Сергей Степашин, нахуствазири собиқ - дар мавриди амалиёт Сергей Шойгу, он замон вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар Афғонистон дар радиои “Комсомолская правда”

Нависанда: Александр Гамов

- Сергей Вадимович, достоне, ки ба наҷоти Наҷибуллоҳ, раисҷумҳури Афғонистон марбут мешавад ва иттилооте ҳам дар ин маврид қаблан ба матбуот дарз кардааст, аз чӣ қарор буд?

- Хуб, ба ёд меорем. Илова бар ин, ман тавзеҳоте дорам - дар мавриди ин ки чӣ гуна ҳама чиз дар он замон иттифоқ афтод.

Наҷиб (мо ағлаб ӯро ин тавр ном мегирифтем) раисҷумҳури қудратманде буд. Иттифоқан, ӯ аз паштунҳо буд. Ў барои муддати тӯлонӣ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ барои раҳбарии Афғонистон мутақоид шуд. Наҷиб дар он замон воқеан инро намехост, зеро мутаваҷҷеҳ шуд, ки чӣ чизе ӯро таҳдид мекунад, зеро хурӯҷи неруҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар ҳоли анҷом буд. Аммо Наҷиб се сол Афғонистонро дар даст дошт.

Дар соли 1992 бо тасарруфи Кобул тавассути муҷоҳидин сафорати мо тахлия мешуд. Сергей Кужугутович Шойгу вазири ҳолатҳои фавқулодда буд ва дар Афғонистон дарвоқеъ вазъияти изтирорӣ ба вуҷуд меомад.

- Оё тахлияи сафорат ҳам ҷузъи вазоифи Сергей Шойгу буд?

- Хелеҳо фикр мекунанд, ки вазорати ҳолатҳои фавқулодда фақат ба сӯхторхомӯшкунӣ ва бартараф кардани оқибатҳои зилзила машғул аст. Аслан на. Сергей Кужугутович дар тамоми амалиётҳои печида, аз ҷумла амалиёти марбут ба даргирии миёни осетину ингушҳо (дар қисмати наҷот мардум, ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ) ширкат кард, ба Тоҷикистон низ рафта буд...

Воқеан, Шойгу дар соли 1994 дар Чеченистон низ ҷангида буд. Дар соли 1992, вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба унвони мутаҳарриктарин бахши сохторҳои қудратӣ, сафоратро бо ҳавопаймоҳои худ тахлия мекард. Ва барои берун овардани Наҷибуллоҳ омодагӣ медиданд. Аммо Наҷиб ба парвоз дер кард... Интизор будани мо низ ғайримумкин буд.

Иттифоқан ман ҷое лағзише кардам, ки дар як мусоҳиба гуфтам, Наҷиб ду сол баъд кушта шуд. Вай каме баъд, чаҳор сол баъд даргузашт. Ў дар дафтари Созмони Милал пинҳон буд, аммо дар соли 1996 тавассути Толибон - раҳбарони феълии Афғонистон – ба ҳалокат расид. Наҷиб бо бародараш ба тарзи фоҷиаборе кушта шуд.

- Яъне дар соли 1992 муваффақ ба интиқоли ӯ мешудед... Ин охир ҳамон сол буд, дуруст?

- Сентябри соли 1992 буд.

- Он мавқеъ чӣ симмате доштед?

- Ман раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои олии Русия будам.

- Ва аз ҳамаи ин иттифоқот огоҳ будед?

- Оре. Ба ҳар ҳол, мустақиман дар интисоби Сергей Шойгу ба симмати вазири ҳолатҳои фавқулодда ширкат доштам – ин таъинот аз кумитаи мо дар Шӯрои Олӣ мегузашт. Мо аз тариқи Шӯрои Олӣ бар тамоми сохторҳои қудратӣ назорат доштем.

- Ва агар Наҷибуллоҳро тавониста будед, берун биоваред, ӯро ба Русия меовардед?

- Медонед, ӯ достони дигаре дошт. Замоне аз сӯи Масъуд - шери Панҷшер, ки аввал бо мо ва сипас бо Толибон ҷангид, ба ӯ пешниҳод шуд, ки ба шимоли Афғонистон биравад, аммо Наҷибуллоҳ напазируфт. Гуфт: дар Кобул мемонам.

Бале, ӯ метавонист Иттиҳоди Шимолро тақвият кунад. Шахсият қавие буд. Илова бар ин, ӯ (ҳамон тур, ки гуфтам) паштун аст - ин бисёр муҳим буд.

 - Бо ин ҳол, агар Наҷибуллоҳро дар он замон берун оварда будем, оё сарнавишти ӯ ба гунаи дигаре рақам мехӯрд?

- Сахт аст қазоват кардан. Ҳадди ақал ҷони як нафар наҷот меёфт, зеро ӯ лоиқи он буд.

- Назари Шумо дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон чист? Ба назари Шумо "фирори  пирӯзмандона" – и Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна ба назар мерасад?

- Хуб, бояд таҳлил кунем, ки баъдан чӣ иттифоқе хоҳад афтод.

Возеҳ аст, ки шароит ба шиддат сахт аст. Мо беш аз ҳама нигарони вазъият марз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳастем. Қочоқи маводи мухаддир, ташкилотҳои мусаллаҳи ғайрисозмондеҳишуда...

Илова бар ин, имрӯз бисёре шурӯъ ба тамҷид аз Толибон карданд - аммо ҳадди ақал дар кишвари мо ин созмон мамнӯъ аст ва як созмони террористи ба ҳисоб меояд. Ба назари ман, ҳанӯз тасмими дигаре гирифта нашудааст (мо дар мавриди мавзеъи расмии Русия сӯҳбат мекунем. - А.Г.), бино бар ин барои ман душвор аст, ки дар мавриди чизе дар ин достон изҳори назар кунам.

- Ва кадом як пешбиние аз оянда ҳам имкон надорад?

- Албатта... Мавриди дигар ин аст, ки мо қаблан иқдомоте анҷом додаем - мо тамриноти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАҶ) - ро дар марз анҷом додем.

Иттифоқан дар замонаш мо ба аъзои НАТО ҳам пешниҳод додем, ки рӯи ин моҷаро бо ҳам кор кунанд, аммо бубинед онҳо нодида гирифтанд ва нотавонии комили худро нишон доданд. Нотавонии мутлақ.

Инро худи америкоиҳо, Меркелу Макрон ва ҳама эътироф мекунанд. Дар кулл ҳамаи "НАТО-и бузург".