Посух ба нафаре, ки Аҳмади Масъудро раҳбар ва Ҷабҳаи муқовимати миллиро ҷабҳа намешиносад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Рӯзи гузашта ман навиштае доштам таҳти ин унвон, ки “Оқои Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Амрико даъват шудааст”. Баъд аз интишори ин матлаб, назароти мухталифе, чӣ мусбат ва чӣ манфӣ дарёфт кардам. Аммо дӯсти гиромиам, ҷаноби оқои Сайид Зокирулло Содот, аз унвони “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” ба номи Аҳмад Масъуд башиддат озурдахотир шуда ва бароям навиштаанд, ки чаро Аҳмад Масъудро ба унвони раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хитоб кардаам. Ба гуфтаи ҷаноби эшон, на муқовимати миллӣ вуҷуд дорад ва на касе миллигаро ва раҳбари муқовимати миллӣ аст.
Ҷаноби оқои Содот, на танҳо ман, балки тамоми расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла расонаҳои Инглистон, ки шумо табаъияти он кишварро доред, борҳо Аҳмад Масъудро ба унвони раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ муаррифӣ кардаанд. Ва аз сӯи дигар даъвате, ки аз тарафи Майкл МакКол, раиси Кумитаи Сенати Амрико, сурат гирифта, аз Аҳмад Масъуд ба унвони раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даъват шудааст, на ба номи дигаре.
Ин ҳама ҳақоиқ гувоҳӣ бар ин амр аст, ки дар ин навишта, гуноҳ мутаваҷҷеҳи шахс нест. Кишварҳо ва расонаҳо, ки бор-бор Аҳмад Масъудро раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, оё интиқоде доред?
Пешниҳоди ман хидмататон ин аст, ки шумо аввал бояд ба кишвари Инглистон, ки табаияти онро доред, бигӯед, ки чаро ин алқобро ба оқои Аҳмад Масъуд нисбат медиҳанд. Чаро танҳо санги маломатро бар сари Аҳмад Саидӣ мекӯбед, ки калимаи “муқовимати миллӣ”-ро гуфтааст.
Ман бо калимаи “муқовимати миллӣ” тавофуқ дорам ва муқовимати миллӣ дар муқобили толибро мояи ифтихор ва сарфарозии худ медонам.
Ба ҳар ҳол, он чӣ шумо бовар доред ва ё ин ки бо навиштани калимаи “муқовимати миллӣ” эҳсосоти шумо хеле хадшадор шуда, марбут ба худатон аст, ба ман иртиботе надорад. Ман ба назару дидгоҳи шумо эҳтиром мегузорам.
Ҳатто агар шумо бихоҳед Толибонро ноҷиёни Афғонистон ва қаҳрамонони кишвар биномед, ман мушкиле надорам, ин ақидаи шумост ва агар надонед ҳам, ман мушкиле надорам. Аммо ин ҳақро барои худ қоили маҳфуз медонам, ки ҳар шахсеро ба ному алқобе, ки мехоҳам, муаррифӣ кунам. Ва аз каси дигаре ба шумули шумо дар ин маврид иҷоза намегирам.
Дар ин навишта қасд дорам бо таваҷҷуҳ ба эътирози ҷаноби шумо, шахсияти миллӣ ва миллигароро аз нигоҳи мантиқи илмӣ таърифу тавсиф кунам.
Ҷаноби оқои Содот, шахсиятҳои миллӣ ва миллигаро, афроде ҳастанд, ки ба кишвар, фарҳанг ва манофеи миллии худ вафодоранд ва талош мекунанд, то ба беҳбуди вазъияти ҷомеа ва кишварашон кӯмак кунанд. Бархе аз вежагиҳои боризи ин шахсиятҳо иборатанд аз:
1 - Ишқ ба ватан: ин афрод ба кишвару фарҳанги худ ишқ меварзанд ва онро арҷ мениҳанд.
2 - Садоқат ва ростгӯӣ: шахсиятҳои миллигаро маъмулан содиқу ростгӯ ҳастанд ва ба усули ахлоқӣ пойбанданд.
3 - Фидокорӣ: ин афрод омодаанд, то манофеи шахсии худро фидои манофеи умумиву миллӣ кунанд.
4 - Тааҳҳуд ба адолати иҷтимоӣ: онҳо ба адолату баробарӣ дар ҷомеа эътиқод доранд ва барои рафъи табъизҳо ва нобаробариҳо талош мекунанд.
5 - Огоҳӣ аз таъриху фарҳанг: ин афрод ба хубӣ аз таърих, фарҳанг ва мероси миллии худ огоҳ ҳастанд ва саъй мекунанд онро ҳифзу тарвиҷ кунанд.
6 - Раҳбарӣ ва илҳомбахшӣ: шахсиятҳои миллигаро ғолибан қодиранд дигаронро ба сӯи аҳдофи миллӣ ва иҷтимоӣ ҳидояту ташвиқ кунанд.
7 - Талош барои истиқлолу худкифоӣ: онҳо ба истиқлоли кишвари худ аҳамият медиҳанд ва талош мекунанд, то дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва сиёсӣ, кишварро ба худкифоӣ бирасонанд.
8 - Ҳамбстагиву ваҳдати миллӣ: ин шахсиятҳо ба эҷоди ваҳдату ҳамбастагӣ миёни афроду гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва қавмии кишвари худ аҳамият медиҳанд.
Ҷаноби оқои Содот, оё мову шумо дорои ин вежагиҳо ҳастем? Оё мо аз чунин мафоҳиме бархӯрдорем? Агар дорем, хуб аст ва агар надорем, иҷоза диҳед дигарон низ ҳаққи интихоб дошта бошанд.
Беҳтар аст ба оянда нигоҳ кунем. Агар ба гузашта бичаспем, ояндаро аз даст хоҳем дод. Беҳтар аст ба самти ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамсӯӣ гом бардорем. Гузаштаи аксарияти мо он қадар равшану шаффоф нест, ки агар ба он нигоҳ кунем, ояндаро аз даст хоҳем дод.
Бо ҳурмат
Аҳмад Саидӣ