Аз дини муқаддаси ислом суистифода накунед!

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, коршиноси умури минтақа

Он чӣ шумо кардед ва мекунед, на исломӣ аст ва на сиёсӣ.

Ҳамватанони азизам, ҳама бар ҳақиқати волои дини муқаддаси ислом ва омӯзаҳои исломӣ эҳтиром дорем ва аммо, мутаассифона, дар солҳои ахир аз номи ҳамин дини ислом суистифодаҳои бузург сурат гирифт. Аз номи ҷиҳод, Аллоҳу акбар, риш, лунгӣ (салла), пакул, амома... дар кишварҳои исломӣ, бахусус Афғонистон, миллионҳо инсон кушта, маъюб, овара, ятим ва бева сохта шуданд. Аз номи дин истифодаҳои абзорӣ шуд ва хонаҳои мардумро ба оташ кашиданд, марокизи оммаро вайрон карданд, таъсисоти миллиро чаповул намуданд ва аз мавқифи динии хеш қироатҳои салиқавӣ ва зидди манофеъи омма кор карданд.

Ҳамватани азизам, бояд ҳама дарк кунем, ки касоне, ки дар ним қарни ахир аз суроғаи дину сиёсат бар гурдаҳои мардуми мо савор буданд, мутаассифона, на аз дин чизе медонистанд ва на аз сиёсат, балки танҳо номашом мулло, мавлавӣ, қорӣ, охунд, шайх ул-ҳадис, профессор, муҷоҳид, устод ва ғайраву ғайра буд, балки заррае аз амалкардҳояшон мутобиқат ба пешванд ва пасванди исмашон надошт.

Ба яқин медонем, ки ҳама ҷиноят, ваҳшат, террор, саркӯб ва зулми худро ҷиҳод ва муқаддас талаққӣ карданд ва номашро ҳидояти исломӣ ва дастури исломӣ гузоштанд.

Идеологияҳои сиёсии худро зери номи дин ва андешаи сиёсии худро бо қироати ояту ҳадис барои мардум татбиқ ва бистарсозӣ карданд.

Хуб, ҳар чӣ кардед, гузашт ва ҳол ҳам ҳар чӣ кунед, мегузарад.

Вале оё медонед, ки кадом падида ё мафҳум арзиши худро аз даст медиҳад?

Хуб, оё фикр кардед, ки имрӯз мардуми Афғонистонро аз хеле масоил хаста сохтед, ҳатто аз баъзе арзишҳои динӣ?

Оё медонед, имрӯз мардум чӣ қадар бо тарс ба масҷид мераванд? Оё медонед, ки имрӯз хонаводаҳо алоқаи дирӯзро надоранд, ки фарзандони худро ба масҷид ва мадраса бифиристанд?

Оё медонед, ки имрӯз мардум аз ришу лунгӣ чӣ бардоште доранд?

Шояд бидонед ва шояд надонед.

Вале ман бардошти худро бароятон мегӯям.

Имрӯз мардумро аз ислом ва муборизаҳои исломӣ, ки ҷиҳоду даъват бошад, хаста сохтед.

Оё медонед, ки иштибоҳоти шумо сабаб шуда, ки мардум аз ислом фосила бигиранд? Ва қимати иштибоҳи шумо тикадорони дину сиёсатро дини муқаддаси ислом пардохт мекунад ва мардум башиддат ба сӯи танаффури динӣ дар ҳаракат ҳастанд, ки омил шумо олимони дин, раҳбарони динфурӯш, сиёсатпешагони камхирад ҳастед.

Хуб, шояд дӯсте аз ман интиқод кунад, ки чаро тунд менависӣ. Посух ман кӯтоҳ аст: корд ба устухони миллат расида ва солҳо нарм навиштем, вале гӯши шунаво набуд.

Хуб, агар дирӯз раҳбарони сиёсии низоми ҷумҳурият иштибоҳ карданд, дар хатми рӯз демократия бадном шуд, вале дар муборизаи шумо динпешагон ислом бадном мешавад.

Имрӯз ваҳшати тамомайёр аз номи ислом бар занони ҷомеаи Афғонистон таҳмил мешавад, аз суроғаи ислом мешавад, ки паёмади манфии ваҳшатнок барои престижи ислом дорад.

Биноан, хоҳиш ман аз насл ҷавон ин аст, ки лутфану лутфан пас аз ин фиреби динфурӯшонро нахӯред. Лутфан огоҳ шавед, ки солҳост ба номи дину мазҳаб аз шумо қурбонӣ гирифтаанд ва лутфан пас аз ин фиреб нахӯред.