фирориҳо бошем. Барояш гуфтам, ки на, чунин нест. Зоҳиран ҷанги мо дар пеш аст. Худатро ҷӯр кун”, - қисса мекунад Сиддиқи Андаробӣ.

Басири Андаробӣ пас аз анҷоми тадовӣ ба Эрон рафт ва то зимистони соли равон дар он кишвар зиндагӣ мекард.

Авоили моҳи марти соли равон ӯ бо иттифоқи фармондеҳи маъруф Акмал Амир ва чанде дигар аз ҳамроҳонаш ба Афғонистон баргашт ва дар як ҷанги нобаробар бо нерӯҳои “Бадрӣ”-ву “Умарӣ” – и Толибон ба шаҳодат расид, ки ин як қиссаи дигар аст ва таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки Басири Андаробиву ҳамроҳонаш дар пайи як барнома ва тавтиаи аз қабл тарҳрезишуда ба зери теғи Толибон оварда ва кушта шуданд (ин қисса ва ҷузъиёташро ба ҳамин зудӣ дар “Сангар” хоҳед хонд).

 

ПАРВОЗИ ОХИРИН

Фармондеҳ Басир дар соҳаи Караҷи ноҳияи Албурзи шаҳри Теҳрони Эрон зиндагӣ мекард. Абдуҳамид Ҳомидӣ, бародараш, қисса мекунад, ки вай соатҳо ба андеша фурӯ мерафт ва кас намефаҳмид аз чӣ меандешиду ба чиҳо фикр мекард, аммо хеле ғамзада, дар айни ҳол, пур аз энержӣ буд.

Вай дар бораи чӣ фикр мекард?

Сиддиқ Андаробӣ мегӯяд, Басир дар тамосҳояш бо ӯ мегуфт: “Фармондеҳ, чӣ фикр мекунӣ, чаро моро фурӯхтанд? Мо ба Амрико чӣ бадӣ карда будем? Мо ин ҳама сол барои кӣ меҷангидем? Чаро ман панҷ маротиба захмӣ шудам, аммо ин қурбониҳои ман барабас рафт? Ҳамсангарони ман барои чӣ шаҳид шуданд. Чӣ фикр мекунӣ, ман толибро “аҷири Эрон” мехондам, ҳоло чаро худ дар Эронам?”.

Инҳо суолҳое буданд, ки ҳар як ватандӯсти Афғонистон то ба ҳол аз худ мекунад. Онҳо худро шадидан таҳқиршуда меҳисобиданд. Ба ин дарк расида буданд, ки 20 сол на барои Афғонистон, балки барои Амрико размиданд ва ҳазорон рафиқи размии худро қурбонии барномаҳои Амрико карданду дар охир ба чизе нарасиданд, балки овораву дарбадари мулки бегона ва маҳрум аз хонаву кошона шуданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҷуз ҳезуми деги Амрико чизе беш набуданд, арӯсакҳое буданд, ки дар намоишномаи Амрико истифода ва канор афканда шуданд.

Аммо танҳо коре, ки карданд, ин буд, ки оташи ишқ ба озодиву истиқлоли Афғонистонро зинда ҳифз намуданд. Ҳарчанд Амрико аз ин эҳсоси онҳо барои манофеъи худ сӯъистифода кард, андешаи зидди ишғол ба баҳои қурбониҳо ва хуни ҳазорон шаҳиди низомипӯши Афғонистон зинда монд...

Оё чунин набуд? Агар ба ҷои исми Басири Андаробӣ номҳои даҳҳо низомии ватанпарасти Афғонистонро дар ин достон бигзорем ва номҳои ҷуғрофиро бо номҳои ҷуғрофии дигар иваз кунем, достони сарнавишти ҳама яксон нахоҳад буд?

Таҳаввули дигаре, ки дар зиндагиву муборизаи Басири Андаробӣ ва дигар низомиёни зиддитолиб, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо пушти сари худ дар утоқҳои кории худ акси Аҳмадшоҳи Масъудро меовехтанд, омад, пай бурдан ба як ҳақиқати дигар буд: онҳо арзишҳои худро шинохтанд. Фармондеҳ Басир дар пештоқи сафҳаи фейсбукии худ навишт: “Забонам порсӣ, ҳувиятам тоҷики бохтарӣ ва кишварам Хуросон аст!”.

Шояд ба ин хотир аст, ки вақте Басири Андаробӣ Эронро ба қасди Афғонистон тарк мекард, аз хонаводааш хост, ки тамоми аснод ӯро бисӯзонанд. Вай сафҳаи ҷадиди зиндагӣ ва муборизаи худро алайҳи ҷаҳолати толибонӣ ва ишғоли ҷадиди Афғонистон боз кард. Ҳарчанд зуд ба шаҳодат расид, аммо барои охирин бор “Уқоби кумонду” дар фазои Ҳиндукуш ба парвоз омад, шӯълаи умедро дар дилҳо фурӯзон кард ва ҷовидона гашт. Роҳеро боз намуд, ки идомаи он ба дӯши насли ҷадид хоҳад буд...