Қудратҳои бузург Афғонистонро монанди панир мебуранд ва таҷзия мекунанд.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)

Севуми моҳи декабри 2023 ба даъвати Саҷияҷон Комронӣ дар телевизиони Афғонистон барномаи “Саҷия шоу” ширкат кардам ва мавзӯъи зулму таҳаҷҷури толиб ва далоили мутааддиди зулми Толибон ба баҳс гирифта шуд.

Як мавзӯъ, ки ман аз нигоҳи сотсиологӣ, яъне робитаи ҷомеашиносӣ ба равоншиносӣ барои аввалин бор дар ин барнома гуфтам, ин буд, ки ду навъ қавмгароӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки бисёр машҳуд аст ва то имрӯз дар мавриди он иғмоз сурат гирифта ва рӯз ба рӯз харобтар мешавад. Баъд аз хатми барнома дӯстон тилфон карданд, ки ҳеҷ кас ин мавзӯъро то ҳол боло накардааст ва навишта нашуда ва бояд навишта шаваду зиёдтар ташреҳ шавад.

Дар Афғонистон қавмгароии ҳирсӣ аз аввал вуҷуд дошт, ки паштунҳо дар қудрат буданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд ва ҳирси қудратталабӣ доштанду доранд ва корҳое карданд, ки муғойири ҳуқуқи башари исломӣ ва маданӣ будааст. Аз нигоҳи равоншиносӣ, навъи қавмгароии паштунҳо ҳирсӣ будааст. Паштунҳо сари қудрат ҳамеша ҷангидаанд, ҳамдигарро куштаанд, кӯр кардаанд, табъид кардаанд ва минҳайси як қавми сари иқтидор, ҳатто сари қавми худ зулм кардаанд. Яъне қавмгароии паштунҳо сартосар, на ба нафъи мардум кишвар буда ва на ба нафъи қавми худашон. Ҳатто ҳамонҳое, ки таҳсилёфтатар ва ҷаҳондида буданд ва аммо ба хотири ҳирси қудрат ҳамдигарро аз қудрат андохтаанд, ки аз даврони салтанати охирӣ ҳирси қавмгароиро сардор Муҳаммад Довуд тамсил кард ва Зоҳиршоҳро аз пой даровард.

Дар тӯли таърих Афғонистон қавмгароии ҳирсӣ боиси пасмонӣ ва бадбахтии кишвар шуд. Дар ин ҳолат, мардум ҳамин вазъро таҳаммул карда буданд ва садои худро намекашиданд. Яъне аз нигоҳи сиёсӣ status quo ё вазъи мавҷударо қабул карда буданд.

Баъд аз ҷиҳоди Афғонистон дар муқобили Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии он замон, чанд масъала рух дод, ки аз нигоҳи таърих ва онтропологияи фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳоизи аҳамият аст.

Аҳзоби Халқу Парчам ҳам ба меъёри қавмӣ тақсимбандӣ шуда буданд. Парчамиҳо зиёдтар форсизабон ва шаҳрӣ буданд ва халқиҳо зиёдтар паштузабон ва деҳотӣ. Қавмгароии ҳирсӣ ба андозае қавӣ буд, ки Ҳафизуллоҳ Амин ва Нурмуҳаммад Таракӣ (ҳар ду паштун)-ро кушт. Дар китоби ”Ним қарни мубориза ва сиёсат: гуфтугӯи Самия Ромиш бо Абдулҳамид Мӯҳтот мехонем, ки доктар Наҷиб бисёр шадид рӯҳияи қавмии паштунӣ дошт. Идеология натавонист, ки ин ҷиноҳҳои сиёсиро пайванд диҳад ва қавмгароии ҳирсӣ болои идеология чарбӣ мекард.

Дар ҷиҳод ҳама ақвом дар муқобили Шӯравӣ ҷангиданд. Аммо чун кишвар қавмӣ ва қабоилӣ буду ҳанӯз ҳам аст, танзимҳои ҷиҳодӣ зиёдтар ва аксаран рӯҳияи қавмӣ доштанд. Паштунҳо аксаран ба як раҳбари ҷиҳодии паштун ҷазб шуда буданд ва форсизабонон ба раҳбари ҷиҳодии форсизабон. Шиъаҳо зиёдтар аксаран ба раҳбарони ҷиҳодии шиа васл шуда буданд. Натиҷа ин ки ҷиҳоди Афғонистон аз нигоҳи андешаи сиёсӣ мунсаҷим набуд ва ҳамин пасон боиси нобудии сиёсии муҷоҳидин шуд, яъне танҳо мавзӯъ сабку андешаи раҳбарӣ набуд, балки тасаллути қавмӣ барои раҳбарӣ матраҳ буд.

Дар китоби Картер Меликсон, ”Ҷанги Амрико дар Афғонистон” мехонем, ки шароити ғализи қавмӣ дар Афғонистон ҳукмфармо буд ва амрикоиҳо чунин дарк карданд, ки ба хотири масоили қавмӣ амрикоиҳо дилсард шуданд ва диданд, ки ин мардум намехоҳанд як миллат шаванд. Ҳамон тавре ки бо як ҳамла Толибонро аз қудрат ба дур андохтанд, бо як муомила Толибонро дубора ба қудрат расонданд ва пойи худро кашиданд.

 Баъд аз ҷиҳод ва махсусан бист соли демократияи содиротӣ ҳама мардуми Афғонистон тақозои ҳуқуқи мадании мусовиро доштанд ва дигар он тилисм, ки мардум status quo ё вазъ мавҷударо қабул кунад, аз байн рафт. Мардуми ғайрипаштун иддаои ҳуқуқ карданд, ҳам аз нигоҳ сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳам забонӣ. Таври мисол, сар як вожаи донишгоҳ ҷангҳо шуд. Дар гузашта ҳамин ақвоми ғайрипаштун вожаҳои паштуро монанди “пуҳантун” қабул карда буданд.

Дар аҳди Нодиршоҳ як давраи паштунизаи Афғонистон тавассути Муҳаммадгул Муманд зердаст гирифта шуд ва ин давра боиси қавмгароии уқдаӣ дар Афғонистон гардид. Ақвоми ғайрипаштун аз рӯи уқдаҳои дусадсола, ки ҳуқуқашон поймол шуда буд, чунон қавмгаро шуданд, ки дигар ҳеҷ навъ тасаллути қавми паштунро қабул надоранд. Ҳазораҳо семинарҳо дар мавриди наслкушии амир Абдурраҳмонхон доир карданд. Китобҳое дар мавриди зулме, ки Нодирхон болои мардум раво дошта буд, ба нашр расид, монанди китоби ”Аз хотиротам” аз марҳум Холид Сиддиқ.

Тоҷикҳо ва ӯзбекҳо иддао мекунанд, ки дар тӯли таърих ҳуқуқашон поймол шудааст. Таври мисол қарияҷоти тоҷику ӯзбек қасдан ва амдан ба номҳои пашту баргардонда шудааст. Таври мисол, Сабзавор Шинданд шудааст. Ё атфолашон ҷабран бояд пашту меомӯхтанд. Чун аз нигоҳи нуфус, нуфуси ғайрипаштун дар маҷмӯъ зиёдтар аст ва инҳо бо қавмгароии уқдаӣ дар муқобили қавми паштун қарор гирифтанд. Яъне қавмгароии ҳирсии паштунҳо боиси зуҳури қавмгароии уқдаии ақвоми ғайрипаштун шудааст.

Шиъаҳо ҳам уқдаҳои худро доранд. Ҳамчунон, ки ақвоми тоҷику ӯзбек ва ғайра генерали панҷситора намешуданд, шиаву ҳазора ҳам аз ин имтиёз маҳрум буданд. Ё шиаҳо дар асари таассуби сунниҳо ҳақ надоштанд, ки дар вазорати дифоъ ва вазорати хориҷа кор кунанд. Аввалин духтари ҷавони шиа, ки шомили вазорати хориҷа шуд, Фоиқа Мухторзода буд (1968 дар даҳаи демократия), ки феълан ҳаёт дорад ва дар Суис зиндагӣ мекунад. Ҳазораҳо ҳақ надоштанд, ки дар ин вазоратҳо кор кунанд. Дар аҳди салтанат зиёдтар курсиҳои давлатии муҳим ва мақоми вазоратхонаҳо ба қавми муҳаммадзоӣ ихтисос дода шуда буд. Ин аъмол ҳама уқда тавлид кард ва марҳум Ғулом Муҳаммад Муҳаммадӣ як китоб навишт зери унвони ”Мо ҳама афғон нестем“( 1397 хуршедӣ дар Кобул чоп шуд).

Гурӯҳҳои ғайрипаштун мавзӯъи Хуросонро боло карданд, ки номи Афғонистон бояд тағйир кунад то мо мардумони ғайрипаштун бидуни таассуби қавмӣ зиндагӣ кунем. Барномаи федерализм асосан мансуби як идда форсизабонҳои кишвар аст, на паштунҳо. Паштунҳо федерализмро рад мекунанд зеро тасаллути қавмии марказии худро аз даст медиҳанд.

Имрӯз ҳеҷ кас, на шаҳрванди Афғонистон ва на як муҳаққиқи хориҷӣ инкор карда наметавонад, ки ҷанги қавмӣ дар Афғонистон, мутаассифона, шадид аст ва паштунҳо фишор меоваранд, ки бояд Афғонистон мисли собиқ дар султаи сиёсии онҳо бошад ва ин барои ақвоми ғайрипаштун дар қарни бисту якум қобили қабул нест.

Як идда паштунҳое, ки халқӣ буданд, имрӯз бо Толибон кор мекунанд ва ҳамчунон як идда паштунҳое, ки асосан на толиб ҳастанд ва начандон ба ислом алоқа доранд, аз толиб ба хотири паштунизм дифоъ мекунанд (ва ман инро дар конфронси Истамбул ба чашм дидам) ва намехоҳанд, ки Афғонистон як миллати воҳид шавад. Агар паштунҳо рӯҳияи қавмии худро тағйир диҳанд, дигар ақвом ҳам барои иттиҳод ва ҳамбстагӣ як қадам ба ҷилав хоҳанд ниҳод.

Наҳзати миллии Афғонистон, ҳаракати озодихоҳи Афғонистон ва Конуни андешаи Афғонистон, ки банда узвият дорам, ба ҳамин бовар аст, ки то ҳама ақвом бародар ва баробар эълон нашавад ва достони истисмори аксарият ва ақаллият аз байн наравад ва мо ҳама минҳайси як миллати воҳид арзи андом накунем, Афғонистон бо бадбахтии таассубу табъиз ва тангназаре хоҳад сӯхт. Ҷолиб ин аст, ки Қуръони Маҷид тафаввуқи қавмиро маҳкум мекунад ва аммо аксар паштунҳо он ояи Қуръонро қабул надоранд ва мехоҳанд зери унвони аксарият дар қудрат бошанд, дар ҳоле ки аз нигоҳи нуфуси миллӣ дар аксарият ҳам нестанд.

Илтиёми қавмгароии уқдаӣ асосан ба дасти онҳоест, ки ҳирси қавмгароӣ доранд. Ва агар иқдоми лозим сурат нагирад, қудратҳои бузург ба ҷои мудохилаи низомӣ, Афғонистонро барои манофеъи худ таҷзия хоҳанд кард, чунончи дар Аврупо, Африқо ва Осиё кишварҳоро монанди панир бариданд ва таҷзия карданд.