Хатари “инқилобҳои исломӣ” дар минтақа бештар мешавад.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)
Коршиносон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба афзоиши сареъи радикализми мазҳабӣ (исломӣ) дар ин минтақа аз поёни соли 2023 ва ҳамчунин афзоиши маҳбубияти диндории умумӣ ишора кардаанд (бархе нозирон аз истилоҳи "исломисозӣ" истифода мекунанд).
Далоили ин амр:
1 - Толибон* дар Афғонистон ба қудрат расиданд;
2 - Фаъолияти таблиғотии гурӯҳҳои мухталифи исломӣ ва ҷиҳодӣ (ДОИШ*, Алқоида*, Толибон*, Ҷамоати Ансорулло* ва...) ба таври фишурда аз забони мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ истифода мекунанд;
3 - Ташдиди буҳрони Фаластин ба далели ҷанг байни Ҳамосу Исроил.
4 - Эҳсосоти зидди муҳоҷират ва зиёдаравии идорӣ дар Русия.
5 - Ташдиди узвгирии ДОИШ шохаи Афғонистон дар хориҷ аз Афғонистон (Русия, Туркия, Иттиҳодияи Аврупо ва...).
6 - Фаъолияти Қатар ва теъдоде дигар аз кишварҳои арабӣ дар сохти масоҷид дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ.
Коршиносон беш аз ҳама нигарони вазъияти Қирғизистон ҳастанд, ҷое, ки фарояндҳои исломисозӣ ва радикализа шудани мазҳабӣ, бавежа шадид аст.
Нозирон бо ишора ба тазъифи қобили таваҷҷуҳи контрол бар раванд тавассути мақомот, рутбаи дувумро дар "рутбаи радикал шудан" ба Тоҷикистон медиҳанд.
Дар ин ҷо, исломисозӣ ва радикалсозӣ низ басуръат дар ҳоли афзоиш аст, аммо тавассути мақомот контрол мешавад ё механизмҳои боздорандаи дигаре муртабит бо вежагиҳои низоми сиёсӣ ё сохтори равобити иҷтимоӣ доранд.
Нозирон Туркманистонро дар рутбаи чаҳорум қарор медиҳанд, аммо на ба далели суботи вазъият, балки ба далели баста будани ин кишвар ва набуди иттилооти мувассақ дар мавриди буҳрони ҷорӣ.
Ҷилваҳои манфии диндорӣ дар Туркманистон монанди соири кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.
Коршиносон мӯътақиданд дар миёнамуддат мумкин аст хатари “инқилоби исломӣ” дар минтақа бештар шавад.
*Созмонҳои мамнуъа ва террористӣ эътирофшуда дар Тоҷикистон.