Амрико, Инглис ва давлати фосиди ғарбгарои Покистон ба он чӣ, ки лоиқ буданд, расиданд!

Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгари умури минтақа, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Комилан машҳуд (равшан) аст, ки назми нухбагароии навистеъмории тарафдори Ғарби Покистон ба зудӣ фурӯ мепошад. Аз ҳар сӯ мавриди ҳамла қарор гирифта ва бо вайронӣ рӯбарӯст. Пас аз ин ки давлат дирӯз қимати фаровардаҳои нафтиро ба дастури Сандуқи байналмилалии пул то ҳудуди 20 дарсад афзоиш дод, ин рӯзҳо камбуди сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Пешовар вуҷуд дошт. Ҳоло онро ҷирабандӣ мекунанд (ба норма медароранд). Дар мавриди барқ ҳам ҳамин тур. Бо ин ҳол, гузоришҳои хабарии мувассақ ба мо мегӯянд, ки алорағми камбуди доллар, Покистон ҳамчунон ба воридоти худравҳои люкс идома медиҳад... Одатҳои қадимӣ зоҳиран ба сахтӣ аз байн мераванд.

Дар баъд аз зуҳри сешанбеи гузашта дар Пешовар, Таҳрики Толибони Покистон бо инфиҷори як бомба дар як масҷиди пуродами як минтақае бо болотарин тадобир ё протоколҳои амниятӣ, ваҳшатро ба қалби режим ворид кард. Яке фарз мекунад, ки ҳадафи онҳо аз анҷоми ин кор ирсоли паёме ба режим буд ва мехостанд бигӯянд, ки дар тамоми сатҳҳои иҷозаҳои амниятӣ афрод ва авомили худро мустақар кардаанд ва бинобарин метавонанд бидуни муҷозот ва дар замон ва маконе, ки бихоҳанд, ҳар корро амалӣ кунанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ин Толибон махлуқи дастгоҳи амниятии давлати Покистон буданд, ки онҳоро барои иҷрои "порадигмаи амнияти миллӣ"-и маъюб ва бади тасаввури худ истифода карданд, қабл аз ин ки онҳо бар сари арбобони фосиди худ даст бардоштанд. Ҳамин чанд моҳ пеш буд, ки фаъолони таблиғотӣ ва “таҳлилгарон”-и худсари покистонӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ суқути Кобул ва режими дастнишондаи амрикоии Ашраф Ғаниро ба дасти Толибон ҷашн мегирифтанд. Пас аз тамоми корҳое, ки дар тӯли чиҳил соли гузашта бо худ, кишварашон ва дигарон анҷом додаанд, наметавонанд интизор дошта бошанд, ки ба роҳативу софу содда ва бидуни сарзаниш фирор кунанд. Бигузор алъон бо он рӯбарӯ шаванд. Билохира замон фаро расидааст ва инкору блеф задан (ҳарза гуфтан) дигар ба онҳо фоида нахоҳад кард.

Бисёре аз мардум вазъияти махмасаи Покистонро аз завоёи мухталиф бар асоси сатҳи дарки худ ё густариши манофеъ худ дар ин мавзӯъ тафсир мекунанд. Аммо равшан аст, ки билохира замони он фаро расидааст, ки падидае ба номи Покистон мавриди қазоват қарор гирад ва ҳақоиқи он ошкор шавад.

Покистон аз ҳамон ибтидо як тарҳи моҷароҷӯёнаи машкук буд. Он мухолиф бо он чӣ аз модели стандарти инфисоли миллӣ-давлатӣ аст, ки интизор равад бар асоси як ҳувияти қавмии маҳкам ва барои хайру салоҳи шаҳрвандони одӣ эҷод шуда бошад... Покистон як анбӯҳи ғайритабие аз манотиқи азҳамгусехта ва ҳазфшуда аз шимоли ҷуғрофияи ғарбии собиқ императории Ҳинди Биритониё ва эҷодшуда бар пояи манофеъи ҷаҳонии Инглису Амрико аст, ки пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ба унвони меҳвари шарорати онҳо алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна ташкил шуд. Ба ин тартиб, ҳеҷ мабнои қавмии мунҳасир ба фарде надорад ва на дар хидмати манофеъи муштараки мардуми одӣ аст. Ин давлатест, ки тавассути нухбагони буржуазияи паразитии инҳисорӣ идора мешавад – аз назари молӣ, технологӣ ва фарҳангӣ, ки Ғарб онро ҳимоят мекунад, дар ҳоле, ки бақия ҷамъияти анбӯҳи он дар фақри бадавӣ-қабилаӣ-феодалӣ дар сатҳи пойини маишатӣ зиндагӣ мекунад. Аксари манотиқ ҳанӯз барқ, роҳ, беҳдошт, омӯзиш ва дигар имконоти аввалияи давлатиро надоранд. Намояндагии идорӣ, ки фосид ва фоқиди имконот муносиб аст, дар ҳадди ақал аст.

Нухбагони ҳокими сиёсӣ ва маданӣ-низомии фосиди Покистон тавассути арбобони англисӣ-амрикоии ин кишвар муваззаф шуданд, ки “вазоифи ҷанги сард”-и Ғарбро анҷом диҳанд. Охирини онҳо, ҷиҳоди Афғонистони СиАйЭй алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Инқилоби Саври Афғонистон дар даҳаи 1980 ва ба думболи он дасисаҳои лӯлаӣ (тарҳҳои лӯлаи газу нафт) -и геополитикии даврони неолиберал буд, ки ниҳоят Толибонро дар соли 1994 ба саҳна овард. Ҳарду ҷузъи “Бозии Бузург” буданд, ки аз тарси императории Биритониё аз густариши императории Русия дар 200 соли пеш сарчашма гирифта буд. Аммо ин охирин иқдомоти назми ҷаҳонии инглисӣ-амрикоӣ бо ҳодисаи 11 сентябри 2001 бо аввалин шикасти бузурги худ мувоҷеҳ шуд. Тай ду даҳаи баъд, Амрико ва Покистон бо авоқиби нобсомонии ҷинояткоронаи созмондеҳии худашон дасту панҷа нарм карданд. Ҳатто дар ин муддат, онҳо дар талош барои таъқиби мақосиди музир (зарарнок) – и аввалияи худ барои дигарон дар ин минтақа ҳатто санге болои санг нагузоштанд. Бо ин ҳол, системи молӣ ва сиёсии байналмилалии инглисӣ-амрикоие, ки Покистонро ҳифз мекард, акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ аз байн меравад, дар натиҷа Покистон низ бо вайронӣ ва фурӯпошии комил мувоҷеҳ аст. Покистон аз пешниҳодоти стратегии дӯстона ва ҳимояти ахири Русияву Чин парҳез кардааст, зеро наметавонад аз ҳамон робитаи нӯкарона бо онҳо монанди арбобони инглисӣ-амрикоии худ бархӯрдор бошад.

Ба забони содда, Амрико Покистонро ба дасти як сарнавишти шум раҳо кардааст ва дигар ниёзе ба ҳифзи ин мавҷудият, ки ҳамоно фосид ва ғайриқобили дармон аст, намебинад. Ҳадди ақал дар музофоти Хайбар Пахтунхвоҳ, ба назар мерасад, ки ин хало дар ниҳоят пур хоҳад шуд ва таҳти султаи Таҳрики Толибон Покистон (TTP) хоҳад рафт.