Имрӯзҳо баҳси қавмӣ дар Афғонистон ба авҷи худ расидааст. Бо он вуҷуд ки “Толибон” шиорҳои исломӣ медиҳанд ва дар ҳоле ҳам ки ислом қавмгароиро шадидан то ҳадди куфр маҳкум мекунад, амалан сиёсати қавмгароӣ ё такқавмии паштуниро, ки мероси ҳукуматҳои шоҳиву ҳатто коммунистӣ ва 20 соли ахири ба ном технократҳои таҳти ҳимояти Амрико аст, пеш мебаранд.

Мушкил дар куҷост? Чаро як Афғонистони воҳид ҳеҷ гоҳ ба вуҷуд наомад?

Ҳамсӯҳбати мо Ҳомид Саидов, сиёсатшинос ва дипломати собиқадорест, ки аз соли 1978 то 1989 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла Сармушовири низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст

Муаллиф: ФИРДАВСИ НИЗОМ

 - Шумо солҳо дар Афғонистон кор кардед. Аз таркиби қавмии ин кишвар чӣ таъриф доред?

- Афғонистон кишвари ҷавон аст, аммо таърихи қадим доранд. Одамон беш аз 2500 сол аст, ки дар он сукунат доранд. Афғонистон дарвозаи вуруд ба Ҳиндустон ва хатсайри асосии кишваркушоён буду ҳаст.  Шояд дар пайи ин омадурафтҳост, ки ҳоло бештар аз 53 қавм, халқ, қабила ва гурӯҳҳои этникӣ дар қаламраваш зиндагӣ мекунанд. Як гурӯҳи халқҳое дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд, ки шинохта  нашудаанд, яъне ҳувияти этникии онҳо чандон рӯшан нест.

Боз ҳам ақвоми Афғонистонро васеътар гурӯҳбандӣ кунем, шумораашон ба 20 гурӯҳи этникӣ мерасад. Агар сухан дар бораи қавмҳои асосӣ равад, кишвари чор қавм аст - тоҷик, паштун, ҳазора ва ӯзбек. Инҳо дар ҳар давру замон бо иттифоқи ҳамдигар сохтори давлатиро ба вуҷуд меоварданд.

- Баҳси ақаллияту аксарият дар Афғонистон ҳамеша доғ буду ҳаст.  Паштунҳо ҳамеша даъвои аксариятро доранд, аммо ҳеҷ нуфусшуморӣ сурат нагирифтааст. Даъвояшон ба кадом асос аст?

Касе набошад, ки ин мавзуъро  дуруст донистан нахоҳад. Аммо масъала бархурди илмӣ мехоҳад. Як кишварро умдатан як миллати меҳварӣ ё давлатсоз ба вуҷуд меорад. Аз ин нигоҳ, Афғонистонро паштунҳо таъсис додаанд, аммо ин Афғонистони имрӯза набуд.

Соли 1747 замоне, ки Аҳмадшоҳи Дуронӣ хонигарии Қандаҳорро ба вуҷуд овард, ҳадафаш Афғонистон набуд. Ӯ мехост хонигарии паштунҳоро бунёд кунад. Иштибоҳ набояд гирифт. Афғонистони воқеӣ ҷуғрофияест, ки таърихан дар моварои шаҳри Кветаи Покистон вуҷуд дорад. Маркази он Мастунг ном дошт. Аммо марзи имрӯзаи Афғонистон аз Квета беш аз 600 км дур аст.

Дар ҳамин асос, бардошти ғалате ба вуҷуд омад, ки Афғонистонро паштунҳо ба вуҷуд овардаанду аксарияти этникӣ онҳо ҳастанд. Беш аз як асри ахир ҳам дар ҷуғрофиёи феълие ба номи Афғонистон аксаран паштунҳо ҳокимият доштанд. Аммо онҳо ҳаргиз аксарият набуданду нестанд. Тамоми минтақаҳое, ки паштунишин унвон мешаванд, таърихан тоҷикшинин буданд. Дар давраи нав ҳам он ҷо паштунҳо аксарият нестанд.

- Пас метавонем гӯем, ки тоҷикон аксариятанд?

- Тоҷикон ҳамеша аксарият буданд, ҳарчанд дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ саршумори нуфус ба таври илмӣ ва дақиқ сурат нагирифтааст. Паштунҳоро ҳамеша 7-8 млн нафар ҳисоб мекарданд, вале як воқеияти дигар низ ҳаст: аз ин теъдод 3 миллиони онҳо аз қабилаҳои кӯчии паштунанд, ки худро на мутаалиқ ба Афғонистон мешуморанду на Покистон. Агар тобистонро дар Афғонистон гузаронанд, зимистонро дар Покистон мегузаронанд, ё баръакс. Бештари онҳо шиносномаву ҳуҷҷате, ки шахсияташонро дақиқ кунад, надоранд. Бар ин асос, дар тамоми давру замон дар Афғонистон ҳудуди 4 то 5 млн паштунзабон будааст. Пас аз соли 1978, ки Инқилоби Савр ба пирӯзӣ расид, аҳолии Афғонистон 15 миллион ҳисоб шуда буд. Аз рӯйи ин мантиқ паштунҳо чӣ гуна метавонанд аксарият бошанд? 

Далели мантиқии дигар, дар сурате, ки агар паштунҳо аксарият буданд, чаро забони дарӣ дар кулли таърих забони расмии ин кишвар буд? Забони хонигарие, ки Аҳмадшоҳи Дуронӣ мехост бунёд кунад, дарӣ буд. Ё давлати Ғуриён, ки аз Афғонистони имрӯз то Ҳинд доман густарда буд, 97 сол арзи ҳастӣ дошт.

- Шумо бар инед, ки тоҷикон аксарият буданду ҳастанд, аммо чаро ба ҷуз ду давра (ҳукуматҳои Ҳабибулло Калаконӣ ва Устод Бурҳониддин Раббонӣ), дигар ҳеҷ гоҳ дар қудрат набуданд?

- Бидуни баҳс, қудрат ба дасти паштунҳо буд. Инро бояд эътироф кард. Аммо дар сатҳҳои миёна, масалан, вакилу вазир, бештар тоҷикон буданд. Аксарияти кулли аҳли адабу илму фарҳанг тоҷикону даризабонҳо буданд.

Ин воқеияти дигар қаламравҳои минтақаи мо низ буд. Масалан, дар Осиёи Миёна 9 асри ахир туркҳо ҳоким буданд, аммо ҳеҷ гоҳ аксарият набуданд. Ҳатто бо мардуми бумӣ омезиш ёфта, ҳувияти худро гум карданд. Ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки мо тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр давлат надоштем.

Бархе мегӯянд, баъди Сомониён тоҷикон ҳазор сол давлат надоштанд. Ин даъво бар асоси мантиқи илмӣ хато аст. Чун ҳамеша забони расмӣ ва илму фарҳанг форсии тоҷикӣ буд. Чандин шоҳи Русияи подшоҳӣ намояндаи дигар миллатҳо, масалан, олмонӣ буданд, аммо Русия давлати русҳо буд. Ҳокимон наметавонанд ҳуввияти қавмию этникии як кишварро намояндагӣ кунанд. Баъзе қавмҳо хислати ҷангҷӯӣ доранд ё ҳамеша барои ҳокимият талош мекунанд.

Масълаи дигар парешонии мо буд. Дар давраҳои мухталифи таърихӣ то ба Ҳинду дигар манотиқ парешон шудем. Ҳамин сабаб шуд, ки тоҷикон натавонистанд, як кишвари мутамарказро дар давраҳои баъдӣ ба вуҷуд оранд. Вале воқеият ин аст, ки таносуби ҳокимияти сиёсӣ бо таркиби қавмӣ дар бисёре аз кишварҳо бо ҳам мутобиқат карда наметавонад.

- Шумо дар Афғонистон солҳои дароз кор кардед. Оё метавонед ҷуғрофиёи сукунати тоҷиконро ташхис диҳед? 

- Паштунҳо шуруъ аз қарни 12 аз он тарафи Дюранд ба сӯйи Афғонистони имрӯза майл карданд. Омезиши қавмҳо аз ҳамин замон шурӯъ шуд. Ҳоло ҳам дар Гардез, маркази вилояти Пактико, аксарият тоҷиканд, вале Пактико паштунишин гуфта мешавад. Дар Ҷалолобод (маркази Нангарҳор) бештаринашон тоҷикону арабанд. Дар Миҳтарлом маркази Лағмон ҳам қавми ормонӣ ҳастанд, ки тоҷиканд. Ин чанд мисол аз ҷойҳоест, ки шахсан будаму манотиқи паштунҳо гуфта мешавад. Ҳоҷат ба таърифи этникии Ҳирот, Балх, Бадахшон, Бағлону дигар қаламравҳои шимолу шарқ нест. Аз ҳама муҳим Кобул аст, ки аз азал шаҳри тоҷикию тоҷикнишин буду мемонад.

Соли 1977 дар Афғонистон талош шуд, ки саршуморӣ сурат бигирад. Ҳодисаеро аз он айём ёдовар шудан мехоҳам. Як сармушовири калон аз Тоҷикистон бо номи Фирдавс Алиакбаров ва як хонуми тоҷики аҳли Афғонистон бо номи Сурайё Баҳо ин равандро назорат мекарданд. Намедонам Алиакбаров ҳоло куҷоянд, аммо ёддоштҳое, ки муфассал барои мо навиштаанд, ҷолибанд.

Дар ин ёддоштҳо гуфта мешавад, ки саршумориро аз тарафи Машриқӣ (Нангарҳору Кунар) шуруъ кардем. Пас аз анҷоми кор дар ин минтақа асноду мадорик ба Идораи эҳсоияи Кобул (идораи омор) оварда шуд ва дар вазорати плон ба баррасӣ гирифта шуд. Дар вилоятиҳои Машриқӣ, ки аз ҷуғрофиёи аслии сукунати паштунҳо таъриф мешавад, ҳамагӣ 35 дарсад худро паштун гуфтанд. Аз ин шумора 25 дарсад гуфтанд, ки забони паштуро медонанд. Бақия гуфтанд, ки забони модариашон дарӣ аст. Масъала ҷанҷолӣ шуду саршуморӣ ба мушкил печид. 

- Зоҳиран, ҳам Шӯравӣ ва ҳам Амрико қудрати анҷом додани як нуфусшумориро доштанд, аммо чаро ҷиддан иқдом накарданд. Ё таги коса нимкосае ҳаст?

- Қиссаи ҳамон саршумории 1977 масъаларо рушантар мекунад. Ҷанҷол бар сари натиҷаҳо миёни идораи эҳсоия ва вазорати плон авҷ гирифт. Ҳатто раиси Идораи эҳсоияи Афғонистон кушта шуд, то далелҳо ошкор нашаванд. Натиҷаҳои саршуморӣ дигар ҳеҷ гоҳ расонаӣ нашуд. зеро барои паштунҳои хатари сиёсӣ дошт ва иддаояшон барои аксарият буданро зери суол мебурд.

Паштузабонҳо дар Афғонистон ҳамеша ақаллият буданду бо роҳҳои ҷаълӣ инро ошкор намесозанд. Чаро хатти Дюрандро аслан намехоҳанд, ки чун марзи расмӣ шинохта шавад? Сабаби асосӣ овардани паштунҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ аз Покистон аст, аз ҷумла дар ҳамин саршуморие, ки ёд кардем, онҳоро оварда буданд.

Хулоса, соли 1977 дар 70 дарсади қаламрави Афғонистон саршумории нуфус сурат гирифт. Агар натиҷаҳои онро аз назари муҳосибаҳои риёзӣ ба баррасӣ гирем, метавон 80 дарсади воқеиятро ошкор кард. Аз ин хотир, иҷоза надоданд, ки ин саршуморӣ ба охир ва натиҷаҳои муқаддамотиаш ба нашр расад.

Аз сӯи дигар, апрели 1978 “Инқилоби Савр” омад. Як ҳодисаро аз хотираҳои худ қисса мекунам. Ҳафизулло Амин бо як кудато қудратро ба даст гирифт. Амин яке аз паштунгароҳои сарсахт буд. Ӯ талош мекард бештар аз гузаштагонаш аксарияти паштуниро собит созад.  Вай гуфт, заминдоронро аз байн мебарем, сотсиализм месозем, аз ин хотир, Қонуни Асосии нав бояд қабул кунем.

Ба ин хотир, саршумории аҳолиро дубора аз сар гирифт. Моҳи ноябри 1978 банда ба сифати мушовир дар вазорати дифоъи Ҷумҳурии Демократии Афғонистон бо як гурӯҳ ба вилоятҳои Пактиёву Пактико барои таъмини амнияти ин маъракаи сиёсӣ сафарбар шудем. Мо бо мушовирини рус шоҳиди як ҳолат будем.

Ҳангоме, ки нуфусшумориро сар карданд, марзҳо ҳама боз шуданд, хатти Дюранд, ки аслан боз буд. Дидем, ки ба вилоятҳои Пактиёву Пактико кӯчиҳо омаданд. Мувофиқи маълумоти дақиқи истихборотие, ки мо доштем, дар ҳудуди вилояти Пактиё 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекард. Аммо саршуморие, ки онҳо карданд, сокинонро ҳудуди 400  ҳазор нишон медод.

Замоне, ки мо маълумоти худро бо маълумоти эҳсоиявӣ муқоиса кардем, шумораи паштунҳоро 150 ҳазор зиёд сабт карда буданд. Дар вилояти Пактико низ ин ҳолат ба амал омад. Дар натиҷа баҳсҳои шадиде дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон сурат гирифту гап ба роҳбарони калони Шӯравӣ расид. Бо ин ҳама натиҷа тағйир наёфт. Мутаассифона, аз ин тамоюл мушовирони рус ҳимоят мекарданд.

- Чаро? Шӯравӣ пайи чӣ ҳадафе мегашт?

- Мо, ки чунин беадолатиҳоро зиёд медидем, пайваста интиқод мекардем. Аммо Шӯравӣ мехост Афғонистонро таҳти нуфузаш нигоҳ дорад. Аз сӯи дигар, он замон Амрико мехост Афғонистону Покистонро ба созмонҳои таҳти назораташ, монанди СЕНТО ва СЕАТО дохил кунад. Барои Шӯравӣ лозим буд миёни Афғонистону Покистон мушкил эҷод карда, нагузорад, ки узвияти ин созмонҳоро ба даст оранд. Омили дигар дар сари қудрати сиёсӣ будани паштунҳо буд. Онҳо лобигарӣ карда, намегузоштанд, ки Шӯравӣ манфиатҳои қавмиашонро нодида бигирад.

- Чаро то замони Довудхон баҳси паштуну паштунгароӣ он қадар доғ набуд?

- Паштунгароӣ асосан пас аз сарнагун шудани Зоиршоҳ дар даврони Муҳаммад Довудхон барҷаста шуд. Довуд дар фикри сохтани Паштунистон буд. “Паштунистони бузург” асосан идеяи Муҳаммад Довуд аст. Аз русҳо пайваста хоҳиш мекард, ки дар эҷоди он ҳимоят кунанд. 

- Паштунистоне, ки Довудхон медид, паштунҳои ду тарафи Дюрандро бояд ба ҳам меовард?

- Бале. Барои ҳамин паштунҳо хатти Дюрандро ҷиддӣ мегирифтанду мегиранд. Ин Паштунистон вилоятҳои Вазиристону Хайбар Паштунхвоҳи Покистонро ҳам дарбар мегирад. Мехостанд ба “обҳои гарм” роҳ ёбанд ва аз Шӯравӣ, ки айни чунин ҳадафро дошт, кӯмак металабиданд.

Соли 1960 раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушев ба Афғонистон сафар мекунад. Шиори асосие, ки Хрушев он ҷо эълон кард, ташвиқи Зоҳиршоҳ барои ташкили “Паштунистони бузург” буд.

- Оё метавон гуфт, ки Русияи имрӯз дар муомила бо паштунҳо роҳи Шӯравиро идома медиҳад?

- Дарвоқеъ, пружаҳои созандагие, ки Шӯравӣ дар Афғонистон анҷом медод, бештар дар вилоятҳои паштунишин амалӣ мегашт. Мо инро медидем, ҳатто эътироз ҳам мекардем. Ҳамин биниш дар русҳо боқӣ мондааст. Онҳо ҳамеша мекӯшанд, ки дар сиёсати хориҷии худ дар Афғонистон ба паштунҳо бартарӣ диҳанд.

- Ва на фақат русҳо, амрикоиҳо низ ба паштунҳо такя ва ҳатто аз паштунгароӣ ошкору пинҳон пуштибонӣ карданд. Сабаб чист, ки интихоби қудратҳо тоҷикон набуд?

- Паштунҳо тавонистанд ин фаҳмишро ба вуҷуд оранд, ки тоҷикон як қавми хурд ва аз берун омадаанд. “Мардумони таҳоҷумӣ” мегуфтанд. Талош мекарданд, ки ба онҳо аҳамият қоил нашаванд. Ин бинишро онҳо барои ҳама қудратҳо бор мекунанд, ки агар дар Афғонистон мехоҳед коре кунед, бояд такя ба мо кунед, зеро мо гурӯҳи этникии давлатсозем.

Замоне, ки Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, маъруф ба “Бачаи Сақо”, ба қудрат расид, як ҷунбиши ҷиддии тоҷикони Афғонистон буд. Ин таҳаввулоти сиёсӣ Шӯравиро такон дод ва маҷбур кард, соли 1929 Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил диҳад.

- Чаро чунин шуд? Зоҳиран, Шӯравӣ аз қудратгирии тоҷикон дар Афғонистон бояд эҳсоси хатар мекард...

- Ин кор барои қаноат додани мо – тоҷикони ин тарафи Ому буд, ки мегуфтанд, шумо давлати алоҳидаед. Сарҳади моро дақиқ карданду гуфтанд, ки дигар ба  тоҷикону он тарафи Ому кордор нашавед.

- Шумо бар инед, ки авомили фавқуззикр сабаби итилофоти қавмӣ дар Афғонистон аст ва кор ба дараҷае расидааст, ки имрӯз ҳаст? Чаро як Афғонистон воҳид ҳеҷ гоҳ ба вуҷуд наомад?

- Афғонистон кишвари ақалиятҳои миллӣ аст. Агар чор қавми асосиро ба сифати давлатсоз бигирем, шуруъ аз соли 1747 паштунҳо ҳамеша дар пайи инҳисори қудрат буданд ва ин сабаби ихтилофоти ҷиддӣ миёни ақвом шуду ҳоло ҳам ҳаст. Паштунҳо дигаронро аслан миллат намеҳисобанд. Таърихи ҳокимиятҳои онҳоро баррасӣ кунем, дар сатҳи раҳбарӣ аз ақвоми дигар хеле кам ҷо дода мешуданд. Як ё ду тоҷикро дар давлатдорӣ ҳамроҳ мекарданд, аммо ҳазораву ӯзбекро аслан роҳ намедоданд.

Тоҷикон бештар мардумони маданӣ буда, илм, фарҳанг ва тиҷоратро пеш мебурданд. Паштунҳо бо он ки дар садри қудрати сиёсиву низомӣ қарор доштанд, боз пайи ҷангу кӯчманчигарӣ мегаштанд. Ҳамин тавр, ихтилофоти қавмӣ афзоиш ёфт. Танҳо дар робитаҳои паштунҳо ва тоҷикон зиддиятҳо камтар буд, зеро ин ду миллат то ҷое ба ҳам омезиш ёфта буданд. Бо дигар ақвом, монанди ҳазора, узбек, нуристонӣ ва ғайра паштунҳо ҳамеша дар мухолифату муноқиша буданд.

- Аммо мубориза барои қудрат асосан байни тоҷику паштун буд...

- Ҷанҷолҳо гуногун буданд. Медонед, нуристониҳо чӣ хел мусулмон шуданд? Амир Абдураҳмонхон рафта, дар Нуристон, ки мардумаш бутпараст буданд, қариб ҳамаро кушту бақияро маҷбур кард, то дини исломро қабул кунанд. Дар китобаш бо ифтихор менависад, ки “ман дар Нуристон аз каллаи шаш ҳазор нуристонӣ калламанора сохтам”. Ҳамин тавр, қатли оми ҳазораҳо бо дасти ҳокимони паштун борҳо сурат гирифтааст. Ин гуна муносибат ҳеҷ гоҳ иҷоза намедод, ки байни ақвом муносибатҳои дӯстона ва як Афғонистони воҳид ба вуҷуд ояд.

 

Дар бораи муаллиф:

Ҳамид Саидов, шарқшинос, сиёсатшинос, номзади улуми фалсафа, доктори улуми сиёсатшиносӣ, профессор. Солҳои 1978 - 1983 ва 1985 - 1989 дар дастгоҳи Сармушовири низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст. Консули Тоҷикистон дар Эрон (1995-2001), ҳамоҳангсоҳи барномаҳои Созмони амнияту ҳамкориҳои Аврупо дар Тоҷикистон (2001-2008), сардори утоқи саноеъи Тоҷикистон дар Ҳиндустон (2009-2012), ҳоло мудири кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Муаллифи зиёда аз 150 таҳқиқот дар масоили равандҳои сиёсиву этникӣ, муносибатҳои байнулмилалӣ ва амниятии Афғонистон, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ.