"Инҳо паштун нестанд, як нерӯи ниёбатии Покистон ҳастанд ва воқеан ҳам, аксари онҳо шаҳрвандони Покистонанд"

Ҷабҳаи Ватандӯст, яке дигар аз ҷабаҳоти зиддитолибонӣ дар Афғонистон, соати 4.21 дақиқаи дирӯз, 5 май, дар шаҳраки Маҳмуди Ғазнавии вилояти Ғазнӣ аввалин ҳамлаи чирикии худро анҷом дод, ки дар пайи он ду ҷангии Толибонро ба ҳалокат расонд.

Хабарнигори “Сангар” дар Кобул Фарзом Козимӣ муваффақ шуд, ки фармондеҳи ин ҷабҳаро пайдо ва бо ӯ як сӯҳбати кӯтоҳе анҷом диҳад. Нахустин суол аз шахси фармондеҳ ва аҳдофи Ҷабҳаи Ватандӯст буд.

- Ман афсари собиқ ва содиқи ҷумҳурият ҳастам. “Ватандӯст” тахаллус кардаам. Кори Ҷабҳаи Ватандӯстро аз ҳамон афсару сарбозоне, ки дар гузашта таҳти фармонам буданд, шуруъ кардам. Ман худ паштун ҳастам, дар миёни сарбозонам тоҷикону ҳазораҳо низ ҳастанд. Феълан дар се вилоят кор мекунем – Кобул, Ғазнӣ ва Ҳирот. Ҳадафи мо – озодии Афғонистон аз Толибон аст.

- Теъдоди афроди Шумо чанд аст?

- Ҳоло 43 нафар ҳастем, ки 22 нафар силоҳ доранд.

- Силоҳҳое, ки доред, аз даврони ҷумҳурият аст?

- На хайр. Ман ин корро ба пули шахсии худ шуруъ кардам, на спонсор дорам, на ҳимояти хориҷӣ. Воқеан, камбуди мо ҳам силоҳ аст. Маҷбур астем, ки силоҳи душманро бигирем. Ба мо ҳам аз байн бурдани толиб муҳим аст, ҳам силоҳаш. Ҳамин силоҳеро, ки дорем, аз пули ҷайбам аст. Худам тиҷорат мекунам. Ду мутарро ҳам фурӯхтам ва ин ҳамаро харидам. Силоҳро аз толиб мегирем ва сафи худро зиёд мекунем.

- Яъне бо амалиёти хурд маҳдуд хоҳед шуд?

- Баръакс, барномаи мо ин аст, ки бар гуруҳҳои бузург, вулусволиҳо ё фармондеҳиҳои пулиси Толибон ҳамла кунем, то ғанимати бештар ба даст орем ва сафҳои худро такмил диҳем. Талошамон бар ин аст, ки то чанд моҳи дигар теъдодамонро ба 400 – 500 нафар расонем, то бароямон заминаи барафроштани парчами серанҷа дар фарози таъмири вулусволиву вилоятҳо ҳам фароҳам шавад.

- Чаро, масалан, ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ҷабҳаҳои Озодӣ ё Озодагон, ки аксаран собиқ афсару сарбозони ҷумҳурият ҳастанд, напайвастед?

- Мо он қадар ҷабҳаи бузург нестем, нерӯ ва имконоти зиёд надорем, аммо низомиёни маслакием. Бархе дар гузашта макотиби низомии хориҷиро низ хондаанд ва солҳо ҷангидаанд. Масалан, собиқ фармондеҳони пулиси вилоёти Ғазниву Вардак бо мо ҳастанд. Мо ҳатман бо ҷабҳаҳои дигар ҳамкориву ҳамоҳангӣ мекунем. Даст ба даст мешавем ва душманро аз кишвар меронем. Худро яке аз онҳо медонем, чун ҳама як ҳадаф дорем – озодии ватан.

- Бубинед, ба ҷуз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки раҳбараш Аҳмади Масъуд аст, раҳбарони дигар ҷабҳаҳо, ҳарчанд номашон ҳаст, аммо худашонро аслан ошкор намекунанд. Шумо ҳам. Чаро?

- Ман як чеҳраи шинохта ҳастам, ки дар яке аз вазифаҳои қудратӣ кор мекардам ва мардум маро хуб мешиносанд. Ҳоло ҳам дар Кобул қарор дорам, ки маълум аст, худро ошкор кунам, бо ман чӣ рух хоҳад дод. Агарчи афсар ҳастам, ҳоло як чирикам ва мисли як чирик бояд кор кунам – пинҳон ва огоҳона. Агар Худо хоста бошад, як рӯз ҳатман худро ошкор хоҳам кард.

- Гуфтед, ки Шумо як паштун ҳастед. Қудрат ҳоло дар дасти паштунҳост. Теъдоди бузурге аз паштунҳои зиёӣ ҳатто аз Толибон ҳимоят мекунанд. Ангезаи Шумо чист?

- Ин суолро аз ман дӯстон зиёд мекунанд. Посухи ман ин аст, ки Афғонистон ватани тамоми ақвом – паштун, тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва ҳама аст. Дуввум, ин чӣ гуна ҳукумати паштун аст, ки афсару сарбозони собиқи паштунро мекушад? На, бародар, инҳо паштун нестанд, як нерӯи ниёбатии Покистон ҳастанд ва воқеан ҳам, аксари онҳо покистониянд. Ин ҷо масъалаи Афғонистон аст ва Афғонистон марбути ақвомест, ки дар он зиндагӣ мекунанд.