Толибон натанҳо тағйире дар фикри худ надодаанд, балки акнун бистареро барои таъсиси як артиши чандмиллиятии террористӣ фароҳам кардаанд.
Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андишакдаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Асли матлаб: الگوی سوریه؛ ارتش تروریستی در افغانستان
Таҳдидоти навзҳури терроризм дар Афғонистон ва паёмадҳои геополитикии он бар амнияти кишварҳои ҳамсоя ва Чин: баррасии татбиқӣ бо модел (улгу)-и Сурия
Таҳаввулоти ахир дар минтақа, бавежа дар Афғонистон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, намоёнгари улгуи нигаронкунанда аз рушду идғоми гурӯҳҳои ҷиҳодии фаромиллӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ ва низомӣ мебошад. Бо илҳом аз таҷрибаи Сурия ва бозигардонии қудратҳои байналмилалӣ, бавежа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шавоҳиди мутааддиде ҳокӣ аз оғози проекте барои идғом, таҷҳиз ва тақвияти гурӯҳҳои ҷиҳодии хориҷӣ дар сохтори низомии Толибон вуҷуд дорад. Ин проект метавонад ба зудӣ заминасози таҳдидоти густурда алайҳи суботи сиёсӣ ва амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шавад. Мақолаи ҳозир бо рӯйкарди татбиқӣ ва таҳлили додаҳои роҳбурдӣ, талош мекунад то занги хатари ин сенарияи пеширӯро барои бозигарони минтақаӣ ба садо дароварад ва нисбат ба сиёсати таомули мунфаилона бо Толибон ҳушдор диҳад.
Муқаддима
Дар пайи хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва бозгашти Толибон ба қудрат, таҳаввулоти амниятӣ дар минтақа вориди марҳалае печида ва мубҳам шудааст. Ҳарчанд бархе кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои минтақаӣ талош кардаанд бо рӯйкарде амалгароёна вориди таомул бо Толибон шаванд, аммо нишонаҳое вуҷуд дорад, ки ин таомул метавонад таҳдидоти амниятии бузургеро дар ояндаи начандон дур барои онон ба армуғон оварад. Улгуи рафтори Толибон дар ҳамгироӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиҳоди хориҷӣ, бавежа уйғурҳо, чеченҳо, ӯзбекҳо ва арабҳо, шабоҳатҳои зиёде бо сенарияе дорад, ки пештар дар Сурия ба иҷро даромадааст.
1 - Улгуи Сурия: таҷрибаи идғоми ҷиҳодиҳо дар сохтори низомӣ
Дар солҳои ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тарроҳии сиёсатҳое барои ҳифзи нуфуз дар Сурия, ба таври зимнӣ бо тарҳи раҳбари ҷадиди ин кишвар барои ҷазби ҳазорон ҷангҷӯи хориҷии пешин дар сохтори артиш мувофиқат кардааст. Бар асоси гузориши хабаргузории Рейтерс (19 майи 2025), ҳудуди 3500 ҷангҷӯи хориҷӣ, умдатан уйғурҳои чинӣ ва атбоъи кишварҳои ҳамсояи Сурия, қарор аст дар ягони тозатаъсиси “Лашкари 84-и артиши Сурия” созмондеҳӣ шаванд. Ин лашкар таркибе аз нерӯҳои сурӣ ва хориҷӣ аст ва бо таъйиди зимнии Вашингтон, дар чорчӯби сохтори низомии расмӣ идғом хоҳад шуд.
Томас Барак, намояндаи вежаи давлати Амрико дар умури Сурия, дар вокуниш ба ин тарҳ гуфтааст: “Метавон гуфт ба шарти шаффофият, тафоҳуме вуҷуд дорад.” Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки ҳифзи ин нерӯҳо дар қолаби як сохтори давлатӣ, беҳтар аз раҳосозии онҳо дар фазои бесохтор ва бидуни назорат аст.
2 - Раванди мушобеҳ дар Афғонистон: идғоми ҷиҳодиҳои хориҷӣ дар сохтори Толибон
Шавоҳиди майдонӣ, гузоришҳои манобеъи мӯътабар ва таҳлилҳои роҳбурдӣ нишон медиҳанд, ки улгу ё модели мушобеҳи Сурия акнун дар Афғонистон дар ҳоли пиёдасозӣ аст. Толибон батадриҷ иқдом ба ҷазбу созмондеҳии нерӯҳои ҷиҳодии хориҷӣ дар қолаби сохторҳои амниятӣ ва низомии худ кардаанд. Ин гурӯҳҳо, ки умдатан аз атбоъи кишварҳои Чин (ӯйғурҳо), Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Чечен, Покистон ва кишварҳои арабӣ ҳастанд, акнун дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон мустақар шудаанд ва дар бархе маворид ҳатто дар раддаҳои миёнӣ ва болоии фармондеҳӣ қарор доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ин проект на танҳо бо сукут, балки бо ҳимояти пинҳони бархе қудратҳои ғарбӣ, бавежа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҳоли анҷом аст. Ҳадафи аслии ин раванд, таҷҳизи як нерӯи ниёбтии фаромиллӣ дар бистари Афғонистон барои баҳрабардорӣ дар замони муқтазӣ ҷиҳати эъмоли фишор бар қудратҳои минтақаие, монанди Чину Русия ва бесуботсозии низомҳои мухолифи Ғарб аст.
3 - Паёмадҳои эҳтимолӣ барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон
Дар сурати тадовуми ин раванд ва ғафлати кишварҳои минтақа, ояндаи мушобеҳи буҳрони Сурия метавонад дар минтақаи Осиёи Миёна ва Ҷануби Осиё такрор шавад. Паёмадҳои эҳтимолии ин сенария иборатанд аз:
а) Таҳдиди мустақим ба амнияти миллии Чин
Ӯйғурҳои ҷудоиталаб, ки дар сохтори Толибон ҷой мегиранд, метавонанд ба зудӣ ба унвони абзоре барои бесуботсозии устони Шинҷони Чин ба кор гирифта шаванд.
б) Нуфуз дар Осиёи Миёна
Гурӯҳҳои ҷиҳодии ӯзбек, тоҷик ва чечен метавонанд бо такя бар марзҳои пурнуфуси Афғонистон, иқдом ба анҷоми амалиётҳои террористӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва соири ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кунанд.
в) Фишор бар Эрону Покистон
Эрон аз ду масири ғарбӣ ва шарқии худ дар маърази таҳдидоти ҷиҳодӣ қарор хоҳад гирифт ва Покистон низ дар сурати инфиҷори муҷаддади хушунати мазҳабӣ, суботи дохилии худро аз даст хоҳад дод.
д) Тағйирот дар низомҳои сиёсӣ
Бар асоси таҷрибиёти гузашта, абзорсозӣ аз гурӯҳҳои ниёбитии террористӣ, яке аз равишҳои Амрико барои барандозии низомҳои номатлуб дар минтақа буда ва ин улгу мумкин аст ба сурати ҳадафманд алайҳи бархе ҳукуматҳои минтақаӣ фаъол шавад.
4 - Сиёсати таомул ё инфиол? Иштибоҳи стратегии минтақа
Бисёре аз кишварҳои минтақа, бавежа Чин, Эрон ва Русия, дар моҳҳои гузашта талош кардаанд бо нигоҳе амалгароёна вориди музокира ва таомул бо Толибон шаванд. Аммо ин сиёсати таомул бидуни шурут ва адами пешшартҳои амниятӣ ва ҳуқуқибашарӣ, акнун дар ҳоли табдил шудан ба як иштибоҳи стратегӣ аст. Толибон натанҳо тағйире дар бунёнҳои фикрии худ надодаанд, балки акнун бистареро барои рушди терроризми фаромиллӣ фароҳам кардаанд, ки манофеъи минтақаро башиддат таҳдид мекунад.
Натиҷагирӣ ва пешниҳодҳо
Дар шароити кунунӣ, чашмпӯшӣ аз равандҳои хатарнок дар Афғонистон баробар бо бозӣ дар майдони тарроҳишуда тавассути Ғарб аст. Кишварҳое, ки таҳдиди ҷиҳодиҳои байналмилалиро дар бистари Афғонистон ҷиддӣ нагиранд, ба зудӣ худ қурбонии ҳамон сиёсате хоҳанд шуд, ки дар зоҳир барои ҳифзи манофеъи худ иттихоз кардаанд.
Пешниҳодҳо:
1) Ташкили як эътилофи минтақаии иттилоотӣ ва амниятӣ барои расади таҳаррукоти ҷиҳодӣ дар Афғонистон;
2) Таълиқ ё бознигарӣ дар сиёсати таомул бо Толибон бидуни замонатҳои иҷроӣ ва амниятии мушаххас;
3) Ҳамкории стратегӣ миёни қудратҳои минтақаӣ барои ҷилавгирӣ аз сурияшавии Афғонистон;
4) Афзоиши фишори дипломатӣ бар қудратҳои ғарбӣ дар Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои шаффофсози нақшашон дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ.
5) Тақвият ва ҳимояти мухолифини сиёсӣ ва низомии иморати толиб барои маҳор ва фишори иморати толиб, ки дар сурати суқути ногаҳонии иморат ҷойгузини хубе барои давлати муваққат мебошанд.