Ҳикматёр хомӯш аст ва ё хомӯш шуд?

Нависанда: Фазманаллоҳ Мумтоз, таҳлилгари умури Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Ҳама медонанд, ки оқои Ҳикматёр шахсияти хабарсоз аст. Дар душвортарин шароити зуҳур ва ҳузури матбуотӣ дошт.

Устод Раббонӣ мақулаи машҳуре дар робита ба вай дошт, ки мегуфт: “Агар мехоҳед навоё ва розҳои Ҳикматёрро бидонед, хутбаҳои намози ҷумъа ӯро бишнавед”. Ҳамчунон Беназир Бҳутто дар китоби хотироти худ (“Духтари Шарқ”) гуфтааст: “Ҳикматёр шахсияти хабарсоз аст. Хутбаҳои рӯзи ҷумъаи оқои Ҳикматёр ба масобаи конфронсҳои матбуотии ҳафтавори ӯ буд”.

Баъд аз таҳаввулоти ахир эшон гоҳ-гоҳ машвараҳои сиёсӣ, низомӣ ва ҳатто мазҳабиро барои Толибон тақдим мекард. Аммо Толибон ҳаргиз ин мушовирияти Ҳикматёрро таҳвил нагирифт. Баъдан вай ба интиқодоти толиб пардохт, ки боиси манъи хутба ва муҳосираи дафтари ӯ гардид.

Бештар аз се моҳ мишавад, ки эшон комилан муҳри сукутро бар лаб ниҳодааст ва ҳамчунон мулоқотҳояш ҳам тақлил ёфтааст. Ҳаводоронаш дар сафаҳоти иҷтимоӣ хутбаҳои истеҳлокшудаи ӯро ба нашр мерасонанд. Ин далолат ба ифлоси маводи матбуотӣ ва нашаротии эшонро менамояд. Аз ҷониби дигар нишондиҳандаи тақобули сахтгиронаи толиб бо вай аст, ки бар эшон ҳукмфармо намудааст.

Толибон бо ин амали худ мусаммам аст, ки ҳозирро қабл аз ғайриҳозир муҷозот намояд. Ҳикматёр дар ибтидо тасаввур дошт, ки муштаракоте, ки бо толиб дорад, шояд мавриди атф ва таваҷҷуҳи толиб қарор гирад.

Аз ҷониби дигар хориҷ шудани руқабои сиёсиаш, бахусус Ҷамъияти исломӣ аз саҳнаи қудрат ва сиёсат мояи саодати муваққати эшон гардид. Валокин ин хушҳолиаш идома наёфт ва ҳеҷ вақт тасаввури онро надошт, ки толиб аз имомати масҷидаш ҳам манъ намояд.

Ҳол дида шавад, ки то чӣ вақт косаи сабри эшон лабрез мегардад. Таърих ҷавобгӯи он хоҳад буд, аммо ин амр ҳатмӣ аст чун оқои Ҳикматёр мӯътоди матбуоту расонаҳо аст. Ин паёми талх барои Ҳикматёр ва ҳалқаи муқарраби ӯ буд, ки бо ифтихор мегуфтанд, дигарон хатм шудаанд, мо боқӣ ҳастем.

Оё метавон ин сукутро сактаи мағзии аҳзоб номид?