Чавкиҳо меоянду мераванд, дафтарҳо даст ба даст мешаванд, аммо таърих аз касоне ёд мекунад, ки дар сахттарин лаҳзаҳо истодагиро интихоб карданд.
Нависанда: Фаҳим Куҳдоманӣ, нависанда ва рӯзноманигор (Канада), махсус барои “Сангар”
“Бачаҳои Ватан!
Вақташ расида, ки Толибҳоро пеши Мулло Умар равон кунем”.
Ҳамин як ҷумла кофӣ буд, ки сукути кӯҳҳои Бадахшон бишканад.
Ҳар кас Калашникови худро гирифт, воскати худро каш кард ва ором аз байни сахраҳо ба поён фаромаданд.
Шаб торик буд, аммо роҳро ҳама мисли кафи даст балад буданд.
Маъруф Баҳоракӣ оҳиста ба ҳамсангаронаш гуфт:
— Қурбон, дафтар нишастан осон аст; ин ҷо кӯҳу санг одамро имтиҳон мекунад.
Қурбон хандид:
— Дафтар ху ҳар кас пайдо карда метонад, мардӣ ин аст, ки сангарро нигоҳ дорем.
Чанд лаҳза баъд, аввалин инфиҷор сукути шабро шикаст.
Гулулаҳо аз ҳар тараф радду бадал мешуданд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи Озодӣ бо ҳамлаҳои сареъ ва пароканда мавқеъҳои Толибонро як ба як зери регбори тир гирифтанд.
Касе намедонист аз кадом самт меоянд ва ба кадом самт бармегарданд.
Ҳамин буд маънии ҷанги чирикӣ.
Маъруф нафас-нафасзанон гуфт:
— Бачаҳо, имрӯз ин кӯҳҳо худро зинда эҳсос мекунанд.
Қурбон ҷавоб дод:
— Кӯҳ ҳамеша зинда буда, ин одамҳо буданд, ки баъзе вақта ёдашон меравад, ки зинда ҳастанду нафас мекашанд.
Ҳамон шаб, дар он сӯи майдон, хабар расид, ки Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши Толибон, худаш ба соҳа омадааст, то ҷангро раҳбарӣ кунад.
Бале, ҳамон Қорӣ Фасиҳуддин, ки пешмаргаи Толибон буд ва ҳоло дар мақоми болотар қарор гирифтааст.
Маъруф бо лабханд гуфт:
— Аҷаб рӯзгоре шуда, ки ҳоло Қорӣ Фасиҳуддин шуда калони артиш ва мо дар кӯҳҳо барои озодии мардуми худ меҷангем.
Қурбон пурсид:
— Чӣ шуда, қумондон?
Маъруф гуфт:
— Як рӯз генерал Зиё дар раҳбарии Вазорати дифоъ буд ва Толиб дар кӯҳҳо фирорӣ. Имрӯз доктор Зиё дар кӯҳ асту Толиб дар ҳамон дафтар нишаста.
Бубин дунё чӣ рақам гардиш мекунад.
Аммо буданд касоне, ки дар ҷумҳурият аз ҳамаи мо бештар имтиёз доштанд, вале ҳоло ё дар хориҷ сукут карданд ё пеши толибҳо сар ба таъзим гузоштаанд.
Пирмарде, ки солҳо ҷанг дида буд, оҳиста гуфт:
— Дафтарҳо ҳамеша соҳиби худро иваз мекунанд, аммо кӯҳ соҳиби аслии худро мешиносад.
Ҳама хомӯш шуданд.
Дақоиқе баъд, боз садои тирпаррониҳо баланд шуд.
Размандагони Ҷабҳаи Озодӣ бо ҷасорату шитоб вулусволии Зебокро аз чанги толибҳо озод карданд ва барои муддати кӯтоҳ дар дафтарҳои вулусволӣ навиштанд, ки мактабҳои духтарона то синфи дувоздаҳум фаъол гарданд, кормандони зан ба корҳои худ ҳозир шаванд ва ба далели камбуди таъмири мактабҳои духтарона, ҳамаи мадрасаҳои толиб ба мактабҳои духтарона дода шаванд, то духтарон дар ҳамин биноҳо дарс бихонанд.
Барои муддати кӯтоҳ ҳама ҷоро атри озодӣ ва озодагӣ хушбӯ карда буд ва паррандаҳо дар шохаҳои дарахтон чӣ-чии озодӣ месуруданд.
Лашкариёни ҳашарии толиб аз ҳама ҷо ҷамъ шуданд, то размандагонро асир кунанд.
Фармондеҳ дастури ақибнишинӣ дод, то касе ба доми душман наафтад.
Аммо размандагон номи озодиро бар ҳама ҷо ҳак карданд ва садои озодихоҳӣ ба ҳама ҷо танин меафканд.
Пас аз рафтан ба дараву кӯҳ, яке аз ҷавонтарин размандаҳо, ки нав ба ҷабҳа пайваста буд, пурсид:
— Коко, фикр меканӣ охираш кӣ баранда мешавад?
Пирмард дасташро рӯи шонаи ӯ гузошт ва гуфт:
— Бачаҷон, ҷанг барандаи воқеӣ надорад. Имрӯз як нафар дар дафтар аст, як нафар дар сангар. Фардо шояд баракс шавад. Агар таърихро бихонӣ, ҳамин қисса сад бор такрор шуда. Аммо баранда касоне ҳастанд, ки барои ҳаққи мардум мубориза мекананд.
Маъруф гуфт:
— Пас фарқи мо чист?
Пирмард лаҳзае сукут кард.
— Фарқро кирдори одам месозад, на чавкӣ. Баъзеҳо то чавкиро мегиранд, сангарро фаромӯш мекунанд. Баъзеҳо чавкиро аз даст медиҳанд, аммо боварашонро не.
Ҳама дубора ба роҳ афтоданд.
Маҳтоб аз дара боло мешуд ва садои пои размандаҳо бо вазиши бод дарҳам меомехт.
Маъруф зери лаб гуфт:
— Аҷаб сериале аст... Гоҳе яке дар дафтар, яке дар сангар, фардо шояд ҷояшон иваз шавад.
Қурбон хандиду гуфт:
— Не, бача... Дафтару сангар асли қисса нест. Асли қисса ҳамин аст, ки одам вақте қудрат ба дасташ омад, ёдаш наравад аз куҷо омадааст.
Субҳ, вақте офтоб аз пушти қуллаҳои Бадахшон боло шуд, дуд ҳанӯз аз баъзе мавқеъҳо боло мерафт.
Размандагони Ҷабҳаи Озодӣ, хаста аммо устувор, дубора дар дили кӯҳҳо нопадид шуданд; ҳамон кӯҳҳое, ки солҳост шоҳиди гардиши одамҳо миёни дафтару сангаранд.
Ва кӯҳ, мисли ҳамеша, хомӯш монд, гӯё мехост ба ҳама бигӯяд:
“Чавкиҳо меоянду мераванд, дафтарҳо даст ба даст мешаванд, аммо таърих аз касоне ёд мекунад, ки дар сахттарин лаҳзаҳо истодагиро интихоб карданд.”