Чаро таърихи Тоҷикистон чанд тафсир дорад?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Ҳар кас бояд  ақаллан таърихи  кишвари худро донад. Беҳуда нагуфтаанд: касе, ки гузаштаи худро намедонанд, ба қадри имрӯза намерасад ва ба фардо оқилона нигоҳ карда наметавонад. Вале ба ғайр аз кӯшиши омӯхтани таърих, онро бояд дуруст тафсир кард.

 

КӢ ДАР АСЛ МУСТАМЛИКАДОР АСТ?

Тақаллуби далелҳо падидаест, ки ба як абзори фаъоли Ғарб дар ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия табдил ёфтааст. Агар дар ҷаҳони муосир ворид кардани иттилооти қалбакӣ ба далели осон будани дастрасӣ ба иттилоот, теъдоди зиёди васоити ахбори омма ва имкони паҳн кардани наворҳои видеоӣ  осон набошад, пас тақаллуби таърих дигар мушкилие надорад. Фазои таърихии ҳар як кишварро метавон ҳамчун абзори асосноккунии идеологии ин ё он гардиши воқеаҳо ва  ҳамчун аслиҳаи зарбаи оммавӣ истифода бурд.

Имрӯз бо таърихи Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ бо Русия дар ҳудуди як давлат буд, маҳз ҳамин ҳолат ба амал омадааст ва Ғарб аз ин фаъолона истифода бурда, кӯшиш дорад дар ҷомеа симои Русияро ҳамчун давлати мустамликадор, ки ҳам он замон ва ҳам имрӯз ба рушди Тоҷикистон халал мерасонад, таҳмил кунад.

Вале вақте гап дар бораи мустамликаҳо меравад, пеш аз ҳама, гузаштаи мустамликавӣ ва ҷиноятҳои хунини худи кишварҳои Аврупоро, ки имрӯз худро барои ба дигар кишварҳо омӯзондани меъёрҳои демократия ҳақ медонанд, ба хотир овардан бамаврид аст. Ҳанӯз аз асри 15 сар карда, аврупоиҳо дар баробари он, ки заминҳои навро фаъолона кашф мекарданд, онҳоро ба мустамликаҳо табдил медоданд ва аз ҳисоби  ин мустамликаҳо, аз худ кардани сарватҳои табиии онҳо, ба қатл расондани сокинони маҳаллӣ ва ба ғуломӣ фурӯхтани онҳо бой шуданд. Ҳамзамон онҳо амалҳои худро бо фаъолияти миссионерӣ рӯйпӯш мекунанд, ки гӯё ҳадафи онҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ инкишоф  додани сокинони мустамлика мебошад.

Танҳо дар натиҷаи ҳамин гуна “тараққиёти фарҳангӣ” 10 миллион нафар сокинони маҳаллии Конго кушта шуданд,  дар мубориза ба муқобили мустамликадорони фаронсавӣ дар Африка зиёда аз 2 миллион нафар сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд, итолиёиҳо дар Эфиопия яроқи химиявиро ба кор бурданд. То имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ муҷассамаҳо ба шахсиятҳои таърихие, ки дар ин ҷиноятҳои хунин даст доштанд, боқӣ мондаанд, ки ин боиси интиқод ва эътирози сокинони оддии Аврупо гардидааст. Ғайр аз ин, имрӯз низ раванди деколонизатсия давом дорад ва дар ҷаҳон 17 қаламрави худидоранашаванда мавҷуд аст, ки таҳти назорати Британияи Кабир, ИМА, Зеландияи Нав ва Фаронса қарор доранд.

 

ҲАМКОРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тоҷикистон, дар навбати худ, зиёда аз 30 сол пеш истиқлолияти худро ба даст оварда буд ва Русия ба кишвари навтаъсисёфтаи мо дар рафъи бӯҳронҳо кӯмак расонд. Имрӯз ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия низ бар пояи принсипҳои эҳтиром ба истиқлолият асос ёфта, дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва манфиатҳои мутақобила рушд меёбанд. Самти асосии ҳамкории кишварҳои мо робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ маҳсуб ёфта, на танҳо тиҷорати мутақобила, балки фаъолияти сармоягузории соҳибкорони рус дар ҷумҳурии мо, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави кориро пешбинӣ мекунад, ки ба рушди иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Як ҷузъи муҳим дар робитаҳои Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои башардӯстона маҳсуб ёфта, самтҳои гуногунро фаро мегирад, ки муҳимтарини онҳо  лоиҳаҳои соҳаи маориф мебошанд. Русия ба Тоҷикистон дар фароҳам овардани таҳсилоти босифат барои кӯдакон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи иқтисодиёти кишвар кӯмак мерасонад.

Самти дигари асосии ҳамкориҳои ду кишвар масъалаи муҳоҷират мебошад, дар ин росто  Ғарб мекӯшад Русияро гунаҳкор кунад – гӯё ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро истисмор мекунад. Дар ҳамин ҳол, тавре воқеияти ҳолро мебинем, бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, Русия барои тоҷикон бозори бузурги меҳнат ва барои пул кор кардан шароит фароҳам меорад. Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон чаҳоряки иқтисодиёти миллиро ташкил дода, ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки зиндагии  шоистаи хонаводаҳои худро таъмин кунанд.

Ба ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд бо Русия дар соҳаи амният низ мусоидат мекунад: дар ҳудуди ҷумҳурии мо бузургтарин иншооти ҳарбӣ берун аз Федератсияи Русия - пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҷойгир буда, устодони он барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон кадрҳои низомӣ омода месозанд, инчунин Русия ба артиши Тоҷикистон дар таъмини техника ва аслиҳа кӯмак расонида, машқҳои ҳарбии муштарак  мегузаронанд.

Дар тӯли 33 соли истиқлолият Тоҷикистон бо Русия қариб дар ҳама самтҳо робитаҳои  боэътимод ва судманд ба роҳ мондааст, ки ин ба гуфтаҳои Ғарб дар бораи майли мустамликадории Русия нисбат ба Тоҷикистон мухолифат мекунад. Вале шояд дар ин гуфтаҳо дар бораи гузаштаи мустамликадорӣ нисбат ба кишварҳои мо ҳақиқат бошад? Оё Русия дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба рушди Тоҷикистон халал мерасонд?

 

ГУЗАШТАЕ, КИ  БОЯД ФАРОМӮШАШ НАКУНЕМ

Таҳлилро аз муҳимтарин чиз бояд шурӯъ кард: то соли 1924 тоҷикон қаламраву давлати худро надоштанд - заминҳое, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ҷузъи империяҳои гуногун буданд. Дар соли 1919 бо фармони Ленин тақсимоти минтақавӣ аз рӯи хусусияти миллӣ оғоз ёфт. Ба шарофати корбарии фаъолонаи зиёиёни точик соли 1924 дар ҷаласаи Комиссия оид ба тақсимоти миллии ҳудудӣ масъалаи таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ба миён гузошта шуд ва аллакай моҳи октябри ҳамон сол дар ҳайати Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пайдо шуд ва ин дар таърихи халқи мо як воқеаи ниҳоят муҳиме гардид. Соли 1929 он ба ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ табдил ёфт ва агар ин ду воқеа рух намедод, Тоҷикистон соли 1991 соҳибистиқлол намешуд, балки то ҳол дар ҳайати давлати дигар вуҷуд медошт. Ва дар ин кор хизматҳои ҳукумати Шӯравиро муболиға кардан мумкин нест.

Дар мавриди тараққиёти кишвар дар солҳои советӣ бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар он давра барои тараққиёти иқтисодиёт такони бузург гирифт — маҳз дар ҳамон давра олимони рус ба илми миллии Тоҷикистон замина гузоштанд, бесаводии аҳолӣ рафъ карда шуд, соҳаи фарҳанг тараққӣ кард, садҳо корхонаҳои саноатӣ , нерӯгоҳҳои барқии обӣ, роҳу каналҳо бунёд карда шуданд.

Омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДМТ, профессор Ниёз Мирзоев низ аз нақши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар мешавад: «Ба шарофати ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  пеши роҳи паҳншавии натсизм дар саросари ҷаҳон гирифта шуд. Рӯзноманигорон ва расонаҳои ғарбгаро далелҳои зиёдеро таҳриф мекунанд, аммо ман намефаҳмам, ки чӣ тавр онҳо Иттиҳоди Шӯравиро бадном мекунанд, вақте ки ин давлат ҷаҳонро аз асорати фашистӣ наҷот дод. Чехия, Фаронса, Лаҳистон ва бисьёр дигар кишварҳо, агар Иттифоқи Советӣ намебуд, нобуд мешуданд».

Профессор қайд мекунад, ки кишваре, ки Ғарб имрӯз саъй дорад тамғаи  мустамликадорро бар сари ӯ таҳмил кунад, баръакс барои баробарии мавқеи ҳамаи миллатҳо  (дар ҳайати Иттифоқи Советӣ зиёда аз сад миллат  буд) кӯшиш мекард. Ғайр аз ин, ИҶШС  ба дигар давлатҳо кӯмак мерасонд: барои ба даст овардани истиқлолияти Ҳиндустон, барои барқарорсозии Афғонистон , барои тараққиёти кишварҳои Африқо ва ғайра. «Дар Иттиҳоди Шӯравӣ хидматрасониҳои тиббӣ ва таҳсил бепул буд, нафақаҳо  баланд буданд, вале чизе, ки сиёсати Иттифоқро аз империализм фарқ мекунонд - инсондустӣ буд», — мегӯяд Ниёз Мирзоев.

Ҳатто тибқи оморе, ки бо истифода аз пурсишҳои фондҳои ғарбӣ тартиб дода шудааст, мо мефаҳмем, ки ҳар як сокини дуюми Тоҷикистони имрӯза бар он назар аст, ки дар замони Шӯравӣ зиндагӣ беҳтар буд.

Новобаста аз он, ки воқеаҳои таърихро бояд бо истинод ба далелҳо қабул кард ва дар бораи ҳодисаҳои воқеии таърихӣ бештар бояд нақл кард, бахуссус ба ҷавононе, ки бо тафаккури интиқодии такмилнаёфта фарқ мекунанд ва андешаи худро дар асоси китобҳо, нашрияҳо ва дигар матлабҳои дастрасбуда ташаккул медиҳанд. Ва роҷеъ ба ин масъала бояд эътироф кард, ки дар барномаҳои таълимии мактабҳои Тоҷикистон ба таърихи Иттиҳоди Шуравӣ таваҷҷӯҳ ва вақти хеле кам дода мешавад — барои таърихи умумӣ умуман дар як ҳафта ҳамагӣ як соат ва барои таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиссаи ночиз аз ин як соат ҷудо карда мешавад.

Ва мехостам таҳлили худро бо суханони муаррихи бузург Василий Ключевский ба охир расонам: «Халқи бетаърих мисли кӯдаки бе падару модар аст: ҳар кас бо вай ҳар чӣ хоҳад, карда метавонад».